13:26:37 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 29
30 31          

Тахти Ҷамшед: Он чӣ гуна бунёд шуду чӣ тақдире бар сараш омад?

Тахти Ҷамшед - қисмати якум; 

 Тахти Ҷамшед - қисмати дуввум;

Бурҳон Салмонов, рӯзноманигор

БУНЁДИ МАҶМАА ДАР АСОТИР ВА НАВИШТАҲО

Ёдгориҳое, ки имрӯз дар Тахти Ҷамшед бо гузашти қарнҳо боқӣ мондаанд, ҳар бинандаро муттаҳайир ва шефтаву волои он месозанд. Сутунҳои барҳавои аз санги мармари сафед дар пойдеворҳои қутрашон 4-5 метра, ки бо волотарин санъати меъмории гӯё имрӯз офарида шудаанд, назаррабоӣ менамоянд. Вобаста ба нақши Ҷамшед дар бунёди Маҷмаа дар асотиру ривоятҳои қадима, ки имрӯз миёни мардум боқӣ мондаанд, ишоратҳо низ рафтааст. Ҷамшед дар таърих  аз сулолаи подшоҳони Пешдодӣ шинохта шуда, ин сулола  қабл аз Ҳахоманишиҳо дар сарзамини имрӯзаи Эрон ҳукумат кардааст.

takhti-jamshed ruzgor2013

Ин ишора дар «Авасто» ҳам рафта, ки: «Подшоҳи Пешдодӣ Ям (Ҷам) ба дурӯг гуфтан оғоз кард ва гумроҳ шуд ва сарзаминро беморӣ фаро гирифт». Дар ривояти дигар омада, ки шоҳ Ҷамшед гӯё бо сеҳру ҷоду филизро офарид ва ба кашшофӣ машғул гардид. Ҷоми Ҷамро  низ ба Ҷамшед нисбат медиҳанду  вай бо офаридани он Ҷаҳонро дар он тамошо мекард. Ҷашни Наврӯзро низ ба Ҷамшед мутааллиқ медонанд; вақте ки ӯ ба ҳайси Шоҳи Ҷаҳон ба тахт менишинад, замин эҳё шуда ва Ҷамшеди Ҳахоманишӣ ин рӯзро Наврӯз меномад.

Аз замони Ҳахоманишиҳо осори таърихӣ дар катибаҳои зиёде боқӣ мондаанд, аммо дар бораи таърихи бунёди Тахти Ҷамшед навишта?ои каме ба ёдгор мондааст. Танҳо дар  қарни даҳи милодӣ олими ҷуғрофидон Гардезӣ дар «Ҳудуд-ул –олам» аз мавҷудияти Тахти Ҷамшед, ки онро Астахр меномиданд, маълумот дода, чунин ишора намудааст: «Астахр шаҳри бузург асту қадим ва мустахари хусравон будааст. Ва андар вай биноҳо ва нақшҳо ва суратҳои қадим аст, ӯро навоҳии бисёре аст ва андар бино ҳаст, аҷиб ки онро мазгатӣ ( Маздокада)- и Сулаймон хонанд…»

Дар китоби «Таърихи бинокунӣ» (садаи ҳаштуми ҳиҷрӣ-қамарӣ) дар мавриди бунёдкориҳои Ҷамшед низ ишорае ҳаст: «Ҷамшед шаҳри Астахрро иморат кард ва саройи бузург дар вай бисохт ва сутунҳои вай мондааст ва онро чиҳил манор хонанд ва Ҷамшед дар таҳвили офтоб ба нуқтаи ҳамал дар он сарой бар тахт биншаст ва он рӯзро Наврӯз ном ниҳод».

Ду қарн қабл аз нигошта шудани «Таърихи бинокунӣ» дар асари таърихии «Аҷоибнома», бунёди  маҷмааи Тахти Ҷамшедро ба ҳазрати Сулаймон, ки ба девону париён тасаллут дошт, нисбат медиҳанд. Масалан, дар он омадааст: «Бидон, ки кори деву ҷин дурӯг набошад ва касе, ки дида бошад вилояти Форсро, тоҷгоҳи ҳазрати Сулаймон бидонанд, ки аз амали девон аст ва ҷойе, ки қасри Ҷамшед гӯянд, ҳазор сутун аст».

Ҳаким Фирдавсӣ дар Шоҳнома ҳиссаю ширкати Ҷамшедро  дар чунин ободкориҳояш хотирнишон намуда, заволашро дар гаравидан, паймон шикастан, дурӯғ гуфтан ва ба кибру ғурур ҳамнафас будан, аз дин дур шудан медонад. Ин боис мешавад, ки Аҳриман ба Ҷамшед зафар  ёфта, ҳазор сол ба мардум зулмро раво мебинад:

Майл кард он шоҳи яздоншинос,

Зи яздон бипечиду шуд носипос.

Муаррихони эронӣ ва хориҷӣ таи пажӯҳишҳои тӯлонӣ ба ин ақида расидаанд, ки асотирҳои гузаштагон дар мавриди бунёди Тахти Ҷамшед ҳуҷҷати исботӣ набуда, балки таърихи бунёди он дар катибаҳои боқимонда, ки бо хатти мехӣ ва забони эйломӣ (забони қадими паҳлавӣ) нигошта шудаанд, баён ёфтаанд.

Таърихнигорони юнонӣ, ки дар забткориҳои Искандари Мақдунӣӯро ҳамроҳӣ менамуданд, аз   хеш навиштаҳои зиёде ба рӯзгор гузошта бошанд ҳам, бештари маълумотҳою далелҳои эшон мӯҳтавои ҷуғрофӣ доранд. Эсхили номдор-нависандаи юнонӣ ба Эрон сафар карда, аз чи бошад, ки Тахти Ҷамшедро «Парспутулис», яъне «вайронкунандаи шаҳрҳо» (?) меномад. Аврупоиён то қарнҳои миёна ин вожаро вайрон талаффуз карда, Тахти Ҷамшедро «Парспулис» мегуфтанд.

Чунон ки дар боло ишора  намудем, Тахти Ҷамшед дар замони Ҳахоманишиён на танҳо як кох, балки як шаҳри бузург ва ободон буд. Ҳахоманишиён дар устувории  деворҳою сутунҳо ва биноҳои сангӣ аз филиз, оҳану сурб истифода кардаанд. Бо гузашти қарнҳо қисмате аз он деворҳо ҳанӯз боқӣ монда, ки баланди онҳо ба 18-20 метр мерасад. Тахти Ҷамшед дар маҳалли ҷуғрофие бунёд ёфтааст, ки имрӯз он мавзеъ бо номи «кӯҳи Раҳмат» ёд мешавад. Масоҳати имрӯзии он 13 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, тӯли он аз шарқ ба ғарб баробар ба 450х300 метр аст. Ҳахоманишиён ба масъалаи обрасонӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз корез истифода намуда, дар ҳудуди 6 километр лӯлаҳои  филизӣ насб карда будаанд ва тавассути ин лӯлаҳо аз « кӯҳи Раҳмат» ба Тахти Ҷамшед оби ошомиданӣҷорӣ мегаштааст.

Искандари Мақдунӣ бо тасарруфи Тахти Ҷамшед онро ғорат намуда ва дороии шаҳрро ба Македония интиқол медиҳад. Юнониҳоро шаҳрсозиҳои Ҳахоманишиён ба ваҷд меорад, онҳо дар баробари дигар ғаниматҳо сутунҳои зиёди кохи Тахти Ҷамшедро ба Юнон мекашонанд.

Аз катибаҳои дар сафолҳо боқимонда маълум мегардад, ки Тахти Ҷамшед тӯли 200 сол ба ҳайси маркази маъмурии Ҳахоманишиҳо устувор ва ободӣ доштааст. Катибаҳо боз ба он далолат мекунанд, ки шоҳони Ҳахоманишӣ ин макони муқаддасро барои таҷлили ҷашнҳои суннатии Меҳргону Наврӯз ва қабули меҳмонони хориҷӣ истифода мебурдаанд ва маҳалли иқомати хусравон аз шаҳр берун будааст.

ҚАСРИ МИЛЛАТ-ҶОЙИ ТАҶАММУИ АҚВОМ

Тарҳи кунунии Тахти Ҷамшед, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо кам тағйир хӯрдаю ва дар бунёди он олитарин дастовардҳои меъмории он замон истифода гардидааст, имрӯз ҳам ҳар бинандаро мафтун месозад. Аз катибаҳо бармеояд, ки бо ҳидояти худои ягона-Аҳурамаздо оташи муқаддас тавассути муъбадон дар ин даргоҳ ҳеҷ хомӯшие надоштааст. Хусравони Ҳахоманишӣ мутобиқи «Маншур»-и Куруши Кабир Тахти Ҷамшедро ба мақари таҷаммуи миллатҳо- қавму қабоили 30 кишвари имперотурӣ табдил дода буданд.

Ҳахоманишиҳо ба онҳо  на чун мағлубону ғуломон, балки инсонҳои комилҳуқуқ ва озодманиш муносибат  намуда, миёни хеш ва онҳо ҳеҷ тафовуте намегузоштанд. Шоҳ онҳоро дар дарвозаи вурудгоҳи марказӣ бо шукргузори аз Аҳурамаздо истиқбол мегирифт. Намояндагони миллатҳо аз 110 поғундаҳои мармарии васеъ, ки ҳар кадом 7 метрӣ паҳноӣ доранд, даст ба даст якдигар ниҳода ба дарвозаи миллат- қасри Оподоно боло мешуданд. Дарвозаи миллатҳо боз се дари васеъ дошт, ки яке бо даҳлези вурудӣ, дигаре рӯ ба қасри Оподоно ва сеюмӣ ба қасри  Садсутун ҳидоят мекард, ки имрӯз вуҷуд надоранд.

Дар катибаҳо инчунин омадааст, ки дар бунёди як қисми бештари Тахти Ҷамшед шоҳ Хашоёршоҳ саҳм гирифтааст. Масалан, дар катибае аз номи Хашоёршоҳ омадааст: «Ба хости Аҳурамаздо аз ин дарвоза, ки намояндагони ҳамаи миллатҳо мегузаранд, ман барои мардуми миллал сохтаам» Ё худ дар катибаи санги оромгоҳи шоҳ Дориюши Бузург катибаеро ҳаккокӣ намудаанд, ки ин шоҳи одил бо намояндагони қавму миллатҳои 30 кишвари марбут ба имперотурии Ҳахоманишиҳо, дар Тахти Ҷамшед, мулоқол ороста, масоили миллию нажодиро ҳаллу фасл мекардааст.

Ба ин кишварҳо сарзамини Форс, шаҳри Рай то рӯди Даҷла, Хузистон, Хуросону Гургон, Ҳирот, Балх, Суғд, Самарқанду Бухоро, Хоразм, Сиистон, Балуҷистону Покистон, Панҷоб, Ғазнӣ, Ҳинди Шимолӣ, минтақаи сакҳо дар Осиёи Миёна, Юнон, Македония, Либия, Миср, Ҳабашистон, Арманистон ва як қисми кишварҳои Аврупо шомил буданд.

Муаррихон ба ин назаранд, ки то ба ҳол дар ҳеҷ нуқоти олами куҳан чунин кохе барои таҷаммуи миллатҳо, ба мисли Тахти Ҷамшед пайдо нашуда ва эъмор ҳам нагардидааст. Бо вуҷуде, ки ҳукумати имперотурии Ҳахоманишиҳо аз байн рафт, ҳатто дар замони Сосониён ва баъдан дар айёми хилофати Уммавиён ва Аббосиён ҳам Тахти Ҷамшед нақши муттаҳидсозии миллатҳоро иҷро менамуд ва идома медод.

Бояд хотирнишон намуд, ки дар паҳлуи кохи Тахти Ҷамшед мақбараҳои бузургворону машоих ҷойгузин будааст. Аз ин ҳаффориҳо дарак додаанд. Васияти онҳо дар сафол ҳаккокӣ шуда, яке аз ин бузургворон чунин васият кардааст:

«Ҳар ки дар ин сарой дарояд, нонаш диҳед ва аз имонаш напурсед…». Ин дӯстдории инсон аз  «Маншур»-и Куруши Кабир манша гирифтааст. Дар воқеъ, Куруши Кабир инсонҳоро ба дину оин  ҷудо намесохт.

(идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi