09:00:13 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«Куллиёт»-и бо дасти худи Бедил навишташуда кай вориди Бухоро шуд?

Мирзо Абдулқодири Бедил чун Рӯдакӣ, Саъдӣ ва Ҳофиз аз дӯстдоштатарин шоири мардуми тоҷик ва мардуми эронитабор дониста шудааст. Қариб хонадоне нест, ки ин адибро надонанд ва ё чизе аз осори ӯ дар хона надошта бошанд.

1kuliyotҲар яке аз ин бузургон дар зеҳни мардуми тоҷик мақому мартабаи хосеро моликанд. Чунончи китобҳои Саъдию Ҳофиз ба истилоҳ рӯимизӣ, балки маводи бебадали дарсии макотибу мадрасаҳо ба ҳисоб мерафтанд ва ҳоло ҳам осори адабии онҳо беҳтарин намунаи ашъори баландғоя дониста шудаанд. Ин манзалат ва шарафу эҳтиром ба осор ва шахсияти Мирзо Абдулқодири Бедил ҳам бегона нест. Балки ӯ соҳибмактаб ва ҷорикунандаи услуби тозаи адабӣ ба ҳисоб меравад. Ин услуб дар заминаи сабки ҳиндӣ ба вуҷуд омада, дар баъзе маворид бо унвони «Сабки Бедилӣ» низ ёд мешавад.

Ҳарчанд мавзӯи баҳси мо дар ин мақола ворид ва паҳн шудани куллиёти Бедил дар Осиёи Миёна бошад ҳам ин ҷо хотиррасон намудани чанд нуктаро зарур донистем.

Чунонки маълум аст, сабки услуби мазкур ба табъи мардуми тоҷику афғон хеле писанд омад. Ин буд, ки обрӯву эътибори ин шоири мӯъҷизаосор дар байни ин мардум хеле боло рафт. Ҳарчанд ки пайдоиши сабки ҳиндӣ хеле барвақттар аз замони зиндагии Носираливу Бедил нисбат дода шавад ҳам, авҷи аълои он дар осори Мирзо Абдуқодири Бедил зуҳур намуд.

Устод Айнӣ ҳамчун муҳаққиқи ҳаёт ва фаъолияти Бедил дар монографияаш Мирзо Абдулқодири Бедил ба гуфтаҳои тазкиранависону таърихнигорони Ҳиндустон такя карда маълум кардааст, ки аҳли исломи ин кишварро ба се гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст: 1) мусулмононе, ки аз аҳолии аслии Ҳиндустон мебошанд; 2) Ҳиндустонзоҳо, яъне  касоне, ки падару бобоҳошон аз Осиёи Миёна ва Эрон ба Ҳиндустон муҳоҷир шуда рафтаанд, аммо худашон дар он ҷо таваллуд ёфтаанд; 3) вилоятзоҳо, онҳо касонеанд, ки дар Осиёи Миёна ё Эрон зоида шуда, худашон муҳоҷир шуда ба Ҳиндустон рафтаанд (1, 113).

Маълум мешавад, ки аз ин се гурӯҳ забони модарии ду гурӯҳи аввал ҳиндӣ буда, забони тоҷикиро ҳамчун забони адабӣ аз мактаб, аз муҳовара ва мутолаа меомӯхтанд. Дар ин миёна Бедил ба он гурӯҳе мансуб аст, ки ҳарчанд пешгузаштагонаш аз мардуми Осиёи Миёна бошанд ҳам, кайҳо ин забонро фаромӯш карда бо ҳиндӣ суҳбат мекарданд. Вале набояд фаромӯш кард, ки забони форси тоҷикӣ назар ба маълумоти баъзе сарчашмаҳои таърихӣ дар Ҳиндустон дар сатҳи давлатӣ низ мавриди истифода қарор дошта, нуфӯзи он ҳамчун забони фасеҳу ширин то андозае забони муошират дар ҳаёти адабиву сиёсӣ мақоми муайянро ишғол мекард (2, 354). Бедил метавонист ин забонро танҳо бо роҳи омӯзиш аз бар кунад. Чуноне, ки маълум аст, барои омӯхтани забони ношинос кӯшишу ҷаҳди муайянеро бояд ба кор бурд. Агар шахсе қобили лаёқати баланд ва хотираи қавӣ бошад, ӯ бо кӯшишу ҷаҳди муайян метавонад забони лозимаро аз бар кунад, чунонки арзи матлаби худро метавонад ба осонӣ ва фасеҳу дилнишин баён кунад. Вале ин гуна ашхос, бо сабаби он ки таҷрибаи суҳбати озодонаро надоранд, ҳангоми сӯҳбат ба душворие рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ҳама аҷиб ин аст, ки онҳо аз як ё ду ҷумла зиёдтар сухан карда наметавонанд. Чунонки ҷавлони суханашон ба сакта дармемонад ва суҳбаташон фурӯ менишинад.

Масъалаи он ки аввалин намунаи ашъори Бедил ба Осиёи Миёна кай ва ба воситаи кӣ омадааст тадқиқи алоҳида мехоҳад. Мо дар ин мақола мехоҳем танҳо ба як далели мушаххасе, ки дар он дар бораи аввалин бор ба Осиёи Миёна ворид шудани куллиёти дастнависи Бедил, ки онро худи муаллиф китобат намуда будааст, маълумот диҳем.

Сарчашмае,ки дар он чунин маълумот дарҷ шудааст «Тазкират-ул-хаттотин» ном дошта, муаллифаш донишманд ва шоири маъруфи охири асри XIX ва авали асри XX Садри Зиё аст. Ногуфта намонад, ки номбурда дар Аморати Бухорои Шариф дар чанд вилоят дар вақтҳои гуногун вазифаи қозигиро низ адо кардааст ва дар фурсати мувофиқ аз паи ҷамъоварии осори нодири адабиёт мешуд. Маҳфилҳои хоса меорост, ки дар он аҳли адаб гирд меомаданд ва суҳбатҳои бардавом бо шеърхонӣ ва таҳлили ашъори удабо мегузашт. Муаллифи мазкур дар фасли «Фозил Девона»-и тазкирааш муттако ба услубе, ки дар таснифи китоб ихтиёр намудааст, таҳти ин ном дар бораи ин хаттот маълумоти мухтасаре медиҳад. Аз ҷумла Садри Зиё чунин менигорад: «Аз хаттотони форсинавис аст. Ба «Гулзор»-и хориҷи дарвозаи «Мазори Шариф» истиқомат дошт ва аксар ва ағлаб ба китобати Бедил машғул буд. Баъд аз ин, муаллиф ба ҳикояте оғоз мебахшад, ки айнан овардани қисмате аз он айни муддао аст. Чунончи: «Дар замони хоқони ваҳид Амири Саид (3, 94) (Амир Ҳайдар дар назар аст), як нафар тоҷири молдор аз Ҳиндустон вориди «Дор-ул-фохира» шуда тамоми мусаннифоти Бедилро мактуб ба хатти Мирзо Абдулқодири Бедил буд, маҳсуби худ дошт. Амири мазкур баъд ногаҳ, ки хабар ёфт, толиби дидани он китоби мустатоб шуд. Баъд то ки дид, ҳавои тамаллуки он бар сараш афтод. Ҳар қадар карданд ва қиматҳои гарон дар назари тоҷир ҷилвагар доданд, ба фурӯхтани он ҳаргиз розӣ нашуд. Истиктоб карданӣ шуданд, камоли муҳаббате , ки дар он китоби олиҷаноб дошт ба кандани ҷузвбандӣ ва парешон шудани аҷзоҳои он ризомандӣ надод. Аз муддат ба кӯшиш истифода намуданд. Ниҳоят як моҳ, ба сад икроҳ ба чиҳил рӯз қарор доданд. Амири Саид наварра марқаддаҳу аз камоли шавқе, ки дар боби нависондани он китоб дошт, фармуд: «Кадоме ин хидматро дар муддати чиҳил рӯз ба тақдим орад, ҳазор тиллои сурх ба замми инъомоти дигар, баҳравар гардад». Мунодиён як рӯзи тамом мунодӣ карданд. Ба шаҳру саҳроҳо хабар доданд. Нафас ба гулӯи котибон банд шуд. Аз зийрӯҳе овоз барнаёмад (5, 267 «б»).

Фозил Девона ба даргоҳ ҳозир шуд. Ин хиддматро мутақайил шуд. Ҳамгинон ҳукм ба девонагии он карданд. Алоалҳол нусхаи маҷмӯаро маа асбобаш ба душаш супурданд. Ба «Гулзор»-и мазкур рафт. Дари ҳуҷра ба рӯи мардум баст (6, 268 «а»)».

Муаллифи тазкира Садри Зиё дар давоми ин ривоят афзудааст, ки ин овоза дар шаҳр паҳн мешавад ва мардум ҳама дар фикри он мешаванд, ки оқибати ин даъво ва ин довталабӣ чӣ ҳоҳад шуд. Вақте ки рӯзи чиҳилум фаро мерасад, мардум ҳама бар бому баландиҳо баромада, оқибати корро интизорӣ мекашиданд. Оқибат Фозил Девона аз дарвозаи «Мазор» намудор мешавад. Муаллиф ӯро ба «фили маст» ё «Б урқи сармаст» монанд мекунад, ки дар даст инони асперо медошт, ки дар болои он китобҳои худ ва нусхаи аслро бор карда меомад. Хабарро ба амир расониданд. Амир аҳолии дарборро ба истиқболи ӯ мефиристад. Мардум бо нидои «таҳсин»-у «офарин» котиби чирадастро ба дарбор расониданд. Борро аз асп фароварда диданд, ки Фозил Девона як нусха барои амир ва як нусха барои худ нусхабардорӣ намудааст. Ӯ ҳар як нусхаро дар қоғази дуварақӣ нусхабардорӣ намуда будааст, ки ҷамъоҷамъ тақрибан панҷсад ҷузвро дар бар мегирифт. Тамоми ин ҷузвҳо бо нусхаи асл дар бори асп буданд, чунонки асп онро базӯр мекашид. Амир аз муҳтавои бор огоҳ шуда , ӯро таҳсини зиёд гуфт. Ба замми ҳазор тиллои сурх, сару пои зиёд ва ҳар гуна инъоми бешуморро ба котиб ҳадя фармуд.

Фозил Девона аз он пул дар канори шаҳр масҷиде бино кард, ки тақрибан пас аз сад сол ҳанӯз барҷой, вале рӯ ба харобӣ ниҳода буд. Бақияи пулро ба қаландарҳои «Гулзор» ҳадя намуд.

Баъд аз ин воқеаи хотирафрӯз, аз рӯи он нусхае, ки дар даст дошт, мунтахабан китобат мекард ва сарфи маъош мекард.

Фозил Девона дар охири китобат ин байтро менавишт, ки аломати хос ва нишонаи китобати ӯ буд.

Рақами беруқуми беанҷом, Фозили мустаманди заҳрошом (6,268«а»).

2kuliyotАммо аз хусуси кай ба Осиёи Миёна омадани дастнависҳои Бедил маълумоти муқаддамтаре дар даст надорем. Муҳаққиқи ҳаёт ва фаъолияти Мирзо Абдулқодири Бедил устод С. Айнӣ низ дар ин хусус маълумоти дақиқе наоварда ва ба овардани як маънии умумӣ қаноат кардааст: «Аз вақте ки нусхаи дастнависи асарҳои ӯ ба ин сарзамин омадааст, мунтахаби ғазалиёт ва рубоиёташ ба мактабҳои ибтидоии кӯҳна даромадааст» (1, 117). Садри Зиё низ дар тазкираи хаттотини худ санаи дақиқи китобати Куллиёти Бедилро аз рӯи нусхаи асл қайд накардааст. Шояд аз рӯи номбар кардани лақабе , ки султони замонро бо он ёд мекардаанд (Амири Саид), барои ҳамзамонҳои муаллиф маълум бошад, вале кадом сол будани он мушаххас нишон дода нашудааст. Аммо донишманди тошкандӣ, донандаи хуби осори хаттӣ, хаттоти мактабдида, муаллифи китоби «Ӯрта Осиё хаттотлик санъати таърихидан» дар китобаш ҳикояти китобат аз нусхаи аслии Куллиёти Бедилро аз ҷониби котиб Фозил Девона соли 1803 номбар мекунад. Ба ин маълумот то андозае бовар кардан мумкин аст. Чунонки аз тарҷимаи ҳоли А.Муродов маълум мешавад, ӯ соли 1893 дар шаҳри Тошкент ба дунё омада, ҳанӯз то инқилоби Бухоро (1920) дар назди хаттотони давр илми хат ва хаттотиро машқ карда, соли 1917 мадрасаро дар Бухоро хатм намудааст. Вай то охири ҳаёт (1975)корманди илмии Институти шарқшиносии АИ Республикаи Ӯзбекистон буд. Аз он ки ӯ бо аҳли илм хаттотон ва муҳақиқони осори илмӣ хуб ошно буд, шояд дар даст мадраке дошт, ки муттако ба он ин санаро дақиқ нишон додаст. Агар ба ин санад бовар кунем, пас амири Саид бояд Амир Ҳайдар бошад (3, 94) . Вале аз рӯи пайдарпайии он тафсилоте, ки дар китобаш овардааст, маълум мешавад, ки ҳикояти А. Муродов тарҷимаи бевоситаи ҳикояти муаллифи «Тазкираи хаттотин» Садри Зиё аст, ки аз ҳамин тазкира биайниҳо тарҷима кардааст. Мутаассифона, А. Муродов аз кадом манбаъ истифода бурданашро нишон надодааст.

Муҳаққиқи ҳаёт ва фаъолияти Мирзо Абдулқодири Бедил Бобобек Раҳимӣ , ки солҳои зиёде дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Бедил тадқиқот бурдааст, дар китобаш «Шиносоӣ бо Бедил» (Маҷмӯи мақолаҳо) аз тазкираи «Иқди сурайё» - муаллифаш Ғулом Мусҳафии Ҳамадонӣ далелеро иқтибос овардааст, ки мазмунаш чунин аст: «…соли 1199 (1784-1785), ки санаи таълифи тазкираи ӯст, урси Бедил на фақат вуҷуд надошт , балки хонаи ӯ дар ҳолати вайронӣ воқеъ гардида буд (ниг. « Иқди сурайё, Кобул-1362,саҳ 20), (5, 226).

Назар ба маълумоти муҳаққиқони ҳаёт ва фаъолияти Бедил, аз ҷумла устод С. Айнӣ ва Б. Раҳимӣ, пас аз вафоти шоир (бинобар васияташ дафни ӯ дар ҳавлиаш воқеъ гардида буд), ҳар сол рӯзи вафоташ шогирдону ихлосмандони шоир дар назди қабри ӯ гирд омада, бо дуову зикри хайр аз ӯ ёдоварӣ мекарданд ва аз девони шоир, ки рӯи қабраш гузошта шуда буд, ғазалҳо қироат мекарданд ва байтҳои алоҳидаро шарҳу эзоҳ медоданд. Ин гирдиҳамоиҳо бо номи «Урси Бедил» ёдоварӣ карда мешуд.

Аз ёддошти тазкираи Ғулом Мусҳафии Ҳамадонӣ маълум мешавад, ки тақрибан 18 сол қабл аз санаи ба Осиёи Миёна ворид шудани «Куллиёти Бедил» ҳанӯз ин анъана барҳам хӯрда, куҷо шудани китоб ва дар дасти кӣ будани куллиёт номаълум будааст. Б. Раҳимӣ ҳам маълумоти Ғулом Мусҳафии Ҳамадониро «охирин маълумоти дақиқ дар бораи қабри Бедил» (4 , 226) мешуморад. Назар ба тадқиқоти Б. Раҳимӣ баъди чанде ҳам қабр ва ҳам хона аз ёдҳо фаромӯш мешавад. Дар ин замина «Куллиёти Бедил», ки дар рӯи қабраш маҳфӯз буд, бе нишону бедарак мешавад.

Барои ҳамин, соли 1803 дар шаҳри Бухоро пайдо шудани нусхаи «Куллиёти Бедил» ба хатти худи ӯ касро ба гумоне мувоҷеҳ месозад, ки шояд ин нусха ҳамон нусхаи болои қабри Бедил бошад. Ба ҳар ҳол санади дақиқе, ки ин шубҳаро бартараф кунад, дар даст нест.

Адабиёт:

1. Айнӣ Садриддин. Куллиёт, ҷ. 11; Душанбе . Ирфон,- 1963.

2. Бертельс Е.Э. Избранные труды. История литературы и культуры Ирана; ГВЛ, Москва-1968.

3. Ғафуров Б. Тоҷикон:охирҳои асри миёна ва давраи нав-китоби дуюм;-Душанбе; «Ирфон»-1985.

4. Раҳимӣ Бобобек. Муҳтавои Муқаддимаи девони Бедил; дар маҷаллаи Суханшиносӣ:-Маҷаллаи илмӣ №1-2012.

5. Раҳимӣ Бобобек. Шиносоӣ бо Бедил; (Маҷмӯаи мақолаҳо).Душанбе-«Ирфон»-2009.

6. Садри Зиё. Тазкираи хаттотон.Нусхаи қаламии №-2193, маҳфуз дар Институти шарқшиносии ба номи Абурайҳон Берунии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

1. Акси аввал шеъри Бедил бо дастхати худи Бедил.

2. Дар ҳошия охирин ғазали эҷоднамудаи Бедил. Ғазали мазкурро Мирзо Абдулқодири Бедил ду рӯз қабл аз вафот эҷод намуда,онро шогирдаш дар ҳошияи ин саҳифа китобат намудааст.

Аксҳо бо мусоидати Бедилшинос Бобобек Раҳимӣ ва адабиётшинос Шодимуҳаммад Сӯфиев дастрас шуданд.

Маҳмадёр Шарифов, ходими калони илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми филология.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №04, 29 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi