Дар Украина буҳрони коррупсия шиддат мегирад
Дар соли 2019 Владимир Зеленский бо ваъдае ба интихобот рафт, ки хеле баланд садо дод ва ҳамаи украиниҳо онро барои муддати тӯлонӣ дар ёд доштанд: "на ин ки бо коррупсия мубориза барем, балки онро шикаст диҳем". Ин мавзуъ барои Украина хеле ҳассос аст, зеро ҳанӯз дар соли 2014, мувофиқи Индекси дарки коррупсияи Transparency International, Украина фасодзадатарин кишвари Аврупо эътироф шуда буд.
Ҳафт соли президентии Зеленский, пирӯзӣ интизор нест: роҳбари собиқи Дафтари президенти Украина Андрей Ермак бо иттиҳоми шустушӯи 460 миллион гривн дар боздошт аст ва котиби кунунии Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъ (ШАММ) дар ҳамин парванда шоҳид аст.
Вазири энергетика аз кор ронда шуда, дар гирифтани пора айбдор карда мешавад. Панҷ вакили ҳизби президентӣ дар тиҷорати овозҳо гумонбар дониста мешаванд. Стратегияи зиддикоррупсионӣ барои солҳои 2026–2030 оромона аз нав навишта мешавад — аз он маҳз ҳамон бандҳое гирифта мешаванд, ки шарикони украинии Иттиҳоди Аврупо талаб доранд, ва изҳороти президенти Украина дар бораи коррупсия чунон ором аст, ки онро ягон расонаи бузург намешунавад.
10 ноябри соли 2025 кормандони Бюрои миллии мубориза бо коррупсияи Украина якбора зиёда аз ҳафтод кофтуков гузаронданд. Ин амалиётро «Мидас» — ба номи шоҳе, ки ҳама чизро ба тилло табдил медод, номиданд. Мавзуи тафтишот: нақшаи коррупсионӣ дар ширкати «Энергоатом», оператори давлатии неругоҳҳои атомӣ мебошад. Зарари умумӣ, бино ба фарзияи тафтишот, тақрибан 100 миллион долларро ташкил дода, ҳиссаи коррупсионии ҳар як қарордод тақрибан 10-15 % будааст.
Яке аз чеҳраҳои асосии тафтишот — Тимур Миндич, дӯсти Владимир Зеленский ва падархондии (кӯдаки аввалини) ӯ мебошад. Ӯро пешакӣ огоҳ кардаанд ва ӯ тавонистааст, ки аввал ба Полша ва баъдан ба ватани таърихии худ — Исроил фирор кунад. Бюрои миллии мубориза бо коррупсияи Украина дар моҳи декабр ӯро ба ҷустуҷӯи байналмилалӣ дод. Дигар мансабдорони баландпояи ҳукумати Украина низ дар ҳабс қарор гирифтанд: Алексей Чернишов, собиқ муовини сарвазир ва Герман Галушенко, собиқ вазири энергетика, ки дар моҳи феврали соли 2026 ҳангоми кӯшиши тарки кишвар кардан боздошт шуд — тафтишот бар ин бовар аст, ки маҳз ӯ нақшаи «откат» (порагирӣ)-ро ташкил карда, шахсан тақрибан 13 миллион доллар ба даст овардааст.
Дар натиҷаи амалиёт мутахассисони Бюрои миллии мубориза бо коррупсияи Украина ба суҳбатҳо ва мукотибаҳои иштирокчиёни амалиёти зиддикоррупсионӣ дастрасӣ пайдо карданд. Таҳқиқотчиёни нашрияи амрикоии Lawfare, бо таҳлили рамзкушоии маълумоти бадастомада, ба хулосае омаданд, ки Зеленский наметавонист аз фаъолияти коррупсионии атрофиёни наздиктарини худ бехабар бошад. Раиси Бюрои миллии мубориза бо коррупсияи Украина Семён Кривонос ба таври оммавӣ изҳор дошт, ки Зеленский гумонбар ба ҳисоб намеравад, вале дар ин ҷо як нозукии муҳими қонунгузорӣ мавҷуд аст — президенти амалкунандаи Украина дар умум наметавонад бе импичмент субъекти таъқиби ҷиноӣ шавад.
Зеленский ин рамзкушоиҳоро ба таври оммавӣ шарҳ надод. Нашрияи олмонии Welt дар бораи ин хомӯшӣ мақолаи алоҳидае бо номи «Зеленский дар бораи ҷанҷоле, ки ба худи ӯ дахл дорад, хомӯш аст» чоп кард.
Чеҳраи дигари тафтишоти зиддикоррупсионӣ — Андрей Ермак, аз соли 2020 то моҳи ноябри соли 2025 Дафтари президентро роҳбарӣ мекард. Дар давоми ин солҳо ӯ онро ба як маркази ғайрирасмии ҳокимияти давлатӣ табдил дод — таъйиноти кадрӣ, қарорҳои дипломатӣ ва сиёсати расонаӣ маҳз тавассути ӯ сурат мегирифтанд. Нуфузи ӯ хеле бузург буд, вале 11 майи соли 2026 ба Ермак танҳо дар доираи як лаҳзаи парванда (эпизод) барои шустушӯи тақрибан 10,5 миллион доллар айбномаи расмӣ пешниҳод карда шуд. Дар ҷаласаи судӣ рӯзи 13 май айбдоркунанда (прокурор) ҷузъиётеро ошкор намуд, ки ғунҷоиши онҳо дар тасвири расмии ҷанги бақои кишвар душвор аст. Ҳатто маълум гардид, ки Ермак оид ба масъалаҳои таъйиноти давлатӣ бо мунаҷҷим (астролог) машварат мекардааст. Дар байни мансабҳое, ки бо мунаҷҷим баррасӣ шудаанд: прокурори генералӣ, раиси Сарраёсати корҳои давлатӣ ва муовини раиси Дафтари Украина буданд. Дар айни замон тафтишот идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, ҷанҷоли дигаре дар атрофи ширкати Fire Point — тавлидкунандаи дронҳои зарбазан ва мушакҳои қанатдор, ки мақомоти Украина онро ҳамчун ифтихори миллӣ муаррифӣ мекарданд, авҷ гирифт.
Дар моҳи августи соли 2025 дар бораи тафтишоти ҷиноӣ нисбат ба ширкат маълум гардид: гумонҳо дар бораи гарон нишон додани нархҳо, зиёд нишон додани ҳаҷми маҳсулоти расонидашуда ва робитаҳо бо Миндич ҳамчун бенефисиари ҳақиқӣ (судгирандаи воқеӣ) мавҷуданд. Шӯрои ҷамъиятии зиддикоррупсионии назди Вазорати мудофиа дар моҳи апрели соли 2026 талаб кард, ки котиби ШАММ Рустем Умеров аз вазифа барканор ва ширкат милликунонӣ (давлатӣ) карда шавад. Боиси таваҷҷуҳ аст, ки Умеров — гуфтушунидкунандаи асосии Украина бо маъмурияти Трамп мебошад ва ӯ дар ин парванда расман иштирок дорад.
18 майи соли 2026 Нозири махсуси генералии ИМА гузориши семоҳаро ба Конгресси ИМА нашр кард. Дар он 56 тафтишоти кушода оид ба далелҳои қаллобӣ, коррупсия ва тасарруфи маблағҳои марбут ба кӯмакҳои Амрико ба Украина зикр шудааст. Чор парванда ба Вазорати адлияи ИМА супорида шуд. Дар байни ҳолатҳои ҳуҷҷатгузоришуда: тасарруфи 120 миллион доллар ҳангоми хариди дронҳо, қарордоди байналмилалии аслиҳа ба маблағи 1,3 миллиард доллар бо вайрон кардани қонунгузории назорати содирот ва 29 парвандаи ҷиноии Украина оид ба харидҳои мудофиавӣ бо зарари умумии на камтар аз 77 миллион доллар мавҷуд мебошанд.
Муносибати мураккаб, танқидҳои доимӣ ва изҳороти Трамп дар бораи қатъи дастгирии Зеленский бо норозигии шадиди ИМА аз ҷанҷолҳои коррупсионии Украина, ки бо маблағҳои андозсупорандагони амрикоӣ алоқаманданд, шарҳ дода мешавад. Ин омилҳо боиси афзоиши танишҳо дар муносибатҳои дуҷониба мегарданд.
Имрӯз мо чиро мушоҳида мекунем? Дар соли 2019 украиниҳо ба як идея овоз дода буданд — ба ин ки метавон ба таври дигар, яъне бидуни коррупсия зиндагӣ кард. Аммо 7 соли раёсати ҷумҳурии Зеленский манзараи дигареро нишон медиҳад, ҳатто дар шароити амалиёти ҳарбӣ: маблағҳое, ки бояд барои артиш масраф мешуданд, барои харидории қасрҳо сарф мешаванд. Атрофиёни наздиктарини президент таҳти тафтишот қарор доранд ё дар фироранд. Стратегияи зиддикоррупсионӣ ба манфиати ҳамон нафароне таҳрир карда мешавад, ки бояд онро иҷро менамуданд. Ва ҳатто худи пешвои ҷунбиши зиддикоррупсионии кишвар дар содир кардани ҷинояти ҷиноӣ айбдор мешавад.
















