21:42:46 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Армуғони сафорат ба Латофат

Аз ҷониби намояндагии сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Истиқбол» Латофат Кенҷаева мошини тамғаи Toyota Land Cruiser тақдим карда шуд. Дар ҳоле зиёде аз ҳолатҳои ёрмандиҳои сафорати Амрикоро ҳадафмандона ва ба хотири ёфтани мавқеашону дигар мақсадҳо маънидод мекунанд, ҳангоми тӯҳфаи калиди мошини Toyota Land Cruiser ба сардабири маҷаллаи маҳбуби «Истиқбол» Латофат Кенҷаева намояндаи сафорат - муовини сафири Амрико дар Тоҷикистон Роберт Берҷесс хушҳолона бо забони ноби тоҷикӣ сухан гуфта, зимни табрик ёдрас шуд, ки нақши ин ташкилот бо нашру паҳни китобҳои кӯдакона барои рушди маънавиёти насли наврас хеле назаррас аст.

1_armughoni-latofat-111.jpg

Ба изҳори масъули бахши робита бо ҷомеаи сафорат Дуглас Ҷонсон, ки муовини сафирро ҳамроҳӣ мекард, ин тӯҳфа - мошини тақдимшуда барои он аст, ки дар расонидани китобҳо ба хонандагони манотиқи дурдаст мусоидат кунад. Ҳаминҷо баробари изҳори сипосгузорӣ Латофат Кенҷаева ба масъулони сафорат ҳазломез гуфт, ки «мо ҳоло мошини дигарро низ аз шумо гирифтанӣҳастем, чун корвони китобҳои мо дар оянда пурбортар хоҳад шуд». Ба гуфтаи бону Латофат, то ин замон ташкилоти «Истиқбол» 150 номгӯй китобҳои кӯдаконаро бо ҳашт забони дунё ба теъдоди 1,5 миллион нусха нашру ба хонанда пешкаш кардааст.

- Мо ҳайати «Истиқбол», ки рӯз ба рӯз шумораамон беш мешавад, талоши беҳтар кардани ҳолати адабиёту нашриёти кӯдаконаро дар кишвар дорему аз пайи тарбияи шогирдонем,- изҳор дошт Кенҷаева.

Баъд аз гузориши чандлаҳзаина назди рӯзноманигорон, Латофат Кенҷаева меҳмононро ба идораи нашрияи «Истиқбол» даъват кард. Дар идораи начандон калони нашрия, ки атрофашро рафҳои китоб оро дода буд, аллакай хон барои меҳмонон густурдаанд. Бону Латофат аз расми хуби тоҷикон, ки ҳатман меҳмонро бо нону намак пешвоз мегиранд, ёдрас шуда, барои боиштиҳоии онҳо ба самбӯсаҳои равғанину торту кӯлчақандҳои ширин ишора намуда, камтарак келинаш - Раъноро таъриф ҳам кард. Маълум шуд, ки бону Раъно бо духтари эҷодкораш Дурдона аз минтақаи шимоли кишварамон - Ғончӣ ин хӯришҳоро махсус омода карда оварда будаанд.Роберт Берҷесс баробари даст бурдан ба таом калом кушоду китобчаи нависандаи кӯдакон Наргиси Муродалиро бо номи «Моҳича ва қурбоққа» хост бубинад, ки бо ду забон - тоҷикиву англисӣ нашр шудааст. Ба изҳори Латофат Кенҷаева, тибқи лоиҳа 27 номгӯи китоб аз ҷониби ташкилоти USAID маблағгузориву чоп шудааст, ки китоби «Моҳича ва қурбоққа» яке аз онҳост. Мавсуф дар рафти сӯҳбат ба фаъолиятҳои ташкилот дахл карда, афзуд, ки «чун мо китобҳоро дар дӯконҳо намефурӯшему ба китобхонаҳо тақсим мекунем, барои ҳамин аз андоз озод ҳастем». Вале, аз ҷиҳати дигар, ба қавлаш, «агар 4 ҳазор китобхона дошта бошем, танҳо метавонем 2-тогӣ ба ҳар яке китоб диҳему халос. Ҳол он ки, ният ҳаст ақаллан ин шумора ба даҳ расонида шавад».

2_armughoni-latofat-111.jpg

Латофат Кенҷаева аз гузаронидани Рӯзи байналхалқии китоб аз 1-уми март то 2-юми апрел дар кишвар дарак дод, ки онҳо ба қавле як моҳи фурӯши озоди китоб эълон кардаанд. Инҷо ҳам шартест, ки баъдан ин китобҳо ба хазинаи интернатҳо ё мактабҳо ворид карда шаванд. Ӯҳамчунин афзуд, ният ҳаст, ки баргузидаи осори адибони худамонро нашр намоем.

Таври маълум, дар шумораҳои маҷаллаи «Истиқол» осори адибони пешин барчидаву нашр мешавад, вале боз ҳам Латофат Кенҷаева онро нокифоя хонд. Зеро, ба гуфтааш, «бубинед, солҳои аввал «Машъал» («Истиқбол»-и кунунӣ) 300 ҳазор нусха чоп мешуд. Ҳоло маҷаллаҳо аз 500 то 2000 нусха нашр мешаванд, на аз ин зиёд». Барои ҳамин, мегӯяд, ки ҳадаф пеш гузоштаанд, то шумораи китобҳоро, ки аз 5 ҳазор то 20 ҳазор нусха аст, аз 10 ҳазор нусха боло чоп намоянд.

- Пештар «Дарёи умр»-и Ҳабибулло Файзулло, «Гуфтори алифбо»-и Ашӯр Сафар ва «Кишвари одамони яхин»-и адиби молдован Аурел Чокалоро бо теъдоди 20-ҳазорнусхагӣ чоп намудем, ки дуи аввалиро фарзанди Ҳабибулло Файзулло Беҳзод Файзуллоев маблағгузорӣ карданд,- зикр намуд Кенҷаева.

Ба изҳори Латофат Кенҷаева, бахши тарҷума низ яке аз самтҳои фаъоли барномаи эҷодишон аст ва дар ин бахш адиби шинохта Салими Зарафшонфар пурмаҳсул кор мекунад. Ҳамзамон, якбора бо ду ва ё зиёда аз он забон нашри китобҳо низ фаъолияти онҳоро пурсамар гардонидаасту ин аст, ки ба изҳори муаллима, акнун афсонаҳои адибони наврасу ҷавон ва кордидаи тоҷикро дар хориҷи кишвар низ мутолиа мекунанд. Ба қавли ӯ, онҳо фурӯши китобҳояшонро дар кишварҳое чун Эрону Туркия ба роҳ мондаанд ва ният доранд ин корро дар манотиқи Амрикову Аврупо низ роҳандозӣ намоянд.

3_armughoni-latofat-111.jpg

Дурдонаи Зафар - набераи муаллима Латофат Кенҷаева адибаи ҷавонест, ки ба гуфтааш, аз 12-солагӣ ба эҷод шуғл варзида, аввалин нигоштаҳояш зери назари бибии эҷодкораш рӯйи чоп омадаанд. «Дурри дурдона» китоби аввал ва «Дарахти зиндагӣ» китоби дувуми ӯст, ки бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ барои кӯдакони 4-6-сола нашр шудаанд. Ӯ ният дорад боз ҳам шеъру афсонаҳои ҷолиб навишта, эҷодашро сайқал диҳад.

Ба гуфтаи Латофат Кенҷаева, тарбияи адибони ҷавони адабиёти кӯдакона низ яке аз ҳадафҳои аслии ташкилоташон будааст. Ӯ мегӯяд: «Бо адибони ҷавоне, ки кор кардем, маҷмӯаҳояшонро чоп намудем». Ин эҷодкори раҳнамо аз рассомоне чун Манижа Музаффарова, Парвина Зарифова, Бону Камолова, Соима Абдуллоева, Сабрина ва чанди дигар ном бурд, ки инҷо саҳнаи эҷод пайдо кардаву ҳоло расмҳояшон китобҳои зиёдеро оро медиҳад. Зикр шуд, ки бахусус расми ороишгари моҳир Соима Абдуллоева дар озмуни Япония медали тилло гирифт.

Ҳамчунин, ба гуфтаи Латофат Кенҷаева, аз ҷониби ташкилоти «Истиқбол» ҳар сол дар шаҳру навоҳии кишвар фестивалҳои китоб ва мусиқӣ гузаронида мешавад. Аз ҷумла, дар Ашту Ховалину Рашту Бадахшон. Мавсуф афзуд, ки 80 нафар бо шумули адибону олимон дар қатори Сайёд Ғаффору Анзурати Маликзоду дигарон узви раёсат ҳастанд ва барои пешравии раванди эҷод мусоидат мекунанд.

Тавре ҳамкори «Истиқбол» Мавҷуда Соҳибназарова аз як сафарашон ба минтақаи Бадахшон ёдрас мешавад, «мо дар Рушону Дарвозу Ванҷу дигар шаҳру навоҳии ин минтақа бо корвони китоб будем ва дидем, ки инҷо ба хонанда ғизоӣ маънавӣ чун боду ҳаво зарур аст. Хоса тақдими китобҳо ба интернати Рушон хеле оқилона буд».

4_armughoni-latofat-111.jpg

Яке аз адибоне, ки зодаи ноҳия буда, имрӯз навиштаҳояшро дар ҷумҳурӣ ва берун аз кишвар ҳам эътироф кардаанд, Наргиси Муродалӣ аст. Ӯ мегӯяд, ки бояд барои ҷавонҳо бештар роҳ кушода шавад.

- Маро се китобам чоп шуд. Якаш «Моҳича ва қурбоққа», ки аз рӯяш филми тасвирӣ бардошта шудааст. Аз байни ҳамон қадар китобе, ки дар дуюм даври лоиҳа чоп шуд (тахминан зиёда аз 20 китоб), фақат се китобро филми тасвирӣ карданд. Аз ҷумла як китоби маро. Чанд рӯз пеш ҳам вохӯрӣ бо онҳое буд, ки ҳамин лоиҳаро ба роҳ монда буданд, таъриф карданд, ки «нағз аст!». Маро аслан Латофат Кенҷаева пешниҳод карданд. Ба онҳо лоиҳагузорон муроҷиат кардаанду маро пешниҳод намуданд, чун дар «Истиқбол» афсонаҳояму шеърҳоям чоп мешуд. Якчанд афсонаро пешниҳод карданд, гирифтанд ҳамонҳоеро, ки писандиданд ва баъди нашр филми тасвирӣ бардоштанд. Якум китоби ман «Фарзанди аз ҳама зебо», дувум «Чашмачаи хушбахт» ва баъдӣ «Моҳича ва қурбоққа» буд, ки филми тасвирӣ шуд,- қайд кард Наргис.

Аммо то куҷо метавонанд афсонаҳои тоҷик диққатҷалбкунанда бошанд? Ба гуфтаи Наргиси Муродалӣ, дар ин ҷойи шакке несту танҳо пеш аз ҳама ба ин кор бояд таваҷҷӯҳ зоҳир шавад аз тарафи онҳое, ки ҳамин корро метавонанд карда. Охир, то ба кай кӯдакони мо «Ну, погоди!» тамошо мекунанду дигар филмҳои тасвирии хориҷиро!?

Тавре бону Наргис изҳори назар мекунад: «Мо лоиҳаро гузаштему масалан афсонаҳоеро, ки оварданд аз Қазоқистон ҳамчун намуна, вақте намояндаи Қазоқистон оварда пешниҳод кард, сужеташон, асоси мазмуну маънояшон аз афсонаҳои тоҷикӣ гирифта шудаанд. Чи хеле, ки бисёриҳо зиёд осори аҷдодиамонро соҳиб шуданду аз худ карданд, инро ҳам соҳибӣ мекунанд, агар мо ҳоло ҳам ғафлат кунему осори худро рӯйи кор наорем. Фақат дастгирӣ даркор аст. Чаро филмофарони мо, дар мисоли Бахтиёр Қаҳҳоров, афсонаҳои хурди кӯдаконаро тасвиргарӣ накунанд? Дигар ин ки, ҷавононро роҳ додан даркор аст. Ин хел нест, ки бӯғӣ кунанд! Барои онҳо роҳкушоӣ кардан лозим. Бубинед, ки аз Бадахшон чиқадар ҷавонон буданду китобчаҳои афсонаҳо менависанд. Мулоим карда гӯем, аз 7-8 китоби як нафари ба қавле маълум, як китоби ман чоп шудаасту ё аз дигаре се-чортову баъд аз як ҷавон якто. Ҷавононро роҳ додан даркор, ҳамонҳоеро, ки қалам доранд, онҳоеро, ки барои бачаҳо бисёр менависанд. Ҳамин лоиҳаро мо метавонистем дар Тоҷикистони худамон худ ташкил кунем, лек дастгирӣ ки нест, аз дигар ҷой омада, моро миннатдор мекунанд. Чун механизмаш ҳамин аст, ки аз худамон, барои худамон».

Роҷеъ ба ин мавзӯъ Абдувоҳиди Зевар - шоире, ки бештар барои наврасону ҷавонон менависаду  муҳарририи чанд нашрияи бачагонаро бар дӯш дорад, мегӯяд: «Аз соли 1991 то имсол зиёда аз 20 сол мешавад, ки ман дар нашрияҳои кӯдакона кор мекунам. Каму беш вазъияти адабиёти кӯдакона барои мо аҳамияту наздикӣ дорад. Мехостам чанд сухан дар бораи вазъи адабиёти кӯдак гӯям. Дар мо одат шудааст, ки ҳар чиро мегирем, бо даврони шӯравӣ муқоиса мекунем. Дар даврони шӯравӣ китобхонӣ зиёд буд. Китобхонаҳои мактаб буданд, ки масалан ҳар як кӯдак бояд баробари дарси барномаи мактаби миёнаро аз худ кардан китобҳои кӯдакона ҳам мехонд ва меомаду боз муаллимаш аз вай пурсуҷӯ мекард. Масалан мазмуну маънову мундариҷаашро гап мезад. Имрӯз ман худам агар маҷбур накунам, ки «бачам, як китобро хон», ҳеҷ намебинам, ки ягон муаллим маҷбур карда бошад, то фарзандам як китоби бадеӣ хондаву омада ба ман нақл кунад. Шояд таъсири солҳои мудҳиши гузашта буд, ки бачаҳои мо аз китоб хондан камтар дур монданд. Лекин, хушбахтона, имрӯз мо бо мактабҳои миёнаву шӯъбаҳои маориф сарукор дорем ва дида истодаем, ки мардум рӯ ба хондан оварда истодаанд».

5_armughoni-latofat-111.jpg

Ба гуфтаи мавсуф, «бисёриҳо ҳастанд, ки барои фарзандонашон китобҳои бисёр зебо, олиҷаноб, хушрӯй мехаранд. Китобҳои баландмазмун. Масалан, вақте мо дар мактаби миёна таҳсил мекардем, аслан китобчаҳоеро мехондем, ки бо забони тоҷикӣ тарҷума мешуданд. Имрӯз фарзандони мо якчанд забонро медонанд, англисӣ мехонанд, русӣ мехонанд. Ман фикр мекунам, ки имрӯз нисбат ба солҳои гузашта имконияти дастрасӣ ба тарҷума ё адабиёти ҷаҳон барои кӯдакони мо зиёдтар шудааст. Дар солҳои охир гарчанде давлати мо китобхонаву нашриёти кӯдакона дорад, вале набояд як чизи дигарро ҳам нодида бигирем. Баъзе ташкилотҳои ғайридавлатӣҳастанд, ки барои рушди адабиёти кӯдаконаи мо саҳми бузург доранд. Масалан ташкилоти ғайридавлатии Латофат Кенҷаева. Тахминан даҳ соли охирро агар бигирем, ман дар сатҳи китобчаҳои зебои чопкардаи Латофат Кенҷаева дигар чизеро ёд надорам. Китобчаҳои бисёр зебо, бо мазмуну мундариҷаи баланд, тарҷумаи адабиёти ҷаҳон, афсонаҳои халқҳои гуногун, ки барои кӯдакон бо ороишу веростории хуб, бо сифати баланд чоп шудаанд. Ҳарчанд нархашон камтар баландтар аст, лекин ин чиз барои рушди адабиёти кӯдаконаи мо дар ҳамин солҳои охир хеле манфиати зиёд овардааст. Аввалан, бояд диққати кӯдакро бо сурату бо ранги баланд ҷалб кард, баъд ба мазмуну мундариҷа аҳамият медиҳад ӯ. Агар як китоби фарсудатар бошад, аҳамият намедиҳад. Масалан дасти кӯдакатонро бигиреду аз растаи бозор гузаред, як чизи зеборо бинад, мегӯяд, ки «ҳамонро бихар!».

Ба изҳори адиб, як чизи дигарро бояд гуфт, ки пештар тазкираи адабиёти бачагона буд ва намунаи асарҳои шоиру нависандаҳои адабиёти кӯдаконаи мо онҷо ҷой дода мешуд. Он тазкираҳо дар китобхонаҳои мактабҳо вуҷуд доштанд ва ҳар нафаре, ки хоҳиш дошт, метавонист аз онҳо истифода барад.

- Ростӣ, ман ҳозир ёд надорам, ки дар даврони Истиқлолият тазкираи адабиёти бачагонаамон чоп шуд ё не. Агар чоп шуда бошад, беҳтар, агар не, имрӯз вақте расидааст, ки ҳамин чизҳоро бознигарӣ кунанд,- мегӯяд ӯ.

Ин андеша идомаи мантиқии гуфтаи Латофат Кенҷаева аст, ки ният дорад баргузидаи адибони муосир нашр карда шавад.

Баъдан, ба гуфтаи Абдувоҳиди Зевар, «дар даврони пештар барои кӯдак шоиру нависандаҳои бисёр доштем. Гулчеҳра Сулаймонӣ, Убайд Раҷабу аз адибони имрӯза Гулназар, Бозор Собир, Камол Насрулло, ҳатто марҳум устод Лоиқҳам, Гулрухсор, ҳама барои кӯдак як чизе менавиштанд, ки дар нашрияҳои кӯдакона чоп мешуд. Имрӯз нашрияҳои кӯдаконаи мо, масалан «Чашма» (ду замимаи дигар дорад), «Зангӯла», ҳам Офтобак, ки бо се забон чоп мешавад, фаъолият доранд. Лекин аз чӣ бошад, эҷодиёт барои кӯдакон ё кам шудааст ё барои мо дастрас нест, то пешниҳод намоем. Устод Ҷӯра Ҳошимӣ барандаи Ҷоизаи устод Рӯдакӣ шуданд дар адабиёти кӯдакона. Ин ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз дар ҷомеаи мо барои кӯдаконамон мардум хизмат мекунанд, гарчанде кам аст, ҳарчанд бо як гул баҳор намешавад. Агар имрӯз Ҷӯра Ҳошимӣ ё нависандаи кӯдакон Азизи Азиз шогирд тарбия накунанд, фардо ҳоли адабиёт ё нашрияҳои кӯдаконаи мо чи мешавад? Ба ин чиз аслан бояд ҳукумату давлат диққат диҳад. Зеро, масалан пропогандаи давлату ҳукумат аз нашрияҳои кӯдакона сар мешавад. Идеяи миллиро мо бояд аввал ба кӯдак омӯзонем. Зеро, вақте кӯдак калон шуд, дигар ӯро тарбия кардан душвор аст. Ҷомӣ мегӯяд:

Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал,

Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.

Мева аз дарахти навбар бенуқсон аст. Кӯдакро ҳам, ки аз кӯдакияш омӯзондед, як умр нақш дар санг мемонад. Ҳоло агар се-чор номгӯй нашрияи давлатӣ дошта бошем барои кӯдакон, 26-27 шахсӣ низ ҳаст. Киҳо кор мекунанд, аз куҷо пайдо шуданд, барои чӣ ташкил карданд, ягон кас намепурсад. Онҳо барои кӯдаки мо чӣ медиҳанд? Кӯдаки моро ба кадом роҳ мебаранд? Инро касе намепурсад».

Абдувоҳиди Зевар мушкили дигареро зикр кард, ки инҷо оварданашро зарур меҳисобем.

- Иттифоқи журналистон дорем, Иттифоқи нависандагон дорем. Ҳарчанд дар Иттифоқи нависандагон шуъбаи адабиёти кӯдак вуҷуд дорад, дар Иттифоқи журналистони мо шуъба ё зершуъбачаи нашрияҳои кӯдакона мавҷуд нест, гарчанде ду-се соли охир ин Иттифоқ ба нашрияҳои кӯдакона кам-кам аҳамият дода истодааст. Чизи дигар ин ки, дар донишгоҳу донишкадаҳои мо факултети журналистика зиёд шуд. Дар Донишкадаи санъат ҳам таъсис ёфт. Ин кори хайр аст, бигузор бошанд, агар метавонанд, ихтиёрашон. Лек, агар мантиқан бигирем, вақте 26-27 номгӯй нашрияҳои кӯдакона вуҷуд дорад, факултети журналистика вуҷуд дорад, барои чӣ барои нашрияҳои кӯдакона кадр тайёр намекунанд? Кам меоянд ба нашрияҳои кӯдакона. Ин мушкилест, ки имрӯз масъулин атрофаш бояд андеша кунанд. Касе, ки хоҳиш дораду меояд, метавонем ӯро ба кор ҷалб кунему ёд диҳемаш. Вале вақте хоҳиш надорад, мо аз куҷо меёбем?,- мегӯяд ӯ.

Вале боз ҳам ӯ ба оянда умеди зиёд дорад ва меафзояд: «Акнун нашрияҳои мо нисбат ба солҳои гузашта хеле фаъол гаштаву теъдоди чопашон ба 7 ҳазору 10 ҳазор расидааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бачаҳои мо мехонанд, оҳиста-оҳиста китобхонҳо зиёд шуда истодаанд. Имрӯз бачаҳо худашон меоянд, мактуб менависанд, бо почтаҳои электронӣ равон мекунанд, ба муаммоҳо ҷавоб мегӯянд. Ҳарчанд на ба он дараҷае, ки фахр кунем. Лекин, шукр, ки рӯз то рӯз беҳ шуда истодааст, робита ҳаст. Худо хоҳад, бояд зиёдтар мешавад».

Зулолаи Нур, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi