08:52:11 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Дӯст доштани миллатро аз Масъуд омӯзед!

Вақтҳои охир дар расонаҳои хабарии ҳам ҷаҳон ва ҳам дохилии кишвари мо, шабакаҳои иҷтимоии Интернет, вожаҳои «ҷиҳод»-у «ҷиҳодиҳо», «муҷоҳид», аз калимаҳои серистеъмол ба ҳисоб мераванд. Ҳангоми мутолиаи хабару мақолаҳое, ки имрӯзҳо дар онҳо аз ин калимаҳо хеле зиёд истифода бурда мешавад, худамро нороҳат эҳсос менамоям.

1-ahmadshah masood 451546Хаёлам, ки нафасгир мешавам. Ончунон зиёд амалҳоеро ҷиҳод номиданду нафарҳоеро муҷоҳид гуфтанд, ки баробари шунидану хондани ин вожаҳо манзараи ваҳшатноки қатлу куштори мардуми бегуноҳ пеши назарам ҷилвагар мешавад. Мо киро муҷоҳид мегӯему чиро ҷиҳод меномем? Рости гап, дигаронро намедонам, вале вақте ман ҷиҳоду муҷоҳид мегӯям, пеши назарам қабл аз ҳама симои нуронии Аҳмадшоҳи Масъуди тоҷик, яке аз сипаҳсолорони бузурги асри 20 ҳувайдо мешавад. Барои чӣ нахуст Аҳмадшоҳи Масъуд, на каси дигар?

Масъуди тоҷикон

Камина аз ҷумлаи он нафарони хушбахте ҳастам, ки борҳо дар сӯҳбату мулоқотҳои Аҳмадшоҳи Масъуд ҳузур доштам. Бештар аз ин дар як сӯҳбати рӯ ба рӯе, ки моҳи июни соли 1995 дар Кобул бо Масъуд доштам, муҳимтарин масъалаи муҳоҷирини дар Афғонистон бударо, ки асосан ба фаъолиятҳои ҷинояткоронаи Ризвон Садиров, яке аз фармондеҳони собиқ мухолифин марбут буд, дар миён гузошта, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтам. Худо хоста бошад, мӯҳтавои ин мулоқотро дар мақолаи алоҳидае ба риштаи нақл хоҳам кашид.

Тӯли он солҳо банда дар амал медидам, ки Аҳмадшоҳи Масъуд чӣ гуна нисбати муҳоҷирини тоҷик ғамхор буду чӣ гуна ба онҳо кӯмаки моддиву маънавӣ мерасонид. Чӣ гуна барои истиқрори сулҳу оштӣ дар кишвари мо кӯмак менамуд... Билохира, хиради азалӣ бар ҷаҳли бародарони гумроҳшуда боло гирифту розӣ ба сулҳу оштӣ шуданду дар Тоҷикистони азизи мо суботу амният барқарор шуд. Тамоми муҳоҷирон бо сари баланду дили фараҳманд ба Ватан баргаштанд. Вале мо бармегардем ба мавзӯи Масъуди сипаҳсолор.

Ҷиҳоди Масъуд қуръонӣ буд

Аҳмадшоҳи Масъуд инсони комил ва муҷоҳиди бузург буд. Барои чӣӯро муҷоҳиди бузург мегуфтанд? Ӯ чӣ кор кард, ки ӯро муҷоҳиди бузург номиданд? Ин ҷо бояд гуфт, ки Аҳмадшоҳи Масъуд танҳо замоне ҷиҳодро барои худ ва ёронаш фарз донист, ки лашкари садҳазорнафараи Артиши шӯравӣ вориди Афғонистон шуду уламои саршиноси исломии кишвараш ҷиҳодро ба муқобили ин лашкари бегона фарзу айн донистанд... Ӯ ба ягон гӯшаи дунё довталабона барои ҷиҳод нарафт.

2-ahmadshah_masood_451546.jpg

Дар сарзамини худ, дар Ватани худ, дар Панҷшери худ хоки муқаддаси онро, мардуми мутаддийини онро, зану фарзанду хонаи хешро аз ҳуҷуми лашкари бегона ҳифз кард. Касе ёд надорад, ки Масъуд даст ба террор ва ё гаравгонгирии ашхоси мулкии кишвари истилогар зада бошад. Ва яке аз розҳои пирӯзии Аҳмадшоҳи Масъуд дар ҷиҳод ба муқобили Артиши шӯравӣ дар муносибати башардӯстона ва ҷавонмардонаи ӯ нисбати асирони ҷангӣ нуҳуфта буд. Масъуд бо асирони низомӣ тибқи фармудаҳои оёту ҳадис ва талаботи қонунҳои байналмилалӣ муносибат мекард.

Ҳаргиз даст ба куштор ва азобу шиканҷаи онҳо намезад. Онҳоро ё бо маҳбусони сиёсӣ табодул менамуд ё бо гузашти муддате аз асорат раҳо мекард. Дар тӯли муборизаи 23-солааш барои озодии Афғонистон ба ҳеҷ ваҷҳ касеро аз асирони низомӣқатл накардааст. Бо мардуми минтақаи дар таҳти нуфузаш буда ҳамеша муносибати хуб дошт, ба онҳо кӯмаки моддиву маънавӣ мерасонд. Бо муҷоҳиддин корҳои таълимиву тарбиявиро мувофиқи як барномаи мукаммал ба роҳ монда буд.

Мондани риши аз ҳад дароз, махсусан мӯйсари дарозро барои муҷоҳиддин манъ карда буд. Дар ҳоле, ки дар дигар манотиқи таҳти нуфзи муҷоҳиддин будаи Афғонистон хазинаи ҷиҳодро баъзе фармондеҳон аз ҳисоби кишту фурӯши маводи мухаддир таъмин мекарданд, Масъуд на танҳо чунин корро тибқи қонунҳои шариат ҳаром медонист, балки ҳатто барои кашидани сигор, махсусан чарсу ҳашиш ва истеъмоли дигар навъи маводи мухаддир муҷоҳиддинро сахт ҷазо медод.

Бо дӯстон мурувват...

Ҷиҳоди мардуми Афғонистон баъди шикаст ва хориҷ шудани Артиши шӯравӣ аз хоки Афғонистон дар соли 1989 пирӯз эълон шуд. Вале муборизаҳои хунин барои расидан ба сари қудрат дар ин мамлакат байни худи муҷоҳиддин аз пештара бештар шиддат гирифтанд. Баъди он, ки устод Бурҳониддин Раббонӣ ба сари қудрат омаду Аҳмадшоҳи Масъуд вазири дифоъ эълон гардид, Гулбуддин Ҳикматёр ва тарафдоронаш ба муқобили ин ҳукумат ҷанги шадидро ба роҳ монда, онро ҷиҳод эълон карданд. Аммо Масъуд ҷанг дар муқобили ёғиёни ҳукумати расмиро ба ҳеҷ сурат ҷиҳод нагуфт.

4-ahmadshah_masood_451546.jpg

Ва ҳамеша талош мекард, ки масоил бо Ҳикматёр ва дигар фармондеҳони Афғонистон бо роҳи мусолиматомез ҳаллу фасл шавад. Масъуд ҳатто ҷанг алайҳи гурӯҳи толибонро, ки бо бераҳмиву ваҳшонияти худ дунёро ба ларза оварда буданд, ҷиҳод нагуфт. Онро муқовимат номид. Яъне ӯ бар ин назари қуръонӣ буд, ки ҷанг байни ду гурӯҳи мусалмон ба ҳеҷ ваҷҳҷиҳод буда наметавонад. Ҳамеша дар пайи он буд, ки бо роҳи мусолиматомез қазия ҳаллу фасл шавад. Акнун, хонандаи арҷманд, биёед бубинем, ки бархе аз нашрияҳои мо ва расонаҳои хориҷӣ имрӯз киро муҷоҳиду чиро ҷиҳод меноманд?

"Ҷиҳод”-е, ки ба муқобилаш ҷиҳод эълон шудааст

Тибқи маълумотҳои дар расонаҳо ба нашр расида, беш аз сесад (аз рӯи як ҳисоби дигар панҷсад) нафар аз ҳамватанони мо фирефтаи таблиғоти душманони ислом шуда, ба як кишвари бегона рафта, дар ҷанги дохилии он хуни ноҳақ мерезанд, даст ба куштори мардуми бегуноҳ мезананд ва ин ваҳшонияти худро ҷиҳод дар роҳи ислом меноманду худро муҷоҳид мегӯянд. Бархе аз ин ба ном "муҷоҳиддин” падару модари пир, зану тифлакони маъсуми худро дар чунин як шароити душвори иқтисодӣ бар дида сели ашк бо мушкилоти рӯзгор рӯ ба рӯ гузоштаанд.

3-ahmadshah_masood_451546.jpg

Ва чуноне, ки аз хабарҳо бармеояд, беш аз панҷоҳ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ба ном «ҷиҳоди Сурия» ва «Давлати Исломӣ» ба қатл расидаанд. Кӣ ин ҷанги шаҳрвандиро дар як кишвари хеле аз мо дури исломӣ барои мусалмонони дунё ба ҳайси ҷиҳоди муқаддас фарз донист? Кадом олими машҳури олами ислом? Ҳеҷ кас! Душманони ислом ин фитнаро барангехтанд. Уламои Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср, ки аксаран дар ҷаҳони ислом фатвоҳои қабулкардаи онҳоро дуруст мешуморанд, на танҳо ҷанги ба роҳ мондаи "муҷоҳиддини навбаромад”-ро дар кишварҳои мусалмонӣ ботил эълон кардаанд, балки алайҳи Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ), ба ном давлате, ки онҳоро гӯё муттаҳид мекунад, ҷиҳодро ҷоиз донистаанд.

Кадом домулло ва ё олими барҷастаи исломӣ аз Тоҷикистон эълон кард, ки барои ҷавонони тоҷик ҷиҳод дар Сурия фарз шудааст? Хушбахтона, ягон олими исломии мо ҳоло ақлу фаросаташро нахӯрдааст, ки чунин фатвои хилофи оёти каримаву ҳадиси шариф бидиҳад. Баръакс, ҳамаи онҳо ҳам уламои расман сабтиномшуда ва ҳам уламои ғайрирасмӣҷанги Сурияро кори дохилии ҳамон мамлакат ва ширкати ҷавонони тоҷикро дар ин ҷанг хилофи талаботи шариат ва қонунҳои ҷории давлатамон донистаанд. Ҳамин тавр ки бошад, акнун бигӯед, намоишкорона ва бераҳмона сар буридани як шаҳрванди бегуноҳи Британияи Кабир, ИМА, Ҷопон ва ё як кишвари дигар аз сӯйи як табааи кишвари дигар дар як мамлакати бегона оё ин ҷиҳод аст?

Оё куштори дастҷамъонаи усарои низомӣ, ки ҳамагӣ мусалмон буданд, хилофи нуктаҳои аҳодиси набавӣ нестанд? Зинда ба зинда дар қафас сӯзондани як мусулмони асир, як мусалмони ба зиёрати хонаи Худо расида, оё ҷиҳод аст? Оё муносибати ваҳшиёна бо мардуми минтақаи таҳти нуфуз, хусусан бо он мардуме, ки дину оинашон дигар аст, занону мӯйсафедони онҳо хилофи фармудаҳои ҷаноби Расули акрам (с) нест? Оё онҳое, ки алайҳи мардуми бегуноҳи адёни дигар дар Сурия зулм мекунанд, магар ин андарзро нашунидаанд, ки Худованди Маннон дуъои бандаи мазлумро агарчи кофар ҳам бошад, иҷобат мекунад?

"Ҷиҳодиҳо” - лӯхтаки дасти душманони ислом

Кори ба ном "ҷиҳодиҳо”-и Тоҷикистон дар Сурия ва ДИИШ ба ҷое расидааст, ки онҳо интизори фармони "халифа” Абӯбакри Бағдодӣҳастанд, то ба Тоҷикистон омада, мусалмонкушиву бародаркуширо дар ин ҷо ба роҳ андозанд. Бубинед, барои онҳо дигар фарқ надорад, ки дар куҷо киро мекушанд. Муҳим, фармон бошад, онҳо иҷро мекунанд. Бародарро ҳам мекушанду хоҳарро ҳам, падарро мекушанду модарро ҳам, уламои исломро низ аз байн бурданианду мансабдорони давлатиро ҳам. Зеро онҳо дигар илоҷи сарпечӣ кардан аз фармонро надоранд. Саркашӣ кунанд, кушта мешаванд. Онҳо дигар дар дасти хоҷагонашон лӯхтакҳои одамхӯр шудаанд, аниқтараш, роботҳои бидуни эҳсосоти одаму одамгарӣ гардидаанд.

Бовар дорам, ки дар ягон гӯшаи дунё, Русия, ИМА, Британияи Кабир, Хитой, Ҷопон, Олмон, Фаронса ва дигар кишварҳо мардуми оддӣ, хоҳ мусалмон бошанд, хоҳғайримусалмон, ҷангхоҳ нестанд. Зеро, маъмулан тамоми ҷангҳо бар зарари мардуми оддӣ тамом мешаванд. Ҷангро онҳое мехоҳанд, ки аз ҷанг манфиат мебинанд. Киҳоянд манфиатдорони ҷанг? Асосан онҳое, ки аз тавлиду фурӯши силоҳу муҳимот фоида мегиранд.

Маҳз ҳамонҳо Ал-қоида, толибон ва «Давлати исломӣ» барин гурӯҳҳои террористиро месозанду тавассути ин лӯхтакҳои одамхӯри хеш аввал мардуми худро ба тарсу ҳарос ва даҳшат меандозанд, то дар оянда вақте андозҳо баланд бардошта мешаванд, ё қисмати асосии буҷаи мамлакат сарфи рушди саноати ҳарбӣ мегардад ва ё шаҳрвандонро ба ҷангҳои ишғолгарона мебаранду аз он тараф ҷасадҳояшонро меоранд, аз эътирозоти эҳтимолии онҳо ҷилавгирӣ шавад.

Аз сӯи дигар, ин гурӯҳҳои ифротиро бо каме маблағгузории иловагӣ ва кӯмакҳои моддиву низомӣ барои сарнагун кардан ва ё ҳадди ақал барои ба манфиати худ тарсонидани режимҳое, ки аз доираи нуфузи он кишварҳои зиддахл берун шудаанд ва шуданианд, истифода мебаранд. Ҳадафи дигари истифода аз ин гурӯҳҳо ва шояд он ҳадафи асосии сармоягузорон бошад, ин бадном кардани дини мубини ислом ва аз байн бурдани ҷавонмардони шуҷоъ ва далери мусалмон аст, ки ба доми гумроҳӣ афтода, барои ба ном «ҷиҳод» ба Сурия ва ё «Давлати исломӣ» рафтаанд.

Дар оқибати кор агар ҳамаашонро ҳам ки набошад, вале аксарияти ин ҷавононро сарнавишти Бин Лодан ва толибон интизор аст. Баъди ба ҷо овардани "рисолат”-е, ки хоҷагонашон барояшон таъин кардаанд, ҳатман аз байн бурда хоҳанд шуд ё мавриди таъқиб қарор хоҳанд гирифт. Хулоса, подоши аъмоли хешро, хоҳ он кутаҳандешӣ дар интихоб кардани роҳи ба ном ”ҷиҳод” бошад ва ё хоҳ куштори одамони бегуноҳ, ”ҷиҳодиҳо” хоҳанд гирифт.

Хонандаи азиз, дар хотима аз Шумо хоҳиш менамоям, ки сар ба зонуи андеша гузореду худатон қазоват кунед, ки кӣ муҷоҳид будаасту аъмоли кӣҷиҳод? Масъуду рафтори ӯ дар замони ҳамлаи Артиши кишвари бегона ба Афғонистон ва ё "ҷиҳодиҳову” ҷанги онҳо дар Сурия? Бовар дорам, ки ба як хулосаи дуруст меоеду садди роҳи ҷавононе мешавед, ки ҳавои ба ном "ҷиҳоди Сурия” дар сар доранд.

Султони ҲАМАД



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi