06:24:29 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҚИССАИ КУМИТАИ ПАДАРУ МОДАРОНИ САРБОЗОНИ АСИР

Сулҳ ҳадяи Худо буд - қисмати 45

Султони Ҳамад

Яке аз вазифаҳои муҳиме, ки дар назди ҳайати баландпояи низомиву сиёсии муштараке, ки дар минтақаи таҳти нуфузи муҷоҳиддин (водиҳои Қаротегину Вахё, кӯҳистони Бадахшон, атрофи Душанбе) аз миёнаҳои декабри соли 1996 то сентябри соли 1997 фаъолият кард, ин ҳарчи тезтару хубтар мусоидат кардан дар озодии аскарон ва афсарони ҳукуматӣ буд, ки дар ҷараёни даргириҳо ба асорати размандагони мухолифин афтода буданд.

/images/stories/2013/02/05_1-sulh-45.jpgЯк иддаъ аз асирон, махсусан онҳое, ки дар ҷараёни ҷанги аввали моҳи декабри соли 1996 дар водии Ғарм, асир шуда буданд ва теъдодашон аз сад нафар зиёд буд, тақрибан дар ду моҳи аввали ба асорат афтиданашон озод гардиданд. Як қисми онҳоро фармондеҳи ноҳияи Тоҷикобод Муҳаммадрӯзӣ Искандаров бе ягон қайду шарти пешакӣ бо хоҳиши падару модарони усаро, ки асосан аз мардуми шимоли кишвар буданд ва барои дидани онҳо дар даҳаи аввали моҳи декабри соли 1996 ба Қаротегин омада буданд, озод карда бошад, қисми дигарашонро бо кӯмак ва мусоидати аъзои Комиссияи муштараки назорат бар Созишномаи оташбаси Теҳрон ва ҳайати баландпояи низомиву сиёсии муштарак бо як иддаъ аз афроди оппозисиюн, ки дар зиндонҳои ҳукумат маҳбус буданд, дар нимаи аввали моҳи январи соли 1997 табодул карданд.

Дар бораи теъдоди усаро ва маҳбусон

Масъалаи озод кардани асирон ва маҳбусони сиёсӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи роҳбарони ҳарду ҷониби даргир меистод. Ҳарду тараф ҳам саъй ва талошҳо ба харҷ медоданд, ки ҷонибдоронашонро ҳарчи тезтар аз банду қайди зиндон ва асорат раҳо кунанд.

Масалан моҳҳои январ-феврали соли 1997 ҷониби мухолифин бо имзои ҳамраиси Комиссияи муштраки назорат бар Созишномаи оташбаси Теҳрон Ҷалолиддин Маҳмудов ба ҳукумати ҷумҳурӣ мактубе ирсол карда буд ва дар он хоҳиш карда мешуд, ки аз тақдири 538 нафар ҷонибдори ИНОТ, ки тибқи иттилои мавҷуда дар зиндонҳои ҳукумат нигоҳ дошта мешуданд, маълумоти зарурӣ бидиҳад.

Дар посухи ҳукумат таҳти рақами 236/ 236.9 аз 18 марти соли 1997, ки ба он ҳамраиси Комиссияи муштараки мазкур аз ҷониби ҳукумат, мушовири давлатии Президенти ҷумҳурӣ Зафар Икромов имзо гузоштааст, омада буд, ки аз теъдоди зикршудаи маҳбусон дар ҳоли ҳозир аз тақдири 307 нафарашон маълумот дода метавонанд. Дар маълумотнома навишта шуда буд, ки аз ин 307 нафар 61 нафарашон аллакай ба озодӣ баромадаанд, 9 нафар бошад ҳини дар зиндон будан вафот кардаанд. Дар нисбати 2 нафар ҳукми қатл ба ҷо оварда шудааст. Як нафарро табодул кардаанд.

Як нафар ҳини кӯшиши фирор кардан ба қатл расонда шудааст. Ду нафар дар ҷустуҷӯи оперативӣ ҳастанд. Аз се нафар зикршуда ҳукумат танҳо забонхати аз шаҳр набаромадан гирифтаасту халос. Як нафар умуман ба ҳабс гирифта нашудааст. Номи ду нафар такроран зикр шуда будааст. Дар бораи 222 нафари зикри номашон дар мактуби мухолифиномада ҳукумат ягон маълумот надорад, омадааст дар он ҳуҷҷат.

Ҷониби ҳукумат низ кӯшишҳои зиёд ба харҷ медод, ки сарбозон ва аскарони дар асорати муҷоҳиддин будаи хешро ҳарчи тезтар озод кунад. Бо ин мақсад аз роҳҳои гуногуни ба мақсад расидан истифода бурда мешуд. Махсусан ходимони амниятӣ, бо роҳбарии вазири амният Сайдамир Зуҳуров ва сардори яке аз раёсатҳои ин вазорат, узви Комиссияи назорат бар Созишномаи оташбас Аҳтамшо Саидшарифов талош мекарданд, ки тамоми роҳу воситаҳои мусолиматомез, махсусан бо истифода аз пайвандҳои хешу таборӣ, ёру ҷӯрагӣ, нуфузи шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣва ғайраро ба кор баранд то рӯз ба рӯз теъдоди дар асорат будаи сарбозон ва афсарони ҳукуматиро камтар намоянд.

Дар ин кор Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ бо роҳбарии Амирқул Азимов низ саҳми арзандаи худро мегузоштанд. Дар бораи теъдоди умумии усарои дар дасти муҷоҳиддин буда на ҳукумат ва на худи раҳбарияти муҷоҳиддин, фармондеҳони нирӯҳои мусаллаҳи мухолифин  кӯшиш мекарданд, ки дар ягон ҳуҷҷат расмӣ ибрози назар накунанд.

/images/stories/2013/02/05_2-sulh-45.jpgВале дар сӯҳбатҳои рӯ ба рӯи намояндагони ду тараф дар Комиссияи муштараки назорат бар оташбас ва ҳайати муштараки баландпояи низомиву сиёсӣ ҳангоми дар ин робита овардани омор баъзан шумораҳои аз дусад то ҳафтсад нафар ироа мешуд. Намояндагони ҳукумат бар ин назар буданд, ки дар дасти размандагони муҷоҳиддин шояд аз 700 нафар сарбоз ва афсари ҳукуматӣ камтар асир набошад.

Роҳбарон ва махсусан қумандонҳои сатҳи болои мухолифин дар моҳхои феврал ва марти соли 1997 иброз медоштанд, ки дар дасти онҳо на бештар аз 200 нафар сарбоз ва афсари ҳукумат асир аст. Ба ақидаи онҳо дар тамоми давраҳои даргирии байни ҳукумат ва мухолифин, яъне аз соли 1993 то декабри 1996 шояд аз ҳафтсад нафар ҳам зиёд сарбози ҳукуматӣ ба асорати нирӯҳои мусаллаҳи оппозитсия афтида бошад.

Вале дар ин байн бархе аз онҳо фирор кардаанд, қисмати дигар ба муҷоҳиддин пайвастанд. Азҷумлаи ба муҷоҳиддин пайвастагон қисмате аз онҳо дар ҷангҳо ба шаҳодат расидаанд. Бархеро ҳам бо маҳбусон табодул кардаанд. Қисмати дигарро ҳам бо роҳҳои гуногун шахсан падару модаронашон ба Тавилдара омада аз ин ҷо гирифта бурдаанд. Дар омади гап мехоҳам барои мисол дар бораи як гурӯҳи ин қабил падару модарон, ки ба Тавилдара омада буданду барои бурдани бачаҳояшон ҷаҳду талош карданд ва банда шоҳиди ҳол будам сухане чанд муфассалтар бигӯям.

Роҳи пурпечутоби корвони падару модарони синадоғ

Баъд аз зӯҳри рӯзи 26-уми феврали соли 1997 дар маркази шаҳрчаи Ғарм як корвони иборат аз шаш мошин: як автобуси мусофирбару панҷ КАМАЗ-и боркашон лангар андохт. Онҳо бо худ қариб 40 тонна бор, асосан маводи хӯрока, пӯшока ва барои нақлиёт сӯзишворӣ гирифта аз роҳи вилояти Ӯши Қирғизистон тариқи ноҳияи Ҷиргатол ба Ғарм омадаанд ва озими ноҳияи Тавилдара мебошанд.

Бо ҳамроҳии ин корвон 51 нафар аз сокинони вилояти Суғд низ ҳастанд, ки аксарияташон падару модарони ба асорат уфтодаи аскарони ҳукумат мебошанд. Ҳадафи асосии онҳо аз ба Тавилдара рафтан ҳадди ақал дидани дидори фарзандонашон ҳаст. Яке аз онҳо дар сӯҳбат бо нависандаи ин сатрҳо ва Неъматуллоҳи Билол, узви дигари ҳайати низомиву сиёсӣ аз ҷониби мухолифин, худро Саидмурод Мӯъминов, «раиси Кумитаи падару модарони сарбозони асири вилояти Суғд» муаррифӣ кард.

Ин бори саввум будааст, ки ӯ бо чунин як корвони мошинҳо ва ҳамроҳ бо волидайн барои дидану бурдани сарбозони асири суғдӣ ба манотиқи даргири Тоҷикистон меояд. Бори аввал моҳи майи соли 1996 бо 26 нафар падару модар то деҳаи Лаби Ҷари Тавилдара, ки он вақт он ҷо пости сарбозони ҳукуматӣ будааст, меояд. Ба гуфтаи Саидмурод ҳамон вақт лидери ИНОТ, устоди шодравон Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба фармондеҳи нирӯҳои низомии мухолифин дар Тавилдара Мирзо Зиёев фармон дода будааст, ки 26 нафар асиреро, ки аз вилояти Суғд будаанд, озод карда ба дасти падару модаронашон бидиҳад.

Кумитаи падару модарони сарбозони асири вилояти Суғд бо ҳамин мақсад ташаббус нишон дода падару модарони ҳамон асиронро гирифта равонаи Тавилдара мешаванд. Вале дар пости Лаби Ҷар афсарони ҳукумат ба онҳо иҷозат намедиҳанд, ки сафарашонро ба Тавилдара идома диҳанд. Баҳона пеш меоранд, ки амният дар роҳ таъмин нест ва аз эҳтимол дур нест, ки худи онҳоро низ  муҷоҳиддин ба асорат бигиранд. Бинобар ин корвон бо ҳамроҳии падару модарон ба қафо бармегардад.

Баъдан ҳамон корвон бо ҳамроҳии падару модарон ба Бадахшон рафта дар он ҷо бо бархе аз фармондеҳони мухолифин вохӯрда заминаи ҳамин сафари имрӯзаро муҳайё месозанд. Бори дуввум падару модарон боз як корвонро таъсис дода 4-уми декабри соли 1996 ба Қаротегин меоянд ва аз ноҳияи Тоҷикобод 41 нафар корманди умури дохила ва амниятии асли баромадашон аз вилояти Суғдбударо, ки дар асорати муҷоҳиддин нигоҳ дошта мешуданд, гирифта 7-уми декабр ба Хуҷанд мебаранд.

Инак маротибаи саввум аст, ки Саидмурод Мӯминов ва падару модарони суғдӣ ба водии Қаротегину Вахё барои дидану бурдани ҷигарбандони хору асирашон меоянд.

Модарони суғдӣ дар Тавилдара

Корвони падарону модарони сарбозони асири суғдиро Мирзо Зиё ва мардуми Тавилдара дар деҳаи Чилдара истиқбол гирифтанд. Ба муносибати ташриф овардани меҳмонон ва таҳияи маводи хӯрокаи чандрӯзаи онҳо ду барзаговро забҳ карданд. Падару модарони сарбозони асирро дар ҳамин Чилдара дар хонаҳои мардум якнафарӣ-дунафарӣ ҷо ба ҷо карданд.

/images/stories/2013/02/05_3-sulh-45.jpgБаъди дидани рӯйхати усаро, ки онро раиси Кумитаи падару модарон пешниҳод карда буд, Мирзо Зиёев ба зертобеъонаш фармон дод, ки ду мошинро гирифта ба Вахёи Боло, тахминан 70-80 километр болотар тарафи саргаҳи Хингов бираванд ва аз он ҷо сарбозони ҳукуматиро тибқи феҳрист гирифта биёранд.

Меҳмонон автобус ва як КАМАЗ-и худро бо ронандагонашон ба ихтиёри размандагони Мирзо Зиёев доданд. Асирон дар Вахёи Боло, асосан дар хонаҳои мардуми таҳҷоӣ зиндагонӣ мекарданд. Ба он ҷо рафтану омадан дар ин шароити кӯҳистон ва фасли зимистон камаш ду рӯз вақтро мегирифт. Дар ин муддат падарону модарони усаро бисёр мехостанд, ки ҳар яке аз онҳо бо Мирзо Зиё дар алоҳидагӣ сӯҳбатҳо дошта бошанд.

Дарди дили худашонро бигӯянд. Мирзо Зиёев низ онҳоро қабул карда кӯшиш мекард, ки ба саволҳои онҳо ҷавобҳои дурусту мантиқӣ бидиҳад. Саволҳо аксаран модарон ва падарон атрофи он буданд, ки чаро ӯ бо ҳукумат ҷанг мекунад? Чаро силоҳро ба замин намегузорад? Чаро асиронро намегузорад, ки ба хонаҳояшон раванд? Ва ӯ посух медод.

Сулҳ ҳадяи Худо буд - қисмати 44

ҲАЛЛУ ФАСЛИ МАСОИЛИ НИЗОМӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi