20:59:31 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Адабиёти мо ҷаҳонро тасхир мекард, агар…

Норӣ Раббимдухт соли 1953-ум дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Мактаби русиро дар Душанбе хатм карда, баъдан таҳсилашро дар факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) идома додааст. Аз солҳои донишҷӯӣ ба тарҷумаи осори адибони тоҷик ба забони русӣ машғул аст. То имрӯз бархе аз асарҳои адибони маъруфи кишвар амсоли Куҳзод, Сорбон, Баҳманёр, Кароматулло Мирзоев, Мирзо Шукурзода, Равашни Ёрмуҳаммад, Маҷид Салим, Меҳмон Бахтӣ, Абдулҳамид Самад, Ноҳид, Раҳмат Назрӣ, Гулназар ва чандин нафари дигарро ба забони русӣ тарҷума намудааст.

-Шумо имрӯз аз зумраи нафарони камшуморе ҳастед, ки ба тарҷумаи бадеӣ машғуланд. Яъне, Шумо осори адибони классику муосири моро ба забони русӣ тарҷума намуда, бо ин роҳ адабиёти тоҷикро ба хориҷиён муаррифӣ мекунед ва аввалин суоле, ки аз Шумо пурсиданиям ин аст, ки вазъи имрӯзи тарҷумаи адабиёти мо дар кадом сатҳ аст?

norin-rabbimdukht-2013-Ман ба вазъи тарҷума он қадар баҳо ҳам дода наметавонам. Зеро он осоре, ки ба забони русӣ тарҷума мешаванд, дар аксар маврид нашр намешаванд. Шояд нашр ҳам шаванд, аммо бо теъдоди кам ва ба дасти мо намерасанд. Яъне, он чизе ки тарҷума мешавад мо намебинем, аз ин рӯ ба он баҳо дода ҳам наметавонем. Дар нашри осори адибони мо ба забони русӣ маҷаллаи "Помир"-и Иттифоқи нависандагон саҳми бештар дорад ва баъди мутолиаи ҳар шумораи он кас ба хулосае меояд, ки тарҷумонҳои баистеъдод ҳастанд, мисли Искандар Ҳамроқулов, Комила Камолова, Сергей Сухоян ва бисёр нафарони дигар. Аммо агар дар маҷмуъ бигирем, фикр мекунам баҳо додан ба вазъи имрӯзаи тарҷума бисёр мушкил аст.

-Низом Қосим, шоири маъруфи мо дар вохӯрии Сарвари давлат бо зиёиён ба президент пешниҳод намуда буд, ки ба рушди фаъолияти маҷаллаи "Помир" аз ҷониби Ҳукумати кишвар мусоидат карда шавад. Ҷоннок шудани кори ин маҷалла ба рушди бахши тарҷумаи адабӣ то чӣ ҳад таъсиргузор аст?

-Таъсири бузург дорад. Ҳадафи таъсиси маҷалла ҳам ба хонандагони хориҷ дастрас намудани беҳтарин намунаҳои адабиёти тоҷик буд, чун он даврон "Помир" дар аксар кишварҳои собиқи ИҶШС низ паҳн мешуд. Ҳоло ин маҷалла бо теъдоди хеле кам нашр мешавад. Бояд имрӯз ҳам "Помир" бо теъдоди бештар интишор ёфта, дар кишварҳои дигар паҳн карда шавад, то рисолати худро ҳамчун тарғибгари адабиёти тоҷик иҷро карда тавонад.

-Дар ин чанд соли охир Шумо кадом асарҳои адибони тоҷикро ба забони русӣ тарҷума намудед?

-Охирин китобе, ки тарҷума намудам, романи "Ишқи Рӯдакӣ"-и Равшани Ёрмуҳаммад буд ва ин роман то охири сол дар маҷаллаи "Помир" пурра нашр мешавад. Ҳоло бошад ба тарҷумаи асари "Қотили зархарид"-и Нарзулло Тилло машғул ҳастам.

-Асари дедективӣ аст?

-Дедективии таърихӣ. Ин китоб дар бораи русҳое қисса мекунад, ки солҳои сиюм ба Тоҷикистон омада, барои халқи тоҷик хизматҳои арзанда кардаанд, дар бораи тақдиру фаъолияти арбобони сиёсиву фарҳангии рус, ки ҳамон давраҳо дар кишвари мо маскун шудаанд. Бисёр асари ҷолиб аст.

-Шумо чӣ гуна асарро тарҷума мекунед? Асареро, ки дархӯри завқи Шумост ё онеро ки муаллифаш дархост мекунад?

-Аслан ҳамон асареро тарҷума мекунам, ки бароям писанд бошад. Зеро вақте тарҷумон ба сари мизи тарҷума менишинаду матлаби тарҷумашаванда писандаш нест, аз ду сар тарҷума ҳам хуб намебарояд. Аз ин рӯ ман ҳам кӯшиш мекунам бештар ба тарҷумаи он асарҳое даст занам, ки дархӯри завқи мананд.

-Устод, агар бингарем имрӯз адабиёти мо то андозае дар як маҳдудаи ҷуғрофии Тоҷикистон мондаву ба арсаҳои васеъ намебарояд. Инҷо тақсир дар кӣ бошад, дар нависандаҳои мо, ки шояд асарҳои хуб наменависанд, ё тарҷумонҳо, ки ба тарҷумаи беҳтарин осори ин адибон даст намезананд?

-Ба фикри ман тарҷумонҳо. Зеро тарҷумонҳо камшумор шудаанд. Агарчӣ дар замони Шӯравӣ ҳам тарҷумони бадеӣ кам буд. Зеро нашриётҳои Маскав танҳо тарҷумаи таҳтуллафзии асарҳои дар Тоҷикистон ба забони русӣ тарҷумашударо қабул мекарданд ва барои ин ҳаққи қалам ҳам намедоданд. Баъдан бо истифода аз тарҷумаи таҳтуллафз тарҷумонҳои рус асарҳои адибони тоҷикро тарҷумаи муаллифӣ (авторизованный) мекарданд.

-Имрӯз асарҳое, ки дар Тоҷикистон аз тарафи тарҷумонҳои тоҷик ба забони русӣ тарҷума мешаванд, дар Русия ба нашр мерасанд?

-Бале, аммо хеле кам. Ҳамон ҳам дар маҷаллаа ё китобҳои ҷашнӣ. Масалан, агар шумораи маҷаллае ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба адабиёти тоҷик бахшида шуда бошад, дар баъзе онҳо осори нависандагони моро дар тарҷумаи русӣ нашр менамоянду халос.

-Чаро?

- Намедонам, шояд ба тарҷумонҳои мо бовар намекунанд.

-Шояд таваҷҷуҳ ҳам надоранд…

-Мумкин, аммо дар ин маврид чизи аниқе гуфтан мушкил аст.

-Барои рушди бахши тарҷума ё худ муаррифии ҳарчӣ бештари адабиёти тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ, аққалан дар Русия, дар давлатҳои ИДМ чӣ иқдомҳо бояд гирифта шавад?

- Ба фикри ман бояд ин масъала дар сатҳи баландтар тарҳрезиву амалӣ карда шавад. Агар дар кишвар ба тарҷумонҳо таваҷҷуҳи зиёдтар шавад, гумон мекунам ин бахш рушд мекунад. Бояд ҳаққи қалами тарҷумонҳо баланд бардошта шавад.

Дар Шӯравӣ ин масъалаҳо дар сатҳи давлатӣ ҳал мешуд. Нависандагону тарҷумонҳои маъруф ба сафарҳои эҷодӣ фиристода мешуданд, барои онҳо ҳама шароит фароҳам оварда мешуд ва тарҷумонҳо имкон меёфтанд дигар аз ҳама корҳо озод шаванду нишинанд сари тарҷума. Тарҷума кори душвор аст. Барои тарҷумаи як китоб даҳҳо китобҳои дигарро бояд хонд, то тарҷума воқеан арзанда барояд.

Масалан, барои тарҷумаи китоби "Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ"-и Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ман лозим омад, ки китобҳои зиёдеро мутолиа намоям. Зеро он гуна бояд тарҷума намуд, ки асар на танҳо ба забони русӣ баргардонида шавад, балки сухани ту ба хонандаи рус ҳам комилан фаҳмо бошад, хонандаи рус ҳам мақсади туро дарк кунад.

-Шумо бо ягон маҷалла ё худ ташкилотҳои эҷодии хориҷ ҳамкорӣ надоред?

-Ҳамчун тарҷумони осори бадеӣ не, надорам.

-Агар Шумо беҳтарин осори адибони тоҷикро ба забони русӣ тарҷума карда, ба маҷаллаҳои адабии Русия, ё маҷаллаҳои давлатҳои дигари ИДМ ирсол кунед, онҳо ин асарҳоро ба нашр намерасонанд?

-Чанд вақт пеш масъулони рӯзномаи "Литературная газета" ба Абдуғаффори Абдуҷаббор ба воситаи интернет муроҷиат карда буданд, ки муаллифони тоҷике, ки ба забони русӣ менависанд, асарҳои назмии худро ба "Литературная газета" фиристанд, албатта онҳо мунташир мешаванд.

Фиристоданд, аммо ҳанӯз ягон ҷавоб наомадааст. Шояд маъқул нашуд ё навбати мо нарасид, намедонам. Ба ҳар сурат, имрӯз осори адибони тоҷикро тарҷума карда, дар маҷаллаҳои хориҷ нашр кардан низ кори саҳл нест.

-Ба назари ман ташвишовар аст, ки ягон тарҷумоне надорем, ки осори адабии моро ба забони англисӣ, забони муоширати байналмиллалӣ тарҷума кунад….

- Ин гуна тарҷумонҳо ҳастанд, лекин чун талабот нест, ки ба ин кор машғул мешавад? Воқеан, масоили тарҷума бояд дар сатҳи давлатӣ ҳаллу баррасӣ шавад. Дар бораи адабиёти мо, таъриху тамаддуни мо аксари дунё маълумоте надоранд.

-Хонандаҳои авруопиву амрикоӣ аксаран ба осори нависандаҳои кишварҳои ҳамзабони мо - Ирону Афғонистон таваҷҷуҳи бисёр зоҳир мекунанду дар бисёр маврид осори адибони иронӣ ё афғон дар Аврупову Амрико ба зумраи китобҳои пурфурӯштарин шомил мешавад. Агар осори адибони тоҷик ҳам ба забони англисӣ тарҷума гардад, шояд аз истиқболи гарми хонандаи кишварҳои Ғарб бархӯрдор гардад?

-Албатта, агар мо осори адабии худро дар арсаҳои байнамиллал муаррифӣ карда метавонистем, аллакай адабиёти мо дар арсаи ҷаҳон хонандаи зиёд пайдо мекард. Адабиёти имрӯзи мо ҳам осори арзандаи зиёд дорад, танҳо бояд онҳо ба арсаҳои байналмиллалӣ бароварда шаванд.

Сорбон, Баҳманёр, Равшани Ёрмуҳаммад, Куҳзод, Абдулҳамиди Самад, Саттор Турсун аз зумраи беҳтарин нависандагон ҳастанд, бояд навиштаҳои онҳо муаррифӣ шаванд, таблиғ ва то ба дасти хонандаи ҷаҳонӣ расонида шаванд. Зеро онҳо бе гуфтугӯ нависандагони сатҳи ҷаҳонӣ ҳастанд.

-Устод Гулназар ҳам дар як суҳбат гуфта буданд, ки агар "Сармаддеҳ"-и Баҳманёр ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шавад, дар раддаи бетселлерҳои адабиёти ҷаҳонӣҷой мегирад…

-Албатта. Ман ҳикояҳои "Чашмаи ният", "Вақти гули бобуна" ва қиссаи "Санг ва сабу"-и Баҳманёрро ба забони русӣ тарҷума кардаам ва гумон мекунам, ки инҳо беҳтарин тарҷумаҳои ман ҳастанд. Баҳманёр нависандаи бузург аст. Бояд ӯ дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шавад.

Ҳатто он чизҳое, ки муаллифони ҷавони мо менависанд, агар тарҷума ва ба арсаи ҷаҳонӣ бароварда шавад, хонандаи зиёд пайдо мекунад.

Зеро менталитети мардуми мо аҷиб аст ва ин ҳатман хонандаро ба сӯйи худ мекашад. Аммо бояд ин асарҳо аз тарафи тарҷумони тоҷик тарҷума карда шаванд, чунки танҳо тарҷумони тоҷик он чиро ки нависандаи тоҷик гуфтан мехоҳад дарк ва ҳадафи ӯву ҷаззобияти асарашро то ба зеҳни хонандаи хориҷӣ расонида метавонад.

-Аммо чӣ кунем, ки тарҷума намешаванд…

- Агар журналистон, адибон дар бораи бахши тарҷума ва манфиатҳои он бештар нависанд, ба Ҳукумат барои дастгирии ин бахш пешниходҳо ирсол намоянд, гумон мекунам дастгирӣ ҳам меёфт…

-Хуб ташаккур барои суҳбат… Дар анҷом аз номи рӯзномаи "Рӯзгор" мехоҳам Шуморо ба ҷашни зебои камолотатон таҳният гӯям. Шумо, тарҷумони маъруфи осори адабиёти тоҷик ба синни мубораки шаст расидед ва таманно мекунем, ки солҳои дароз ҳамин гуна ҷавону бардам бимонеду дар муаррифии осори адибони тоҷик дар хориҷ аз кишвар ҳиссагузор бошед.

-Ташаккур, Бигзор "Рӯзгор" ҳам ҳамеша оинаи рӯзгори мардум бошад!!!



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi