08:17:07 15-уми Сентябри 2026 сол
ДАЪВОИ ДОДГОҲИИ ҲНИТ ЗИДДИ ДОДСИТОНИИ КУЛЛ 08.05.2012 09:08 868
Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ гуфт, ки ҳадаф аз даъво алайҳи додситонӣ, муайян кардани қонунмандии санҷиши фаъолияти ин ҳизб аз сӯи додситонӣ аст, ки аз моҳи январ то марти соли ҷорӣ ҳам дар созмонҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҳам дар дафтари марказии ҳизб баргузор гардид.
БАРНОМАИ НАВИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БО НАШЪАМАНДӢ 07.05.2012 16:07 1297
Давлати Тоҷикистон «Барномаи миллии ҷилавгирӣ аз густариши нашъамандӣ» барои солҳои 2013-2017-ро тасдиқ кардааст.
Ф.САИДОВ: "НОЗИМҶОН НИДОЕВ ДАСТГИР НАШУДААСТ" 07.05.2012 16:05 1282
Оҷонси мубориза бо фасод чораи ҳабси пешакӣ алайҳи Нозимҷон Нидоев, раиси пешини Донишгоҳи иқтисодиро иваз кардааст. Фаттоҳ Сайидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи душанбеи 7 май бо таъйиди ин хабар ба мо гуфт, ки тафтиши парвандаи алайҳи раиси пешини ин донишгоҳ ва ҳамроҳони ӯ аз тарафи бозрасонӣ ин ....
ЛАТУКӮБИ РАИСИ ҶАМЪИЯТИ УЗБАКТАБОРОНИ ХАТЛОН 07.05.2012 15:53 1131
Раиси ҷамъияти узбактаборони вилояти Хатлон мавриди лутукӯби афроди номаълум қарор гирифтааст.
ХАБАРНИГОРИ ХАБАРГУЗОРИИ "ФОРС" ДАР КОБУЛ БОЗДОШТ ШУД 07.05.2012 10:25 981
Идораи Амнияти миллии Афғонистон мегӯяд як хабарнигори хабаргузории "Форс" - и Ҷумҳурии Исломии Эронро дар Кобул боздошт кардааст. Як манбаъ дар Амнияти миллии Афғонистон, ки нахост номаш ифшо шавад, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин рӯзноманигор ба иттиҳоми "ифшои асрори маҳрами давлатӣ ба Эрон" боздошт шудааст.
ОҒОЗИ ДАВРИ ДУВВУМИ ИНТИХОБОТИ РАЁСАТИ ҶУМҲУРИ ФАРОНСА 06.05.2012 21:36 1071
Даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳури Фаронса дар ҳоле оғоз шуд, ки назарсанҷиҳо ҳикоят аз ғалабаи Франсуа Олланд бар Никола Саркозӣ дорад.
МУСОДИРАИ 74 ТОННА МАВОДИ МУХАДДИР ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР 11 СОЛИ ОХИР 06.05.2012 14:13 1082
Тоҷикистон бо истифода аз ёриҳои Иттиҳоди Авруподар 11 соли охир наздик ба 74 тонна маводи мухаддирро мусодира кардааст, ки 31 тоннаи он ҳероин будааст.
ТОҶИКИСТОН ДАР НИШАСТИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИҲОИ ШОНГҲОЙ ШИРКАТ МЕКУНАД 06.05.2012 14:12 1118
Вазирони умури хориҷии кишварҳои узв дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой рӯзи 11-уми май дар Пекин мулоқот хоҳанд кард.
ДОДСИТОНӢ: ДАР БОРАИ "МОВАРОУННАҲР" МАҚОЛА НАНАВИСЕД 04.05.2012 21:33 1155
Додситонии кулли Тоҷикистон аз ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” дархост кардааст, ки матбуот дигар дар бораи ин ширкат мақолаҳо ба нашр нарасонад.
МАНЪИ ФАЪОЛИЯТИ МАСҶИДИ ҶОМЕЪИ "МУҲАММАДИЯ" 03.05.2012 16:17 1279
Додгоҳи ноҳияи Ваҳдат фаъолияти масҷиди ҷомеи «Муҳаммадия» - и ноҳияи Ваҳдатро манъ кард. Ҷамшед Ёров, вакили дифои муассисони «Муҳаммадия» гуфт, додгоҳ дар ин масҷид адои намозҳои панҷгонаро иҷозат дод ва гузоштани намози ҷумъаро манъ кард.
ГЕНЕРАЛИ АМРИКОӢ АЗ ДИДБОНГОҲИ САРҲАДИИ ПАНҶИ ПОЁН ДИДАН КАРД 03.05.2012 10:32 998
Дирӯз, 2-юми майи соли 2012, генерал Вилям Фрейзер III, Фармондеҳи қушунҳои нақлиётии ИМА (USTRANSCOM) аз дидбонгоҳи сарҳадии Панҷи поён дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дидан кард. Фармондеҳии қушунҳои нақлиётии ИМА масъулияти таъмини тамоми талаботи нақлиётии вазорати дифои ИМА-ро ба дӯш дорад.
РӮЗИ ҶАҲОНИИ МЕҲНАТ - ИДЕ РӮ БА ФАРОМӮШӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 01.05.2012 21:28 1254
Якуми май - Рӯзи ҷаҳонии меҳнат имсол низ дар Тоҷикистон бидуни шукӯҳу тантанаҳои вижа гузашт. Ягона нерӯе, ки аз ин рӯз танҳо бо баргузории як ҷаласаи идона ва табрики телефонии аъзо дар саросари кишвар таҷлил кард, коммунистҳои Тоҷикистон буданд.
ОҲАНДУЗДОНРО ДАР ДУШАНБЕ БОЗДОШТ КАРДАНД 01.05.2012 21:26 1161
Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, дар шаҳри Душанбе як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноятиро боздошт кардаанд.
БОЗ ЯК ТАРОНАИ МУАЛЛИФИ "ВВП" ДАР МАДҲИ ПУТИН 01.05.2012 21:24 1177
Шоми рӯзи душанбе дар шабакаи Youtube таронаи дуввуми Толибҷон Қурбонхонов, муаллифи таронаи пурсару садои «ВВП» пайдо шуд. «Шукр худойро барои Вламидир» - суруди дуввуми ин овозхон пас аз таронаи маъруфи «ВВП» дар бораи президенти тозаинтихоби Русия Владимир Путин ба забони русӣ аст.
"АВТОСТАЙЛ" - МАҶАЛЛА БАРОИ ДӮСТДОРОНИ МОШИНҲО 01.05.2012 21:21 1223
Дар Тоҷикистон як моҳнома барои дӯстдорони мошинҳо бо номи «Автостайл» рӯи чоп омад. Афзоиши бесобиқаи худравҳо як гурӯҳ ҷавонони эҷодкорро водор кардааст то ба нашри ин маҷаллаи ранга даст бизананд.