04:38:56 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

ХУДСӮЗИИ ЗАНОН: ХУШУНАТИ МУДОМ ВА НАВМЕДӢ БА ОЯНДАЕ РӮШАН

Осори сӯхтагӣ дар тамомии андомаш ҳувайдост. Пизишкон порчаи сафедеро бар даври сар ва гарданаш печондаанд. Бахше аз ин порча аз болои димоғ ва рухсорааш мегузарад, то ҷароҳатҳои зери чашмонаш бармало нашавад.

/images/stories/2012/06/07_gulsuman-7612.jpgЧеҳраи сапедаш дар асари сӯхтагӣ тира шуда ва ӯ дигар ба гунаи пешин ҷаззоб нест. Лабони маҷрӯҳашро ба душворӣ метавонад ба ҳам расонад. Гулсифат як сокини 23-солаи шаҳристони Файзобод, дар шарқи Тоҷикистон аст, ки дар дармонгоҳи сӯхтагии шаҳри Душанбе муъолиҷа мешавад. Ҳангоме, ки пизишкон бар ҷароҳатҳояш марҳам мегузоранд, аз дард навҳа мекашад.

Иқдом ба худсӯзие, ки таваққӯъ дошт дар они воҳид ба тамомии дардҳои зиндагияш поён диҳад, аз дардҳои ӯ накоста, балки барои тамомии умр ӯро дардманду мусибатзада кардааст. Гулсифат мегӯяд, як сол пеш, пас аз даъвое, ки бо шавҳараш дошта, даст ба худкушӣ задааст. Ин ҳодиса замоне рух дод, ки вай дар батнаш кӯдаке семоҳа дошт. Ин кӯдакро баъдан ба дунё овард, вале ҳанӯз ҳам имкон надорад бо дастони худ либосҳои тифли шашмоҳаашро бипӯшонад.

Гулсифат мегӯяд, ки ҳамсараш Шамсиддин ӯро ҳамеша мавриди лату кӯб қарор медод ва дар яке аз чунин рӯзҳои наҳс, ки шавҳараш боз даст ба лату кӯби ӯ зад, вай тасмим гирифтааст, ки худро дар коми ҳариқ андозад, то аз ҷаври ӯ барои ҳамеша халос шавад. Дар хонаводаи шавҳараш касе аз вай дифоъ намекард ва баръакс, ба гуфтаи Гулсифат, модаршавҳар ва хоҳаршӯи ӯ шавҳарашро ба лату кӯби арӯсашон таҳрик мекарданд.

"Дар се моҳи аввали арӯсиям шавҳарам маро ҳамеша мезад. Аҳли хонаводааш маро камбағал (камбизоъат) гуфта, таъна мекарданд. Ҳеварам (бародари шавҳар) низ чандин бор шоҳиди лату кӯб шудани ман буд, вале ҳеҷ гоҳ аз ман ҳимоят намекард."

"Чораи ночорӣ"

Гулсифат танҳо зане дар дармонгоҳи сӯхтагии шаҳри Душанбе нест, ки даст ба худсӯзӣ задааст. Ду зани ҷавони дигар низ дар ин дармонгоҳ таҳти муроқибати пизишкон қарор доранд ва мутахассисон мегӯянд, ки онҳо низ даст ба худсӯзӣ задаанд.

Аммо ин ду зан, ки нахостанд номашон ифшо шавад, ба худсӯзии хеш иқрор намекунанд ва мегӯянд, ки ба таври "ногаҳонӣ" дучори ин ҳодиса шудаанд. Мисли онҳо, занони зиёде ҳастанд, ки далоил ва сабаби худсӯзии худро пинҳон медоранд.

Шумори заноне, ки дар Тоҷикистон ба далоили мухталифе даст ба худкушӣ мезананд, андак нест. Аммо коршиносони умури зан мегӯянд, ки бештари ин ҳаводис дар асари ҷанҷолҳои хонаводагӣ ва мавориди густардаи занозорӣ аз сӯйи мардон рух медиҳад.

Азбаски бештари занон ҷойе барои фирор аз озори шавҳарон надоранд, даст задан ба худкуширо чораи ночории худ мепиндоранд. Бархе худро ба оби рӯдхона ва бархе бар оташ меандозанд,иддае ҳам худро ба дор меовезанд. Инҳо аз роиҷтарин анвоъи худкушӣ дар Тоҷикистон аст.

Бо таваҷҷуҳ ба мавориди густардаи вуқӯъи чунин ҳаводис, шуморе аз созмонҳои байналмилалӣ талош доранд паноҳгоҳҳое барои занон дар Тоҷикистон таъсис диҳанд, то занони озордида лоақал барои муддате аз ҷаври шавҳарони худ ба ин амокини орому эмин паноҳ бибаранд.

Сандуқи Нуфуси СММ аз ҷумлаи чунин созмонҳост. Ин ниҳоди байналмилалӣ ахиран ба манзури ҳимоят аз занон ва духтарони озордида бо Вазорати беҳдошти Тоҷикистон созишномае дар мавриди таъсиси паноҳгоҳҳои вижа дар ҳашт минтақаи ин кишвар имзо кард.

Ба гуфтаи масъулон, ифтитоҳи утоқҳои вижа имкони вокуниши бамавқеъ ба ҳаводиси мавриди хушунат қарор гирифтани занонро фароҳам мекунад. Масъулони ин утоқҳо дар канори ироаи хадамоти беҳдоштӣ ба занони озордида, машваратҳои ҳуқуқӣ низ ба онҳо ироа медиҳанд.

"Нонхури изофӣ"

Дастандаркорони ин тарҳ таваққуъ доранд, ки иҷрои он ба коҳиши хушунати хонаводагӣ, бавижа лату кӯби занону духтарон, ва ҷилавгирӣ аз он мусоъидат кунад. Қарор аст ҳашт утоқи вижа дар муассисаҳои беҳдоштӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд, Қайроққум ва шаҳристонҳои Рашту Ваҳдат базудӣ оғоз ба фаъъолият кунанд.

Дар гузашта низ бархе аз созмонҳои байналмилалӣ паноҳгоҳҳое барои занону духтарони озордида таъсис додаанд, вале бисёре аз заноне, ки бо хушунат дар хонавода рӯбарӯ будаанд, мегӯянд, ки аз вуҷуди чунин марокизе иттилоъ надоранд.

Созмони мавсум ба "Мунис" дар шаҳристони Ҳисор, аз мубтакирони ифтитоҳи марказе буд, ки духтарони хушунатдидаро таҳти муроқибат қарор медиҳад. Масъулони ин созмон ҳадаф аз таъсиси ин марказро ҷилавгирӣ аз худкушии духтарон арзёбӣ кардаанд.

Тавре ки онҳо мегӯянд, имкон дорад духтарони ҷавон ба дунболи хушунати хонаводагӣ даст ба худкушӣ зананд. Бо ин вуҷуд, бар асоси омори расмӣ, ҳамасола дар Тоҷикистон ҳудуди 300 нафар аз занон ва духтарон даст ба худкушӣ мезананд.

Ҳамчунин, масъулони ниҳодҳои зидахл мегӯянд, ки мавориди худсӯзии занон дар ин кишвар дар ҳоли коҳиш ёфтан аст. Пизишкони дармонгоҳи сӯхтагии шаҳри Душанбе мегӯянд, ки ин муассиса ҳамасола аз 10 то 15 занро, ки даст ба худсӯзӣ задаанд, таҳти муроқибат қарор медиҳад.

Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки оё бо чунин навъи эътироз, яъне худкушӣ ё худсӯзӣ, мешавад ба зиндагии хеш беҳбуд бахшид? Шералӣ Соҳибов, пизишки мутахассиси сухтагӣ, мегӯяд, ки занон ва духтарон бо ин амал худро беш аз пеш гирифтори озору мусибат ва дардҳои ҷонкоҳ мекунанд.

Пизишкон мегӯянд таҷрибаи кории онҳо ҳокист, ки бештари заноне, ки даст ба худсӯзӣ мезананд, аз хонаводаҳои камбизоъат ҳастанд. Фақри густарда, фарзандони бисёр ва даромади ночиз мӯҷиби асабоният ва ҳамин тур, ҷанҷолҳои пайваста дар хонаводаҳои суннатӣ мешавад.

Ҷанҷолҳои хонаводагӣ бештар домани арӯсонро мегирад, ки тоза ба унвони "нонхури изофӣ" вориди хонаводаи шавҳар шуда ва бо зиндагии заношӯӣ дар хонаводаи дигар хӯ нагирифтаанд.

Бархе аз занон, ки таҷрубаи худсӯзиро дидаанд, мегӯянд, ки ба хотири эътироз алайҳи афроде, ки онҳоро озор додаанд, худро ба оташ андохтаанд. Вале ба эътиқоди ҷомеъашиносон, аксари занон аз навмедӣ ва адами эътимод ба оянда водор ба худкушӣ мешаванд.

"Хонаводаҳои густарда"

Тибқи омори расмӣ, 47 дарсади ҷамъияти ҳафтуниммилюнии Тоҷикистонро афроди камбизоъат ташкил медиҳанд, ки 15 дарсади ин афрод дар ниҳояти фақр ба сар мебаранд. Бештари хонаводаҳои фақир дар Тоҷикистон аз назари ҷомеъашиносӣ "хонаводаҳои густарда" маҳсуб мешаванд, хонаводаҳое, ки дар онҳо дар канори зану шавҳар ва фарзандон, модарбузургу падарбузург ва фарзандону наберагони дигари онҳо низ зери як сақф зиндагӣ мекунанд.

Аз сӯйи дигар, фарҳанги падарсолор дар ҷомеъаи суннатии Тоҷикистон нуфузи густардае дорад ва дар мавриди сарнавишти духтарон ҳамеша сарпарастони хонаводаҳо, яъне падарон, тасмим мегиранд, бе он ки ба хостаҳои онон аҳаммияте қоил шаванд.

Гузоришҳо ҳокист, ки дар бисёре маворид падарони мазҳабӣ дар Тоҷикистон духтаронашонро аз таҳсил дар макотиби ҳамагонӣ канор кашида ва онҳоро иҷборан хонанишин мекунанд ё зуд ба шавҳар медиҳанд. Гулсифат низ мегӯяд, ки вай бо издивоҷ бо ҷавоне, ки дӯсташ намедошт, мувофиқ набуд, аммо падараш иҷборан ӯро шавҳар дода ва модараш низ барои дифоъ аз вай ҳарфе нагуфтааст.

Аммо бар хилофи Гулсифат, қурбониёни ин гуна ҳаводис маъмулан бо мулоҳизаи ин ки хонаводаро шармсор насозанд, аз бурдани шикоят ба маъмурони интизомӣ худдорӣ мекунанд. Алла Қувватова, раиси созмони ғайридавлатии мавсум ба "Баробарҳуқуқии ҷинсӣ ва мубориза бо хушунат алайҳи занон", чанд омилро мӯҷиби худкушии занон ва духтарон медонад.

Вай озори занон дар хонавода, чандзанӣ, издивоҷи иҷборӣ, сӯиистифода ва табъизи ҷинсиро аз авомиле хонд, ки иддае аз занон ва духтаронро водор ба худкушӣ мекунанд. Хонуми Қувватова мегӯяд: "Танҳо замоне ки қонуни вижае барои мубориза бо хушунат дар хонавода ба тасвиб мерасад, замонати таъмини ҳуқуқи занон дар кишвар фароҳам мешавад."

Тарҳи қонуни мубориза бо хушунати хонаводагиро ҳафт сол пеш гурӯҳе аз созмонҳои ғайридавлатӣ таҳия ва ба давлат пешниҳод карда буданд, вале давлат ва порлумони Тоҷикистон то кунун аз тасвиби ин тарҳ худдорӣ мекунанд.

Мақомот гуфтаанд, ки давлати Тоҷикистон барои иҷрои ин қонун, аз ҷумла барои таъсиси паноҳгоҳҳо барои занони озордида, ҳазинаи лозим дар ихтиёр надорад. Гуфта мешавад, ки порлумон дар садад аст ин тарҳро дар пойизи соли ҷорӣ баррасӣ кунад.

Муҷозоти омилони хушунат

Яке дигар аз сабабҳои густардагии мавориди худкушӣ дар миёни занон бемуҷозот мондани омилони ин ҳаводис арзёбӣ мешавад. Ҳарчанд бархе аз ниҳодҳои интизомӣ ахиран бар асоси моддаи 109-и қонуни кайфарии Тоҷикистон парвандаҳоеро ба иттиҳоми "водор кардан ба худкушӣ" боз карда ва иддае аз муқассирон ба зиндонҳо маҳкум шудаанд.

Додситонии шаҳристони Спитамени вилояти Суғд ахиран парвандаи ҷиноӣ алайҳи Қурбоналӣ Ҷӯраев, як сокини 47-солаи ин ноҳияро ба иттиҳоми хушунат алайҳи ҳамсараш боз кардааст. Мақомоти додситонӣ мегӯянд, таҳқиқоти онҳо собит карда, ки Нигора Шокироваи 36-сола, ҳамсари оқои Ҷӯраев, баъд аз мавриди лату кӯб қарор гирифтан худро ба дор овехтааст.

Гуфта мешавад, ки дар соли ҷорӣ ин севумин мавриди ба маҳкама кашидани иддае аз афрод дар иртибот бо занозорӣ дар вилояти Суғд аст. Дар манотиқи дигар низ афроде ба иттиҳоми "водор сохтани занон ба худкушӣ" муҷозот ва маҳкум шудаанд.

Шамсиддин, шавҳари Гулсифат, низ ҳоло дар яке аз зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебарад ва додгоҳ ӯро бар асоси моддаи 109-и қонуни кайфарӣ барои ҳашт сол маҳкум ба ҳабс кардааст. Бо ин ҳол, ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ки бештари мардони занозор дар Тоҷикистон бидуни муҷозот мемонанд. Бархе аз онҳо баосонӣ занони озордида ва маълулашонро талоқ дода ва дубора бо духтарони ҷавонтаре издивоҷ мекунанд.

Мақомҳои интизомӣ мегӯянд, ки танҳо баъд аз шикояти қурбониёни хушунат ё худсӯзӣ ва ё пайвандони онҳо метавонанд дар мавриди ин гуна ҳодисаҳо парванда боз кунанд. Аммо ба гуфтаи пизишкони дармонгоҳи сӯхтагии шаҳри Душанбе, бархе аз занони қурбонии хушунат ва худкушӣ агарчи дар оғоз алайҳи шавҳаронашон шикоят мекунанд, вале дертар аз ин кор пушаймон шуда ва шикоёти худро пас мегиранд.

Ба гуфтаи мутахассисон, ба эҳтимоли зиёд, ин занон умедвори идомаи зиндагӣ бо ҳамсаронашон ҳастанд ва бад-ин манзур аз гуфтани ҳақиқат дар бораи ҳодисаи худкушӣ иҷтиноб меварзанд. Ҳангоме ки дар дармонгоҳи сӯхтагии шаҳри Душанбе бо Гулсифат худоҳофизӣ мекардам, вай гуфт, ки баъд аз муъолиҷаи худ ва анҷоми чанд амали ҷарроҳӣ барои тармими рӯй ва андомаш мехоҳад дар донишгоҳ ё донишкадае таҳсил кунад.

Ӯ ҳамагӣ то клоси нуҳ таҳсил карда ва бо тақозои падараш таҳсилро канор гузоштааст. Аммо акнун орзӯ дорад, ки дар оянда парасторӣ ё шуғли дигареро биёмӯзад ва писарашро ба гунае тарбият кунад, ки "мисли бисёре аз мардон дар Тоҷикистон занозор нашавад."

Заринаи Хушвақт, Би-би-сӣ, Душанбе



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi