23:03:59 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Нолаи модар

Он вақт Вануш  ҳанӯз 10 сола  нашуда буд. Тобистон баъди хатми синфи сеюми деҳаашон ногаҳон ӯро оббозӣ доронда, либоси нав пӯшонида, ҳамроҳи як  хешовандаш ба деҳаи дурдасти падарияш фиристониданд. Вануш симои падарро хуб дар хотир надошт. Охир вақто,  ки ҷисми беҷони падарашро ба деҳа овардан  ӯ ҳамаги се сола буд.

imageЧизеро сарфаҳм намерафт. Аранг -аранг гиряву навҳаи занони деҳ дар ёдаш мондааст. Аз он замони тираи кӯдакӣ ҳамин қадар чиз дар хотирааш мондааст, ки баъди чанд рӯзе ӯ ҳамроҳи модараш, хоҳарчааш ва бобояш хонаи падариро якумра тарк намуда, бо автомашинаи роҳгузар ба он сӯи ағбаи Хобу Рубот  ба хонаи бобои модарияш омада буд. Инак бо гузашти 7 сол боз савораи автомашина ҳамроҳи хешовандаш ағбаро убур карда, ба деҳаи падарияш рафта истодааст.

Баъди чанд соате ба маркази ноҳия омаданд. Аз онҷо савораи мотосикли «Урал» боз рӯ ба ҷониби деҳаи падарӣ ба қадоваи дарёи Панҷ ҳаракат карданд. Баъди соате  ба деҳа расиданд. Зуд, бо шитоб, ба мавзеъи  хонаи  падарӣ, ки дар болои деҳа ҷой гирифта буд, ҳаракат карданд. Кунун баъди 7 соли сипарӣ  гашта, Вануш дигар деҳаро намешинохт, ба назараш он бегона гашта буд. Гарчанде, ки деҳа бо шодобию сабзиву хуррамӣ, сердарахтӣ ва кӯчаҳои аҷиби печ-дар печаш ба ӯ сахт мақбул афтода буд. Ба хонаи падарӣ расидан баробар онҷо онҳоро ҷамъи хешу табор модаркалону аммаҳояву амакҳояш пешвоз гирифта, як-як ӯро мебӯсиданд. Аҳвол мепурсиданду оби дида мерезонданд. Вануш дар хонаи падарӣ мехмони азизи модаркалонаш кампири Соро буд. Кампир  қади аз зарбати ғурбат ва кулфати солҳо кашида ва камон гаштаашро гоҳ- гоҳ базӯр рост мекард ва аз хурсандии омадани наберааш ҷои истоданро намеёфт. Ӯ гоҳ ба ошхона медаромаду гоҳ ба ганҷур ва таому ширинии зиёдеро сари дастурхон ба наберааш ва хешу табор пешкаш мекард. Шодии кампирро ҳадде набуд. Охир шодии кампирро низ фаҳмидан мумкин аст. Фарзанди писари ягона , писари ҷавонмарди чавонмаргаш, ки ҳамагӣ 32 баҳорро дида буд ва дар зиндагӣ рашки баҳорро меовард, баъди 7 сол ба долони хонаи падарияш  инак қадам гузошта….Оё аз ин хушбахтии зиёдтар барои модаре , ки ягона писари зебою ҷавонмаргашро аз даст медиҳад ҳаст магар? Валлоҳ, ки ба Худо нест, ки нест! Аммаҳо, амакҳо,  хешу табор сари дастурхон ба Вануш, ин писараки харобандоми қаддароз ва зардина ягон - ягон нигоҳ  мепартофтанд. Дар ин нигоҳ ҷустанҳо аммаву амакҳо хешу табор ҳарисона дар симои Вануш як сиро меҷустанд, симои барояшон азизу аз даст додаашно! Симои додару бародари ба ҷон баробарашонро. Амакҳои падараш махсусан муаллимони варзида,  Ҳусниддин ва Абдурозиқшоҳ ба ӯ бо диққат нигоҳ карда, оҳ мекашиданд.

Модаркалонаш бо шодӣ иброз медошт, ки дар ин синну сол наберааш айнан сурати падарашро канда гирифтааст.    

Шабона, дар болои кати калону барҳавои айвони хона, модаркалон Ванушро дар ҷойгаҳи худ ба оғӯш гирифта, хоб рафтанд.Аз чи сабаб бошад,  ки ба назари Вануши хурдакак чунин менамуд, ки дили модаркалонаш бозӣ  карда истодааст. Баъдан вақто, ки модаркалон  бо дастони пирона ва шахшули худ ӯро дар оғӯш мегирифт Вануш ҳис мекард, ки кампир фиқ-фиқ кунон, паст-паст гиря мекунад. Ӯ мешунид,  ки модаркалонаш  оҳиста-оҳиста худро дуо мекунад: Сари дар гӯр рафтаам, ҷигари рехтаам, хонаи сӯхтаам, дари бастаам, дили ғамкуштаам, боли шикастаам, сари бесоҳибам, хонаи бесутунам, писарам, во писарам, во писарам!

Вануш муддати якуним моҳ ҳамроҳи модаркалон буд, лекин бо ақли кӯдаконаи  худ  ҳеҷ фаҳмида наметавонист, ки модаркалонаш чаро ин қадар шабона худро дуо мекунад ва навҳа мекашад. Азбаски бачаи хело шармгин буд, аз пурсидани суол оиди ин ҳол аз модаркалону дигар хешовандон шарм мекард. Гумон мекард, ки ҳамаи модаркалонҳои дунё шабона чунин «сурудҳои ғамангез» мехонанд ва табиати кӯҳансолон ҳамин гуна ҳаст. Охири тобистон ӯ боз озими хонаи бобои модарияш гашт. Кампири модаркалонаш то дер гоҳ ӯро бӯсида, то хамгашти деҳа гусел кард ва пайваста мегуфт,  ки писарам соли дигар дар таътил биё ба машомам бӯи падарат мебиёяд. Кампир дар сари ялангии деҳа нишаста,  то нопадид шудани наберааш ва ҳамроҳони ӯ рафтани онҳоро назора кард… Мутаасифона, бо сабабҳои ба Вануш вобаста набуда,  ин   вопасин  вохӯрӣ бо модаркалонаш буд…..

Аз байн солҳо гузаштанд умри Вануш ҳам ба ҷое расид. Инак баъди солҳои дароз навҳаю нолаю ашкрезии модаркалонашро фаҳмид. Ҳамчунин фаҳмид,  ки на ҳама модарон  шабона навҳа  мекашанд. Фаҳмид, ки барои нолаю ашкрезӣ  асоси ғамангезе бояд бошад, модар дарди носур дошта бошад!

Фаҳмид, ки модаркалони худораҳматии ӯ Соро бо гузашти 7 соли  ҷавонмарг гаштани  ягона писараш Давлатҷони хушодобу хушрафтору ҳалимгуфтору педагоги барҷаста   дар муҳоҷират, ки фахри деҳаву ноҳияу вилояту кишвар  буд ва ҳама дӯсташ медоштанд набераашро ба оғӯш кашида ба ёди писари ҷавонмаргаш  навҳасароӣ мекардааст. Ҳафт сол боз баъди марги ягона писар месӯхтааст, мепухтааст ва дар фироқи ягона писараш сад бор зинда ва сад бор мурда мешудааст. «Сари дар гӯр рафтаам, ҷигари рехтаам, хонаи сӯхтаам, дари бастаам, боли шикастаам, дили ғамкуштаам, сари бесоҳибам,  писарам, во писарам, во писарам»  гуфтани модаркалонашу то рӯз нолаву навҳакашӣ кардани ӯ сабаб доштааст! Ҳоло Вануш «дили бозикунандаи модаркалонаш»- ро низ ба хуби фаҳмидааст. Ин дил аз ғаму андӯҳ ва фироқи писари ҷавонмарги ягона мехостаст, ки он давра аз қафаси сина берун ояд ва худро қурбон кунад!

Оре, ин дили модар буд, ки ба хотири ягона писарааш он давра 7 сол боз шабу рӯз месӯхту ҷигараш об мешуду дилаш ғамкушта мегашт (то дами вопасини умр низ), лекин набераи кӯчаки модаркалон он вақт ба ин навҳасароӣ,  бо ақли нопухта ва кӯдаконаи худ ба ин амалҳои модаркалонаш  сарфаҳм намерафт ва онҳоро «таронасароии шабонаи занону  модаркалонҳо» меҳисобид.

Оре, ин нола буд, навҳа буд, мотам буд. Мотами модари дилсӯхта  ба хотири писари ягонаи ҷавонмаргаш, ки ин ғаму андӯҳу доғи писарро ахиран бо худ ба гӯр бурд!

Оре, ин модар аст , ки барои фарзанди гумкардааш як умр чун оташи бедуд  то дами вопасин месӯзад.Ба назарам рӯҳи чунин модарони фарзандони ҷавонмарггумкарда ҳатто дар гӯр низ ором намегиранд ва месӯзанду месӯзанд.

Муттафакире беҳуда нагуфтааст,ки Худованд модаронро барои сохтану сӯхтан ба дунё меорад. Оре ҳақ асту рост.

Назди пеши пои модар ҳазор бор фуруд омада, онро зиёрат ҳам кунем ками андар кам аст.

Барои модарон устод Бозор Собир чи хуб гуфтааст:

Тамоми  дору дарахтони рӯи замин,

Агар ба дасти нависандагон қалам гардад,

Шавад сиёҳӣ агар оби чашмаву дарё

Ва барги дору дарахтон агар шавад дафтар

В-агар навишта шавад дар ситоиши Модар,

Шавад тамом сухану нотамом монад боз»

Ёди ин азизон дил ҳама вақт зинда бод ва хонаи охираташон ободу  замони наврасиам ба хайр бодо. Омин!

Варқаи Зайниддин,

ёвари калони прокурори вилояти Хатлон,

мушовири адлияи дараҷаи 1,

Узви ИЖТ,

Аълочии матбуот, фарҳанг,

маориф , радио ва телевизиони Тоҷикистон,

корманди фахрии Прокуратураи Тоҷикистон.

ш. Қӯрғонтеппа.  

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi