22:47:53 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Муҳаммад Валихони Дарвозӣ, яке аз асосгузорони дипломатияи Афғонистони муосир

ё саргузашти тоҷике, ки бо Ленин дар Кремл мулоқот кардааст

Доктор Равон Фарҳодӣ

Муҳаммад Валихон, фарзанди Шоҳ Абулфазлхони Дарвозӣ буд. Амаки ӯ Шоҳ Маҳмудхони Дарвозӣ аз хонаводаи шоҳони Дарвоз будааст. Тавре бозмондагонаш ба хотир супурдаанд, Муҳаммад Валихони Дарвозӣ дар соли 1875 ба дунё омадааст. Аҳли хонаводааш мегӯянд, ки Амир Ҳабибуллоҳ ӯро " ака" хитоб мекард, ки ба истилоҳи мардуми Бадахшон ба маънии бародари калонӣ истифода мешавад. Дар давраи Сироҷия шоҳзода Амонуллоҳхон ба ӯ назари мусоид дошт ва ғолибан, ки Маҳмуди Тарзӣ низ аҳлият ва маҳорати Муҳаммад Валихонро дарёфта буд.

1 muhammad-valijhon 1Баъд аз шаҳодати Амир Ҳабибуллоҳхон дар Ҷалолобод (20 феврали соли 1919) ва ба тахти Кобул нишастани Амир Амонуллоҳ, ба мақоми вазири умури хориҷа Маҳмуди Тарзӣ гумошта шуд. Аз моҳи апрели соли 1919 ба Муҳаммад Валихон вазоиф ва масъулиятҳои муҳим супурда мешавад. Дар ҳамон сол Афғонистон истиқлоли миллии худро эълон кард. Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки ҳукумати Британия, ҳозир ба шинохтани истиқлоли ин кишвар набуд, Амир Амонуллоҳ дарёфт, ки дар он шароит Афғонистон муносибати худро бо дигар мамлакатҳо, аз ҷумла режими навзуҳури Русияи Шӯравӣ барқарор намояд.

Дар ин вақт буд, ки Муҳаммад Валихони Дарвозӣ ба унвони сафири Афғонистон дар Аморати Бухоро, озими сарҳадоти шимолӣ гардид. Дар ҳоле, ки номаҳои амири Афғонистон ба номи сарварони Русияи Шӯравӣ ва роҳбарони мамлакатҳои аврупоиро низ бо худ дошт. Ҳадафи Амир Амонуллоҳ ва Маҳмуди Тарзӣ он буд, ки Муҳаммад Валихон як навъ "сафири сайёри" Афғонистон бошад. Қобили зикр аст, ки он айём ҳанӯз ҳеҷ сафорати хориҷӣ дар Кобул вуҷуд надошт. Ба ин тариқ, дар заминаи дипломатияи Афғонистони тозамустақил, ба Муҳаммад Валихон, вазифаи пурифтихор ва дар як вақт хатарнок супурда шуд.

Ба таърихи 4 июни соли 1919 (дуруст ҳамон рӯзе, ки дар бораи оташбаси ҷанги сеюми афғону англис мувоффиқат ба даст омад) ҳайати афғонӣ, таҳти раёсати Муҳаммад Валихон, баъд аз сафари Бухоро, ба шаҳри Тошканд (маркази Туркистони русӣ) ворид ва бо камоли ҳарорат пазироӣ шуд.

Муҳаммад Валихон дар Тошканд ба Президенти ШМА телеграмма фиристода, хабар дод, ки раёсати ҳайати Афғонистонро дар Конфронси сулҳи Париж ба ӯҳда дорад. Дар ин ҳафтаҳо ва моҳҳо режими ҷадиди Шӯравӣ дучори мушкилоти зиёд буд. Генерал Колчак зидди Русияи Шӯравӣ муқовимати мусаллаҳона мекард. Ҳайати сиёсии Афғонистон, таҳти раёсати Муҳаммад Валихон, тавассути хати оҳан аз Тошканд озими Маскав гардид. Дар таърихи 15 октябри соли 1919 ба пойтахти Руссияи Шӯравӣ расид ва ба таври накӯ пазироӣ шуд.

Он айём ҷаридаҳои Маскав ба тарафдории истиқлоли Афғонистон мақолаҳо нашр карданд. Муҳаммад Валихон музокиротро бо ҳукумати Русия ҷиҳати имзои Созишномаи барқарории робитаҳои сиёсӣ оғоз намуд. Дар таърихи 19 декабри ҳамон сол тавассути қатора ба Тошканд баргашт. Қабл аз он, дар охири августи соли 1919 Бравин, намояндаи Русияи Шӯравӣ, ба Кобул омада ва пас аз мулоқот бо вазири хориҷа- Маҳмуди Тарзӣ, дар таърихи 4 сентябр ба Амир Амонуллоҳхон муаррифӣ шуда буд. Ҳамчунон ба таърихи 15 октябри ҳамон сол, Муҳаммад Валихон номаи Амир Амонуллоҳхонро ба Ленин, раҳбари Русияи Шӯравӣ тақдим намуд.

Дар марҳилаи баъд, Муҳаммад Валихон аз тирамоҳи соли 1920 то марти соли 1921 дар Маскав иқомат дошт. Вай ин давра ба ҳайси сафири Афғонистон музокиротро бо Русияи Шӯравӣ идома дод. Ба таърихи 28 январи соли 1921 дар Маскав Созишномаи миёни Афғонистон ва Русияи Шӯравӣ ба имзо расид. Ҳайати Афғонистон ба раёсати Муҳаммад Валихон, шомили Мирзо Муҳаммадхони Яфталӣ ва Ғулом Садиқхони Чархӣ буд. Аз тарафи Русия Чичерин ва Қарахон музокира мекарданд.

Бояд тазаккур дод, ки Маскав ба таври ҷудогона бо ҳукумати Британия низ музокира дошт. Дар моҳи марти соли 1921Созишномаи тиҷоратии байни Британия ва Русия баста шуд.

Марҳалаи дигари мусофирати Муҳаммад Валихон, ба ҳайси раиси ҳайати Афғонистон ба Туркия буд. Ин мусофират аз Маскав сурат гирифт. Қаблан дар Маскав тамосҳое байни дипломатҳои туркӣ ва Афғонистон ҷараён дошт. Он айём Туркия мавриди ҳамлаи сипоҳи Юнон воқеъ шуда буд, ки бандари Измир ва дигар соҳилҳои ғарбии Туркияро ишғол карда буданд. Бо муқовимати диловаронаи Мустафо Камол (ки баъдан ба Отатурк мулаққаб шуд) қувваҳои туркӣ сипоҳи ишғолгари Юнонро аз хоки худ хориҷ карданд.

Марҳалаи дигари музокирот бо Олмон буд. Ҳайати Афғонистон бо раёсати Муҳаммад Валихон моҳи феврали соли 1921 вориди Берлин гардид. Олмон дар поёни ҷанги аввали ҷаҳонӣ мағлуб шуда буд ва аз ҷониби фотеҳон (ба шумули Британия) болои он қайдҳои вазнин гузошта шуда буд, ки бо кишварҳои дигар тамос барқарор накунад. Бо вуҷуди ин олмониҳо аз ҳайати афғонӣ пазироӣ намуданд. Дар моҳи маи ҳамон сол ин ҳайати сиёсии Афғонистон ба Рим сафар кард.

Ҳукумати Италия, ки бо Британия робитаи ногувор дошт, аз Муҳаммад Валихон дар мақоми раиси ҳайати Афғонистон ба некӯӣ пазироӣ кард. Ҳамин буд, ки дар таърихи 3 июни соли 1921 Созишномаи барқарории робитаҳои байни Афғонистон ва Италияро ба имзо расониданд. Ин раванд замоне сурат гирифта буд, ки дар Кобул сэр Герри Доббс, намояндаи ваколатдори Британия бо Маҳмуди Тарзӣ, вазири хориҷаи Афғонистон дар фазои душвор музокира мекард ва чандин бор гуфтугуҳо қатъ гардида ва дубора аз нав оғоз мешуданд.

Ба таърихи 9 июни соли 1921 дар Париж Муҳаммад Валихон бо Александр Милирон ва нахуствазири Франсия музокироти дӯстона анҷом дод.

Ба таърихи 2 июли ҳамон сол, ҳайати сиёсии Афғонистон бо раёсати Муҳаммад Валихон бо киштӣ ба ҷониби Ню- Йорк ҳаракат кард. Баъди расидан ба Вашингтон, ҳайати расмии Афғонистонро лозим омад чанд ҳафта интизорӣ кашад. Фаъолияти пушти пардаи Британия дар муқобили Афғонистон, таъсири манфӣ дар рӯҳияи зимомдорони Вашингтон эҷод карда буд. Бинобар ин ҳайати афғонӣ маҷбур гардид, ки номаи Амир Амонуллоҳхонро ба Раиси Ҷумҳури Амрико ба таври ғайри расмӣ, ба Қасри сафед тақдим намояд. Ба таърихи 27 июли соли 1921 ҳайати Афғонистон барои ҳосил кардани визаи мусофират ба Инглистон, ба сафорати Британия дар Вашингтон муроҷиат намуд.

Мулоқоти Муҳаммад Валихон бо Лорд Керзен дар Лондон ба таърихи 17 августи соли 1921 дар фазои талх воқеъ шуд.Тибқи хотироти Муҳаммад Валихон, дар ин дидор Лорд Керзен (бо такаббури хоси истеъморгароён) изҳор дошт, ки музокироти Кобул марбути Вазорати хориҷаи Британия нест, балки салоҳияти он дар ихтиёри Ҳинди Бритониёӣ қарор дорад. Аз сентябри соли 1921 то марти соли 1922 мусофирати ҳайати Афғонистон ба Парижу Берлин барои пайгирии музокирот давом дошт. Ва ба таърихи 28 апрели 1922 Созишномаи байни Афғонистон ва Франсия имзо гардид.

Дар октябри соли 1921 Муҳаммад Валихон, ба ҳайси намояндаи расмии Афғонистон нахустин гурӯҳи шогирдони афғониро, ки барои таҳсил дар риштаҳои мухталиф ба Париж расида буданд, истиқбол кард. Ҳанӯз Афғонистон сафорат ва ё дигар намояндагӣ дар Париж надошт. Шогирдони афғонӣ зарурат ба таҳсили забони франсузиро доштанд ва масъулони марбутаи ин кишвари аврупоӣ дар ин замина мусоидати зиёд намуданд.

Ин ҳама рӯйдодҳо таҷрубаи Муҳаммад Валихонро дар заминаи дипломатия густариш доданд. Дар ин айём буд , ки дар равобити Кобулу Маскав мушкилоти бузург пеш омад. Дар моҳи майи соли 1921 Саид Миролим, амири Бухоро ба Кобул паноҳанда шуд. Амир Амонуллоҳхон аз суқути Аморати Бухоро, ки дар асари иқдомоти сиёсӣ ва низомии Русияи Шӯравӣ воқеъ шуда буд, сахт муттаасир ва андӯҳгин буд.

Дар соли 1922 Маҳмуди Тарзӣ, вазири хориҷаи Афғонистон ба ҳайси вазири мухтор дар Париж муқаррар гардид. Муҳаммад Валихон, ки дар муддати беш аз 3 соли ахир таҷоруби дипломатиро ҳосил карда буд, дар Кобул ба мақоми Вазири хориҷаи Афғонистон таъйин шуд. Ӯ аз нахустин рӯзҳои кор дар вазорат эҳсос кард, ки кишвараш ба камбуди ҷавонони омода дар хидмати дипломатӣ рӯ ба рӯст. Дар дигар вазоратхонаҳо низ, ба шумули вазорати маориф, ниёз ба шахсони лоиқ эҳсос мегардид. Фориғултаҳсилони мактаби Ҳабибия ҳама ба вазифаҳои муҳим муқаррар шуда буданд. Донандагони забонҳои хориҷӣ барои Вазорати умури хориҷии Афғонистон чун обу ҳаво зарур буд.

Дар таърихи 29 июли соли 1922 Вазорати хориҷаи Афғонистон бо пахши як эъломия изҳор дошт, ки "авзои Бухоро марбути масоили дохилии Бухорост ва Русияи Шӯравӣ ва Афғонистон набояд дар умури дохилии Бухоро дахолат кунанд". Ин талаби Афғонистон ба ҷое нарасид ва Русияи Шӯравӣ иқдомоти густурдаи низомиву сиёсиро барои васеъ кардани султаи худ дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ идома медод. Дар августи соли 1922 Анварпошшо, ки дар Осиёи Марказӣ бар зидди Русияи Шӯравӣ фаъолият дошт, ба қатл расид.

Дар робитаҳо бо Олмон, Франсия ва Италия иқдомоти мухталиф таъсири мусбат овард. Дар моҳи майи соли 1922 Хортини олмонӣ барои таъмири қасри Доруламон ба Кобул расид. Вазири мухтори Италия (сафир) ба Кобул омад. Моҳи майи ҳамон сол мактаби Амония (Истиқлол) бо мусоидати Франсия ифтитоҳ ёфт. Моҳи декабри соли 1923 вазири хориҷаи Италия ба Кобул сафар кард. То поёни соли 1922 намояндагиҳои сиёсии Франсия, Италия, Эрон, Британия, Русияи Шӯравӣ ва Туркия дар Кобул фаъолият доштанд.

Муҳаммад Валихони Дарвозӣ ба ҳайси шахсияти калидӣ дар низоми аҳди Амонӣ ва вазири хориҷа, дар Лойи Ҷирга (Маҷлиси бузурги миллӣ)-и Пағмон масъулияти муҳимро ба дӯш дошт. Дар ин нишаст 1045 нафар (аз ҷумла дар ҳудуди 330 нафар уламои динӣ) иштирок доштанд. Аъзои Маҷлиси бузурги миллӣ дар мавриди Руссияи Шӯравӣ дар ростои нақзи паймони озодии Хева ва Бухоро шикоят доштанд .

Ҷараёни авзоъ сабаб шуд, ки Муҳаммад Валихон дар заминаҳои мухталифи дохилӣ фаъолият мекард ва зарурат чунон шуд, ки Амир Амонуллоҳхон дубора Маҳмуди Тарзиро аз Париж хоста ва ба мақоми вазири хориҷа таъйин намояд. Ӯ Муҳаммад Валихонро ба ҳайси вазири ҳарбия муқаррар кард.

2 muhammad-valijhon 2Дар моҳи марти соли 1924 дар минтақаи Хӯст шӯриш оғоз гирифт. Кобул чунин меҳисобид, ки дар ин ҳама бенизомиҳо дасти Ҳинди Бритониёӣ махфист. Ин шӯриш 5 моҳ давом ва барои давлати Афғонистон хеле гарон тамом шуд. Нерӯи 15 ҳазории сипоҳи давлат ба сӯи Хӯст савқ дода шуд. Қабилаи Мангал ва сипас Сулаймонхел дар ҷумлаи шӯришчиён буданд. Абдулкарим, писари Амир Муҳаммад Яқубхон муддате дар ин дасиса даст дошт. Дар таърихи 27 апрели соли 1924 "қитъаи намуна" аз Кобул ҳаракат карда, шӯришчиёнро шикаст дод ва сарони онро зиндонӣ кард. Дар Гардез Муҳаммад Валихон, вазири ҳарбия қумандони ҷабҳа буд.

Дар соли 1926 Амир Амонуллоҳхон лақаби подшоҳи Афғонистонро гирифт. Як сол баъд, дар муносиботи Афғонистон ва Шӯравии вақт, бинобар масоили марзӣ кашидагӣ пеш омад. Мардуми Афғонистон аз забони паноҳгирон аз Бухоро ва дигар билоди Осиёи Марказӣ, ки меомаданд, хабарҳои ситамгарии қувваҳои русро дар муқобили мусалмонон шунида буданд. Муҳаммад Валихон бинобар дастури подшоҳи Афғонистон бо мақомоти русӣ вориди музокира шуд. Пас аз чанде мушкили марзӣ ҳал шуда ва Руссияи Шӯравӣ маслиҳатро дар он донист, ки назари Афғонистонро бипазирад.

Ба таърихи 15 октябри соли 1927 ҷаридаи "Амон афғон" хабар дод, ки Амонуллоҳхон, подшоҳи Афғонистон азми сафари Аврупоро дорад. (Он замон ҳукумати Италия иқдом ба даъвати подшоҳи Афғонистонро карда буд). Ба мӯҷиби фармони шоҳ, Муҳаммад Валихони Дарвозӣ вакили салтанат гардид. Шоҳ Амонуллоҳхон аз роҳи Чаман ва Бомбай озими Миср, Италия, Франсия, Олмон, Португалия, Русия, Туркия ва Эрон шуда, дар июни соли 1928 аз тариқи Кандаҳор ба Кобул баргашт.Дар ин фосила Муҳаммад Валихон давраи ваколати салтанатро сипарӣ кард ва бо мавзӯъоти гуногуни идораи дохилии Афғонистон рӯ ба рӯ шуд. Вай тавонист бо намоиш додани ақлу идрок ва заковат масоили рӯзмараро ҳаллу фасл намояд. Муҳаммад Валихон ба подшоҳ оиди корҳои анҷомдодааш гузориш дод.

Амонуллоҳхон баъд аз чанд ҳафта, 29 августи соли 1928 Маҷлиси бузурги миллиро дар Пағмон ба ҳукми қонун даровард. Баъдан чанд суханронӣ дар Кобул, дар муқобили вазирону маъмурони олирутба, шахсиятҳои саршиноси кишвар анҷом дод. Ӯ изҳор дошт,ки "ман подшоҳи инқилобӣ ҳастам". Маълум нест, ки Муҳаммад Валихон дар ҳангоми ин ҷараён чи ҳоли фикрӣ доштааст.

Дар 2 октябри ҳамон сол уламо аз Нангарҳор паёмҳои хатарнокро ба шоҳ фиристоданд, ки дар Кобул нигаронӣ ба бор овард. 14 октябр қиёми Шинвор воқеъ шуд. Шӯришчиён симҳои телефонро қатъ намуда, хазонаи Хӯстро тороҷ карданд. Ба дунболи он, бинои консулгарии Британия дар Ҷалолободро ғорат ва қасри салтанатӣ дар ин шаҳрро оташ заданд. Шоҳ Амонуллоҳхон аз Кобул Ғулом Садиқхони Чархӣ ва Шер Аҳмадхони Зикриёро барои музокира фиристод. Он музокирот натиҷаи мусбат надод.

Ба таърихи 12 сентябри соли 1928 Ҳабибуллоҳи Калаконӣ баъд аз қиёми чандрӯза, Боғи болоро дар шимоли шаҳри Кобул тасаруф карда, маркази амалиёти сиёсии худ қарор дод. Шоҳ Амонуллохон ба таърихи 14 январи соли 1929 тоҷу тахтро ба бародари бузурги худ, Иноятуллоҳхон гузошт. Се рӯз пас, Иноятуллоҳхон низ тарки салтанат гуфт ва Ҳабибуллоҳи Калаконӣ арки шоҳиро тасарруф ва худро амири Афғонистон эълон намуд. Атрофиёни Ҳабибуллоҳи Калаконӣ Муҳаммад Валихони Дарвозиро, ки вакили салтанат буд, дар оғоз назарбанд (ҳабси хонагӣ) намуданд.

Бо ғалабаи Нодиршоҳ дар Кобул, рӯзгори Муҳаммад Валихон тира шуд. Нодиршоҳ дар муқобили Муҳаммад Валихон, ки ҳамеша бо Амонуллоҳхон вафодор буд ,адовати беандоза дошт. Вай пас аз қатли Ҳабибуллоҳи Калаконӣ бо иттиҳом ва баҳонаи ин, ки гӯё Муҳаммад Валихон сабаби пирӯзии ахирӣ шуда бошад, ӯро мавриди муҳокима қарор дод. Нодиршоҳ барои бадномии Муҳаммад Валихон даст ба кор шуд.

Аз ду шахсияти Бадахшон, яке Мирзо Муҳаммадхони Яфталӣ ва дигаре Али Муҳаммадхони Бадахшӣ маҳрамона хост, ки аз тарафи мардуми Бадахшон Муҳаммад Валихонро масъули бадномии сокинони манотиқи шимоли Афғонистон эълон кунанд. Он нукта муҳим аст, ки ин ду чеҳраи саршиноси Бадахшон аз иҷрои дастури маҳрамонаи Нодиршоҳ сар кашиданд. (Али Муҳаммадхони Бадахшӣ баъдҳо, соле чанд вазири дарбори Зоҳиршоҳ буд ва эшон, ки ҳоло марҳум шудаанд ин матлабро ба нависандаи ин сатрҳо гуфта буд).

Дар соли 1930 дар Кобул бинобар дастури ҳукумати вақт рисолаи бофтае бо номи "Муҳокимаи хойинини миллӣ-Муҳаммад Валихон ва Маҳмуди Сомӣ "ба чоп расид (Дар соли 1999, маркази нашаротии "Майванд" , китобхонаи Сабо аз рӯи як нусхаи чопи соли 1930 нашри дубораи ин рисолаи аҳди Нодирияро анҷом дод).

Чунон ки аз ин рисола бармеояд, моҳи январи соли 1930 дастури боздошти Муҳаммад Валихон чунин тасвир шудааст: "Дар таърихи 24 далви соли 1308 ҳиҷрии шамсӣ як гурӯҳ аз "маликон ва маорифи "самти шимол дар ҳузур ҳозир гашта, аз аъмоли гузаштаи худ ибрози надомат ва пушаймонӣ намуданд. Онҳо зимнан, ба арз расониданд, ки Ҳабибуллоҳ бачаи Сақовро як идда ашхос, мисли Муҳаммад Валихон ва Маҳмуди Сомӣ таҳрик ба шӯриш ва исён намуд. Ҳабибуллоҳ низ аз мусоидат ва ҳамроҳии онон ҳукумати ғосибона ва истилокоронаи худро ба даст овард. Бачаи Сақов ба дарбориёни худ аз имдоду ҳамроҳии Муҳаммад Валихон изҳор мекард, ки дар ҳини фирор туфанги панҷтира, ки ба дастам ҳаст, ба ман дод ва ҳама вақт рупия (пул) ба ман фиристода аст".

Ҳамон буд, ки Нодиршоҳ бо ин баҳонаҳои бофтаву сохта Муҳаммад Валихони Дарвозӣ ва Маҳмуди Сомиро тавқиф (боздошт) намуд. Барои ин кор "девони олӣ" ва "ҳайати тафтишро" таъйин кард. Дар бораи туфанги панҷтира Муҳаммад Валихон ҷавоб навишт: "Ин туфанг дар қалъаи ман, дар қалъаи Муродбег буд ва Ҳабибуллоҳ дигар асбобу сомон, ки доштам ҳамаро мусодира кард ва ин туфангро низ дар ҷумлаи ҳамон молҳо гирифта".

Муҳаммад Валихон дар апрели соли 1930 маҳкум ба ҳашт сол зиндон шуд. Вале Нодиршоҳ нисбати ӯ адовати шадид мепарварид ва ҳашт соли маҳкумияти Муҳаммад Валихон наметавонист оташи кинаашро таскин бахшад. Дере нагузашта барояш ин шароит мусоид гардид. Таҷовузи Абдулазим Муншизода дар дохили сафорати Инглистон дар Кобул ва кушта шудани як муҳофизи ҳиндӣ, барои Нодиршоҳ баҳонае шуд ва ӯ амри ба дор кашидани Муҳаммад Валихонро (ва низ Маҳдихони Чандовулӣ, падари Муҳаммад Осафи Оҳанг, Хоҷа Ҳидоятуллохон ва чанд риҷоли дигарро) содир кард. Ба таърихи 16 сентябри соли 1930 Муҳаммад Валихони Дарвозӣ дар зиндони Деҳмазанг, дар ҳоле, ки ҳанӯз ба шастсолагӣ нарасида буд, ба дор кашида шуд. Ва ин умдатарин воқеъа, қабл аз кушта шудани Нодиршоҳ дар ҳамон сол буд.

Маҷаллаи "Ориёнои бурунмарзӣ" чопи Шветсия, шумораи 1, марти соли 2009.

Таҳияи Қодиршоҳи Мурувват, махсус барои "Рӯзгор" Бишкек, Қирғизистон

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №12, 26 март, №13, 02 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi