10:19:42 01-уми Июли 2025 сол

ҚАҲҲОР МАҲКАМОВ: КГБ ВА ҲАВОДИСИ БАҲМАНМОҲ

Қаҳҳор Маҳкамов, раиси ҷумҳурии собиқи Тоҷикистон, мӯътақид аст, ки бархе аз мақомҳои амниятии Шӯравӣ дар ҳаводиси моҳи феврали соли 1990 дар Душанбе, ки бештар бо номи "Баҳманмоҳи хунин" маъруф аст, ҳамдаст буданд. Нахустин президенти Тоҷикистон, ки тайи ду даҳаи ахирзиндагии сокиту оромонаеро интихоб карда ва маъмулан аз сӯҳбат бо хабарнигорон имтиноъ меҷӯяд, рӯзи чаҳоршанбеи 9 феврал ҳозир шуд бархе аз назароташро бо Би-би-сӣ дар миён гузорад.

 

qahhar_mahkamov 2Бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон, ки ислоҳи он дар соли 1999 ба эҷоди порлумони думаҷлиса дар ин кишвар поя гузошт, Қаҳҳор Маҳкамов ҳоло ба таври модомулъумр узви Маҷли Миллӣ аст. Оқои Маҳкамов, ки дар замони вуқӯъи ҳаводиси моҳи феврали соли 1990 ба ҷуз раёсати ҷумҳурӣ ҳамзамон муншии аввали Кумитаи марказии ҳизби куммунисти вақти Тоҷикистон буд, гуфт, ки ин ҳаводис аз сӯйи гурӯҳе қудратталаб созмон дода шуда буд, ки Маскав аз он ҳимоят мекард. Вай гуфт, ки КГБ (кумитаи амнияти давлати) "аз ин ҳодисаҳо ғофил монд", ҳарчанд баъдан маълум шуд, ки бархе аз мақомоти ин кумита "ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Маскав аз сӯйи ин гурӯҳ харида шуда буданд." Дар ниҳоят, гурӯҳи ба гуфтаи ӯ, "вазифахоҳ" баъд аз якуним сол ба қудрат расид, вале "онҳо натавонистанд ҳукуматро ҳифз кунанд."

 

Қаҳҳор Маҳкамов гуфт, ки ҳоло бештари ин афрод фавт кардаанд ва ба ин далел, намехоҳад мушаххасан аз онҳо ном бубарад. Аммо вай афзуд: "Инҳо ба сари миллати тоҷик мусибат оварданд, вале дар ин ҳодиса мардуми тоҷик гунаҳгор нест." Дар посух ба ин суол, ки оё ҳеҷ нафаре аз он "гурӯҳи вазифаталаб" дар давлати феълӣ ҳастанд ё хайр, оқои Маҳкамов гуфт, ки "ба фикрам, нестанд."

 

Муҳоҷирони арманӢ дар Душанбе

Аз 12 то 14 феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе ҳазорон нафар аз сокинон пас аз шунидани сару садоҳое дар бораи интиқоли гурӯҳе аз арманиҳои осебдида аз зилзилаи Спитак ба Тоҷикистон ва додани манзил ба онҳо гирдиҳамоии эътирозӣ баргузор карданд. Мӯътаризон зоҳиран аз он норозӣ буданд, ки теъдоди зиёде аз сокинони шаҳри Душанбе дар он замон манзил надоштанд ва барои гирифтани манзил солҳо навбат мепойиданд, вале давлат ба ин осонӣ ба гурӯҳе аз арманиҳои муҳоҷир дар Тоҷикистон манзил додааст.

 

Дар ин ҳодисаи хушунатомез 25 нафар дар асари шиллики гулула аз сӯйи маъмурони пулис дар назди дафтари раиси ҷумҳури вақт ҷони худро аз даст дода ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд. Бархе аз таърихшиносон мӯътақиданд, ки ҳаводиси маъруф ба "Баҳманмоҳи хунин" дар моҳи феврали соли 1990 оғози тазоҳуротҳо ва норизоятиҳои густардае буд, ки баъдан ба истеъфои оқои Маҳкамов ва ҳамин тур, ба як ҷанги дохили панҷсола дар Тоҷикистон мунҷар шуд.

 

Қаҳҳор Маҳкамов эътироф мекунад, ки воқеъан дар он шабу рӯз чанд хонаводаи арманитабор дар пайи вуқӯъи зилзилаи маргбори Спитак дар Арманистон ва хароб шудани манозилашон "ба назди пайвандони худ" ба Душанбе омада буданд. Ӯ мегӯяд, ки арманиёни муҳоҷир аз давлат ҳеч гуна манзил нагирифта буданд, вале гурӯҳе, ки оқои Маҳкамов "вазифахоҳ" мехонад, сару садоҳоеро дар ҷомеъа паҳн карда буданд, ки гӯё давлат ба ин афрод бидуни навбат манзил додааст.

 

"Баъд аз вуқӯъи ин ҳодисаҳо арманиҳои муҳоҷир Тоҷикистонро тарк карданд ва гуфтанд, ки намехоҳанд ҳузури онҳо дар Душанбе боъиси фоҷеъае барои мардуми тоҷик шавад."

 

Ба гуфтаи оқои Маҳкамов, як рӯз пеш аз тазоҳуроти хушунатомез вай бо шогирдони ҳунаристонҳо (ПТУ) мулоқот дошт ва дар он ҷо аз вай дар бораи дурустии ин сару садоҳо савол шуда буд. Оқои Маҳкамов дар посух ба ин савол гуфтааст, ки ин овозаҳо воқеъият надорад. Ба гуфтаи вай, то замони оғози эътирозоти умумӣ ҳеҷ ниҳоде ба вай дар бораи эҳтимоли вуқӯъи ин ҳаводис иттилоъ надода буд. Вале ӯ баъдан фаҳмидааст, ки бархе аз мақомоти амниятӣ аз ин огоҳ буданд.

 

Кудетои август ва фурӮпошии ШӮравӢ

Қаҳҳор Маҳкамов замоне раҳбарии ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт, ки сиёсати перестройка (бозсозӣ) ва гласност (ошкорбаёнӣ)-и Михаил Горбачёв ба зуҳури ҷараёнҳо ва ҷунбишҳои миллию озодихоҳӣ дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ доман зада буд. Он замон гурӯҳе аз фарҳангиёни тоҷик барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон талош карданд ва ин қонун пас аз мухолифатҳои мукаррари мақомоти вақт дар соли 1989 тасвиб шуд.

 

Бархе аз фарҳангиён мӯътақид буданд, ки худи Қаҳҳор Маҳкамов моил ба тасвиби ин қонун набуд. Аммо оқои Маҳкамов ин иддаъоро бепоя медонад: "Мо ҳаргиз мухолифи забони тоҷикӣ набудем. Мо мегуфтем, ки забони тоҷикӣ бояд давлатӣ бошад, вале дар канори он мавқеъи забони русиро низ бояд аз даст надиҳем. Зеро бидуни забони русӣ иқтисоди Тоҷикистон пеш намеравад."

 

Норизоятиҳои умумӣ ва мухолифатҳои густарда бо ҳукумати Қаҳҳор Маҳкамов дар Тоҷикистон бахусус дар пайи вуқӯъи кудетои маъруф ба "ГКЧП" дар Маскав дар охири августи соли 1990, ки мунҷар ба барканории муваққати Михаил Горбачёв шуд, шиддат гирифт.

 

Он замон мухолифони оқои Маҳкамов ӯро ба ҳимоят аз омилони ин кудето муттаҳам мекарданд. Аммо худи вай ин иддаъоро бо ханда рад кард: "Ин гап гапи Отахон Латифӣ буд. Як шаб Латифӣ наздам омаду гуфт, ки чаро “ГКЧП”-ро маҳкум намекунед? Ман посух додам, ки “ГКЧП” тамом шуд. Баъд афзудам, ки то ҳол ин “ГКЧП” ягон кори баде накардааст. Мо онро на пуштибонӣ кардем ва на маҳкум. Вай худаш аз байн рафт."

 

Дар пайи кудетои нофарҷоми гурӯҳе аз мухолифони Михаил Горбачёв, ки сиёсатҳои ӯро таҳдиде барои тамомияти арзии давлати Шӯравӣ ва омили фурӯпошии низоми кумунистӣ медонистанд, ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, аз Русия гирифта то ба ҷумҳуриҳои фақири Осиёи Миёна, як-як худро мустақил эълом карданд. Бархеҳо он замон мӯтақид буданд, ки Қаҳҳор Маҳкамов моил ба эъломи истиқлоли Тоҷикистон нест. Вале ӯ мегӯяд, ки дар замони раёсати ҷумҳурии вай мавзӯъи истиқлол аслан матраҳ набуд.

 

Вай гуфт: ӯзи 21 августи соли 1991 мо бояд дар Маскав созишномаи нави Шӯравиро имзо мекардем. Тибқи ин созишнома дар сохтори Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷумҳуриҳо тағйироти ҷиддие бояд ҷорӣ мешуд. Яъне, ба ҷумҳуриҳо истиқлоли бештар дода мешуд, вале ба ғайр аз корҳои хориҷӣ, роҳи оҳан, барқ. Дигар ҳама салоҳиятҳо бояд дар ихтиёри ҷумҳуриҳо қарор мегирифт."

 

"Замон ҳар чиро дар ҷойи худ мегузорад"

Пас аз кудетои моҳи август тазоҳуроти густардаи эътирозӣ алайҳи Қаҳҳор Маҳкамов дар Душанбе оғоз шуд. Ва саранҷом вай рӯзи 31 август дар ҷаласаи ғайринавбатии порлумони вақт аз симати раёсати ҷумҳурӣ истеъфо дод. Тоҷикистон танҳо пас аз 9 рӯзи ин ҷаласа истиқлоли худро эълом кард.

 

Нахустин раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ қасди ҳифзи қудратро надоштааст: "Дар ҷаласаи порлумон аз ҳудуди 200 намоянда ба ҷуз аз Юсуфҷон Ахмедов дигар ҳама хостори истеъфои ман шуданд. Ман мехостам батадриҷ қудратро ба ҳукумати нав диҳам. Вале аъзои порлумон инро напазируфтанд."

 

Зимнан, оқои Маҳкамов, замоне ки толори ҷаласаи порлумонро пас аз эъломи истеъфои худ тарк мекард, гуфт, ки "ман меравам, аммо шумо пушаймон мешавед." То кунун кутубу мақолоти зиёде дар бораи ҳаводиси авоили даҳаи 1990, аз ҷумла воқеъоти "Баҳманмоҳи хунин" навишта ва мунташир шудаанд, ки дар бисёре аз онҳо аз оқои Маҳкамов интиқод шудааст.

 

Аммо вай дар посух ба ин суол, ки чаро намехоҳад дар қиболи чопи чунин матолибе ибрози назар кунад, гуфт, ки "таърих худаш нақши ҳар касро ҷобаҷо мегузорад." Аз Қаҳҳор Маҳкамов ҳамчунин дар бораи тарҳи нерӯгоҳи "Роғун", ки он замон бо мухолифатҳое рӯбарӯ будааст, суол кардам. Ба гуфтаи вай, агар ин мухолифатҳо набуд, нахустин чархаи ин нерӯгоҳ мебоист дар оғози соли 1991 фаъол шавад.

 

Вай гуфт: "Мухолифон се нафар буданд. Як нафарашон ҳоло дар Америка аст. Онҳо ба маҳалли сохтмон рафта, мардумро ташвиқ мекарданд. Ман худ рафта, бо мардум сӯҳбатҳо мекардам ва ризояти онҳоро мегирифтам, вале баъд аз ду-се рӯз инҳо мерафтанду боз онҳоро ба мухолифат ташвиқ мекарданд."

 

"Ба ҳамин далел, тӯли қариб ду сол, аз соли 1989 то 1991, корҳои сохтмонӣ (дар тарҳи нерӯгоҳи "Роғун") кашол ёфтанд. Акнун мардум азоби ин корҳоро дида истодааст."

 

Аз оқои Маҳкамов пурсидам, ки оё давлати феълии Тоҷикистон тӯли бист соли истиқлол дар самти дурусте пеш меравад? Вай гуфт: "Бале, бисёр дуруст. Баъд аз ин қадар аҳволи вазнин ба ин дараҷа расидем, албатта хуб аст..."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/tarih/4387-qahhorov-kgb-va-havodisi-bahmanmoh.html

 

Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 17.02.2011 04:30
Баъд аз ин қадар аҳволи вазнин ба ин дараҷа расидем,
Ba kadom daraja? bekori, benavoi, mardon kuchahoi Rusiyaro merubandu bad murdahoyashonro ba Toj-n mefiristand, vaz'i maorif 0 (sifr), fisod dar darajai bolotarin...
in mardak mastu malang ast
 
 
0 #1 Guest 11.02.2011 19:35
Он нафари Амрико буда, гумон мекунам, Бозор Собир аст, ки имрузхо хам бо хар бахонае дахолат мекунд хам ба сиёсату хам ба кору бори мардум. Аз ин фаротар даст ба фархангу адаб мезанад. МАрдуми моро фиребиданду имруз дар ким-кучоянду дар гур.
Саломат бошед, чаноби Махкамов. Ва хам хуб марди карда то хануз хатто номхояшонро нагуфтед. Бояд омада наздатон узрхохи кунанд, харчанд бо узр коре буд намешавад.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ