06:21:58 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ХОҲЕМ, МЕТАВОНЕМ. Андешаҳо доир ба мақолаи нависанда Адаш Истад “Модари миллат имрӯз кист?”

Ҳар як шаҳрванди дӯстдори маориф (дӯстдори маориф дӯстдори Ватан аст) бо мутолиа намудани мақолаи нависанда Адаш Истад оид ба мактабу маорифи имрӯзаи Тоҷикистон бояд ба андеша равад, зеро вазъи мактабҳои мо, дониши хонандагон, ҷаҳонбинӣ ва диди назари онҳо касро маҷбур месозад, ки қалам ба даст гирад ва андешаҳои худро барои беҳбуди таълиму тарбияи насли наврас ба миён гузорад.

Адаш_Истад.jpgПеш аз он ки доир ба ҳолати мактабу дониши хонандагон сухан ронем, каме бошад ҳам, оиди ҳаёти иҷтимоии мардум фикр рондан зарур аст.

Адаш Истад вазъи таълиму тарбияро асосан дар доираи оила дида, ба ҳолати имрӯзаи падару модарони тоҷик нигариста, ба афсӯс саркӯб шудану берун аз ҷомеа мондани мағзҳо фарзандонро ба миён гузоштааст, то ки ҷомеа, махсусан ҳукуматдорон, зиёиёни мо дар ин бора сари андеша оянд. Агар ба вазъи иқтисодии кишвар нигарем, мебинем ки 80 – 85% - и аҳолии ҷумҳурӣ дар ҳолате зист доранд, ки зиндагиашон танҳо “мехурам, ки намурам” аст (ду милион мардикор далели он мебошад), 15% ҳолати як навъ “зиндагиамро ба сомон меоварам” – ро ва танҳо 5% зиндагӣ “сер ҳастем, камбудие надорем” – ро доранд.

Аз ин рӯ, қувваи асосии корӣ – мардҳо берун аз марзи кишваранду бисёре аз онҳо барои таъмини маишати оила пуле ҳам фиристода наметавонанд ва аз ин сабаб барои он ки зинда монанду зиндагӣ кунанд занон ба кори савдои бозорӣ (савдое, ки маҳсулот аз даст ба даст гузашта, бозори риё, фиреб, дурӯғро ба миён овардааст) машғул шудаанд. Пас, агар мард – падар барои ёфтани қути лоямут дар бозори мардикорӣ (ғуломию беҳуқуқӣ) берун аз кишвару зан – модар низ худро бо бозори хариду фурӯш, кӯчарӯбию парастгории хонаи давлатмандон бошад, оё тарбияю таълими асосии волидайн меъёри тарбиявиро иҷро карда метавонад? Албатта не!

Коркунони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гаштаю баргашта бо Воситаи ахбори омма – рӯзномаҳо, ҳафтаномаҳо, радиою телевизионҳо баромад карда, беҳ шудани таълиму тарбияро ба омма расонида истодаанд, ки боиси таассуф аст, зеро агар ба дониши имрӯзаи хонандагон баҳои ҳаққонӣ диҳем, дарк мекунем, ки нисбати дониши хонандагони даврони Шӯравӣ дар сатҳи бисёр паст қарор дорем. Барои як ё ду мисол овардан кофӣ аст. Бо донишҷӯе сӯҳбат доштем, дар донишгоҳи мӯътабаре дар гурӯҳи русихонон мехондааст. Ӯ гуфт, ки имрӯз аз забони модарӣ дарс хондаанд. Пурсидам, ки мавзӯи хондаатон чӣ буд? Ҷавоб дод, ки “дар дафтарам навиштаам, дафтар дар хонааст”.

Донишҷӯи аълохоне аз факултети забон ва адабиёт нақл кард, ки бисёре аз ҳамкурсонаш на ҳафтанома мехондаанду на китоб. Гуфтам: “худат мехонӣ, агар хонда бошӣ он кадом китоб аст”, ҷавоби қаноатбахш надод.

Донишҷӯ курси бакалавро дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон бо баҳои аъло – дипломи сурх хатм кардааст. Гуфтам, ки дипломи сурх маънои дониши мукаммалро надорад. Ту ба мактаб меравӣ, муаллим мешавӣ. Хонандагон кунҷков ҳастанд, барои санҷиш саволҳо медиҳанд, оё ба саволҳо ҷавоб дода метавонӣ. – Бале гуфт. Пас гуфтам доир ба фарқи синус аз косинус, тангес аз котангесро бо мисолҳо фаҳмон. Ҷавоб ҳеҷ буд. Пурсидам, чиро математикаи фундаменталӣ мегӯянд. Ҷавоб набуд.

Акнун гӯед, ки ба ин кӣ гунаҳгор аст, чаро донишҷӯ дониши казоӣ надорад, оё аз ин гунаҳо талабагон донише гирифта метавонанд? Гунаҳгор – мактаб, муаллим, оила ва муҳити иҷтимоии мо аст. Биёед ба мактабҳо равем, бо роҳбарони мактабҳо, муаллимон, хонандагон вохӯрем ва санҷишҳо гузаронем, мебинем, ки ахбори омори Вазорати маориф ва илм дурӯғи маҳз аст. Ҳар сол дар шӯъбаи маориф аз директорони мактабҳо талаб мекунанд, ки формаи ОШ – ро биёред. Дар формаи ОШ шумораи хонандагон, аз он ҷумла духтарон чӣқадар аст, хонандагоне, ки аъло мехонанд, чӣқадар, чору панҷхонҳо чӣқадар, хубхонҳо чӣқадар, миёнахонҳо чӣқадар, духонҳову азхуднакардагон чӣқадар, барои кадом фан муаллим намерасад ва ғайра пурсида мешавад. Роҳбарони мактабҳо ин формаро пур карда месупоранд аз рӯи “Ведомостҳои ҷамъбастии баҳоҳои хонандагони синфҳо”. Натиҷаи ин талабот чӣ мешавад, пинаки касеро халалдор намекунад... Аз талабагони аълохон доир ба мавзуъҳои хондаашон аз фанҳои гуногун пурсед, ҷавоби қаноатбахш намегиред. Санҷиш гузаронед (иншо, диктант, кори хаттии математикӣ ё тестӣ) ба умум базӯр баҳои қаноатбахш мегузореду халос. Чаро интавр аст?

1. Муаллими ғамхору дилсӯзеро намебинед, бошанд ҳам, ба миқдори хеле кам (чун, ки побанди иқтисоди рӯзгоранд).

2. Муаллимоне ҳастанд, ки оид ба фанни худ ҷавобгӯй нестанд, аз пайи омӯзиш намешаванд. (муаллимаеро медонам, ки Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷандро тамом карда муаллим шуд. Мисолу масъалаҳои математикаи синфи панҷро ҳал карда наметавонист ва аз ин сабаб мактабро тарк кард).

3. Муаллимоне дарс медиҳанд, ки ғайри ихтисосианд, мавзӯъҳои барномавии таълими фанро намедонанд. Ин гуна муаллимон танҳо барои маош кор мекунанд, на барои донишдиҳию фарох намудани ҷаҳонбинии хонандагон.

4. Дар ҳар синф 25 – 30 нафар хонанда бошад танҳо ба 5 – 6 нафар баҳои мусбат гузошта метавонед, боқи ғайриқаноатбахш, чаро чунин аст? – Муаллим аз хонандагон мепурсад, ҷавоб дода наметавонанд ва муаллим барои он ки гап нашунавад, ӯро танбеҳ надиҳанд, баҳоҳоро тахмини мегузорад ва хонанда бепарво мегардад. (Агар баҳои ду монад, хонанда бояд дар синфаш монад, вале чун пешравӣ нест, боз ҳам аз синф ба синф гузаронида мешавад ва бо ҳамин ҳол ӯ донишҷӯи бесавод ҳам мегардад).

5. Воситаи алоқаи мактабу оила рӯзномаҳои хонандагон аст. Баҳои дар рӯзнома гузошташуда бо баҳои графикаи журнал мувофиқат намекунад.

6. Соатҳои синфию тарбиявӣқариб гузаронида намешавад (аз тарафи роҳбарони синфҳо).

7. 45 дақиқаи дарс ба шакли “бачахандонак яъне аз мавзӯъ берун” мегузарад дарсҳо якрангу дилгиркунанда (на завқмандӣ, на хушҳолона) шавқи хонандаро бедор намекунанд, сабаб он аст, ки муаллим ба дарс бе тайёрӣ меояд. Ҳол он ки муаллим бояд ҳамеша бо тайёрии пухта бо воситаҳои аёнӣ ба дарс ояд, ба талаба чун фарзанд, чун одам ба одами мустақил муносибат намояд, ширинсухану нарммуомила, меҳрубон, чеҳракушод бошад, ба саволҳои хонандагон ҷавоби саҳеҳу дуруст гӯяд, меҳри бачаро ба фанни таълим медодааш зиёд гардонад. Педагоги рус Ушинский гуфта буд, ки муаллиме, ки намехонад, муаллим нест. Пас, муаллимони мо чӣ гунаанд, худатон баҳо дода метавонед.

Аз муаллимон пурсед, ки Шумо чӣ чизҳоро мутолиа мекунед, ба даҳон об мегиранд. Пурсед, ки имсол бо кадом рӯзнома, ҳафтанома, маҷаллаҳо обуна шудед, номи инҳоро мегӯянд ва агар пурсед, ки чӣ гуна хабару мақолаҳоро хондаед, ба лаб кулӯх мемоланд.

8. Алоқаи мактабу оила бисёр сусту беҳаракат аст. Падару модарон ба мактаб на аз барои фаҳмидани донишу рафтори фарзандон, балки барои кори хоҷагиашон рухсат гирифтан меоянд.

Акнун худ қазоват кунед. Оё бо ин ҳолате ки зикр кардем, мактабу маориф ҷавобгӯйи замон буда метавонанд? Оё мо мағзҳоро парвариш карда метавонем, ки боиси фахри ҷомеа бошанд?

9. Муаллимонро аз аттестатсия мегузаронанд. Аттестатсия на баҳодиҳӣ ба дониш, малака ва тарзи корбурд, балки барои дараҷа гирифтан аз барои пул (маош) аст. Вақте ки муаллим намехонад, чӣ гуна аз аттестатсия гузараду ба ӯ дараҷаи як ё олӣ диҳанд.

Соли 2006 сафаре доштам ба шаҳри Масков – пойтахти Русия. Меҳмони хонае (оилае) будам. Оила ду фарзанд доштанд: яке дар синфи якум мехонду дигаре чорсола буд. Дар хонаи хонандаи синфи якум харитаи ҷаҳон овехта шудааст. Ӯ аз харита давлатҳои бо Русия ҳамсарҳадро номбар карда, чанд қитъа будани ҷаҳонро ном бурда, нишон медод. Дар ҷевон якчанд китоб буд. Аз ӯ пурсидем, ки кадоме аз онҳоро хондаӣ. Ӯ доир ба ҳар китоби хондааш маълумоти хуб медод, қаҳрамонҳои дӯстдоштаашро баён месохт. Ҳатто китоберо дидем, ки “Мӯъҷизаҳои олам” ном дошт. Ӯ он мӯъҷизаҳоро дар кадом давлат буданашонро мефаҳмонд. Фарзанди чорсола, ки ба боғча намерафт, дар хона аз бибиаш (муаллимаи ба нафақа баромада) таълим мегирифт, китоб хонда, аз афсонаҳои бибиаш гуфта нақл мекард.

Муқоиса кунед, таълиму тарбияи оилаи русро бо оилаи тоҷик. Канӣ модару бибии фарзандони мо, ки фарзандро некӯ тарбия намоянд, истеъдоди мағзҳоро парвариш намоянд. Афсӯс, ки нестанд (бошанд ҳам, тамоман кам), чунки вазъи иҷтимоӣ онҳоро мамлук сохтааст.

Адаш Истад менависад, ки бояд давлат барои соҳаи маориф маблағи бисёр сарф намояд. Ҳукумати мо ҳар сол нишондоде меорад, ки нимаи буҷаи ҷумҳурӣ ба вазъи иҷтимоӣ равона шудааст, аз он ҷумла ба маориф. Мо танҳо нишон медиҳем, ки дар ҳар ноҳия мактабҳои нави замонавӣ сохта истодаем, вале намегӯем, ки мағзҳоро парвариш додаем. Дар давронӣ Шӯравӣ мо дар мактаб хонаҳои похсагини пастак, ки ба ғайр аз мизу курсиҳои шикаставу кӯҳна, тахтаи синфу харитаю бӯру латта дигар таҷҳизоте надошт, мехондем, бо ҳам оиди дониш баҳс мекардем, чизи надонистаамонро аз омӯзгорон мепурсидем. Имрӯз чунин нест. Шӯъбаҳои маориф аз роҳбарони мактабу муаллимон фақат қоғазпуркунӣ – маълумотҳои бекораро дархост мекунанд. Қоғазбозӣ дар авҷ аст, аз ин рӯ, вазъи таълиму тарбия дигаргунӣ мехоҳад, ки онро ҳукумат ба амал орад, то соҳаи маориф ба ин сатҳи паст наистода, рушд кунад, мағзҳо рӯйи об оянд, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёти давлати мо барои пешрафти он ҳиссагузорӣ намоянд.

Баъзан муаллимони хубе ҳастанд (муаллимони дар замони Шӯравӣ таълим гирифта, ки ҳоло ҳам ба дарсдиҳӣ машғуланд), ки хонандагонро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ мекунанд. Вале хонандагон ҳавсалаи хондану дониш гирифтан надоранд, танҳо дар майнаашон  фикри пулу мол, мошин, хона ва духтарбозӣ сайр мекунад. Онҳо мегӯянд, ки ҳар сол мактабҳои олии ҷумҳуриро ҳазорҳо нафар хатм мекунанд, вале ҷойҳои кор, шароити кор намебинанду мардикорӣ мераванд. Хонда кӣ мешавам? – Мардикор. Не, аз ҳозир бояд роҳи пулёбиро ба даст орам. Фалонча нахондааст, аммо пулу мол дораду муаллиму муҳандису духтур ба даргоҳи ӯ рӯй меоранд.

Пас, чӣ бояд кард? Ҳукумат қадру қимати аҳли илмро, соҳибмаълумотҳоро бояд бардорад, то ки ба дигар қишрҳои ҷамъиятӣ сабақ шавад ва хонандагон дар талоши илмомӯзӣ бошанд.

Ҳар рӯз аз шабакаҳои телевизиону нашриётҳои ҳукуматию мустақил оид ба рафтору кирдори ҷавонон ҳарфҳо мезананду рафтори ҷавонони гумроҳро танқид ва роҳи халосиро дар хизмат ба халқу Ватан дар хониш маърифатнокии ҷавонон талқин менамоянд, вале як барномаи дурустро, ки ояндабини ҷавонон бошаду онҳо пас аз илмомӯзӣҷойи кор, шароити хуби зисту зиндагонӣ дошта бошанд, нишон намедиҳанд. Ҷавон хонд, илм омӯхт, куҷо равад, оё ҳукумат кафолати таъмини кору хонаи ӯро дорад, албатта не. Ана гуфтем ки кор пайдо кард. Оё бо ин маоши пасти муаяншуда манзили зист пайдо карда метавонад дар Душанбе? Не, чун, ки нархи як метри квадратии хона дар шаҳр дандоншикан асту дар музофот қитъаи замин надораду маҳсулоти сохтмонӣқимати баланд дорад, онро ба даст оварда наметавонад.

Дар замони Шӯравӣ агар бачае берун аз микрорайони мактаб монда бошад, ба чандин кас ҷазо медиҳанд. Имрӯз дар шаҳрҳо (дар хатсайрҳо) бачаҳо пулчинӣ мекунанду дар музофотҳо подабонӣ ё ба дигар шуғлҳо машғулу касе намепурсад, ки ин ё он бача куҷост?

Ҳукумат ташвиқ мекунад, ки ҳар сол моҳонаи коркунони буҷавӣ аз он ҷумла маориф зиёд шуда истодааст, вале ягон бор намегӯяд, ки маҳсулоти эҳтиёҷи оила дар бозорҳо, дӯконҳо чӣқадар баланд рафтааст. Вакили маҷлиси намояндагонро медонам, ки зиёда аз 5000 (панҷҳазор) сомонӣ моҳона мегирифту дар оилааш доимо ҷангҷолу хархаша ба вуҷуд меомад ва барои китоби фарзанди мактабхонаш пул намедоду мегуфт, ки бо ин моҳонаи сабил дуруст зиндагӣ карда наметавонад. Пас, муаллим бо он маоши паст чӣ тавр зиндагӣ кунад. Ӯ маҷбур аст, ки барои эҳтиёҷи рӯзгор ба корҳои дигар машғул шавад ё ба мардикорӣ равад. Муаллими забони русӣ, ки дониши хуб дошту ба хонандагон машғулиятҳоро хуб ба дараҷаи дилхоҳ мегузаронд, мактабро тарк карду ба Русия рафт. Ба ӯ гуфтам, ки баргард муаллим шав. Бо чунин шева ҷавоб дод: “Школа мне не интересна, она на мои нужды не отвечает”.

Аз ин гуфтаҳо ба чунин хулоса омадан лозим меояд:

Ҳукумат барои беҳбудии оила шароитҳоеро фароҳам оварад, ки волидайн кор кунанду ба таълиму тарбияи фарзандон сидқан машғул шаванд: яслӣ, боғчаҳои бачагонаро дар ҳама ҷо ташкил бояд дод, таълиму тарбия баъди оила дар он ҷойҳо рушд ёбанд.

Вазорати маориф ва илм барои баланд бардоштани маоши муаллимон аз Вазорати молия дархосте пешниҳод кунад, ки баландтарин маош дар кишвар ҳисоб шавад ва ба нархҳо дар бозор мувофиқ ояд ва инчунин барои муаллимон якчанд имтиёзҳоро аз тарафи давлат муқаррар гардад, ки қадри муаллим дар ҷомеа намоён гардад, он гоҳ талаби илмомӯзӣ сифатан баланд мешавад.

Аттестатсия мувофиқи меъёр на аз тарафи роҳбарони мактаб, балки аз тарафи шӯъбаи маориф дар натиҷаи санҷиши фронталӣ гузаронида шавад, то тақаллубкорӣ ва  изофанависӣ  дар меҳнат ба миён наояд.

Коркунони маорифу милитсия бикӯшанд, ки ягон бача аз мактаб берун намонад ва ба шахсони монеагузор ҷазо муқаррар гардад.

Дар шӯъбаи маориф нозирону мушовиронеро  бояд ба кор гирифт, ки дорои дониши баланду соҳаи педагогика бошад, ба муаллимон ёрии методи расонида тавонад. Ҳар сол ду маротиба мактабҳо аз санҷиши фронтиалӣ гузаранд. Санҷиш на аз барои ҷазо додан ба роҳбарони мактаб, балки барои барҳам додани камбудиҳою баланд бардоштани сифати кор гузаронида шавад.

Мактаб аз дахолати дигар шӯъбаҳои давлатӣ бояд озод бошад.

Қоғазбозӣ аз мактабҳо бардошта шавад, аз муаллим танҳо сифати кор талаб карда шавад, на пур кардани анкетаҳою маълумотномаҳо.

Дар асоси “Қонуни дар бораи масъулияти падару модар” алоқаи мактабу оила дар зери назорат бошад.

Барои ёри расонидан ба волидайн шабакаи телевизионӣ оиди тарбияи фарзанд ташкил шавад.

Чунин талабот аз маориф ҳамаи соҳаҳои дигари хоҷагиро рушд медиҳад, навигариҳои технологӣ афзуншавии сифати маҳсулот мегарданд.

Икром Азимов, Аълочии маорифи Тоҷикистон, муаллим, методист, мушовир, сокини деҳаи Рукнободи ҷамоати деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi