22:44:57 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Султони дуздҳо – II

ё қиссаи талхи аввалин «вор в законе»-и Осиёи Марказӣ

Мирсаид Миршакар, Шоири халқии Тоҷикистон

Як рӯз мо ба назди модари худ омада аз гушнагӣ шикоят кардем. «Аз дасти ман чӣ меояд?»–гуфту гиристан гирифт. Дар ҳамин вақт падари нави мо бо таёқ бар сари мо чун деви сиёҳ ҳозир шуда, ваҳшиёна наъра кашид: «Ой, занаки бадхосият! Бо ин гиряҳои беохири худ сари ду шавҳари нозанинатро хӯрдӣ, акнун мехоҳӣ, ки сари ман маро хӯрӣ? Не! Пеш аз он ки ту сари маро хӯрӣ, ман туро зинда ба зинда ба он дунё мефиристам!...»

mirshakar-456556Амаки золимам модарамро чунон куфт, ки баданаш сип-сиёҳ шуд ва дасти чапаш шикаст. Агар он рӯз ба қишлоқи мо аскарони сурх намеомаданд, дар кӯча аз гушнагиву ташнагӣ мемурдем. Онҳо моро ба Кӯктош бурданд, модарамро дар беморхонаи ҳарбӣ хобонданд, ба мо, фарзандонаш, дар ҳуҷрае ҷой доданд. Бори аввал нони сафеду шӯрбои равғаниро серӣ хӯрдем. Модари мо баъд аз як моҳ сиҳат шуд ва дар ҳамон ҷо ба ӯ кор ёфтанд. Як бегоҳ аз кор дертар омад.

Мо ӯро шодон пешвоз гирифтем. Вай ҳам он рӯз хеле хурсанд буд. Бо навбат аз лабу лунҷи мо бӯсид, баъд– «ана, бачаҳоям ,–гуфт,–дар ноҳияи Кӯктош кумитаи ҳарбии инқилобӣ (ревком) ташкил ёфт, ин як. Дуюмашу муҳиммаш ин ки модари шумо– Зайнаббибиро муовини раиси кумитаи мазкур таъин карданд!».

Мо, ки маънои ин гапҳоро намефаҳмидем, бо ташвиш пурсидем, ки ин нағз аст ё бад? Модар мӯйҳои сари моро сила карда истода: «Не, ҷонакҳои ширинакам,–гуфт, – ҳамаи он чизҳое, ки бад буд, дар қафо монд. Минбаъд зиндагии мо–камбағалон рӯз то рӯз нағз шудан мегирад. … Ҳамин тавр,–мегӯяд командир,–Ҳукумати камбағалон ҳам ҳамин тавр мегӯяд!».

Дар ҳақиқат, на танҳо зиндагонии мо, фарзандонаш, балки зиндагонии тамоми бачаҳои Кӯктош рӯз то рӯз беҳтар шудан гирифт. Соҳиби пӯшоку хӯрок шудем, барои мо мактаби нав кушоданд, мактабхон шудем. Модарам дар хона дарс мегирифт, як командир, ки худаш нуғай буд, ба вай дарс медод. 

Ҳар субҳи нави Ватан хабари хуше меовард. Дар оилаи мо ҳам ҳар рӯз як хабари хуше! Модари мо раиси ҷамоат шуд, баъд ба партия даромад. Камбағалдухтаре, ки ягон бор аз қишлоқаш дуртар қадам наниҳода буд, якбора вакил шуда, ба Тошканд ва аз он ҷо ба Маскав рафта омад. Тобистони соли 1928 дар тамоми ноҳия овоза шуд, ки духтари камбағал Зайнаббибӣ Қурбонова раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Кӯктош (ҳозира ноҳияи Рӯдакӣ) интихоб шуд. Ду рӯз ин сухан вирди забони хурду калон буд. Рӯзи сеюм мардум бо сари хам ҷасади хунини ӯро ба хок супориданд…

Ашкҳоям ба рухсорам ҷорӣ шуданд. Мураббияҳо маро «гиря накун» мегуфтанду тасаллӣ медоданд, вале ашки худро дошта наметавонистам. Ба ман маслиҳат доданд, ки рафта хобам, лекин ман иҷозат пурсидам, ки ба кӯча бароям. Онҳо ҳатто ба куҷо рафтанамро напурсида гуфтанд: «Майлаш, ту соҳибихтиёр ҳастӣ». Барои чӣ ман соҳибихтиёрам? Эҳтимол гумон кардаанд, ки ман ҳоло тифле ҳастам, ки ҷуз фикри меҳр ва навозиши модар андешаи дигаре дар сар надорам. Кай медонистанд, ки ман дар сари ғоре истодаам, агар дасти маро нагиранд, чунон меафтам, ки дигар аз ҷо хеста наметавонам.

… Дар бозорча Тош маро бо Ҷӯра ном дузди калон, ки лақабаш Игор буд, ошно кард. Ҷӯра маро бо худ ба Ленинобод (алҳол шаҳри Хуҷанд) бурд. Ба чашмам дар он солҳо Ленинобод аз Душанбе серодамтар намуд. Ду бозори калон дошт, ки ҳар дуяш ҳам ҳамеша бо одам пур буд, одамон рӯз савдо мекарданду шабҳо дар чойхонаву саройҳо бо пулҳои калон рафта мехобиданд ва субҳдам кисаро бурида ва ҳамёнро холӣ дида, доду фарёд мебардоштанд, вале ман чун мусичаи бегуноҳ дар гӯшае нишаста ба ҳоли онҳо механдидам.

Дар рӯзи равшан аз пеши назарам Ҷӯра гум шуд. Аён буд, ки ба даст афтод. Мувофиқи дастури махфии дуздон шарикони дузди ба дастафтида бояд дар худи ҳамон замон ба шаҳре ё маҳаллаи дигаре кӯчанд. Роҳи Самарқандро пеш гирифтам.

Шаҳри Самарқанд бо манорҳои сар ба фалаккашида, мадрасаҳо, ёдгориҳои таърихии Гӯри Мир, Шоҳи Зинда ва бозорҳои серодамро мафтуни худ кард. Қавл додам, ки то ба даст наафтам, аз он шаҳр берун қадам намегузорам. Як рӯз дар паҳлуи дарвеше нишаста, саргарми шунидани панду насиҳатҳояш будам, ки бачае номи маро гирифта, маро фарёд кард. Бинам бачаи ошное, ки дар Душанбе ҳамроҳ мехондем, дар наздам истодааст. Вай аз дастам гирифта маро ба назди мудири техникум бурд.

… Дар соли 1932 техникумро партофта, ба шаҳри Тирмиз гурехтам. Рӯзе дар айни ҷӯшу хурӯши «шикор» касе дастамро тоб дод. Ин ҳамшаҳриям командир Муродов буд. Муродов кӣ буданамро ба командири полк ҳикоя кард. Командири полк фармон дод, ки ман ба ҳайси «писари полк» қабул карда шавам. Фармон бечунучаро иҷро шуд. Аҷибаш ин буд, ки ҳатто ҳамшаҳриям Муродов боре напурсид: «Эй бародар, модоме ки аз интернату техникумҳо гурехтаӣ, пас дар куҷою бо пули кӣ зиндагӣ карда истодаӣ?». Ҳар боре ки бо либоси низомӣ ба кӯча мебаромадам, хурду калон бо ҳасад ба сӯям менигаристанд ва агар касе кӣ будамро мепурсид, «Писари полки 15-уми округи ҳарбии Туркистон Икром Қурбонов» гуфта ҷавоб мегардонидам.

vor-v-ograblen 454545Дар Тошканд анҷумани бепарасторон даъват шуд. Яке аз вакилони ин анҷуман ман будам. Болои ин, дар рӯзномаи «Красная звезда» суратам чоп шуд ва дар яке рӯзҳои маҷлис ҳатто дар паҳлуи Юлдош Охунбобоев нишаста будам. Дар бозгашт дар вокзали Тирмиз маро бо гулу гулдастаҳо пешвоз гирифтанд ва ман ба ҷойи сухан аз хурсандӣ гиря кардам...

Хабар доданд, ки командири полк маро дидан мехоҳад. Иҷозат пурсидаму ба назди ӯ даромадам. Чун ҳарбиён рост истода арз кардам:

–Рафиқ командири полк! Писари полк Икром Қурбонов бо фармони шумо ҳозир шуд!

 Командир ба нишастан ишора кард. Ман нишастам. Командир пакетеро ба ман дода, таъин кард, ки онро бурда бо дасти худ ба Кумитаи Иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистон супорам. Дар ин дақиқаҳо ҳар кас ҳам дар ҷойи ман мебуд, гулгул мешукуфт ва дар пӯсташ намегунҷид. Ба ман бовар мекарданд ва маро қаҳрамони оянда меномиданд. Магар ин бахт нест?

Супориши муҳимми ҳарбиро дар вақташ иҷро кардам. Вақте ки аз бинои Кумитаи Иҷроияи Марказии Тоҷикистон баромадам, дар пеши назарам Кӯктош, зодгоҳам намоён шуд. «Эй кош, – гуфтам худ ба худ,– модараки нокомам лоақал дақиқае чашм мекушоду медид, ки писараш чӣ тавр калон шуда, ба Ватанаш хизмат карда истодааст…».

Мебоист ҳамон замон ба Тирмиз баргардам, лекин якбора дӯстонам ба ёдам омаданд. «Рафта нишон диҳам, ки чӣ тавр зиндагонӣ кардан лозим аст!» гуфта, ба назди онҳо рафтам. Тош бо қавоқҳои овезон барои чӣ омаданамро пурсид. Ман дилсофона гуфтам, ки дӯстонамро ёд кардам. Ба Тош ин ҷавобам, аз афташ, писанд омад, ки якбора фармон дод: «Дӯстро зиёфат додан лозим аст!».

Зиёфат то ними шаб давом кард. Вақте ки пагоҳӣ бедор шудам, худро дар гӯшаи бозорча дидам. Дар танам либосҳои мулкӣ буд. Ҷӯраҳоям либосҳои ҳарбиамро кашида, байни худ тақсим карда буданд. На танҳо либосҳои низомиямро аз даст додам, балки фаромӯш кардам, ки бо супориши махсусе омадаам ва бояд фавран ба Тирмиз баргардам.

Танҳо баъд аз як моҳи мастигарию дуздию қартабозӣ бо сари хам гашта ба Тирмиз рафтам. Хайрият, ки навбатдори полк боз ҳамон ҳамшаҳриям Муродов буд. Вай маро хуб ҳақорат дода, ба назди командири полк бурд ва пешакӣ таъкид кард, ки аз командир хеҷ чизро пинҳон надорам. Бо сари хам саргузаштамро ба командири полк ҳикоя кардам. Командир гуноҳамро бахшид.

… Дар охири августи ҳамон сол ба командири полк рапорт дода, хоҳиш кардам, ки маро ба ихтиёри Комиссариати маорифи халқи РСС Тоҷикистон фиристанд. Командири полк ҳангоми рафтанам ба ман саломатӣ ва дар таҳсилам муваффақият хоста, таъкид кард, ки дар вақтҳои таътил ба ҷое нарафта, рост ба полк биёям, полк мехоҳад, ки писарашро тарбия карда ба воя расонад. Чӣ орзуи нек!

Ҳамин ки ба Сталинобод расидам, худамро дар оғӯши дӯстонам дидам. Оҳиста-оҳиста на танҳо хонданро, балки шарм, ҳаё, ору нангу номус ва ҳатто кӣ буданамро фаромӯш кардам. Ман дигар ба дӯстонам ноз намекардам, тамоми ихтиёрам дар дасти онҳо буд, ҳар чӣ мефармуданд, ба ҷо меовардам. Боре лозим омад, ки ба дӯстонам зиёфат диҳам, лекин пулам набуд, ба дуздӣ баромадам, лекин корам барор нагирифт. Рост ба Кумитаи Иҷроияи Марказии Тоҷикистон рафтаму гуфтам: «Дар Ғарм хешовандони наздики ман осудаҳолона зиндагӣ карда истодаанд, мехоҳам ба назди онҳо рафта, ҳам хонаму ҳам кор кунам, лекин роҳпулӣ надорам». Панҷсад сӯм ба даст даровардаму дӯстонамро ба ресторан бурдам.

Соли 1934 ба синни бист қадам мондам ва аввалин бор чун дузди кисабур ба даст афтодам. Бо ҳамроҳи дигар бачаҳо маро ба идораи милитсия бурданд. Аён буд, ки барои ҷиноятҳои чандинсолаам маро ҷазои сахт медиҳанд. Роҳи халосиро ёфтан даркор буд.

(Давом дорад)

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №23, 05 ноябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi