23:03:40 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

Ӯ мехост ҷангро ганҷ бисозад

Рӯзи 9-уми сентябри соли 2013 дар Афғонистон аз шастумин солгарди таваллуд ва 12-умин солрӯзи шаҳодати Қаҳрамони миллии ин кишвар Аҳмадшоҳи Масъуд таҷлил ба амал оварда шуд.

ahmadshah-masood_45985656.jpgБа ин муносибат дар яке аз толорҳои барҳавои меҳмонхонаи «Сирена» дар шаҳри Душанбе низ бо ибтикори хонум Фаришта Ҳазратӣ, яке аз хешовандони наздики Аҳмадшоҳи Масъуд ва Анҷумани дӯстии «Пайванд»-и Тоҷикистон маҳфили зикри хайри ин абармарди даврон баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш Алиасғари Шеърдӯст, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, Абдулғафури Орзу, сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон, Латиф Пидром, Раиси Комиссиюни тафтиши марказӣ ва назорат бар иҷрои Қонуни Парлумони Афғонистон, хонум Гулрухсор Сафиева, Шоири Халқии Тоҷикистон, Қосимшо Искандаров, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон, Масъуди Миршоҳӣ, раиси Анҷумани «Рӯдакӣ» дар Фаронса, Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва дигарон ширкат ва суханронӣ карданд.

1.ortiq-qodir 1212Ровии ин маҳфили зебо Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон Ортиқи Қодир нахуст риштаи суханро ба Латиф Пидром дод. Шоири ширинсухан аз шавқу рағбати ба адабиёт доштаи Масъуд ёдовар шуда иброз дошт, ки китобҳои Саъдиву Ҳофиз ҳамеша ҳамсафари Масъуд буданд. То охири маргаш сода ва фақирона зиндагонӣ кард. Хонаи фақиронае дошт дар Панҷшер. Одами мутаддийн ва тақводор  буд, соатҳои дуву сейи шаб намоз мехонд.

 Ба гуфтаи Латиф Пидром дар Фаронса як теъдод китобҳое ба забони фаронсавӣ  дар бораи Масъуд ба чоп расиданд, ки хеле муҳиманд. Чанде аз ин китобҳоро ӯ номбар кард, ки мутаассифона, ба забони дарӣ-форсӣ  ҳанӯз тарҷума нашудаанд.

2.latif-pidrom 1221Бо дарназардошти он, ки Масъуд воқеъгаро буд, ман боварӣ дорам, ки агар Масъуд зинда мебуд, метавонист тарҳеро дарафканад, ки киштии пурталотуми Афғонистонро аз беамниятие, ки дар Афғонистон имрӯз ҳаст, берун кунад, гуфт доктор Абдулғафури Орзу. Омири шаҳид доимо аз Худой мехост: «Худоё, воқеиятро  он чуноне, ки ҳаст, ба манн бинамой». Воқеиятҳои ҷаҳонӣ, воқеиятҳои минтақа ва воқеиятҳое, ки дар Афғонистон аст. Ҷанг болои Масъуд таҳмил шуд. Ӯ мехост, ки ҷангро ганҷ бисозад. Барои он, ки ин корро бикунад, ӯ бояд меҷангид. Масъуд барои амният меҷангид. Вақте, ки дар миёни оташ қарор доред, бояд оташбозӣ кунед. Масъуд оташбозӣ мекард.

3.sherdust-12145.jpgДоктор Алиасғари Шеърдӯст, як хотираи фаромӯшнашуданиеро ба ҳозирин нақл кард: «Дуруст 12 сол пеш аз ин 10-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон буд. Ман дар раъси як ҳайати баландпояи фарҳангӣ барои ширкат дар ҷашнҳои истиқлоли Тоҷикистон дар Душанбе будам ва Аҳмадшоҳ Масъуд ҳам дар Душанбе буд. Маҳалли истиқомати ҳардуямон дар бӯстонсарои ҳукуматӣ буд …

Он замон китоби «Чашмандози шеъри имрӯзи Тоҷикистон»-и ман тоза нашр шуда буд, омадем дар толор нишастем. Ман дидам, ки шаҳид китоби маро комил хонда ва баъзе ҷойҳояшро аломат гузоштааст. Баъди аҳволпурсӣ ва пурсишҳо аз авзои кишварҳову ҷаҳон ӯ ба ман гуфт: Бигузор роҷеъ ба китобат ҳам суҳбат бикунем. Шурӯъ кард аз исми китоб. Чаро исмашро гузоштӣ «Чашмандози шеъри имрӯзи Тоҷикистон?» Чаро нагузоштӣ «Чашмандози шеъри имрӯзи тоҷик»? Пас тоҷикони Афғонистон чӣ мешавад?

Тоҷикони Тоҷикистон ба ҷои худ, вале тоҷикони Афғонистон дар ин дохил мешуд, хуб мебуд. Узри ман муваҷҷаҳ буд, ки алҳамдулиллоҳ, тоҷикони Афғонистон дар Эрон пойгоҳе доранду шоиронашон дар Машҳад Анҷумани шеър ва шеърҳошон мунташир мешавад. Хулоса, он шаб то дер мо суҳбат доштем. Он сол Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон супориш дода буд, ки дар Тоҷикистон дар баробари таҷлил аз 10-солагии ҷашни Истиқлол Носири Хисрав низ гиромӣ дошта бишавад.

Шаҳид ба ман гуфт:

-Бароят чӣ хизмат бикунам? Гуфтам, ки мехостам мазори Носири Хисравро зиёрат бикунам ва бо тарҳи лоиҳае барояш як мақбара обод бикунем. Гуфт: Иттифоқан мазори Носири Хисрав дар ҷоест, ки ҳамин ҳоло дар дасти мост. Биё, ду бародар паймон бибандем, пагоҳ бо ман биёӣ баъд аз зуҳр ба Афғонистон меравем ва туро бо ҳеликоптери худам бармегардонам. Аммо насиб набудааст. Фардо баъд аз зуҳр хабари шаҳодати Масъудро шунидем...

Хонум Гулрухсор суханронии хешро дар ин маҳфил бо суоле аз ҳозирин шуруъ кард:

4.gulrukhsor 4599Мо барои чи имрӯз Аҳмадшоҳи Масъудро дӯст медорем? Мо мехоҳем, ки худамонро дӯст дорем. Мо мехоҳем, ки як зарра ба ӯ монанд бошем. Агар бигӯям, ки ду душмани Аҳмадшоҳи Масъуд аз дӯстони мананд, маро сангборон накунед. Ман се сол бо онҳо дар Парлумони Шӯравӣ дар паҳлӯи ҳам кор кардам. Якеаш Руслан Аушев буд, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки баъд Президенти Ингушистон шуд. Ӯ худ ингуш буд. Дигараш Валерий Очилов буд, ки аз қавми қалмиқ буд, ҳарду генерал буданд.

Дар бораи Аҳмадшоҳ бо меҳру сидқ, бо  некӣ сухан мегуфтанд. Ман аз дустони худ Руслан Аушев  ва Валерий Очилов мепурсидам, ки Масъуд ку душмани шумо буд, чаро ин қадар бо меҳр дар борааш сухан мегӯед? Онҳо мегуфтанд, ки Масъуд душмани мард буд. Ӯ сидқан сулҳро мехост. Мо борҳо замоне, ки як минтақаи ӯро тасаарруф мекардем, намедонистем, ки дар куҷои он замин ӯ минагузорӣ кардааст. Вақте ба ӯ мефаҳмондем, ки хунсо кардани замини минакоридшуда ба фоида аҳолии мулкист, ӯ ба мо харитаи замини минаҳоро медод, то мо он заминҳоро аз майн пок кунем…

5.qosimsho-457878Доктор Қосимшоҳ Искандаров бар ин бовараст, ки дар бораи зиндагониву кору пайкори Аҳмадшоҳи Масъуд аз ин ба баъд рисолаҳои илмӣ бояд навишта шаванд. Дар Тоҷикистон дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд шоирону нависандагон, журналистон шеъру достону роман ва ҳатто китобҳо навиштаанд, вале корҳои илмӣ ҳанӯз на.

Ба қавли як фаронсавии журнолист, ки дар Кобул ӯро дида будам, мегуфт, ки дар байни қумандонҳои Афғонистон, ягона касе ки барои Афғонистон ҷанг мекард, Масъуд буд, иброз дошт дар идомаи суханаш Қосимшоҳ Искандаров. Дигарон вобастаи ин ё он кишвар буданд ё барои  манфиати худ ҷанг мекарданд. Барои истиқлолияти Афғонистон фақат Масъуд мубориза мебурд. Масъуд низоми исломӣ-демократиро мехост. Ӯ мегуфт, ки қазияи Афғонистон дар интихобот ҳал мешавад. Вале интихобот бояд демокративу шаффоф бошад ва иродаи мардум ба назар гирифта шавад.

Масъуди Миршоҳӣ дар посух ба суханронии Латиф Пидром ваъда дод, ки дар оянда хулосаи ҳамаи он китобҳоеро, ки дар Фаронса ба забони фаронсавӣ дар бораи Масъуд навишта шудаанду ҳанӯз ба забони форсӣ тарҷума нагардидаанд, дар ҳаҷми 15-20 саҳифа ба забони форсӣ навишта дар маҷмӯае нашр ва дастраси хонандагон хоҳад кард.

7.rustami-vahhob-457898.jpgРустами Ваҳҳоб, ин шеъри ба Аҳмадшоҳи Масъуд навиштаи хешро қироат кард:

Сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд,

Кулаҳ аз сар ба хок афканду фармуд.

Ба номи он ки ҷони Аҳмад аз ӯст,

Фурӯғи дудмони Аҳмад аз ӯст.

Агар рӯзе зи хоки Меҳани ман,

Бимонад ин қадар бе қайди душман,

Биафшорам барот чун Бесутон пой

Наҷумбам гар ҷаҳон ҷумбад аз ҷой.

Пайи озодии Меҳан биҷангам,

В-агар аз хуни дил созанд рангам.

Сипоҳе чашм сӯи он кулаҳ бурд,

Ки рӯи хок мисли қурси маҳ буд.

Сипас он шермарди панҷшерӣ,

Шаҳиди сидқ устоди далерӣ.

Ба таъзиме кулаҳ аз хок бардошт,

Ватанро гӯиё бар фарқ бигзошт.

Муҳаммадато Султонов, ки солҳои 90-ум чанд рӯзе меҳмони дараи Панҷшер будааст, аз ҷавонмардии Аҳмадшоҳи Масъуд қиссаҳои ҷолибе кард.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi