15:21:23 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«УСТОД ҶӮРАБЕК НАЗРӢ СИТОРАИ ТОБОНЕ ДАР ОСМОНИ ҲУНАРӢ ХУРОСОН!»

Аз марги нобаҳангоми устод Ҷӯрабек Назрӣ инак расо як сол пур мешавад. Марге, ки сахт нобоваркарданист. Марге, ки аз рафтани чунин шахсияти бисёр бузурги миллӣ на танҳо мо тоҷикон, балки кулли форсизабонони ҷаҳонро дилхун кардаву ба мотам шинонд. Устод Ҷӯрабек Назрӣ барҳақ дар ҳунари сарояндагӣ ва эҷоди оҳанг соҳиби мактаби хоссаи худ буд.

jurabek-nazri-214556562Маҳз ончунон,ки устод Мӯъмин Қаноат дар эҷоди шеъри нави порсӣ дар Осиёи Вусто охири солҳои 50-ум гоми нахустинро бардошта ва баъдан солҳои 60-ум ва 70-ум гоми бузурги дигареро дар офариниши достонҳои хаммосӣ-равонӣ дар адабиёти ҷаҳонӣ гузошту барои башарият асарҳои фалсафии оламгирро ба ёдгор монд, ин шахсияти бузург низ дар сарояндагӣ ва офариниши оҳангҳо бегуфтугӯ инқилоберо дар сарзамин Осиёи Миёнаи шӯравӣ барои мардуми порситабор ба бор овард.

Устод Ҷӯрабек Назрӣ бо сабку услуби наву ба худ хос, бо овози фораму симои паҳлавонона ва соф тоҷикона ба майдони адабу ҳунар ворид гашт ва дар замон чун дӯсти азизаш Аҳмад Зоҳир байни мардуми тоҷикзабони ин сӯи Омӯя ва баъди чанде дар сартосари Хуросони бузург, дар Афғонистону Ирон ва кишварҳои дорои форсизабони Ҳинду Чину Покистон машҳур гашт.

Устод дар баробари овози фораму ҷаззоби тоҷиконаи хеш ҳамчунин бо асбобҳои мусиқӣ низ хуб шинос буд ва дар офаридани оҳангҳои мағруби замонавии тоҷикӣ ё худ порсӣ (мудерн- созҳои замонавии такмилёфтаи осиёӣ бо омезиши асбобҳои мусиқии аврупоӣ) ба худ ҳамто надошт. То устод Ҷӯрабеки азиз камтар дар кишвари мо аз асбобҳои аккордеону баян ва бахусус фоема аз тарафи ҳунармандон истифода мегашт. Устод дар истифодаи онҳо ва сохтани оҳангҳои марғубу дилчасп аз ҳама пешдастӣ кард.Дар омезиши санъати мусиқии соф тоҷикӣ ва истифодаи асбобҳои мусиқии аврупоӣ мисли Аҳмад Зоҳири бузург аз солҳои 60-ум ва баъд як инқилоберо рӯи саҳнаи тоҷик овард.Гуфтан мумкин ҳаст,ки аллакай аз охири солҳои 60-ум ва ибтидои солҳои 70-уми асри пор дар кишвари мо ҳама дилбохтагони савту суруди тоҷикӣ, мухлиси ашадии сабку услуби Ҷӯрабек Назрӣ буданд ва дар пайравии ӯ садҳо ҳунарманд овозхонӣ мекарданд.

Падидаи дигар боз он буд, ки устод Ҷӯрабек Назрӣ ,ки худ олими номвари ховаршинос буд ва аз адабиёти форсӣ хуб баҳраманд низ буд, дар интихоби шеър заршинос буд ва ба беҳтарин ашъори малакутии шоирони классикиямон оҳанг баставу онро бо сабку услуби бо иборае «ҷӯрабекӣ» месароид.

Дар интихоби шеър ва хондани он ҳеҷ гоҳ аз тарафи устод саҳве нарафтааст ва ин низ аз касбияти баланди ҳунарӣ ва дурршинос будани устод гувоҳӣ медиҳад.

Солҳои 70-ум кӯдак будем ва ёд дорам,ки дар ноҳияи Дарвоз, ватани аҷдодии устод Ҷӯрабек Назрӣ хурду калон дар тӯю маърака ва ҳатто қади кӯча оҳангу сурудҳои устоди зиндаёдро замзама карда мерафтанд.

Ёд дорам, ки мо бачаи 7-8 сола будем ва ҳангоми харсаворӣ суруди машҳури устод бо номи «Менигарему меравем»-ро бо лаҳни кӯдаконаи худ замзама карда мерафтем.Инҷо низ маҳбубияти азими устод байни мардум ба хубӣ мушоҳида мешавад.

Аз тарафи дигар худи устод Ҷӯрабек Назрӣ ҳеҷ гоҳ аз мактаби класикии мавригихонии дарвозӣ, лаҳну оҳангҳои беҳтарини кӯҳистонӣ дар мисоли Хотирхушбошу Пир Садиру устод Аккашариф Ҷӯраеву дигарон дар канор набуд.Мактаби сарояндагӣ ва оҳангофарии Дарвоз бошад дар минтақа хусусиятҳои хоси худро дошт.Чун ин вилояти қадима дар чорраҳаи корвонрав ба сӯи Ҳинду Чину Ирону Хуросон карор дошт ва доираҳои адабию фарҳангии Дарвози шоҳӣ алоқамандияшон ба мактабу мадрасаҳои Кобулу Деҳлӣ бештар буд ,хоҳ нохоҳ фарзандони ин диёр як сабку усули наверо аз ин кишварҳои ориёӣ ва ҳамсояҳо ба Дарвоз меоварданд ва натиҷаи ҳамин шуд, ки ин гӯшаи зебои Тоҷикистони азиз барои ҳунари сарояндагию адабии тоҷику дигар кишварҳои ориёӣ фарзандони фарзонаеро ато намудааст (агарчанде оҳангсозӣ ва сурудхонӣ байни ин мардум бисёр таърихи қадима дорад ва худи номи қадимаи ин мавзеъ Моймай ва лаҳни ширини лафзи тоҷикии дарвозӣ, низ моро бо гӯиши хушнавози худ ба ин фикр мебарад) ва онҳо ифодагари сабку усули Борбадро дар худ таҷассум менамоянд.

Дар асри ХХ устод Валии Таронасоз ва дигар шогирдонаш дар Афғонистон, Хотирхушбош, устодон Акашариф, Абдулло Назрӣ ва писаронаш, Озодамоҳ, Дона Баҳром ва даҳҳо нафари дигар хизмати босазоеро барои мардуми тоҷику дигар ҳамзабонон дар ҷодаи овозхонӣ ва оҳангофарӣ ба ҷой гузоштаанд.

Мактаби ҳунарии устод Ҷӯрабек Назрӣ, устодонеро чун Дона Баҳромов, Қурбоналӣ Раҳмон,шодравон Ҷамшед Исмоилу даҳҳо нафари дигареро тарбия ва ба ҷодаи устодӣ расонидааст, ки имрӯз онҳоро низ мардум зиёд дӯст медоранд ва барояшон эҳтироми хоссаеро қоиланд!

Устод Ҷӯрабек Назрӣ ба замми ҳунарманди худодод буданаш олими хело сермаҳсул буд ва гӯишу суханкунияш басо ширин, хушсадову хоси ӯ буд ва то андозае гуфтори шакаринаш ба гуфтори устоди ҷонӣ ва маҳбубаш, шодравон ховаршиноси маъруфи кишвар Амрияздон Алимардонов монанд буд.

Бисёр лутфи баланди сухан дошт ва то ҷое медонам, устодонашро низ зиёд ёд мекард ва аз гузаштагон низ бо некӣ ёд мекард. Суханҳои лутфомезу муҳаббати хосаи ӯ нисбати устодонаш Амрияздон Алимардонов ва Зоҳир Аҳрорӣ хуб дар хотирам нақш бастааст.

Инак баъди чанд рӯзе ин устоди бузурги мактаби беҳтарини ҳунарии кишвар, олими тавоно, фарзонамарди миллат,шахсе,ки дар борааш ҳама вақт суханҳои хубе ироа мегашт ва чунин суханҳоро аз забони устоди равоншод Султони Ҳамад зиёд шунидаам ба рӯзи таваллудаш 75 сол пур мешавад.

Аз вафоти ин шахсияти умумипорсӣ, ситораи тобони адабу ҳунари Хуросонзамин инак як сол пур шуд ва то ҳол бовариям намеояд,ки ин шахсияти бузург сари сабз ба хоки сард ниҳодаву хуфтааст.

Имрӯз бошад манро танҳо як чиз тасалият медиҳад, устод мисли Аҳмад Зоҳири бузург то он замоне, ки як порсизабон ҳаст зинда мемонад. Забони порсиро бошад ба гуфтае Ҳаким Фирдавсӣ бо назми оламгири худ барои абад дар меҳвари замин мехкӯб намудааст.

Рӯҳаш шоду хонаи охираташ обод бошад.

Ба гуфти устоди бузург Лоҳутии ширинсухан,

«Гардад кӯҳан замонаву хомӯш намешавад,

Он шӯълаҳои ҷаста бурун аз даҳони ман!»

 Варқаи Зайниддин,

шаҳри Бохтар

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi