14:55:02 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Тоҷикони Қазоқистон иди Наврӯзро ҷашн гирифтанд

 

7.alamkhon-kucharov 5478

Бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Ассосиатсияи маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Қазоқистон “Сомониён”, ки марказҳои миллӣ-фарҳангии  тоҷикон дар шаҳрҳои Алмаато, Остона, Карағанда, Қустанай, Павлодар, Петропавловск, Шимкент, вилояти Ҷамбул, ноҳияҳои Сариоғоч ва Мақтаарали вилояти Қазоқистони ҷанубиро муттаҳид месозад, дар шаҳри Алмаато ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷилил гардид. Ҷашн дар ҳудуди тарабхонаи “Малика”, ки ба яке аз соҳибкорони муваффақи тоҷик аз ҷумлаи муҳоҷирони меҳнатӣ Ҳоҷӣ Саид Солеҳов мансуб аст, бо як шукуҳи хосе баргузор шуд. Бояд гуфт, ки  ҷашни Наврӯз дар Қазоқистон ба қатори дигар идҳои давлатӣ дохил шуда,  он ҳар сол дар тӯли се рӯз (маъмулан 21-23-март) ҷашн гирифта мешавад. 

Дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ (собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ) Қазоқистон баъди Тоҷикистон дуввумин кишварест, ки ҷашни Наврӯз дар он чунин дарозмуддат ҷашн гирифта мешавад.Ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон, ки дар сар то сари  ин кишвар тақрибан 50 ҳазор нафарро  ташкил медиҳанд,  ҳамасола ин ҷашнро бо машварати раҳбарони марказҳои  миллӣ -фарҳангии худ  дар яке аз шаҳрҳое мегузаронанд, ки  тоҷикон дар он ҷо аз ҷиҳати теъдод зиёданд.

Имсол тасмим гирифта шуд, ки ҷашни Наврӯз дар Алмаато гузаронида шавад. Пеш аз кушодашавии маросими ҷашн дар саҳни тарабхона намоиши  маҳсулоти ҳунарҳои  дастӣ ва хӯрокҳои  миллии  таҳиянамудаи тоҷикони Мақтаарал баргузор шуд. Қобили зикр аст, ки тоҷикони Қазоқистонро тибқи таърихи зуҳурашон дар ин маҳдудаи ҷуғрофии Осиё  якум ба тоҷиконе, ки аз замонҳои қадим дар ин ҷо маскун шудаанд,  дуввум ба тоҷиконе, ки солҳои 30-юми асри гузаштаи мелодӣ аз Тоҷикистон ба Қазоқистони ҷанубӣ муҳоҷир шудаанд ва  саввум ба тоҷиконе, ки дар даврони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 аз Тоҷикистон ба Қазоқистон омадаанд, шартан ҷудо мекунанд. Дар Қазоқистон  намояндагони 130 миллат, халқ ва қавм зиндагонӣ мекунанд.

Соли 1995 Ассамблеяи халқи Қазоқистонро ташкил  кардаанд,  ки раиси Шӯрои он худи Президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев мебошад. Дар ин ҷашн дар баробари тоҷикон ва қазоқҳо  намояндагони дигар халқҳои муқими Қазоқистон, азҷумла,  русҳо, қирғизҳо, ӯйғӯрҳо, кореягиҳо, туркҳо, курдҳо ва ғайра  низ ширкат варзиданд.

Маросимро бо сухани муқаддимавӣ Юсуфҷон Аминов, муовини раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон Қазоқистон “Сомониён” кушод. Сипас худи ӯ, ки бо забонҳои тоҷикӣ, қазоқӣ ва русӣ озодона ҳарф мезад, барандагии ин маъракаро бо ин се забон ба роҳ андохт. Назирмад Ализода, Сафири фавқуолдда ва мухтори Тоҷикистон дар Қазоқистон дар суханронии худ аз таърихи ин ҷашни бостонӣ ва таҷлили он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ,  нақши давлати Тоҷикистон ва Президенти он Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудани ҷашни Наврӯз сухан гуфт. Намояндаи ҳукумати маҳаллии Қазоқистон Аслан Манушев ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфт.

Сипас раҳбарон ва фаъолони  Марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар шаҳрҳои Алмаато, Павлодар Ҳикмат Холиқов, Ҳусейни Шомаҳмад, Қорӣ Абдурасул, Акобиршоҳи Ҷавоҳир дар ин ҷашн дар бораи Наврӯз ҳарфҳои дилафрӯз гуфтанд ёде аз рафтагон карданд. Азҷумла хотираи яке аз роҳбарони ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон, ҷавонмарди ҳимматбаланду саховатпеша Муҳаммадсафари Абдурашидро, ки соли гузашта дар айни ҷавонӣ дунёи фониро падруд гуфта буд, гиромӣ доштанд.

Дар ин маҳфил овозхони маъруфи кишвар Раҳматуллои Ҳошим, фарзанди Ҳофизи халқии Тоҷикистон марҳум Одина Ҳошим бо писаронаш табъи ҳозиринро бо ҳунари волояш болида дошт.

“Рӯзгор”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi