АЗ “МАРГИ ЖУРНАЛИСТ” ТО “БУЛБУЛИ ШАРҚ”
(Мусоҳиба бо Хуршеди Атовулло рӯзноманигор ва нависанда)
«Ҷавонии мо қурбони ҷанг шуд» – ин суханони Устод Хуршеди Атовулло, ки дар оғози мусоҳибаи мо бо ӯ садо медиҳад, воқеан моҳияти як наслро ифода мекунад. Насле, ки дар зери садои тир калон шуд, дар мактаби ҷанг қаламро ба даст гирифт ва ба рӯзноманигорӣ омад, то ҳақиқатро бо ҳама хатарҳояш нависад.
Дар ин суҳбат, устод Атовулло аз ҷавонии бебозгашт, ташаккули шахсияташ дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ҷасорати устодонаш Давлат Давронов, таъсиси «Фараж» ва Маркази тадқиқоти журналистӣ, эҷодиёти адабиаш аз «Марги журналист» то охирин асараш «Блогер», ва ҳатто эҳтироми бепоёнаш ба нобиғаи мусиқӣ Аҳмад Зоҳир сухан рондааст.
Ин мусоҳиба танҳо саҳифае аз зиндагии як журналист нест, балки санади таърихи як давра ва дарси ҳаёт барои ҳамаи онҳоест, ки қалам ба даст мегиранд, то ҳақиқатро бигӯянд.
ОҒОЗИ СУҲБАТ ВА ТАШАККУЛИ ШАХСӢ
-Устод Хуршеди Атовулло, Шумо яке аз чеҳраҳои шинохта ва бонуфузи журналистикаи тоҷик ҳастед. Барои онҳое, ки Шуморо аз наздик намешиносанд, худро чӣ гуна муаррифӣ мекунед? Роҳи Шумо ба ин касб чӣ гуна оғоз ёфт?
-Соли 1990 бо ду баҳои чору як баҳои панҷ аз мандати факултаи ҳуқуқшиносии УДТ нагузаштам. Ба деҳа барнагаштам ва ба курси пулакии тайёрӣ ҳуҷҷат супоридам. Боре ҳодисаеро дар ҳамсоягӣ дар кулбаи иҷора дидаму маводе навиштам бо номи “Бишканад дасте ки модарро занад”. Онро ду нусха кардаму ҳам ба “Ҷавонони Тоҷикистон” ва ҳам ба “Паёми Душанбе” супоридам. Мавод дар ҳарду нашрия чоп шуд. Хайрият дар “Паёми Душанбе” сарлавҳаи онро дигар карда буданд. Шодравон Мавлон Раҷабро дар “Ҷавонони Тоҷикистон” барои нашр шудани маводи ман якбора дар ду рӯзнома танбеҳ доданд. Хушбахтона, ин навишта ба ҳадде акси садо гирифту номаборон шуд, ки маҷбур шуданд то акси садоҳоро як саҳифаи дигари нашрия чоп кунанд. Ба ман ҳаққи қалами хуб доданд, ки ба ду моҳи курси пулакӣ мерасид. Ҳамин тавр, дар ҳарду нашрия маро ба қавле “шинохтанд”- у роҳи ман ба журналистика оғоз шуд.
То соли дигар ман аллакай беш аз сад мақола доштам. Шодравон Воҳид Асрорӣ баъди он ки дар иншо барои ҳашт бор вергул гузоштан дар ибораи “он ки” маро баҳои се гузоштанд, ба назди муаллимони имтиҳонгиранда даромада гуфтанд: “Ҳамин бачаро аз ҳар се имтиҳон ҳам баҳои ду гузоред, ман ба шуъбаи журналистика қабул мекунам”. Ҳол он ки ман эшонро намешинохтам, аммо устод навиштаҳои маро дар ин ду рӯзнома мехондаанд. Ду имтиҳони дигарро бо баҳои панҷ супоридаму донишҷӯ шудам.
-Шумо соли 1996 факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардаед. Дар он солҳо, ки кишвар дар давраи баъдиҷангӣ қарор дошт, таҳсил дар ин соҳа чӣ гуна буд ва чӣ ҳадафҳое доштед?
-Давраи баъдиҷангӣ набуд, балки давраи авҷи ҷанг буд. Чанд бор навишта будам, ки “ҷавонии мо қурбони ҷанг шуд”. Мо ҷавонӣ надидаем, балки зери тир таҳсил карла будем. Ду ҳамсабақамон Ҷураҷон аз Ғарм ва Наргис аз Шаҳртус дар ин ҷанг кушта шуданд. Бародари Ҷураҷон ва модари Наргисро дида будам. Хун мегиристанд. Мо ҳамагӣ 25 нафар будему ду нафарро аз даст додем, чанд нафари дигар солҳо пас ба таҳсил дубора баргаштанд. Ман ним баст дар “Ҷавонони Тоҷикистон” кор мекардаму як баст дар шуъбаи мусиқии Радиёи Тоҷикистон. Аммо устодон ба дарс меомаданд ва мо ҳам барои машғулият расида меомадем. Устодони он солҳо қаҳрамонони воқеӣ буданд, ки Донишгоҳро тарк накардаю ба хотири мо меомаданд. Ҳарчи омӯхтем аз он солҳо аст.
-Дар мусоҳибае гуфтаед, ки "мо ҷавонӣ надоштем" ва суруди ҷавонии шумо дар Душанбе "садои тир" буд. Давраи ҷанги шаҳрвандӣ чӣ гуна ба шаклгирии шахсияти Шумо ҳамчун журналист таъсир расонд?
- Ба ин савол дар боло ҷавоб додам. Ҷанги шаҳрвандӣ маро дар роҳи интихобкардаам устувортар кард ва донистам ки дигар то охири умр рӯзноманигор мемонам. Шодравон Давлат Давронов, устоди мо ҳар гаҳе навмед мешудам, мегуфтанд: “Қалами дасти туро касе гирифта наметавонад. Навис Хуршедҷон!”
ФАЪОЛИЯТИ КАСБӢ ДАР РАСОНАҲО
-Шумо дар расонаҳои гуногуни давлатӣ ва хусусӣ, аз қабили «Чархи гардун», «Ҷавонони Тоҷикистон», Радиёи Тоҷикистон «Тоҷикистон», «Рӯзи нав» ва «Зиндагӣ» кор кардаед. Таҷрибаи кор дар ин платформаҳои фарқкунанда ба Шумо чӣ дод?
- Ман зина ба зина фаъолият доштам. Дар “Радиои Тоҷикистон” муҳаррир, дар “Чархи гардун” рӯзноманигор, дар давраи аввали кор дар “Ҷавонони Тоҷикистон” рӯзноманигор, вале дар давраи дуюми кор то вазифаи мудири шуъбаи сиёсӣ расидам, дар “Тоҷикистон” ҷонишини сармуҳаррир, дар “Рӯзи нав” муовини аввали сармуҳаррир, дар “Зиндагӣ” сармуҳаррир будам. Аз ҳар коре, аз ҳар роҳбаре, аз ҳар расонае чизе омӯхтам, бо омӯхтаам ҳаргиз қаноатманд набудам... Шояд бурди ман ҳамин буд.
-Аз соли 2005 Шумо сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж» будед. Дар бораи таъсиси ин нашрия ва рисолати он ба мо бигӯед. Инчунин, чанде пеш «Фараж» номи худро иваз кард. Ин тағйирот бо чӣ алоқаманд буд ва ояндаи ин нашрияро чӣ гуна мебинед?
- Ман аввал 23 феврали соли 2005 ташкилоти ҷамъиятии “Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон”-ро таъсис дода будам. Баъдтар журналисти соҳибном Зафар Абдуллоев ба ман пешниҳоди боз кардани як рӯзномаи сиёсӣ ва як рӯзнома барои ҷавононро пешниҳод кард. Ман “Фараж” ва “Ману ту”-ро таъсис додам. Номи ҳардуяшро худам гузоштам. Чанд моҳ пас муассис хост, ки аз баҳри нашрияҳо гузарад. Ман онро ба ҳисоби МТЖТ гузаронидам. То ҳол барои ин аз Зафар Абдуллоев миннатдорам. Маънои “Фараж” “гиёҳи талх барои дарди шикам” аст. Он солҳо масъалаи ришваю мубориза бо он дар мадди аввал меистод. Акнун мо нав ба фараҳу шодӣ расидем. Сабаби ивази ном дар сайт, ютубканал ва нашрия ин буд.
МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ ЖУРНАЛИСТӢ ВА ОМӮЗИШ
-Шумо аз соли 2005 инҷониб раисии “Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон”-ро ба уҳда доред. Ҳадафи асосии таъсиси ин марказ чӣ буд ва то имрӯз чӣ гуна натиҷаҳое ба даст овардаед?
- Мо дар соли бистсолагии он аз ин Марказ даст кашидем. Аввалан, рисолати мо тарбияи журналистони соҳибандеша, ҷасуру оқил буд, ки мо ба ин ноил шудем. Оғоз аз баъзе сардабирони нашрияҳои давлатӣ то хабарнигорони радиёи “Озодӣ”, аз “Азия плюс” то раҳбарони марказҳои матбуотии вазоратхонаю кумитаҳою шаҳру ноҳияҳо хатмкардаи ин даргоҳанд. Баъдан сол ба сол сатҳи навроҳону навқаламон паст мефарояд, ки шахсро то ҳадде дилмонда мекунад. Ҳар сол садҳо нафар тариқи бисёр созмонҳои журналистӣ курси кутоҳмуддати таҳсилро меомӯзанд, аммо ҷое нашунидаам ки ман “хатмкардаи курси фалон созмони журналистӣ” гӯянд. Аммо оне ки Маркази моро хатм кард, солҳо бо ифтихор аз ин мегӯяд. Барои мо ҳамин кофист.
-Шумо таъкид кардед, ки дар тӯли фаъолияти Марказ беш аз сад нафар журналист омода кардаед. Чаро бисёре аз шогирдонатон пас аз хатми курсҳо дигар самтҳоро интихоб мекунанд?
- Ин интихоби онҳост. Ман ба онҳо мефаҳмонам, ки журналисти воқеӣ шудан чӣ душвориҳо дорад. Дигар интихоб дар дасти худи онҳост.
ТАҲДИДҲО
- Дар мусоҳибае гуфтаед, ки "ба даст овардани 100 душмани таъсирнок"-ро бо табассум ба ёд меоред. Ин суханро чӣ гуна бояд фаҳмид? Оё душманони бисёр нишони муваффақият нест?
- Устод Лоиқ чӣ зебо ба ин саволи додаи Шумо посух додааст:
Бо ин ҳама диловарӣ донистам оқибат,
Дарде намекушад маро бедардӣ мекушад.
Мардонагист ҳар куҷо, фирӯз мешавам,
Мардӣ намекушад маро, номардӣ мекушад!
Зеботару болотар аз устоди сухан гуфта наметавонам. Душманони номарде дорам, ки бо даст додани имкон ханҷар тез мекунанд. Зинда будани ман барои онҳо азият аст. Шояд замоне хотираҳоямро дар ин бора нависам, аммо ҳоло ки зиндаю сари вазифаанд, чизе гуфта наметавонам.
ЭҶОДИЁТИ АДАБӢ
-Шумо на танҳо рӯзноманигор, балки нависандаи сермаҳсул ҳастед ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошед. Муаллифи китобҳои зиёде, аз қабили “Зиндони зиндагӣ”, “Шабчароғи ёд”, «Марги журналист», “Пайванди пайкараҳо”, “Школа мастерство”, «Хунро бо хун мешӯянд», «Санге ба гӯри Лайлӣ», “Тӯмори андӯҳ”, “Гули ишқ ва зодаи ашк”, “Ривояти дарвеш”, “Блогер” ҳастед. Навиштани романҳои детективӣ чӣ гуна ба кори рӯзноманигории Шумо пайванд мехӯрад?
- Баъзе хонандагони доимии детективҳоям бо хондани ҳар асари тозаам дар ин жанр ёдовар мешаванд, ки “ин фалон тадқиқоти журналистӣ” буд. Бисёр вақт тадқиқотҳои журналистии нашрнакардаам ё бо хоҳиши муроҷиаткунандагон барои гузаронидани тадқиқоти журналистӣ рӯи чопро надидаро ба қолаби адабӣ медарораму дар жанри детектив пешкаш мекунам.
-Шумо дар бораи китоби «Ривояти дарвеш» гуфтаед, ки онро ба хотири "гум нашудани матолиб" нашр кардед. Ин андешаи фалсафӣ барои Шумо чӣ маъно дорад?
- Ин маҷмуаи ҳикояҳоям аст ки то руй овардан ба жанри детектив менавиштам. Воқеан барои гум нашудан онро аз саҳифаҳои нашрияҳою китобҳои дигарам дар маҷмуа ҷамъ овардаам.
-Шумо яке аз ташаббускорони баргузории маҳфили ёдбуди Аҳмад Зоҳир бо иштироки фарзандаш Ришод Зоҳир дар Душанбе будед. Ин ташаббус аз чӣ сарчашма гирифт ва барои Шумо ҳамчун як мухлиси сарсахти ӯ чӣ маъно дошт?
- Ин чорабинӣ бо хоҳиши шоираи соҳибноми мо Меҳринисо Бобобекова буд. Ҳамаи мо мухлисони Аҳмад Зоҳир мехостем, ки як бор фарзанди Аҳмад Зоҳирро бинем. Ҳунари ӯро бинем, баҳо диҳем. Ҳоло мегӯям, ки Аҳмад Зоҳир яке буду яке монд! На пайравонаш на фарзандашу на наберааш ба ӯ нарасидаанду намерасанд.
-Шумо дар бораи рӯзгор ва осори Аҳмад Зоҳир мусоҳибаҳое анҷом додаед. Ба назари Шумо, сирри ҷовидонӣ ва маъруфияти бепоёни булбули Шарқ дар саросари Осиёи Марказӣ ва берун аз он дар чист?
- Мо бояд як ҳақиқатро пазиро бошем, ки баъзе нобиғаҳо такрорнашавандаанд. На ба пулу на зару на ба сохтани шароит такрор намешаванд. Фарқи Аҳмад Зоҳир аз ҳазорони дигар ин буд, ки нобиға буд ва Худованд фақат истеъдоди нотакрорро ба вай додааст!
ТАНҚИДИ ҲОЛИ ЖУРНАЛИСТИКАИ МУОСИР
-Шумо дар мусоҳибаҳоятон борҳо аз пастии сатҳи журналистикаи тоҷик изҳори нигаронӣ кардаед. Ба назари Шумо, муҳимтарин камбудии журналистикаи имрӯзаи мо чист?
- Надонистани рисолати журналистика, набудани ҷасорату саводи навраҳон.
-Шумо гуфтаед, ки "имрӯз танҳо воҳидҳо қобилияти таҳлил ва иҷрои рисолати журналистиро доранд". Чаро ин тавр шуд ва чӣ тавр метавон ин вазъиятро ислоҳ кард?
- Дар симои журналист душманро дидему мебинем. Сабаб ҳамин асту бас!
ТАЪСИР ВА МАСЪУЛИЯТИ ИҶТИМОӢ
-Шумо дар тӯли фаъолиятатон ҷоизаҳои зиёде, аз ҷумла Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷоизаи ОБСЕ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва унвонҳои «Публитсисти беҳтарини сол» ва «Журналисти беҳтарини сол», Аълочии матбуот”, Аълочии фарҳанг, “Аълочии ифтихории маориф”- ро ба даст овардаед. Кадоме аз ин ҷоизаҳо барои Шумо бештар арзишманд аст ва чаро?
- Ман соли 1999 ҷоизаи ба номи Лоҳутиро гирифта будам. Он сол яке аз аъзои комиссия нависандаи соҳибном, марҳум Кароматулло Мирзоев маро гуфт: “Вақте муҳокима мерафт, ман гуфтам ки “ақалан ба яке ки ҳоло журналисти фаъол аст ин ҷоизаро диҳед. Дигар даъвогарон ҳам журналистанд, аммо замоне журналист буданд ҳоло наменависанд”. Аз ин рӯ ман фикр мекунам, ки даъво барои ҷоизае ки ҳоло лоиқ ҳастӣ, ҳаргиз айб нест, аммо агар солҳо гузаранд бахудо аз гирифтанаш шарм медорӣ.
НАСИҲАТ ВА ОЯНДА
-Ба журналисти ҷавон, ки имрӯз қалам ба даст мегирад, чӣ насиҳат мекунед? Бо назардошти он ки Шумо худатон дар синни 50-солагӣ гуфтед, ки "гузариш аз миёнсолӣ ба синни пирӣ нозукиҳои худро дорад", оё барои ҷавонон ҳамон як роҳеро пешниҳод мекунед?
- Аз касе идеал натарошанд, мани худро дошта бошанд, ҷасорату виҷдон дошта бошанд.
-Дар остонаи 50-солагӣ Шумо ду китоб нашр кардед ва ба андеша дар бораи умри тайкарда пардохтед. Нақшаҳои эҷодии Шумо барои оянда чӣ гунаанд? Оё китоби нав ё лоиҳаи ҷолибе дар назар доред?
- Мехоҳам ҳарчи коридаам, пешкаши хонанда созам. Баъди сари ман виҷдону имонашон медонад. Барои чопи китобҳою дар шакли филм пешкаш кардани он маблағи зиёд лозим аст. Ман ҳоло ҳамагӣ ду детективамро дар шакли филм пешниҳол кардаам...
PS: Суҳбат бо Устод Хуршеди Атовулло сафари такрорнопазир ба даврае буд, ки «садои тир» суруди ҷавонии як насл буд. Вале он чизе, ки дар ин мусоҳиба беш аз ҳама ба чашм мерасад, на талхиҳо ва хатарҳо, балки ҷасорати устувор, эътимод ба роҳи интихобкарда ва ишқ ба касбест, ки худаш онро «бебозгашт» меномад. Мусоҳибаи ӯ оинаи як насл ва дарси виҷдону ҷасорат барои наслҳои оянда аст. Мо аз устод, барои вақти пурарзиш, посухҳои самимӣ ва андешаҳои пурмазмунашон сипосгузорем. Бовар дорем, ки хонандагони «Рӯзгор» аз ин суҳбат баҳраи фаровон хоҳанд бурд.
Мусоҳиб Ҷаҳонгири Султон, “Рӯзгор”
















