16:10:14 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мавҷудаи Соҳибназар: Овозам маро наҷот медод

 

Пешрафти ҳар нафар дар ин ё он ҷода пеш аз ҳама ба идроку хирад ва талошҳои ӯ вобаста аст. Дар баробари ин, комёбиҳо аз он нумуъ меёбанд, агар мувофиқи мақсад ва бар манфиати халқу миллат равона шуда бошад. Ҳамсуҳбати мо Мавҷудаи Соҳибназар аз ҳамин гуна афродест, ки гуфтем ва сӯҳбат бо ӯ сари мушкилоти журналистикаи муосиру манфиатҳои умумимиллист.

1_mavjuda_214578.jpg- Мегӯянд, ки илҳоми эҷодкор бештар аз баҳору муҳаббату лаҳзаҳои пурнишот ангеза меёбад. Илҳоми эҷодии Шумо аз куҷо сарчашма мегирад?

- Ростӣ, ду баҳор мешавад, ки илҳом ҳам надорам. Зеро фикр мекунам, ки аз журналистика хеле дур шуда истодаам, чун ҳоло ҷойе кор намекунам ва чизе ҳам наменависам. Он чизҳое, ки имрӯз менависем, ба дарди мардуму бархе мансабдоронамон чандон барнамехӯранд. Барои бархе шояд сафедро сиёҳ гуфтан лозим бошад, вале ман наметавонам ин корро кардан. Ман мехоҳам сафед сафед бошаду сиёҳ сиёҳ.

- Дар журналистика киро устоду киро шогирди худ меҳисобед?

- Бигузор шогирд худ интихоб кунаду гӯяд, ки «фалонӣ устоди ман». Мисол, вақте мо дар радио кор мекардем, устоди аввалини ман ҳамкурсам ҳам бошад, Ҷовид Муқим буд ва ҳаст. Ба он хотир, ки вақте донишгоҳро хатм кардем, хостам як давраи муайян дар мактаб кор кунам. Як моҳ кор кардаму ҷанг сар шуд. Рафтам Бадахшон. Чун соли 1993 аз онҷо омадам, ҳоло ҳам давраи нооромиҳо буд. Ҷовидро ҳамкурс гуфта омадам, яъне хабаргирӣ радио рафтам. Гуфт, ки «биё, дар ҳаминҷо кор кун, бо устод Иброҳим Усмонов (замони донишҷӯӣ куратори мо ва ҳамон вақт муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио буданд,- М. С.) маслиҳат мекунем». Гуфтам, ки не, ба фикрам, наметавонам. Ҷанг ҳам руҳияи одамро мешикастааст. Боз ҳамон вақтҳо «вовчик» гуфта, ғам медоданд, дар кӯчаҳо озодона гаштан хеле душвор буд. Ба ҳар ҳол, Ҷовид назди устод даромаду маро барои кор кардан дар радио розӣ намуданд.

Ҳоло ёдам меояд рӯзи аввалине, ки ариза навиштаму дар идораи иқтисодиёт ба кор шуруъ намудам. Худи ҳамон рӯзи ариза навиштанам бо як гуруҳ олимони соҳаи иқтисод мизи мудаввар ташкил намудем. Баҳс сари масъалаи аз буҳрон берун кашидани иқтисодиёт буд. Ҳамин хел, кор пеш рафтан гирифт.

Ҳамон вақтҳо барои мо истироҳат гуфтанӣ гап вуҷуд надошт. Пиёда тамоми шаҳрро мегаштем, ҳатто ба ноҳияҳои наздик пиёда мерафтем, ки аз ягон ҷо мавод ёбем, хоса маводҳои иқтисодӣ. Маош ҳам набуд, лекин аз дилу ҷон кор мекардем, чунки дар радио беҳтарин мутахассисон ҷамъ омада буданду нафароне, ки нав ба кор меомаданд, фақат мехостанд аз мактаби ин мутахассисон гузаранд. Он солҳо идораи иқтисод беҳтарин маводҳои проблемавиро омода месохт. Маводҳое омода месохт, ки дар матбуот ба ин масъалаҳо нав рӯ овардаанд. Тамоми масъалаҳои доғи рӯз, аз туннели «Уштур» сар карда, сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда»-ву «Роғун», роҳи оҳани Қӯрғонтеппа - Кӯлоб, роҳи оҳани Ёвон, хулас, тамоми проблемаҳои корхонаҳо, ки бояд чи хел маҳсулот истеҳсол кунанд ва бо киҳо додугирифт намоянд, дар барномаҳоямон садо медод. Яъне, ҳама ба як мавзуъ даст намезаданд. Ҳар кас мавзӯи худро дошт.

- Яъне, самти фаъолияти Шумо танҳо иқтисод буд? Ё дигар мавзуҳоро низ инъикос мекардед?

- Он вақт бойевикҳо бисёр буданд. Ёд дорам, ки соли 94 буд ё 95, ба Қумсангир рафтам. Вазъият ҳассос буд. Як омӯзишгоҳеро, ки бояд бачаҳову духтарон онҷо касбу ҳунар меомӯхтанд, Сайидшо Шамолов гирифтаву штаб карда буд. Баъди бозгашт ҳамин масъаларо навиштам. Пас аз як-ду моҳ, рӯзе аз сабт омадам, ки назди радио пур аз одаму талотум. Ҳайрон шудам, ки чӣ гап бошад? Чун даромадам, гуфтанд, ки «э, хайрият, ки набудӣ. Сайидшо Шамолов бойевикҳояшро фиристодааст ба сарат, ки ту онҳоро танқид кардаӣ». Баъд Мансур Султонов, ки директорамон буд, гуфт: «Ман туро чанд бор гуфтам, ки камтар эҳтиёт кун!».

Аслан дар ин ҷо Ҷовид чолокӣ нишон додааст. Папкаҳоро кофта, ҳамон саҳифаеро, ки дар бораи бойевикҳо навишта будам, оҳиста гирифта пинҳон кардааст. Вақте бойевикҳо мебинанд, ки дар папкаҳо чизе нест, баромада мераванд.

Дар хонаи амакам дар посёлкаи «Комсомол»-и Лучоб зиндагӣ мекардам. Рӯзе баъди кор ҳамроҳи духтари амакам хона мерафтем, ки мошини низомие дуртар аз мо истод. Нафаре аз дохили он сар бароварду фарёд кард: «Духтаракҳо, биёед савор шавед». Не гуфтему пиёда рафтан гирифтем. Чун либосҳои ҳарбӣ доштанд, тарсидем. Мошин боз қафо омаду он нафар гуфт: «Э, чӣ метарсед? Биёед савор шавед. Ҳамин худат набудӣ, ки моро дар радио танқид кардӣ?». Ҳамон мард, ки муовини Сайидшо будааст, маро шинохтааст. Вақте ба мошин шиштем, гуфт, ки «хайрият ҳамонҷо набудед, набошад, сари қаҳр ҳарчӣ шуданаш мумкин буд».

- Ба ҷуз ин ягон лаҳзаи ҳассоси дигар набуд?

- Хеле зиёд буданд. Маро ҳар субҳ ҳангоми ба радио даромадан посбонҳо, ки аксар бойевикҳо буданд, ғам медоданд, ҳуҷҷатро мегирифтанду мепурсиданд: «Аслиддин Соҳибназар ба шумо чӣ мешавад?». Як ҳамкорамон - Раҳматалии Даштиҷумӣ ҳама вақт дар пеши дар қаровул меистод, ки посбонҳо маро чизе нагӯянд. Оҳиста-оҳиста посбонҳо ҳам бо мани «вовчик» унс гирифтанд.

Боре дар бораи «Роғун» навишта будам. Дар навиштаам чанд ҷумларо ҷой додам, ки «дар масъалаи «Роғун» мегӯянд, русҳо дуздиданд. Хайр, русҳо дуздиданд, ҳоло русҳо дар «Роғун» нестанд. Дар «Роғун» Суҳроб Қосимов бо дастаи худаш аст. «Роғун»-ро ҳамонҳо обу лой карда истодаанд». Ҳамин гапро сармуҳаррирамон Амриддини Аслиддин хат зад. Гуфт, ки «Мавҷуда, чӣ даркор? Ҳоло замони ин хел гапҳо нест». Хуб гуфтаму рафтам студия ва ҷумлаҳои хат задагиро хондам. Як вақт «тез биё» гуфтанд. Гуфтам, ки чӣ гап аст? Маҷлис будааст. Гуфтанд, ки Суҳроб Қосимов муовинашро равон кардааст. Лентаро аз студия овардаву Султонов ҳамроҳи Аслиддинов онро гӯш кардаанд, ки дар ҳақиқат ҳамон ҷумлаҳои хат задаашонро ман хондаам. Баъд ба ман «виговор» доданд.

- Пас, чаро ҳоло ҳақиқатро намегӯянд ва агар гӯянд ҳам, кам ва пардапӯшона?

- Он замон воқеан мегуфтанд. Чаро ҳоло намегӯянд? Масалан, барои як маводи ҳамкорамон Абдуғаффори Убайдулло - «Вазир вазир аст!» на фақат вазири як ниҳод, балки чандин масъули дигар аз вазифа рафта буданд. Агар имрӯз ҳам бештар гӯянд, шояд зиёд проблемаҳо аз байн бурда шаванд. Аммо ин хел нест. Касе пул диҳад, баъзеҳо аз дузд пайғамбар месозанд. Магар ин журналистика аст? Журналистика воқеан ба  мол табдил ёфтааст, лек мол он вақт харидор пайдо мекунад, ки сифати хуб дошта бошад. Мутаассифона, имрӯз на фақат ба бозорҳои мо моли бесифат ворид мешавад, балки моли истеҳсолкардаи мо низ сифати хуб надорад. Барои ҳамин харидор намеёбанд. Чизи бесифатро мардум ҳам аллакай фаҳмида истодаанд. Журналистикаи мо имрӯз ҳамин вазъиятро дорад. Масалан, солҳои 93-94, давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ, рӯзномаҳои «Оила»-ву дигару дигарашро намуна меорем. Охир, он вақт мардум зиқ буданд, ҳамин хел чизҳоро мехонданд. Он замон мегуфтанд, ки ҳоло ба чизҳои вазнин мардуми мо тайёр нестанд, барои ҳамин чизҳои сабук менавиштанд. Аз байн 20 сол гузашт, бояд давра ба давра мардумро тайёр мекарданд, то ба чизҳои вазнинтар тайёр шаванд, аз матбуот чун минбар истифода баранд. 20 сол гузашт, вале ҳоло ҳам матбуоти мо аз сӯхтаму пӯхтам берун набаромадааст. Чаро газетаҳо дар бораи нафароне, ки дар паси дастгоҳҳои корхонаҳо ҳастанд, наменависанд? Магар иншооти муҳими кишвар ба дасти коргарони оддӣ сохта намешавад? Чаро чеҳраҳои онҳоро намекушоем? Чаро фақат дар бораи буридани лентаи як корхона хабар чоп мекунему баъди чанд вақт оид ба фаъолият кардан ва накардани ин корхона чизе наменависем?

Имрӯз журналист аз утоқи корӣ берун намебарояд. Албатта, ин ба он хотир аст, ки технология пеш рафтааст ва имкониятҳои техникӣ зиёд шудаанд. Аммо «шунидан кай бувад монанди дидан». Сӯҳбати рӯ ба рӯ ҳам бисёр масъалаҳоро мекушояд. Дар воқеъ чунин ҳам аст. Ҳоло фақат бо гирифтани фикри чанд коршинос дар як мавзуъ иктифо мекунем ва худро журналисти зӯртарин меҳисобем. Тадқиқотҳои журналистӣ (ростӣ, он қадар ҳам дархӯри ин жанр нестанд) фақат барои он, ки дар ин ё он озмуни хориҷиён ғолиб оем, омода мешаванд. Ин аст, ки имрӯз як нашрияро бихарӣ, кофист, аз ҳама воқеаҳои ҷумҳурӣ огоҳ бигардӣ, чун ҳама газетаҳо якхеланд. Ҳамон як газетаро мехарӣ, маълумоти даркориатро мегирӣ. Ягон чизи нав нест. Бигзор дӯстон, ҳамкорон аз ман хафа шаванд, вале дар ҳақиқат ҳамин хел аст. Инро ман не, аксарият мегӯянд.

- Аз «куҳнанавиштаҳо»-и рӯзноманигорон бештар кадом масъалаҳоянд, ки ба назар мерасанд?

- Чӣ менависанд? Аз як-ду ҳофиз ситора месозанд. Дар ҳамин ситора сохтан аз ҳофизон ҳам мо - журналистон гунаҳгорем. Дар либоспӯшиву дигару дигараш ҳам мо гунаҳгорем. Ана, имрӯз дар бораи либос зиёд мегӯем. Чаро касе таҳлил карда намебарояд, ки чаро мо корхонаи истеҳсоли либоси миллӣ надорем? Фабрикае надорем, ки барои занҳо либос истеҳсол кунад. Он ангуштшумор ателеҳои дӯзандагие, ки ҳастанд, нархи маҳсулоти дӯхтаашон ба осмон дакка мехӯрад. Магар зани камбизоати деҳотии тоҷик метавонад аз хизмати ин намуд ателеҳо истифода барад? Чаро он моделерҳое, ки дорем, ба ҷуз дар чанд кишвари хориҷа намоиш ташкил кардан, бо ҳам намеоянду дар ҳар мавсим барои зани тоҷик вобаста ба фарҳанги миллӣ тарҳ намекашанд? Инҳо ҳам имрӯз фақат дар хизмати ду-се ҳофиза ва чанд бонуи элита ҳастанд. Кадоми онҳо имрӯз бозорро таҳлил кардаанд, ки вобаста ба кисаи зани тоҷик кадом намуди маҳсулот ворид мешавад, то онро дар худи кишвар истеҳсол кунанд? Талаботро бошад, бо ягон роҳ қонеъ кардан даркор. Ин аст, ки тоҷирони дигар кишвар меоянд, холигии бозори моро мебинанд ва рафта ҳамон намуди маҳсулоти дар мо набударо истеҳсол мекунанд. Имрӯз он соҳибкори дар бозор нишастаро барои сатри воридкардааш бояд ҷазо надиҳанд, ҷарима набанданд. Ӯ акнун он маҳсулоти овардаашро куҷо барад? Вай ку пули Тоҷикистон, ё тиллои Тоҷикистонро аз кишвар бароварда, ба ивазаш маҳсулот овард… Яъне, соҳибкорро не, гумрукро ҷазо додан даркор аст. Воқеан, ҳамаи мо либоси дигар кишварҳоро ба бар дорем ва чаро боре як масъул, як соҳибмансаб ба худ суол намедиҳад, ки оё чунин маҳсулотро мо ҳам дар Тоҷикистон истеҳсол карда метавонем ё не? Чаро имрӯз як хориҷӣ наметавонад, ки мағоза дарояд, либоси миллӣ, ё бигузор либоси аврупоии дар корхонаи Тоҷикистон истеҳсолшударо харида барад? Аз Бишкеку дигар ҷойҳо мебаранд-ку! Мо ҳам ҳамон қадар ақлу фаросат дорем, мисли ҳамонҳо занҳои мо ҳам ҳунарвар ҳастанд. Мо ҳам ашёи хом дорем. Чаро оддитарин чиз - болопӯши кӯрпаву болиштро дар Бадахшон дӯхта наметавонанд? Ё чаро дар Кӯлоб дӯхта наметавонанд? Метавонанд! Фақат шароит муҳайё кардан даркор.

Ҳоло ба хулосае омадаам, ки дигар гуфтанҳо таъсир надоранд.

- Шахсан кадом мавзуи дархӯри замонро то андозаи табъи дил дар матбуот инъикос кардаед?

- Вақте дар маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» кор мекардам, рубрикаи махсусе доштем бо номи «Гуфтугӯ бо ҳукумат». Ҳамонҷо ҳамин проблемаҳо буд. Бештар ман мехоҳам проблемаи зани тоҷикро бардорам. Проблемаеро, ки чаро корхонаҳои саноати сабук кор намекунанд? Қариб 50 фоизи аҳолии Тоҷикистонро кӯдакону наврасон ташкил мекунанд, вале чаро барои кӯдакамон пойафзол истеҳсол карда наметавонем?

Пештар масъулияти олимону мансабдорон ҳам дигар хел буд. Мо ба ҳузури вазирон бе мамониат медаромадем. Ягон кас дар қабулгоҳ намеистод. Аз мо ягон чиз талаб намекарданд. Агар пеши вазир медаромадаму ӯ мегуфт, ки «дар ин мавзуъ гап намезанам», мегуфтам, ки «гап мезанӣ, ту вазифаи худатро иҷро мекунӣ, ман рисолати касбии  худамро». Ҳамин хел буд, ки дар ҳама масъалаҳо мегуфтем, фикрамонро баён мекардем. Он солҳо роҳбарон ҳам гӯш мекарданд ё мехонданд. Имрӯз шояд ин чиз камтар шуда бошад. Вақте мушкилотро намегӯянду намефаҳманд, ҳама талошҳо бефоидаанд. Имрӯз агар ҳама вазифаҳояшонро иҷро кунанду мушкилотро дар якҷоягӣ баррасӣ намоянд, воқеан ҳам метавонанд сатҳи зиндагии мардумро баланд бардоранд. Онҳое, ки мегӯянд Тоҷикистон биҳишти воқеии рӯи замин аст, дурӯғ мегӯянд. Оне, ки захоири зиёди табиӣ ва табиати зебо дорем, маънои дар биҳишт буданро надорад. Ҳастанд кишварҳое, ки табиати зеботар доранд. Агар ин захоири табииро ба манфиати мардум корбаст кунанд, агар ҳар сол ҳазорон сайёҳон аз Тоҷикистон дидан намоянду аз ин ҳисоб шароити мардум бехтар шавад, он вақт метавон ба биҳишт монанд кард. Барои ба биҳишт монанд кардани Тоҷикистон як солу ду сол не, сад соли дигар лозим аст.

- Шумо қаблан дар радио фаъолият мекардед, баъдан дар матбуот. Кадом самти фаъолиятатон пурсамартар буд?

- Ман радиоро бисёр дӯст медоштам. Воқеан ҳам радио мактаби бузурге буд. Замони раиси Кумитаи телевизион ва радио будани Убайдулло Раҷабов унвони Аълочии телевизион ва радиоро таъсис доданд. Аз аввалин нафароне будам, ки ҳамин мукофотро гирифтам. Ва боз Таваллоев ва нафари дигар, ки воқеан ҳам мутахассисони соҳа буданду солҳо дар радио хизмат мекарданд. Вақте мукофотро медиҳанд, ман набудам. Як моҳ дар Тавилдара бо журналистоне будам, ки аз Шветсия омадаву бахшида ба «Соли оби тоза» бо номи «Об аз куҷо меояд?» барои мактаббачаҳои он кишвар филм мебардоштанд. Вақте баргаштам, гуфтанд, ки «ба ту мукофот доданд». Ба баъзе одамон ҳамин чиз маъқул нашудааст, ки ба ҳама ҷаласаҳо маро даъват мекунанду ҳама мавзуҳоро ба ман медиҳанд. Мукофотро ҳам ба ман додаанд. Як ҳамкорамон, ки воқеан солҳои зиёд кор карда буд, гуфтааст: «Барои чӣ мукофотро ба ман неву ба Мавҷуда доданд?». Сармуҳаррири идораамон Аслиддинов гуфтааст, ки «ман Мавҷударо аз сад мард боло медонам. Супориш шавад, куҷое набошад, меравад. Намегӯяд, ки не, ман зан ҳастаму ба ин ҷойҳо намеравам». Хулоса, бисёр даъвоҳо карданд. Ман ҳеҷ зарурате ба он мукофот надоштам ва гуфтам, ки бояд ба ман намедодед, ба ин нафар медодед, ки аз ман зиёдтар дар ин идора кор кардааст. Баъди ин чун дидам, ки муносибати ҳамон ҳамкорамон хеле сард шудаву муҳити солими корӣ аллакай нест, хестаму рафтам.

- Ба куҷо?

-  Шаҳлои ҳамкурсамон директори иҷроияи Иттиҳодияи ҷамъиятии «Хома» буд ва лоиҳае доштанд бо номи «Ҷавонон ояндаи миллат». Ҳамонҷо продюсер даркор будааст. Гуфтанд, ки «Мавҷуда, кор мекунӣ?». Розӣ шудам. Онҷо ба донишҷӯён тарзи наворбардориву омода кардани сюжетҳоро меомӯзониданд. Маошаш хуб буд нисбати радио. Баъдтар барои баргаштанам ба радио хоҳишҳо зиёд шуданд, аммо гуфтам: «Аз ҷойе, ки рафтам, дигарбора ҳеҷ гоҳ барнамегардам».

Ҳозир касе хоҳад, меояду журналист мешавад. Он солҳо вақте кор медаромадӣ, се моҳ давраи санҷишӣ дошт, хоҳ телевизион буд, хоҳ радио. Имрӯз ин чизҳо нестанд.

Аввал метарсиданд, ки оё навишта ва ё чизе ба мардум расонида метавонам? Асосан, овози ман чандон шиддатнок нест. Вақте дар радио маҷлис мешуд, ҳама вақт барномаҳои ман ҷойи намоёнро мегирифтанд. Хайрулло Иброҳим, ки саррежисёр буд, мехесту мегуфт, ки «беҳтарин барнома, ягон камбудӣ надорад, ҷуз як камбудӣ, ҳамин ҳарфи «ҳ»-ро мехӯрад». Воқеан, дар ҷойи даркорӣ ҳарфи «ҳ»-ро талаффуз намекардам, чун аксари бадахшониҳо.

Вақте ман проблемаро менавиштаму худам мехондам, чун овозам нозук буд, намефаҳмиданд, ки дар бораи мушкилот гап зада истодаам, дарк намекарданд. Зафар Сайидов, ки он вақт сухангӯй буд, гӯшрас мекард: «Мавҷуда, барномаатро гӯш мекунам. Мегуфтам ҳолӣ ҳамин духтарро мекушанд, лекин ҳамин овозат туро наҷот медиҳад...». Яъне, овозам, ки мисли садои кӯдакона нарм аст, маро наҷот медод. Аммо ҳар вақте ки Субҳон Раҳматов барномаҳоямро мехонд, ҳамон рӯз ба сарамон меомаданд.

2_mavjuda_214578.jpg

Баъд маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ташкил шуду омадам инҷо. Сипас, ба нашрияи «Омӯзгор» гузаштам. Акнун мегуфтам, ки чаро пештар ба матбуот наомадам? Ба он хотир, ки радио як «пуф» будааст. Дилам месӯзад, ки чаро ҳамон қадар масъалаҳои бардоштаамонро дар ягон ҷо нанавиштем? Коршиноси масоили иқтисодиву энергетика Ғуломиддин Сайфиддинов фақат мегуфт, ки «эй, духтар, ҳамин барномаҳоятро гирифта дар ягон ҷой мон». Аммо аз куҷо чунин имкониятро доштем? Дар як кассета 20 бор сабт мекардем, кассета ҳам камчин буд. Ҳоло афсӯс мехӯрам, ки чаро накардам ҳамин корро?

Масъалаи пӯсту пашм, абрешим…Дигар ку роҳи абрешим? Куҷост он корхонаҳо? Ҳамаи ин масъалаҳоро ҳама кормандони бахши иқтисодии радио мебардоштанд. Сангин Гулов ҳамеша ба донишҷӯён мегуфт, ки «таҳлилро аз барномаҳои иқтисодии радио ёд гиранд, чиқадар масъалаҳои муҳимро мебардоранд. Ҳамаашро бояд омӯзанд ва аз ҳаминҳо истифода кунанд».

- Оё дуруст аст, ки журналистонро аз рӯйи бархӯрд ба мавзуъ ба соҳаҳо ҷудо кунем?

- Дуруст аст. Ман бештар мавзуҳои иқтисодиро меписандам, баъд иҷтимоиро. Журналистони соҳавӣ бояд бошанд. Дар тамоми дунё ҳамин чиз ҳаст - журналист-таҳлилгар. Яъне ҳастанд нафароне, ки фақат ба ҳамин соҳа ҷалб мешаванд. Бояд ҳар кас ба роҳи худаш рафтан гирад, бо мавзуи худ бештар шинос шавад.

- Таври маълум, бештар масъалаҳои иқтисодиро матраҳ мекунед. Олими соҳаи иқтисод Холмаҳмад Азимов, ки замоне раиси Кумитаи омор низ буд, дар китобаш - «Асрори ганҷковӣ» ба фаъолияти Шумо баҳо дода, нигоштааст, ки «агар ман раиси комиссияи аттестатсионӣ мебудам, ба Мавҷудаи Соҳибназар унвони доктори илми иқтисод медодам». Пас, ҳамчун коршиноси соҳа мушкилоти ин бахшро дар чӣ мебинед?

-Фикр мекунам, имрӯз олимон, зиёиён рисолаташонро иҷро карда наметавонанд. Он солҳо чун масъалаи мубраме пеш меомад, ба олимон муроҷиат менамудем ва онҳо роҳҳои ҳалро мегуфтанд. Як шахс ақидаашро бор намекард ба сари мардум, ки ана ин хел гӯеду он хел. Барномаҳои иқтисодии радио шунавандаи зиёд доштанд. Шояд Азимов ҳам мухлиси барномаҳои мо буд, ки чунин баҳо додааст.

Дар он солҳо радиоро ҳама гӯш мекарданд. Дар қишлоқҳо бо садои радио мардум аз хоб мехестанд. Имрӯз чӣ? Дар ҳама масъалаҳо ҳар кас чизе мегӯяд. Ба қавле, «худаму дави аспам». Хоҳ олим бошаду хоҳ зиёӣ ё журналист, фақат имрӯзро нигоҳ мекунад. Агар дар радио бошад, меандешад, ки ҳамин рӯз барномаро чи хел, бо чӣ пур кунад. Фикр намекунад, ки набояд фақат барнома пур шавад, балки барои мардум ҳам чизе дода тавонад. Имрӯз маҷбурӣ меравӣ назди як олим барои суҳбат. Кадом олим аз пеши худаш таваҷҷуҳ мекунад!? Замони пеш олимон худашон меомаданд, ки «ман мехоҳам дар радио баромад кунам, ҳамин масъаларо гап занам». Имрӯз нест, намеоянд. Сабаб чист? Ё худи журналистон муроҷиат намекунанд, ё барои мардум бефарқ шудааст.

- Шумо матолиби зиёд доштед дар мавриди рушди корхонаҳои заргарӣ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон. Ба фикри Шумо, ин бахш то куҷо рушдкарда аст?

- Бале, ман ин соҳаро борҳо дар матбуот инъикос кардаам. Фикр мекунам, бояд ба масъалаи коркарди сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон, хоса сангҳои қиматбаҳои Бадахшон, махсусан лаъл ва зумрад таваҷҷуҳи бештар дода шавад. Чаро президенти кишвар аз лаъли Бадахшон ё санги дигари кишвар барои худ ангуштарин фармоиш намедиҳад, ки дар сафарҳо онро муаррифӣ кунад, ки ана, ифтихори миллии мо лаъли бадахшон аст, ки онро шоирони дунё васф кардаанд. Масалан, имрӯз кадом эрониеро, ки набинӣ, аз президенташ сар карда то мардуми оддияш, аз берузаи Эрон ангуштарин доранд ва бо он хеле мефахранд. Тоҷикистон ҳам берузаи аълосифат дорад. Пас чаро мо ифтихори миллӣ надорем? Дигар ин ки, чун имрӯз бӯҳрон дари хонаи ҳар як тоҷикистониро мекӯбад, чаро мо бояд тамоми қувваро ба коркарди захоири табиӣ равона насозем? Дигар бас будагист макони ашёи хом будан. Ҳоло шароите фароҳам омадааст, ки бояд сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистонро дар шакли нимтайёр барои фурӯш омода кунем. Бигузор мағозаи махсусе бошаду хориҷӣ аз ин мағоза сангро бихарад. Ин мағоза метавонад ба ӯ ҳуҷҷат пешниҳод кунад, ки сангро харидааст. Ҳам ба буҷа фоида мешаваду ҳам қочоқ аз байн меравад. Дар мисоли дигар маҳсулоти нимтайёр ҳам ин корро кардан ммукин аст, зеро то корхона месозем, ки…

- Ба баррасиву паҳн кардани адабиёти кӯдакон низ шуғл доред. Аз маҳдудияту имкониятҳои имрӯзаи адабиёти бачагона ҳарф мезадед…

- Ман аслан ба адабиёти кӯдакона вақте сарукор гирифтам, ки дар маҷаллаи «Истиқбол» кор кардам. Бисёр ноҳияҳоро гаштам ва дидам, ки сатҳи маънавиёти мардуми мо рӯ ба пастӣ оварда истодааст. Барои чӣ? Ба он хотир, ки мо аз кӯдакӣ имкон надорем сатҳи маънавиётамонро боло бубарем. Маълум ки аз телевизион мардум чизе гирифта наметавонанд, ба замми ин барқ мавсимӣ аст. Албатта дар баланд бардоштани маънавиёти кӯдакон адабиёт ва нашрияҳои кӯдакона нақши муассир бозида метавонанд, ки мутаассифона, имрӯз кам дастрасанд. Агар гӯем, ки китобхонаҳои мактабӣ китоби бадеӣ надоранд ва имрӯз рисолаташон гӯё фақат тақсими китобҳои дарсӣ аст, шояд кормандони Вазорати маориф ва илм қаҳр кунанд, аммо воқеан ҳам китобхонаҳои мактабӣ китоби бадеӣ надоранд, бачаҳои китобхон надоранд. Барои он ки шавқи китобхониро омӯзгорон дар хонандаҳо бедор намекунанд.

Чанд сол пештар шоҳиди он шудам, ки як китобхонаи мактабӣ ба ғайр аз китобҳои Марксу Ленин дигар китобе надорад. Барои ин бояд дар байни китобхонаҳои мактабӣ озмун гузаронд. Озмуне, ки воқеӣ бошад ва маълум намояд, ки кадом китобхона чи қадар китоб ва чи қадар хонанда дорад. Мутаассифона, аз ин пешниҳод ҳам метарсам, барои он ки боз дар ин ҷо ҳам озмун гуфта, китобро аз хонаҳо барои як муддат ҷамъ мекунанд ва шумораи хонандагони китобхонро бардурӯғ зиёд нишон медиҳанд. Дар мо ин одат шудааст-ку!

Боз бармегардем ба сари нашрияи кӯдакона. Бубинед, имрӯз ба нашрияҳои давлатӣ чи хел мардумро ба зӯрӣ обуна мекунанд. Худи обунаи маҷбурӣ маънои паст будани сатҳи маънавиёт аст. Охир, вақте ки дар кӯдакӣ рӯзнома намехонӣ, чун бузург шудӣ, чи хел мехонӣ? Барои рӯзномахон кардани мардум бояд на ба нашрияҳои давлатӣ мардумро ба зӯрӣ обуна кунанд, балки як нашрияи хубе бо ду забон барои кӯдакон ва наврасон таъсис дода, ба он ба зурӣ мардумро обуна кунанд. Бигузор теъдоди нашри ин рӯзнома хеле зиёд бошад.

Телевизони «Баҳористон» тамоми кӯдакони тоҷикро сароянда кард. Пас, оё намешавад рӯзномае таъсис дод, ки кӯдаки тоҷик рӯзномахон ва китобхон шавад? Чанд рӯз пеш нафаре гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳама милиса мешаванду ҳофиз. Сабаби ҳофиз шудан ҳамон аст, ки кӯдак китоб намехонад, рӯзи дароз телевизор тамошо мекунад. Саҳарӣ дар линейкаи мактабӣ мебинӣ, ки фақат шеърҳои Зафарчаву Нигинаро мемонанду кӯдакон рақс мекунанд. Чаро дар барномаи «Овози тиллоӣ»-и «Баҳористон» суруди ишқӣ мехонанд? Баъд ба фарзияковӣ медароянд, ки проблема дар чист? Проблема ҳамин аст, ки кӯдак суруди ишқӣ мехонад! Барои чӣ суруди кӯдакона намехонанд? Чаро ба онҳо вақти озмун пешниҳод намекунанд, ки «ана, ту дар бораи Ватан мехонӣ? Ба синну соли ту ҳамин мувофиқ аст». Нанговар аст, вақте кӯдак «дар оғӯши ту мемирам» мехонад!

Чаро наметавонанд дар бораи ягон китоби бадеӣ конференсияи илмӣ гузаронанд? Чаро боре намегӯянд, ки «ин ҳафта ҳафтаи Саъдӣ аст, атрофи асарҳои Саъдӣ суҳбат мекунем, ё ин ҳафта ҳафтаи «Шоҳнома» аст»? Нест ин чиз.

Ман ба як чиз ҳеҷ вақт розӣ шуда наметавонам, ки мегӯянд «барои кӯдак афсона лозим нест». Ё буданд шоиру нависандаҳое, ки як ҳикоя ё як шеъре барои кӯдакон навиштаанду худашон ҳоло маъруф нестанд. Бархе мегуфтанд, ки «мисол, аз Халифабобо Ҷумъазода як шеър ворид кардед. Чаро аз Халифабобо Ҷумъазода? Ӯро кӣ мешиносад? Гиред шеърро!». Магар рисолати адабиёт ҳамин аст? Агар адабиёт онҳоро муаррифӣ накунад, дар китоби дарсӣ ҷой надиҳанд, ки мешиносадашон? Ин хел даркор нест. Бигзор адабиёти русҳоро варақ гардонанд, ҳамаашон афсона доранд, ҳамааш нависандаву шоироне ҳастанд, ки машҳур нестанд, вале ба адабиёт ворид шудаанд. Чӣ, онҳоеро, ки нав ба арсаи адабиёт ворид шудаанд, «кӣ мешиносад!?» гуфта, дар китобҳо ҷой надиҳанд?

Ё вақте дар масъалаи обунаи маҷаллаи «Истиқбол» Нуриддин Саид мактуб карданд, ба тамоми ноҳияҳо рафтем, аммо ягон кас супориши вазирро иҷро накард. Мактуберо, ки аз вазорат, аз номи вазир рафт, раёсатҳои маориф нодида гирифтанд. Аз ин ба хулосае омадан мумкин аст, ки ҳамаи ин дар рӯи коғаз аст. Агар рӯи коғаз намебуд, имсол дар арафаи таътили зимистона дар нашрияи «Омӯзгор» чашмам ба як фармони вазир афтод, ки дар он рӯйхати китобҳоеро, ки хонандагон бояд дар таътил хонанд, нашр карда буданд. Аз чанд хонанда суол кардам, ки «рӯйхати китобҳоро ба шумо доданд?». Не гуфтанд.

Намекарданд ва намекунанд, худи омӯзгорон китоб намехонанд. Барои ин озмуни муаллими солро ҳам тағйир додан даркор аст, ё озмуне кардан лозим аст, ки кадом муаллим дар зарфи соли хониш чӣ қадар китоб бо талабаҳояш хондааст.

Агар ҳамин Латофатро ҳам  бо ташкилоти «Истиқбол» аз даст диҳем, дигар нест касе. Кӣ менависад? Ҳамин зан аст, ки имрӯз сарфи назар аз мушкилоти беҳисоб худро ба ҳар дар задаву кор карда истодааст.

- Имрӯз ҷавонони мо то куҷо имконияти васеъи омӯзишу рушд доранд?

- Дониш дар ҳар давру замон ба кор меравад, агар бештар ба он таваҷҷуҳ зоҳир кунанд. Имрӯз бачаҳое ҳастанд, ки нағз мехонанд, дар хориҷа ҳастанд, вале меоянду кор намеёбанд. Сари роҳашон баста аст, чун боз ҳам ҳастанд нафароне, ки пул додаву нахонда дипломро мегиранду соҳиби кор низ ҳамонҳо мешаванд. Яъне, мутахассисро ба суроғаи муайян равон намекунанд. Мисол, духтари ман панҷ сол дар Русия бо квотаи давлат хонд, лек як бор напурсиданд, ки ҳамон пули давлат куҷо шуд!? Омаду се сол дар ҳаминҷо кор кард. Худаш кофтаву ёфта, корашро пеш бурда истодааст, як бор напурсиданд. Нафақат духтари ман, шояд ҳазорон ҷавонон, ки бо квотаи давлат хондаанд, аз назарҳо дур мемонанд.

Ҳастанд бачаҳои зиёде дар қишлоқ, ки чиқадар орзую ҳавас доранд. Барои чӣ имрӯз фондҳои махсус ташкил намекунанд, то дар баробари бачаи худашон як бачаи оддии дигарро низ барои таҳсил фиристонанд? Вақте интихоботи парлумонӣ шуд, гуфтанд, ки аз Ҳизби наҳзати исломӣ  чанд занро пешниҳод намуданд. Хурсанд шудам, ба он хотир, ки бигузор сафи занҳои маълумотдор зиёд шавад, мақоми зан дар ҷомеа воқеан ҷойгоҳи худро ёбад. Аммо афсӯс, чун баромадашонро аз телевизион дидам, тарбуз аз бағалам афтид. Оддитарин суханро бе коғаз гуфта наметавонад. Пагоҳ чӣ хел депутат мешаваду аз духтараконе, ки хоҳиши хондан доранду падару модарашон монеъ мешаванд, аз заноне, ки ҳиҷоб монеи ба кор гирифтани онҳо мешавад, чи хел дифоъ мекунад? Гуфтам, ки о, ҳамин қадар сол вақт доштед, маблағ доштед, натавонистед, ки ин маблағро барои омӯзиши ин занон сарф кунед!? Вақте депутатшавӣ, намешавад, ки ақаллан дур нарафта, як ҳафта пеши як зани афғони депутат истиву бубинӣ, ки ӯ чи хел масъалагузорӣ мекунад, чиқадар дар бораи проблема гап мезанад, чи хел аз болои худаш кор мекунад!? Вақте ман тайёр нестам, пешбарӣ намекунам худамро ба номзадӣ. Ман медонам, ки ба чӣ қудрат дораму ба чӣ надорам. Ҳамин мақол дуруст аст, ки «ҳар кас пояшро бояд ба чени кӯрпааш дароз кунад».

- Аз ҳамкорону эҷодкорон истеъдоди киро эътироф мекунеду намуна мехонед?

- Ҳозир ҳастанд, масалан Хуршед бисёр ҷавононро дар гирдаш ҷамъ мекунад, меомӯзонад. Раҷаб ҳам ҳамин хел. Нуралӣ низ. Лек як чизи дигар аст, ки онро ман ҳеҷ вақт қабул намекунам. Ҳастанд нафароне, ки як касро зери назар ё шогирдӣ мегиранду ба ҷойи ӯ матолибро худашон тайёр мекунанд. Яъне идеяҳои худашонро ба воситаи ҳамон «ҷавонак» пиёда месозанд. Имконияте, ки бештар омӯзонанду «ин хел мавод омода соз» гуфта, роҳнамоӣ кунанд, хеле кам шудаст. Агар ҳамин чизро аз нав барқарор созанду барои воқеан журналист шудани ҳамон шогирд саъй намоянд, хуб аст. Мисол, Ҷовид Муқим ҳама вақт ҳамин хел кор мекунад. Донишҷӯро мегӯяд, ки «рав, фалон маводҳои «Ҷумҳурият»-ро пурра кӯчонида биёр». Ӯ медонад, ки дар ҳақиқат рӯзномаҳои давлатӣ ба имлову дигар паҳлуҳои забонӣ диққат медиҳанд, дар шахсӣ камтар. Бисёриҳо вақте дар нашрияи хусусӣ кор мекунанду баъд мераванд ба давлатӣ, барои онҳо хеле душвор аст. Барои ҳамин, агар хоҳӣ, аз давлатӣ хуб меомӯзӣ.

Вақте мо донишгоҳро хатм кардем, гуфтанд, ки «агар журналист шудан хоҳӣ, бояд аввал дар матбуот кор кунӣ». Холмаҳмади Мавлон ҳам ҷонибдори ҳамин ақидаанд.

- Дастоварҳои журналистон зиёд аст, ё мушкилоти мардум? То куҷо мо ҳамқадами замон ҳастем?

- Мушкилоти мардум хеле зиёд аст, дастовардҳои журналистон хеле назарногир. Гуфтам-ку, як газетаро бигирӣ, чизеро яктояш навишта бошад, ҳамон хабарро дигарон ҳам инъикос мекунанд. Ҷустори мавзуъ хеле кам аст.

Мусоҳиб Зулолаи НУР



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi