21:19:16 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АСКАР АКАЕВ МОТАМ ДОШТ, ВАЛЕ БА ТОҶИКОН ХИЗМАТ КАРД

Сулҳ ҳадяи Худо буд - қисмати 47

Султони Ҳамад

Даври ҳаштуми музокироти сулҳи байни тоҷикон, ки мебоист дар даҳаи дуввуми моҳи апрели соли 1997 дар шаҳри Теҳрон баргузор гардида бо қабули бархе аз асноди муҳим ба кори худ анҷом медод ва роҳро ба қабули Созишномаи ниҳоии сулҳ ҳамвор мекард, ба сабаби ихтилофҳои шадиди тарафайн дар диди роҳи ҳалли масъалаҳо, ба дарозо кашид. Дар ин давр бояд Протоколҳо оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва кафилони сулҳи Тоҷикистон ба имзо мерасиданд ва назаре ҳам ба банду басти Созишномаи умумӣ карда мешуд.

/images/stories/2013/03/04_askar-akaev-040313.jpgМиёни масоили сиёсӣ масъалаи замони дубора ба фаъолият оғоз кардани аҳзоби сиёсии шомили ИНОТ масъалаи баҳсбарангез гардид. Ҷониби мухолифин пешниҳод кард, ки аҳзоби сиёсии шомили ИНОТ, ки фаъолияташонро мақомоти дахлдори ҳукумати ҷумҳурӣ бо як қарори худ ҳанӯз соли 1993 мамнӯъ эълон карда буданд, як рӯз пеш аз шурӯъи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ иҷозати фаъолиятро касб кунанд.

Тарафи ҳукумат ба ин пешниҳод ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ нашуд. Пешниҳоди ҳайати ҳукумат ин буд, ки аҳзоби сиёсии шомили ИНОТ танҳо дар ҳамон сурат метавонанд ба фаъолият пардозанд, ки нирӯҳои мусаллаҳи мухолифин халли силоҳ шуда раҳбарияти он эълон намояд, ки дигар нирӯи мусаллаҳ надорад.

Азбаски ҷонибҳо ба ҳеҷ ваҷҳ намехостанд, ки ба якдигар гузашт кунанд ва музокироти ҳайатҳо боз ба сабаби як қатор масоили баҳсбарангези дигар ба бунбаст расида буд, тарафайн ва ба хусус тарафи миёнҷи дар музокироти сулҳи байни тоҷикон, намояндагии ООН роҳи ҳалли масъаларо дар мулоқоти лидерони ду тарафи сулҳкунанд ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ диданд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ рӯзҳои 16-18-уми майи соли 1997 дар пойтахти Қирғизистон шаҳри Бишкек баргузор гардид. Ин ҳамон шабу рӯзҳое буд, ки модари Президенти Қирғизистон Аскар Акаев навакак вафот карда буд ва ин дӯсти бузурги тоҷикон бо вуҷуди дар мотами марги модар будану мусибат доштан талоши зиёд мекард, ки то ҳарчи тезтар мусибати бар сари тоҷикон омада рафъ шавад. Музокирот дар ҳақиқат, хеле ба кундӣ пеш мерафт. Вале ӯ тавонист ҳарду тарафро мутақоид созад, ки ба истиқболи ҳамдигар қадамҳои устувор гузоранд. Хидмати ин марди хирадмандро миллати шарифи тоҷик набояд фаромӯш кунад.

Масъалаи азсаргирии фаъолияти дубораи аҳзоби сиёсии мухолифин низ ҳалли худро дар ҳамин Бишкек пайдо кард. Ҷонибҳо созиш карданд, ки баъди иҷрои чорабиниҳои даври дуввуми Протоколи низомӣ, яъне баъди он ки тамоми нирӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди мухолифин шомили сохторҳои қудратии ҳукумат шуда савганд ёд мекунанд ва раҳбарони ИНОТ дар бораи барҳам хӯрдани нирӯҳои мусаллаҳашон эъломия пахш менамоянд, ҳукумат ба фаъолияти дубораи аҳзоби сиёсии шомили ИНОТ рухсат медиҳад. Ҳизбҳо ва ҷунбишҳои сиёсии шомили ИНОТ дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи меъёрҳо ва кафолатҳои дар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар мамлакат омада фаъолият мекунанд.

Масъалаи дигаре, ки дар ин музокирот ҳал шуд, ин масъалаи мустақар кардани як воҳиди низомии мухолифин дар Душанбе қабл аз ба Тоҷикистон ташриф овардани аъзои Комиссияи Оштии Миллӣ аз ҷониби оппозитсия буд. ИНОТ мехост, ки теъдоди аскарони ин воҳиди низомӣ 1000 нафар бошад. Вале ҳукумат танҳо ба нисфи он розӣ шуд. Аниқтараш тибқи тавофуқи бадастомада ин воҳиди низомӣ мебоист аз 460 нафар иборат бошад. Чил нафари дигар дар ҳайати як сохтори амниятӣ бояд бевосита амнияти аъзои КОМ аз ҷониби мухолифинро таъмин мекарданд.

Хулоса дар Бишкек ду ҳуҷҷати муҳим ба имзо расид. Протокол оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва Меморандуми Бишкек. Чун ин аснод сарнавиштсоз буданд ва аз мӯҳтавои асосии онҳо алоқамандони мавзӯи сулҳу ҷанги тоҷикон кам бохабаранд, лозим медонем, ки матни пурраи онҳоро пешкаши хонандагони арҷманди сомонаи «Рӯзгор» кунем.

ПРОТОКОЛ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ СИЁСӢ

Ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозисиони тоҷик (ки минбаъд «тарафайн» номида мешавад) бо нияти дарёфти сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар ва мутобиқи Протоколи 17 августи соли 1995 дар бораи принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва Созишномаву Протоколи 23 декабри соли 1996 дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов ва Роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик С.А. Нурӣ имзо шудааст, амал карда, ба хотири иҷрои дастурҳои Президент ва Роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик Низомномаи Комиссияи оштии миллиро танзим ва қабул карданд, ки қисми таркибии ҳамин Протокол мебошад. Созишнома ва Протоколи 23 декабри соли 1996 дар Маскав имзошуда низ қисми ҷудонашавандаи он мебошад. Тарафайн ҳамчунин оид ба масъалаҳои усулии зерини сиёсӣ мувофиқа ҳосил карданд:

1.Президент ва Комиссияи оштии миллӣ ба ҳайси аввалин иқдоми ҳалли сиёсӣ дар рӯзҳои нахустини фаъолияти Комиссия Санади ҳамдигарбахширо қабул мекунанд. На дертар аз як моҳи баъди қабули Санади ҳамдигарбахшӣ Қонуни авф қабул карда мешавад.

2.Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ барои давраи гузариш бо шомил шудани 25 фоизи намояндагони ИНОТ ба ҳайати он ташкил меёбад ва то шурӯъи фаъолияти парламенти нави касбӣ ва ташаккули Комиссияи нави марказии интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобот ва раъйпурсиро мегузаронад.

3.Ислоҳоти ҳукумат бо роҳи ба сохтори ҳукумати иҷроия, ба шумули вазоратҳо, идораҳо, мақомотҳои ҳокимияти маҳаллӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ тибқи саҳмия ворид сохтани намояндагони Иттиҳоди нерӯҳои оппозисиони тоҷик сурат мегирад. Номзадҳои пешниҳодшуда тибқи тавсияи Иттиҳоди нерӯҳои оппозисиони тоҷик баъди маслиҳат байни Президент ва Раиси Комиссияи оштии миллӣ муайян карда мешаванд.

4.Мақомоти ҳокимияти Тоҷикистон баъди ба анҷом расидани марҳилаи дуюми иҷрои Протокол оид ба масъалаҳои низомӣ манъ ва маҳдудияти фаъолияти ҳизбҳо ва ҷунбишҳои сиёсии шомили ИНОТ ва воситаҳои ахбори умумро бартараф мекунанд. Ҳизбҳо ва ҷунбишҳои сиёсии шомили ИНОТ дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи меъёрҳо ва кафолатҳои дар Созишномаиумумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар мамлакат омада фаъолият мекунанд.

Э. Раҳмонов, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

А.Нурӣ, Раҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик

Г.Д.Меррем, Намояндаи Махсуси Дабири кулли СММ

18 маи соли 1997

ЁДДОШТИ БИШКЕК

Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов ва Роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик А. Нурӣ бо нияти баррасии амиқи масъалаҳое, ки дар чорчӯби Музокироти байни тоҷикон арзёбӣ мешавад, 16-18 маи соли 1997 дар пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳри Бишкек вохӯрданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари ИНОТ, ки ба манфиатҳои олии миллии халқи тоҷик содиқанд, дар он ақида ҳамфикранд, ки раванди қаблии мзокирот ва созишномаҳое, ки дар ҷараёни онҳо ба имзо расидаанд, барои авзои сиёсии ҶТ-ро бо роҳи мусолиматомези созандагӣ табдил додан заминаи кофиро ташкил медиҳад. Дар ин чорчӯб барои ҳалли проблемаҳое, ки дар рӯзномаи музокирот қарор доранд, қадами ҷиддии навбатӣ гузошта шуд.

Протокол оид ба масъалаҳои сиёсӣ ба имзо расид, ки он дорои мувофиқаҳо роҷеъ ба проблемаҳои усулӣ, аз қабили Санади ҳамдигарбахшӣ ва қонуни авф; ба ҳайати Комиссияи марказии интихоботва раъйпурсӣ дар давраи гзариш шомил кардани 25 фоизи намояндагони ИНОТ; ислоҳоти ҳукумат аз роҳи ба он аз рӯи саҳмия ворид сохтани намояндагони ИНОТ; баъди ба анҷом расидани татбиқи марҳилаи дуюми Протокол оид ба масъалаҳои низомӣ бекор кардани манъи фаъолияти ҳизбҳо ва ҷунбишҳои сиёсии шомили ИНОТ ва воситаҳои ахбори умум мебошад. Дар иртибот бо нукоти Протокол оид ба масъалаҳои низомӣ дар бораи дар Душанбе ҷойгир кардани 460 нафар дастаи мусаллаҳи ИНОТ ва 40 нафари дигар барои муҳофизати аъзои Комиссияи оштии миллӣ мувофиқа ҳосил шуд.

Президенти ҶТ ва Роҳбари ИНОТ тасмим гирифтанд, ки масъалаҳои ивази асирони ҳарбӣ ва маҳбусон ҳангоми музокироти минбаъда дар Теҳрон ва Маскав ҳамаҷониба баррасӣ шуда, барои татбиқашон механизми мувофиқе тайёр карда шавад.

Президенти ҶТ ва Роҳбари ИНОТ розӣ шуданд, ки дар натиҷаи вохӯрии Бишкек монеаҳое, ки вақтҳои охир дар раванди музокирот пеш омада буданд, бартараф гардиданд, барои идомаи бомуваффақияти онҳо замина гузошта шуд. Онҳо мувофиқа ҳосил карданд, ки баробари имзои Созишномаи умумӣ оид ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон Комиссияи оштии миллӣ ба кор оғоз менамоянд.

Президенти ҶТ Э. Раҳмонов, роҳбари ИНОТ А. Нурӣ ва Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон Г.Меррем ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон А. Акаев, халқи Қирғизистонро барои меҳмоннавозиашон, истиқболи некашон ва ташкили музокирот дар сатҳи олӣ ба ҳалли босамари он ҳисса гузоштанашон самимона миннатдорӣ мекунанд.

Э. Раҳмонов, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

А.Нурӣ, Раҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик

Г.Д.Меррем, Намояндаи Махсуси Дабири кулли СММ

18 маи соли 1997

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 46

ДАР ИН ҶАНГ МОДАРОНИ ФАРЗАНДГУМКАРДА ЗИЁД БУДАНД



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi