21:52:05 13-уми Ноябри 2026 сол

Танзими ҳуқуқии зеҳни сунъӣ: Ташаббусҳои рақамии Тоҷикистон дар Шанхай муаррифӣ шуданд

Рӯзи 12 ноябр дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин конференсияи байналмилалӣ оид ба танзими ҳуқуқии зеҳни сунъӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши бонуфуз, ки дар доираи мубодилаи академии сеюм таҳти унвони «Ҳуқуқ ва методология дар даврони тамаддуни рақамӣ» доир шуд, Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Тоҷикистон Исфандиёр Собирзода иштирок ва суханронӣ намуд.

222 4636281515034270350 nИсфандиёр Собирзода дар мавзуи «Зеҳни сунъӣ ва методологияи ҳуқуқӣ дар тамаддуни рақамӣ: дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон» маъруза карда, имкониятҳо ва хатарҳои зеҳни сунъиро дар муносибатҳои ҳуқуқӣ таҳлил намуд.

Зимни баромади намояндаи Тоҷикистон нуктаҳои калидии зерин таъкид гардиданд:

- Истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ бояд ба меъёрҳои қонун, адолат, масъулиятшиносӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон комилан мувофиқ бошад.

- Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди бахши рақамӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар ин самт ба таҳкими ҳамкориҳои ҷаҳонӣ ва рушди устувор нигаронида шудаанд.

Бино ба иттилои Вазорати адлияи Тоҷикистон, ширкат дар чунин ҳамоишҳои илмӣ барои табодули таҷриба, тақвияти робитаҳои академӣ ва муаррифии мавқеи расмии кишвар оид ба танзими ҳуқуқии технологияҳои муосир заминаи мусоид фароҳам меорад.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ