18:43:37 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЗЕРИ НИҚОБИ ИНҚИЛОБ

ЧӢ ГУНА АМОРАТИ БУХОРО БА ДАСТИ АРТИШИ СУРХ САРНАГУН ШУД 

Расо 90 сол қабл, 2-вуми сентябри соли 1920, аморати Бухоро суқут кард ва ҳукмронии дусадсолаи сулолаи манғитиҳо хотима ёфт. Охирин подшоҳи ин сулола амир Олимхон, бо душворӣ ҷон ба саломат бурд. Тӯли ҳафтод соли салтанати шӯравӣ Инқилоби Бухороро чун як сафҳаи тозае дар зиндагии мардуми тоҷик муаррифӣ мекарданд, ки он гӯиё миллатро аз зери ҷабру зулм озод кард. Инқилобчиён қаҳрамон буданду муқобилон – душмани халқ. 

ФАРМОНИ 3504

12-уми августи соли 1920 Михаил Фрунзе, сарфармондеҳи Фронти Туркистонии Артиши Сурх, фармони машҳури рақами 3504 «Дастур ба қӯшунҳои фронт оиди инқилоби Бухоро»-ро баровард. Тибқи он, аскарони сурх бояд дар атрофи Бухоро мавқеъҳои ҷангии худро барои ҳуҷум ба болои қасри амир ишғол мекарданд. Аскарони рус бояд баъди ба вуқӯъ пайвастани "шӯриши умумихалқии оммаи меҳнаткашон" аз мавқеъҳои қаблан ишғолкардаашон ба ҳуҷум мегузаштанд. 

Онҳо ҳарчанд кӯшиданд, ки чунин шӯришро дар маҳалҳо роҳандозӣ кунанд, вале натавонистанд. Бо вуҷуди ин Фрунзе ва Куйбишев таҳти рақами 3667 "Дастур ба аскарони фронт барои расондани кумак ба меҳнаткашони шӯришбардоштаи Бухоро»-ро бароварданд. Аз мӯҳтавои ин фармон баръало бармеояд, ки болшевикони рус тарҳи як табаддулотро зери пӯшиши инқилоби мардумӣ кашидаанд. 

ҲАМЛА БА АМОРАТИ БУХОРО

29-уми август амалиёти сарнагун сохтани аморати Бухоро оғоз мешавад. Артиши болшевикҳо дар вақти ҳаракат ба самти Бухорои кӯҳна ҳукумати чандин бекигариҳо, аз ҷумла Чорҷӯи Куҳна, Қароқӯл, Хатирчӣ, Зиёуддин, Кармина, Қаршӣ, Китоб, Шаҳрисабз ва Ҳузорро дар масири худ суқут дода, дар онҷо кумитаҳои инқилобиро ташкил медод. Бояд гуфт, ки агарчанде ҳар яке аз ин бекигариҳо на камтар аз 500 нафарӣ сарбоз доштанд, вале аз сӯи онҳо алайҳи артиши сурх муқовимате сурат нагирифт. Масалан, Чорҷӯи Куҳнаро артиши болшевикон шабона ҳамагӣ дар байни ду соат забт намуд. 

Сарбозони шаҳри Қароқӯл, ки беш аз панҷсад нафар будаанд, умуман муқобилият нишон надода, бархе таслим шуданд, қисмати дигар фирор карданд. Дар ҳама ҷо аскарони сурх мардумро ғорат мекарданд ва чизу чораашонро ба ғанимат мебурдаанд. Худи ҳамон рӯз онҳо ба остонаи 11 дарвозаи Бухоро расиданд. Танҳо ба дарвозаи 12-ум, дарвозаи шимолии Бухоро наздик шуда натавонистанд. 

Он ҷо нирӯҳои низомии амир зиёдтар буданд. Деворҳои 5 метр баландӣ доштаи атрофи шаҳрро ҳатто гулӯлаҳои тӯпҳои артиллерӣ зараре расонида наметавонистанд. Дар баъзе манотиқи атрофи шаҳр ҷанги тан ба тан оғоз шуд буд. Тибқи навиштаи муаррихи рус Шамбаров В. Е., дар ин рӯз талафоти болшевикон 500 нафарро ташкил медодааст. 

КУШТОР ДАР БУХОРО

30-вуми август низ дар байни аскарони сурх ва сарбозони амир барои Бухоро ҷанги шадиде сурат гирифт. Муҳофизони Бухоро, шогирдони мадрасаҳо ва чанд воҳиди низомии аз ҳисоби туркҳо ва афғонҳо ташкил шуда, таҳти фармондеҳии Абдуссатторбеки тӯпчибошӣ зидди болшевикон шадидан муқовимат карданд. Дар аввал аскарони амир ба болшевикон зарбаҳои ҳалокатовар заданд. Баъдан болшевикҳо шеваи ҳамлаи худро дигар карданд. 

Аз дур деворҳо ва дарвозаҳоро мавриди оташи тӯп қарор медоданд. Дар як ҷо ба онҳо муяссар шуд, ки деворро рахна созанд ва дарвозаи Мазори Шарифро низ аз байн бубаранд, вале бо вуҷуди ин ҳанӯз наметавонистанд ба шаҳр дохил шаванд. Соати 10-и субҳи 31 август ба бригадаи муташаккиле аз тоторҳо муяссар шуд, ки дарвозаи Қарширо аз байн бурда вориди шаҳр шаванд. Амир Олимхон ҳанӯз дар дохили Арк буд. Арк аз як қалъаи мустаҳкаме иборат буд. 

Сарбозони амир ва мардуми шаҳр бо аскарони сурх дар кӯчаҳои Бухоро даст ба гиребон мешуданд. Артиши сурх, чун дид зӯраш намерасад, он рӯз қибнишинӣ кард ва аз ҳавопаймоҳо кор гирифт. Баъдҳо худи Фрунзе эътироф кардааст, ки агар аэропланҳои эскадрилияи В.Ю.Юнгмейстер намебуданд, кори артиши сурх мушкил мешуд: «Парвози аэропланҳои фарсудашудаи мо, ки саворагони муқобилро ба гурехтан маҷбур намуданд, отрядро аз маҳвшавӣ наҷот дод». 

Фармондеҳи лашкари амир Абдуссатторбек дар вақти яке аз ин ҳамлаҳои ҳавоӣ бар асари инфиҷори бомба ба шаҳодат мерасад. Муҳаммад Алӣ ибни Муҳаммад Саиди Балҷувонӣ, муаллифи китоби "Таърихи нофеъӣ", ки худ шоҳиди бевоситаи он рӯзҳои пурдаҳшат будааст, менависад, ки дар ин рӯз беш аз ду ҳазор нафар мардуми бегуноҳи Бухоро ба ҳалокат расиданд. 

Ба гуфтаи Соколников, узви Турккомиссия, русҳо дар се рӯзи ҷанг барои забти Бухоро 600 нафар аскарашонро талаф доданд. Бино ба эътирофи дигар сарчашмаҳои русӣ, танҳо дар як рӯзи 31-уми август болои Бухоро, дақиқтараш болои арки амир, беш аз 200 адад бомба партофта шуд. Он рӯз ғурриши 12 аэроплан, ки болои шаҳр беист парвоз мекарданд, аҳолии Бухороро ба тарсу воҳима андохта буданд. Аз замин низ тавассути тӯпҳо беш аз 12 ҳазор мушак ба шаҳр партоб шудааст. 

МАҚСАДИ ИНҚИЛОБ

Халки Бухоро то дараҷае ба камол нарасида буданд, ки ҳеч инқилоберо - на ба маънои урупоӣ ва на ба маънои шарқии он - барпо бикунанд. Барпокардагони ин инқилоб на мардуми Бухоро, балки бегонагон буданд ва зархаридони онҳо. Ба ин нукта низ бояд диққат дод, ки инқилоб ва нест кардани Бухоро на барои халқҳои Бухоро лозим будааст, балки зарурати ҳаётии Туркистони Русия будааст, яъне барои импротурии болшевикӣ зарур омадааст. 

Инро Куйбишев рӯйирост гуфтааст. Мақсади аслӣ на инқилоб ва озодии мардуми тоҷик, балки несту нобуд кардани Бухорои Шариф - ин маркази фарҳангиву мазҳабӣ ва сиёсии ватани муқаддаси мо - будааст. Аз чанд тан ашхоси худогох дар бораи инқилоби Бухоро пурсидем, ҳамагӣ мегуфтанд, воқеан Аморати Бухоро ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дошт на ба инқилоб. Ин фитнае бо номи «инқилоб» миллати моро аз асли худ ҷудо кардан хост, моро аз маркази фарҳангу тамаддунамон Самарқанду Бухоро ҷудо кард, ки ҳанӯз ин зарари ӯро барқарор карда натвонистаем. 

Султони Ҳамад, Баҳманёр Муродов, «ИмрӯзNews»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/tarih/3033-2010-09-02-17-28-44.html

 



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 13.11.2010 23:53
То бакай гуфта мегаштабошем? кори имрузро ба фардо то ба кай ? орзуи деринаи мо Самарканд-Бухор о !
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi