15:19:59 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БРЕЖНЕВ АЗ ТАЪСИРИ ДОРУИ ХОБ МУРДА БУД

АиФ

"Брежнев аз ҳад зиёд доруи хоб мехӯрд ва аз ҳамин сабаб суханҳояш нобурро буданд. Барои вай датчики электронӣ сохтанд: онро дар минбар мегузоштанд ва вақте ки суханрониаш суст мешуд, чароғаки сурх фурӯзон мегашт. Илич мефаҳмид -тезтар гап задан лозим", -нақл кард ба "АиФ" духтури шахсии дабири кулл Михаил Косарев.

Амалиёти "Нина"

/images/stories/2011/12/17_brejnev_1712.jpg-Ман корро бо ҳамсари Брежнев-Виктория Петровна шурӯъ кардам,-нақл менамояд Михаил Титович. -Вай бемории сахти диабети қанд дошт, лекин касалӣ характери ӯро вайрон накард -вай бо таҳаммул ва самимӣ буд. Баъдтар ман аллакай Брежнев ва тамоми аҳли оилаи ӯро ҳам дар ҷунаб ва ҳам дар хориҷа ҳамроҳӣ мекардам. Ҳамон вақт ман аз Чазов хоҳиш кардам: "Дар атрофи Брежнев духтурони зиёди беҳуда чарх мезананд, ки мақсадашон ба даст овардани ягон имтиёз аст. Хуб мешуд агар персонали тиббиро ихтисор мекардем. Агар лозим шавад, ӯро ба назди мутахассисҳо мебарем".

Чазов розӣ шуд. Леонид Иличро гоҳ ба назди стомотолог мебурдему гоҳ назди духтури лор. Брежнев хасис набуд: ҳатман ба духтаракони духтур, ҳамшираҳои тиббӣ конфет, атр ва ё ягон рӯймолчае тӯҳфа мекард.

Вақте ки ман бо ӯ ба кор шурӯъ кардам, Брежнев аллакай фарсуда буд -соли 1976 вай ба 70 даромад. Лекин ӯро синну сол фарсуда накард, балки вай аз ҳад зиёд доруи хоб истеъмол мекард. Ба вай мегуфтанд: "Шуморо истироҳати бештар лозим аст. Рӯзона ҳам як соат-ним соат хоб кунед". Вай, ки хобаш намебурд, доруи хоб мехӯрд. Лозим меомад ба вай валерианка диҳему гӯем, ки ин доруи хоб аст. Вай шумораи зиёди онҳоро фурӯ мебурд. Вале бе доруи ҳақиқии хоб на ҳама вақт хобаш мебурд.

Аз ҳар касе, ки вомехӯрд, мепурсид: "Шумо чӣ хел дору мехӯред". Баъзан пинҳонӣ аз ман ба Черненко муроҷиат мекард: "Костя, камтар аз доруҳоят деҳ". Лозим мешуд огоҳ кунем: "Рафиқон, ба Леонид Илич ҳеҷ чиз надиҳед". Вай ба Андропов ҳам муроҷиат мекард: "Юрий Владимирович, барои ман ҳаб (таблетка) фармоед. Духтур хеле кам медиҳад". Юрий Владимирович дар ин бора ба Чазов хабар медод. Ва мо ба ширкати швейтсарӣ доруи қалбакии дарунаш холӣ фармоиш додем. Брежнев онҳоро истеъмол кард ва қаноатманд буд, ки Андропов ғами ӯро мехӯрад.

Баъзан чунин ҳам мешуд: аз пагоҳӣ медидам, ки рафтору гуфтори ӯ бад буд, маълум, ки ягон доруе истеъмол кардааст. Ба ӯ мегӯям: "Леонид Илич, бас, ман меравам!". Ба ягон ҷое меравам, дар ҳуҷрае пинҳон мешавам. Ҳама даву тоз мекунанд, мекобанд, Брежнев талаб мекунад: "Доктор куҷост? Ӯро пайдо кунед. Бигзор паси миз шинад, вагарна хӯрок намехӯрам".

Боре аз даҳонам баромад: "Леонид Илич, шумо ҳама вақт хоб рафтан мехоҳед. Дар он дунё аз хоб сер мешавед". Брежнев як қад парид ва ба занаш шикоят кард: "Виктория, мешунавӣ, доктор маро ба он дунё равон мекунад!". Вай бисёр вақт аз тарзи роҳгардияш шикоят мекард. Намефаҳмид, ки ноустувории ҳаракаташро сабаб маҳз ҳамин доруҳост. Мушакҳои мимикиаш ҳам ба проблемаҳо мувоҷеҳ гаштанд. Боре ба бӯстонсаройи ҳукуматӣ рафтам, ҳамроҳи Брежнев ва муҳофизонаш сӯи ҳавзи шиноварӣ равон шудем.

Лаҳзаҳое мешуданд, ки аз ҳад зиёд доруи хоб мехӯрд, лекин боз оббозӣ мекард. Дар он вақт муҳофизон ҳар як қадами ӯро назорат мекарданд. Бо вуҷуди ин боре вай ғарқ шуд, ҳиқ-ҳиқ кард ва бачаҳо худро ба об партофтанду аз ҳавз берунаш карданд. Дар баҳри Сиёҳ бошад, оби шӯр ӯро нигоҳ медошт ва вай метавонист яку ним-ду соат оббозӣ кунад. Муҳофизин ях мекарданд, иваз мешуданд, вале вай ҳамоно оббозӣ мекард.

Брежнев аз истеъмоли дору даст накашид. Ҳатто ба ман ва Чазов барои кам будани онҳо таҳдиди аз кор рондан менамуд. Лекин Виктория Петровна маро дастгирӣ мекард. Ба фикрам вай аз ман барои халос карданам аз ҳамшираи тиббие, ки сари Леонид Иличро гаранг карда буд, миннатдор шудааст. Як ҳамшираи тиббӣ буд- Нина. Ба боварии Брежнев даромад ва мехост ба ҷойи тамоми духтурҳо худаш бошад: ба ҷойи терапевтҳо, маҳсгарон ва ҳатто дандонҳои ӯро худаш медид, ба ҷараёни табобат сахт халал мерасонд. Нина манфиатҳои худро дошт: вақте ки Леонид Иличро нигоҳубин мекард, шавҳарашро аз майор то ба генералӣ расонид, квартираи хуб гирифт.

Брежнев, албатта, ба зан майлу рағбати зиёд дошт -ба ҳар ҳол мардак буд охир! Занаш бемор аст, дил бошад зани ҷавонтарро мехоҳад. Дар оқибат кумитаи амнияти давлатиро лозим  омад, ки барои аз ин Нина халос шудан нақша кашад. Лекин проблемаро ману Чазов ҳал кардем -ба назди Брежнев омадем, нишастем, сӯҳбат кардем ва гуфтем, ки вай ба ӯ доруҳои барои саломатӣ зарарнокро медиҳад. Вай муддати дароз розӣ нашуд, лекин мо ӯро бовар кунондем. Барояш хеле душвор буд, лекин аз Нина ҷудо шуд.

Замоне Леонид Илич бо маслиҳати мо ҷиддан ба табобати дандонҳояш машғул шуд. Мо ӯро фиреб кардем -барои мо лозим буд, ки ӯ сигареткаширо партояд. Вай мисли паровоз сигарет мекашид! Мо гуфтем: "Леонид Илич, сигареткаширо бас кунед, сигарет ба дандон таъсири бад дорад". Ва ӯ сигареткаширо партофт. Лекин баъди ин ба мову муҳофизонаш мегуфт: "Барои ман сигарет кашед!". Ва мо дар пеши ӯ сигарет дуд медодем. Мо аз сигареткашии ӯ халос шудем, вале вай якбора ба арақ дода шуд.

Дар оилааш носозӣ ба вуҷуд омад -наберааш аз шавҳараш ҷудо шуд. Леонид Илич аз ин бисёр ғамгин гардид. Дар хотир дорам, вақте ки мо аз намоиши 1-уми Май омадем, вай қариб, ки мегирист. Сардори муҳофизон пешниҳод кард: "Леонид Илич, чӣ ғам мехӯред? Ҳангоми хӯроки чошт садтогӣ мезанем, ҳамааш мегузарад". Вай нӯшид. Баъдтар фаҳмид, ки якҷояшавии дорую нӯшокии спиртӣ таъсирро пурзӯр мекунад. Ман ҳамон вақт бо сардори муҳофизон ҷанг кардам: "Чаро шумо ин корро кардед?" Аз ҳамон вақт ба мо лозим меомад, ки ба арақ об ҳамроҳ кунем.

"Шунидан намехоҳам!"

Аз тибби ғайрианъанавӣ Брежнев сӯзантерапеяро афзалтар медонист. Дар Маскав мо муғулеро пайдо кардем, ки дар Тибет будааст. Вай ба Брежнев сӯзан мемонд. Брежнев ба намуди зоҳирии худ эътибор медод. Парҳез мекард. Боре ба Чазов гуфт: "Женя, аз чӣ сабаб бошад, ки мӯйҳои сарам рехта истодаанд. Чанд духтурро барои маслиҳат ҷамъ кун". Евгений Иванович консилиум даъват кард. Брежнев ба назди онҳо даромад. Дид, ки аз профессорҳои дар консилиум ҷамъомада 12 нафарашон мӯйи сар надоранд. Вай дар ғазаб шуд: "Женя, ту киҳоро назди ман овардӣ? Онҳо ба ман чӣ гуфта метавонанд? Бубахшед академикҳо, ман шуморо шунидан намехоҳам". Ва рафт.

Соли 1982 овозаҳо паҳн шуданд, ки Брежнев чанд марги клиникиро аз сар гузаронидааст. Чунин набуд! Баъди он, ки ду соат дар баҳри Сиёҳ оббозӣ кард, ба бемории сахти варами шуш дучор шуд. Табобат карданд. Моҳи марти соли 1982, вақте ки Ӯзбакистонро бори навбатӣ барои барзиёд иҷро кардани нақшаи пахтачинӣ мукофотониданд, мо ба Тошканд рафтем. Вақти ташриф ба корхонаи авиатсионӣ муҳофизон ба саҳлангорӣ роҳ доданд. Одамон баробари дидани Леонид Илич ба сӯи пояи чӯбине ҳаракат карданд, ки болояш ҳавопаймо меистод.

Чӯбҳои поя ба афтодан шурӯъ карданд. Ҳеҷ кас зарар надид, вале устухони охураки Леонид Илич шикаст. Вай бо ҷароҳат дар маҷлис суханронӣ кард ва ҷоизаро ба ҷумҳурӣ супорид. Вақте ки ба Маскав баргаштем, ӯро дар шифохона бистарӣ кардем. Дар байни мардум овоза паҳн шуд, ки "Брежнев мурдааст, ӯро дар яхдон нигоҳ медоранд ва пеш аз Пасха эълон мекунанд, ки дабири кулл мурдааст". Мо ҳамон вақт ба ӯ гуфтем: "Леонид Илич, назди мардум баромадан лозим, то шуморо бинанд. Ақаллан ба тамошои бозии хоккей равед, аз телевизион шуморо нишон медиҳанд". Вай хесту рафт.

Ҳеҷ чиз аз бадбахтӣ хабар намедод. Фишори хуни Брежнев мӯътадил буд. ЭКГ-ро ҳам тафтиш кардем, саратон ҳам надошт. Вай метавонист солҳои дароз зиндагӣ кунад. Лекин баъди шикор, 9-уми ноябр, мо ӯро ба бӯстонсарой бурдем. Пагоҳӣ моро таъҷилӣ аз тариқи ратсия даъват карданд: "Зуд биёед!" Ман ҳама вақт то аз хоб хестани Леонид Илич меомадам. Соати 8.30 мо бо муҳофизин ба бедоркунии ӯ мерафтем.

Чӣ хеле ки ҳамон рӯз онҳо бе ман рафтаанд. Маълум шуд, ки Виктория Петровна соати 8-и пагоҳ барои гирифтани уколи инсулин бедор шуда будааст. Соати 8.30 аллакай вай сари мизи наҳорӣ нишастааст. Муҳофизон барои бедор кардани Брежнев рафтаанд. Вале вай дар кат нафас набароварда хоб мекард. Рӯи болин хунолуд буд. Кӯшиш намуданд, то ӯро реаниматсия кунанд. Лекин дер шуда буд. Аз кор мондани дил дар натиҷаи заъфи дилу рагҳои хунгард. Вай давоми ҳамон ним соате, ки ҳамроҳаш ягон кас набуд, ҷон додааст.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi