МУШТЗАНИИ ДУХТАРОН БОЗГӮИ ЧИСТ?
11.07.2011 22:42
1832
Як навори видеоӣ дар шабакаи интернет муштзании ду ҷавондухтари тоҷикро нишон медиҳад, ки дигарон онро бо шавқ тамошо мекунанд. Занозании ду духтар дар яке аз қисматҳои шаҳри Душанбе дар миёни алафзор, тамошобинони зиёдеро ҳам ҷамъ овардааст.
ОЁ ТОҶИКОН ДАР РУСИЯ ГУРӮҲҲОИ ҶИНОӢ ДОРАНД?
09.07.2011 08:21
1536
Ахиран матбуоти Русия навишт, ки як гурӯҳи ҷинояткори тоҷикон дар Маскав боздошт шудаанд. Ин гурӯҳ аз 19 нафар иборат будааст ва 17 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Як нафар шаҳрванди Озарбойҷон ва як нафари дигар шаҳрванди Русия низ аъзои гурӯҳи мазкур будаанд.
УМЕДИ ШИКАСТАИ 22 ҲАЗОР БАРАНДАИ ГРИН-КАРД
07.07.2011 22:56
1910
Департаменти давлатӣ ё худ Вазорати корҳои хориҷии Амрико бо ишора ба хато дар барномаи компютерӣ эълон кард, ки пирӯзии 22 ҳазор нафар дар лотереяи Грин-кард ва ё ҳаққи иқомату кор дар ин кишварро лағв намудааст.
ПОЁНИ ТАҲҚИҚИ ҚАТЛИ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПОКИСТОН
06.07.2011 14:19
1908
Додгоҳи Покистон ба натиҷа расид, ки полис рӯзи 17-уми май 5 тан хориҷиро дар Кветта бидуни далел ба қатл расондааст. Кормандон полис на танҳо ғайриҳирфаӣ амал кардаанд, балки баъд аз тирандозӣ захмиёнро дигарбора аз фосилаи наздик ҳадаф гирифтаанд.
ИРСОЛИ ПАРВАНДАИ СЕ АФСАРИ МАРЗБОН БА ДОДСИТОНИИ НИЗОМӢ
05.07.2011 22:40
1727
Парвандаи се афсари марзбон, ки дар лату кӯби панҷ сокини маҳаллӣ даст доранд, ба додситонии низомӣ ирсол шудааст. Ин афсарон шоми 3-юми июл, ба деҳаи Порвори ҷамоати Ёли ноҳияи Шӯрообод ворид шуда, бо сабабҳои то ҳанӯз номаълум 5 сокини маҳаллиро...
“БЕСАВОДИИ ДУХТАРОН - БЕСАВОДИИ ҶОМЕЪА ВА МИЛЛАТ”
05.07.2011 22:33
1714
Бар асоси омори расмӣ дар Тоҷикистон танҳо 83 дар сади духтарон таҳсили ҳатмӣ дар макотиби ҳамагониро пушти сар мекунанд ва ҳафтдаҳ дар сади духтарон аз омӯзиш дар макотиби ҳамагонӣ маҳрум мемонанд. Ин омор рӯзи сешанбеи 5 июл дар мизи ...
“АВФИ ТИЛЛОӢ” ЭЪЛОН МЕШАВАД?
04.07.2011 21:43
2066
Мақомоти Тоҷикистон бо дастури раисҷумҳури ин кишвар ба омода кардани тарҳи қонуни ҷадиди авф шурӯъ кардаанд. Як манбаъ дар дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, тарҳи қонун дар вазорату кумитаҳои ...
МИЗОНИ ФАСОД ДАР ТОҶИКИСТОН АФЗУДААСТ
02.07.2011 22:45
1819
Мизони фасод ва ришва дар ҷомеаи Тоҷикистон дар чаҳор соли ахир аз се то чаҳор маротиба боло рафтааст. Ин натиҷаи муқаддамотии як назарсанҷӣ ва ё омӯзиши афкори умум дар робита ба сатҳи фасод дар Тоҷикистон аст ...
ФОҶЕАЕ, КИ ДЕҲАИ ЯХЧРО ТАКОН ДОД...
01.07.2011 12:20
1773
Марги фоҷеабори Тоҷиниссои 28- сола рӯзи панҷшанбе деҳаи Яхчи ноҳияи дурдасти Нурободро такон дод. Ҳарчанд мардум медонистанд, ки Тоҷиниссо бар асари худсӯзӣ ба марг расид, вале сабаби онро то замоне, ки худи Тоҷиниссо иқрор накард, огоҳ нашуданд.
БАҲСИ ШАДИД ДАР МУРОФИАИ «ҲАМЛАИ ҶИНСӢ»-И РОҲБАР
30.06.2011 10:10
2335
Дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур баррасии аризаи Дилафрӯз, як сокини Душанбе, ки раҳбари собиқашро ба талош барои муносибати маҳрамона муттаҳам мекунад, оғоз шудааст. Дар мурофиа, ки таҳти сарварии додрас Хуршед Имомов барпо шуд ...
ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ЗИДДИ ШИКАНҶА
26.06.2011 17:13
1856
Созмони Афви Байнулмилал аз талоши созмонҳои Тоҷикистон барои решакан кардани шиканҷа истиқбол кард. Ин ниҳоди ҷаҳонӣ мегӯяд, эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон дар изҳороти муштараки хеш аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардаанд ...
БОЗДОШТИ ОМИЛОНИ БЕНАЗМИҲО ДАР КӮЛОБ
25.06.2011 20:48
2071
Додгоҳи Кӯлоб раводиди ҳабси 3 танро, ки омилони ташкили бенизомиҳои рӯзи 14-уми июн дониста мешаванд, содир кардааст. Бар асари ин бенизомиҳо дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб зимни бозии дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан», 27 нафар, аз ҷумла 9 корманди милиса ...
ҲУКУМАТИ ИМА ЛОИҲАИ «ТАНДУРУСТИИ БОСИФАТ»-РО ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ ОҒОЗ НАМУД
25.06.2011 09:58
1687
Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷаноби Кен Гросс, муовини аввали Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ҷобирова С.Б ва Раиси ҳукумати шаҳри Ваҳдат Қодиров А. Лоиҳаи Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) «Тандурустии босифат»-ро ...
КӮКНОРИ АФҒОНИСТОН, ДАРДИ САРИ ТОҶИКИСТОН
24.06.2011 10:10
1678
СММ гуфтааст, агарчӣ тавлиди афюн соли гузашта дар Афғонистон коҳиш ёфт, аммо ин ба иллати беморӣ дар киштзорҳо будааст. Муассисаи муқобила бо ҷинояткорӣ ва қочоқи маводи мухаддири Созмони Милал дар гузориши тозаи худ доир ба қочоқи маводи мухаддир ...
АВБОШИИ МУХЛИСОН Ё ФУТБОЛИ СИЁСАТОЛУД?
23.06.2011 22:28
1655
Беназмиҳои шоми гузаштаи мухлисони футбол дар Душанбе, вокунишҳои мухталифи ҷомеаро дар пай доштааст. Ин дар ҳолест, ки аз як сӯ беназмии мухлисон рӯ ба афзоиш дошта, аз сӯи дигар, бино ба мансубияти дастаҳои муайян талош мешавад ...
















