02:40:44 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

СУХАНРОНИИ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАРОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз андак будани шумори духтарони донишҷӯ дар донишгоҳҳои ин кишвар изҳори нигаронӣ кард. Эмомалӣ Раҳмон дар маҳфили вижае ба муносибати Рӯзи модарон дар Тоҷикистон гуфт, ки танҳо 28 дарсади донишҷӯёни донишгоҳҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

/images/stories/2013/03/07_emomalirahmon_070313.jpgИн маҳфил бо ширкати занон ва духтарони фаъъол рӯзи панҷшанбеи 7 март дар кохи "Борбад"-и шаҳри Душанбе баргузор шуд. Президент Раҳмон аз ҷумла гуфт: "Ин нишондиҳанда ҳоло моро қонеъ карда наметавонад ва мо бояд кӯшиш намоем, ки теъдоди ҳарчи бештари духтарон ба таҳсилоти олӣ фаро гирифта шаванд."

Вай дар ин маҳфил масъулони Вазорати маъорифи Тоҷикистонро муваззаф кард, ки дар оянда барои ҷалби теъдоди бештари духтарон ба таҳсил дар ин муассисот иқдом кунанд. Оқои Раҳмон бавижа ба ин нукта таъкид кард, ки донишгоҳҳо бояд барои ҷалби духтарон аз манотиқи дуруфтодаи ин кишвар талош кунанд.

Президент Раҳмон ҳамчунин аз канор мондани духтарон аз таҳсил дар макотиби ҳамагонӣ интиқод кард ва гуфт, ки масъулони зидахл бояд барои ҷилавгирӣ аз ин падидаи номатлуб фаъъолиятҳои худро беҳтар кунанд.

Маҳрумият аз омӯзиш

Оқои Раҳмон гуфт, ки бар асоси иттилоъи расмӣ дар ду соли ахир беш аз 2600 нафар аз кӯдакони синни мактаб, ки 1400 нафар аз онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, аз мактаб дар канор мондаанд. Бисёре аз коршиносон мегӯянд, ки яке аз сабабҳои аслии маҳрумияти духтарон аз таҳсил, бавижа дар манотиқи дуруфтода фақри густарда ва мушкилоти молӣ аст.

Ҳуриниссо Ғаффорзода, коршиноси масоили занон, мегӯяд як сабаби дигари бетаваҷҷуҳии духтарон ва волидони онҳо ба омӯзиш набуди машоғил бо маъоши кофӣ дар Тоҷикистон аст. Дар маҳфили имрӯз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба имтиёзоти вижа барои таҳсили ҷавонон аз манотиқи дуруфтода таъкид кард ва гуфт, ки дар беш аз даҳ соли ахир 7500 ҷавондухтар аз манотиқи дуруфтода аз ин имтиёзот бархурдор шудаанд.

Аммо хонуми Ғаффорзода аз мавориди суиистифода аз имтиёз барои духтарон аз манотиқи дуруфтода низ интиқод мекунад: "Ростӣ, дар чанд соли ахир ин имтиёз ба додугирифти молӣ миёни масъулон ва алоқамандони таҳсил табдил шудааст. Яъне имтиёз ба духтарони воқеъан босавод не, балки ба дигарон, аз ҷумла фарзандони мақомоти маҳаллӣ ва ё хешу табори онҳо, дода мешавад."

Аммо масъулони Вазорати маъориф ин иддаъоро такзиб мекунанд. Дар ҳоле ки Ҳуринисо Ғаффорзода мегӯяд, ки беҳтар аст имтиёзоти омӯзишӣ лағв шавад, вале Татяна Бозрикова, ҷомеъашинос ва раиси созмони ғайридавлатии "Понарама" дар ин бора назари дигаре дорад.

Вай мегӯяд, ки баъд аз ҷорӣ шудани имтиёз барои омӯзиши олӣ барои духтарон дар авохири солҳои 1990 давлат тавонистааст шумори духтарони донишҷӯро аз ҳудуди 20 дарсад ба 28 дарсад расонад. Хонуми Бозрикова мегӯяд, ки мушкилоти аслӣ дар роҳи идомаи таҳсили ҷавондухтарон дар Тоҷикистон нуфузи урфу одоти хоссе дар миёни мардуми тоҷик аст.

Вай аз ҷумла гуфт: "Аъзои хонаводаҳо бештар бар ин ақидаанд, ки бояд фақат писар таҳсил кунад. Зеро ба духтар дар хонаводаҳо бештар нақши модар ва кадбонуро медиҳанд."

Бо ин вуҷуд, бисёре аз соҳибназарон фасоди молӣ, бад будани вазъи тадрис дар макотиб ва камбизоъатиро аз ҷумлаи авомиле медонанд, ки аз идомаи таҳсили на танҳо ҷавондухтарон, балки ҷавонписарон низ, дар Тоҷикистон монеъ мешавад.

Ҳадя барои занони рустоӣ

Ҳарчанд оқои Раҳон бо ибрози ризоят гуфт, ки 30 дарсади кормандони давлат дар Тоҷикистонро занон ва духтарон ташкил медиҳанд, аммо вай афзуд: "Ба манзури афзоиши нақши зан дар ҷомеъа аз масъулон тақозо мекунам, ки ба тарбияти кодрҳо аз ҳисоби занони лаёқатманд эътибор диҳанд."

Ӯ ҳамчунин хитоб ба ҷавонон таъкид кард, ки эҳтироми волидайнро ба ҷо оваранд ва дар пирӣ аз модарону падарони худ муроқибат кунанд. Вай аз чандин мавриди беэҳтиромии фарзандон нисбат ба волидон ёдовар шуд ва гуфт, ки ҳоло давлат муроқибати бархе аз афроди солмандро, ки фарзандонашон аз хона рондаанд, бар уҳда дорад.

Оқои Раҳмон дар суханронии худ ба нақши модарон дар тарбияти фарзандон ва эҳтиром ба занон таъкид кард ва аз адабиёти форсӣ намунаҳое овард. Вай аз ҷумла гуфт, ки дар ҷашни бостонии "Сипандормӯз" таронаҳои хоссе бо "Дуруд бар занон, мардон ва бар зиндагӣ" оғоз мешуд ва дар онҳо дар ҳаққи занон дуъои нек иброз мешуд.

Президент Раҳмон дар суханронии худ ҳамчунин эълом кард, ки аз 7 март маҳдудият дар интиқоли барқ дар қаламрави Тоҷикистон лағв хоҳад шуд. Соҳибназарон ин тасмимро ҳадяе барои занон ва духтароне хонданд, ки дар манотиқи рустоӣ ба сар мебаранд.

Ҳамасола беш аз 70 дар сади сокинони навоҳӣ, шаҳрҳо ва рустоҳои Тоҷикистон аз моҳи октябр то якуми апрел, замоне ки ниёзмандии сокинон ба нерӯи барқ афзоиш меёбад, осъоти зиёде аз ҳақққи истифода аз барқ маҳруманд.

Рӯзи модарон дар Тоҷикистон мусодиф бо 8 март аст, ки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба унвони Рӯзи байналмилалии занон ҷашн гирифта мешавад. Аммо дар Тоҷикистон чанд сол қабл оқои Раҳмон бо судури фармоне ин рӯзро "Рӯзи модарон" эълом кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi