13:55:13 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БУРҲОНИДДИН РАББОНӢ ВА МУЗОКИРОТИ СУЛҲИ ТОҶИКИСТОН

Бурҳониддини Раббонӣ, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон, аз поягузорони сулҳи Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

/images/stories/2012/09/26_burhonuddin-rabboni-260912.jpgИн нуктаро Эркин Раҳматуллоев, мушовири раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури равобити байналмилалӣ, шоми душанбеи 24 сентябр, дар маросими солгарди террори Бурҳониддини Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон дар сафорати ин кишвар дар Душанбе баён кард.ай гуфт: "Маҳз Устод Раббонӣ хишти аввалро дар бинои сулҳи Тоҷикистон гузоштааст."

Оқои Раҳматуллоев афзуд: "Дар 17 майи соли 1995 ба ибтикори Устод Раббонӣ дар шаҳри Кобули ҷангзада дидори нахусти Эмомалӣ Раҳмон бо Саид Абдулло Нурӣ, раҳбари мухолифон, баргузор шуд ва ин ду нафар ба ҳам дасти дӯстӣ дароз карданд."

Эркин Раҳматуллоев, ки ба ҳайси узви ҳайъати давлати Тоҷикистон дар ин мулоқоти таърихӣ ширкат дошт, аз қавли Бурҳониддин Раббонӣ гуфт: "Акнун, ки даст додаю салом карданд, иншооллоҳ, ба Тоҷикистон сулҳ ҳам меояд."

Ба гуфтаи оқои Раҳматуллоев, Президент Раҳмон ва Саид Абдулло Нурӣ дар муддати се соъат дар толори Арки шаҳри Кобул бо ҳам танҳо ба танҳо суҳбат кардаанд. Дар поёни ин дидор оқои Раҳмон ба оқои Раббонӣ гуфтааст: "Бо мадади Худованд ва кумаки Шумо ба Тоҷикистон сулҳ хоҳад омад."

Барои аввалин бор раҳбарони ду ҷиноҳи мухолифи Тоҷикистон дар шаҳри Кобул ба ҳам даст додаанд, ки ин амр роҳро барои идомаи муваффақи музокироти сулҳ ва дар ниҳоят, имзои Мувофиқатномаи сулҳи тоҷикон дар шаҳри Маскав дар моҳи июни соли 1997 боз кардааст.

Музокироти Хусдеҳ

Музокироти сулҳи тоҷикон замоне идома дошт, ки ҷунбиши Толибон бахши аъзаме аз Афғонистонро ба тасарруфи худ дароварда буд ва нерӯҳои эътилофи шимол ба раҳбарии Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд ба дараи Панҷшер ақабнишинӣ карда буданд.

Бисёре аз соҳибназарон мегӯянд, ки Раббонӣ ва Масъуд чораи дигаре ҷуз водоштани раҳбарони гурӯҳҳои даргири Тоҷикистон ба мусолиҳа надоштанд, чун дар тангно қарор гирифта буданд.

Эътилофи шимол ба раҳбарии Масъуд ва Раббонӣ ночор буд аз Русия кумаки низомӣ дархост кунад, вале иҷрои ин амр бидуни водоштани нерӯҳои мухолифи давлати Тоҷикистон ба мусолиҳа бо давлате, ки мухолифон онро дастнишондаи Маскав медонистанд, ғайримумкин буд.

Маҳмадалӣ Ҳайит, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва аз чеҳраҳои саршиноси Иттиҳоди мухолифони пешин, аз ҷумлаи касоне буд, ки дар музокироти сулҳ дар Хусдеҳ, дар шимоли Афғонистон, дар соли 1995 ширкат дошт.

Вай ба нақши бузурги Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд, фармондеҳи маъруфи муҷоҳидини Афғонистон, дар дастёбӣ ба сулҳ дар Тоҷикистон ва "бозгашти сарбаландонаи мухолифон аз Афғонистон ба ватан" таъкид мекунад.

Оқои Ҳайит гуфт: "Дар музокироти Хусдеҳи Афғонистон ширкат доштам. Устод Раббонӣ моро водор ба сулҳ кард. Ӯ мегуфт, нагузоред Тоҷикистон ба Афғонистон мубаддал шавад."

Зимнан, муаррихони таърихи навини Тоҷикистон музокироти ҳайъатҳои давлати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифони пешин дар Хусдеҳи Афғонистон дар соли 1995-ро чархише муҳим ва сарнавиштсоз дар музокиорти сулҳи тоҷикон арзёбӣ кардаанд.

Таъсиси кумисиюни муштарак ба раҳбарии Давлати Усмон, раиси Ситоди нерӯҳои мухолифон ва Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, барои ҳалли масоили мавриди баҳси тарафҳо аз натоиҷи муҳимми музокироти Хусдеҳ маҳсуб мешавад.

Гуфта мешавад, маҳз имзои мувофиқатномаи оташбас ва таъсиси кумисиюни муштарак дар Хусдеҳ ба рафъи адами эътимоди тарафҳо мусоъидат карда ва заминаро барои якҷошавии нерӯҳои давлату мухолифон фароҳам сохтааст.

Ба гуфтаи Эркин Раҳматуллоев, мушовири раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури равобити байналмилалӣ: "Бо мусоъидат ва талошҳои пайгиронаи Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд, ин абармарди Афғонистон, сулҳи тоҷикон дар Хусдеҳ поягузорӣ шуд ва ҷиҳоду муқовимат маънии дигар гирифта, ба ҷиҳоду муқовимати созандагӣ мубаддал шуд."

"Муборизи нокоми сулҳи Афғонистон"

Ба эътиқоди дуктур Қосимшоҳ Искандаров, коршиноси масоили Афғонистон, ҳарчанд Бурҳониддин Раббонӣ ба унвони яке аз поягузорони сулҳи Тоҷикистон эътироф шудааст, аммо ӯ дарвоқеъ натавонистааст чунин кореро дар кишвари худ анҷом диҳад.

Вай гуфт: "Устод Раббонӣ ба ҳайси раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон барои ба ҳам овардани гурӯҳҳои мухталифи Афғонистон бо намонядагони ҷунбиши Толибону Гулбиддин Ҳикматёр музокира кард. Ҳарчанд медонист, ки музокира бо онҳо душвор ва ҳатто номумкин аст. Билохира, аз дасти қотиле, ки худро қосиди сулҳ муъаррифӣ карда буд, кушта шуд."

Оқои Искандаров Бурҳониддин Раббониро шабеҳи пули иртиботӣ миёни ақвом, аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон хонд, ки дар бештари қисматҳои ин кишвар маҳбубият дошт.

Ин дар ҳолест, ки бештари таҳлилгарон муътақиданд, ки оқои Раббонӣ ба далели тоҷик буданаш дар миёни қабоили паштӯ дар Афғонистон чандон маҳбубияте надошта, чун гурӯҳҳои паштӯ фикр мекунанд, ки қудрати сиёсӣ дар Афғонистон бояд ҳамеша дар дасти паштузабонҳо бошад.

Аммо Дуктур Искандаров гуфт: "Пас аз ба шаҳодат расидан ҷанозаи Раббонӣ ғоибона дар ҳамаи қисматҳои Афғонистон хонда шуд. Ин шаҳодат аз бузургии ӯ, эҳтироми ӯст. Касоне ӯро шаҳид карданд, ки ба истиқрори сулҳ дар Афғонистон манфиъатдор нестанд."

Мунтақид ва қурбонии ҳамалоти интиҳорӣ 

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, оқои Раббонӣ аз мухолифони сарсахти ҳамалоти интиҳорӣ дар кишварҳои исломӣ буда ва дар ҳамоиши "Бедории исломӣ" дар Теҳрон пешниҳод кард, "то олимони ислом ҷамъ шуда, сари ин падидаи номатлуб фикр кунанд. Зеро мусалмонон, мардуми бегуноҳ аз дасти интиҳориҳо кушта мешаванд. Аммо худаш аз ҳамлаи интиҳорӣ кушта шуд."

Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, низ аз қавли Бурҳониддин Раббонӣ гуфт, ҳамалоти интиҳорӣ ба эътибори ислом дар ҷаҳон латма мезанад: "Ҷиҳод дифоъ аз ҳувияти таърихӣ ва фарҳангии як кишвар аст ва муҷоҳид онест, ки аз тамаддуни башарӣ ва сулҳ дифоъ мекунад."

Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, гуфт, ки муборизоти оқои Раббонӣ ба хотири сулҳи Афғонистон душманонро водор кард, ки "ӯро монеъ дар роҳи расидан ба аҳдофи худ дониста ва ҷуз террори физикӣ роҳе барои худ набинанд."

Аз сӯйи дигар, оқои Шеърдӯст аз хидматҳои Бурҳониддин Раббонӣ дар таҳкими дӯстӣ миёни кишварҳои форсизабон ситоиш кард ва гуфт: "Ёд дорам, дар Тоҷикистон, дар ҳузури руасои ҷумҳурии Эрону Тоҷикистон Устод Раббонӣ ба унвони ришсафед ва бузурги форсизабонҳо нахуст калом оғоз кард ва дар ин ҷаласа, ки дӯстии се кишвар бунёдгузорӣ шуд, аз самароти ин дӯстӣ сухан кард."

"Мардони таърихсоз"

Дар ҳамин ҳол, Адолати Мирзо, сардабири нашрияи "Миллат" хабар дод, ки дар Тоҷикистон китобе бо номи "Мардони таърихсоз" мунташир шудааст, ки аз маҷмӯъи мақолаҳо дар бораи оқои Рабонӣ ва пайравони ӯ, Аҳмадшоҳ Масъуд ва Атомуҳаммади Нур мураккаб аст.

Хонуми Мирзо нашри китобро нишонае аз муҳаббат ба Бурҳониддин Раббонӣ ва зинда будани номи ӯ дар Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ, дар минтақаи Осиёи Марказӣ, арзёбӣ кард.

Дар ҳоле ки Бурҳониддин Раббонӣ монанди Аҳмадшоҳи Масъуд аз маҳбубияти густардае дар Тоҷикистон бархурдор аст, аммо дар Афғонистон баҳсҳое дар мавриди ҷойгоҳи ӯ дар арсаи сиёсии ин кишвари ҷангзада идома дорад.

Аз ҷумла гузоришҳои расида аз Кобул ҳокист, ки даҳҳо донишҷӯйи Донишгоҳи таълим ва тарбияи Кобул нисбат ба тағйири номи ин муассиса ба "Донишгоҳи пруфесур Бурҳониддин Раббонӣ" эътироз кардаанд. Онҳо дар эътисоби чандрӯзаи худ таъкид кардаанд, ки то замоне ки номи Бурҳониддин Раббонӣ аз ин донишгоҳ бардошта нашавад, ба дарс ҳозир нахоҳанд шуд.

Аммо Азим Нурбахш, сухангӯйи Вазорати таҳсилоти олии Афғонистон, ба Би-би-сии Форсӣ гуфтааст, ки тасмими номгузории ин донишгоҳ бо дастури Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳур, гирифта шуда ва давлат аз мавзеъи худ кӯтоҳ нахоҳад омад.

Иддае аз донишҷӯёни тарафдори номи Раббонӣ низ аз тасмими давлат истиқбол карда ва гуфтаанд, ки ӯ тамоми умрашро барои наҷоти Афғонистон аз ишғоли Шӯравӣ сарф карда ва шоиста аст ин донишгоҳ ба номи ӯ мусаммо шавад. Ин донишгоҳ ҳудуди 6000 донишҷӯ дорад.

Бурҳониддин Раббонӣ дар даҳаи 1990 пас аз суқути ҳукумати кумунистии Муҳаммад Наҷибуллоҳ раиси давлати муҷоҳидин шуд. Аммо ин двлат натавонист тамомии гурӯҳҳои ҷиҳодиро бар сари тақсими қудрат розӣ кунад. Саранҷом Афғонистон ба ҷанги дохилӣ кашида ва бахшҳое аз Кобул, пойтахт, дар он замон вайрон шуд.

Би-Би-Си

 



Шарҳҳо   

 
0 #1 dehkon 26.09.2012 12:41
salom . agar az sulhi tjk suhbat mekuned pas charo yaktarafa kazovat mekuned. hamin xel ki nakshi rabboniro bayon karded nakshi ustod nuriro niz bayon kuned. hamesha dar televizor kazovat yak tarafa ast. charo. fagat korhoi janobi oliro reklama mekuned va puster mezaned ki man baroi shumo sulh ovardam? sulh du tarafa ast agar ustod nuri imzo namekard sulh meshud? pas insof doshta boshed va hagigatro gued.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi