10:48:17 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҚИССАИ МУҶОҲИДИ РУСТАБОР ИСЛОМИДДИН

Сулҳ ҳадяи Худо буд - қисмати 42

Султони Ҳамад

Маҳмадалӣ Ҳаит, узви ҳайати низомиву сиёсии мухолифин бо ҳамроҳии Нарзуллоҳи собиқ ҳозирбоши устод Нурӣ дар як муддати кӯтоҳ воҳиди ҳарбии зиддитеррористиро аз ҳисоби муҷоҳиддини Ҷиргатолу Тоҷикобод ва Ғарм ташкил карда ба ноҳияи Дарбанд, ки ҳоло Нурободаш мегӯянд, ҳаракат карданд.

/images/stories/2012/12/24_tavildara-m.hayit-241212.jpg

Дар он ҷо онҳо бояд бо размандагони фармондеҳ Шаҳобиддин ва мулло Абдуллоҳ якҷоя шуда муштаракан бо ҳамроҳии аскарони Горди президентии Ғаффор Мирзоев зидди гурӯҳи бародарон Садировҳо, ки акнун бархе дар дараи Ромит бо муҷоҳиддини Қосимҷони Исматӣ дар ҷанг буданд ва иддаи дигар дар  атрофи Обигарму Файзобод паҳну парешон шуда мардуми оддиро азият медоданд, амалиёти низомӣ пиёда мекарданд.

Ин тасмимро лидерони ҳарду ҷониби сулҳкунанда устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон агарчӣ дар мулоқоти чанде пеш дар Машҳад барпонамудаи худ гирифта бошанд ҳам, вале барои амалӣ кардани он танҳо  вақте амр доданд, ки гурӯҳи Садировҳо  шартҳои ҳукуматро напазируфта аз пайвастан ба нирӯҳои низомии он худдорӣ кард ва бо размандагони мухолифин дар дараи Ромит ба ҷанг даромад.

Иқдоме, ки бесобиқа буд

Оғози муборизаи якҷояи аскарони ҳукумат ва нирӯҳои низомии мухолифин алайҳи гурӯҳе, ки дигар намехост ба ҳеҷ яке аз ин тарафҳо пайваста ба раванди сулҳ ҳамроҳ шавад ва болотар аз ин даст ба иқдомҳои ваҳшатафканӣ мезад, баёнгари он буд, ки дар раванди сулҳи байни тоҷикон ҳатман натиҷаҳои хуб ба даст хоҳанд омад. Ва ин амалиёти муштарак шояд як иқдоми бесобиқае дар таърихи ҷангҳои шаҳрвандии ҷаҳон буд.

Охир, ҷонибҳои мухолиф дар Тоҷикистон ҳанӯз ба Созишномаи ниҳоии сулҳ имзо нагузошта буданд ва дар байн даҳҳо масъалаҳои ҳаллу фаслнагардида доштанд. Вале дар ҳамин ҳол якҷоя алайҳи душмани муштараки хеш ба мубориза бархостанд. Дар ин амалиёти низомӣ, ки аз ҷониби мухолифин Маҳмадалӣ Ҳаит ва аз ҷониби ҳукумат Гаффор Мирзоев, онро раҳбарӣ мекарданд, чандин нафар аз ҳарду тараф кушта шуданд ва чандин нафари дигар захмӣ гардиданд. Ман дар ин ҷо мехоҳам танҳо дар бораи яке аз онҳо, Исломиддини шаҳид, чанд сухане бигӯям.

Евгений чӣ гуна Исломиддин шуд?

Соли 1994 буд. Дар байни муҷоҳиддин ва муҳоҷирини дар Афғонистон будаи тоҷик хабаре паҳн шуд, ки чанд нафар аскари русӣ азҷумлаи марзбонҳои мустақар дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба тарафи Афғонистон гузашта ба назди раҳбарияти мухолифини ҳукумати Тоҷикистон омада иброз доштаанд, ки мехоҳанд дар муборизаашон ба онҳо кӯмак кунанд. Яке аз онҳо Евгений ном дошт ва аз шаҳри Томски Федаратсиони Русия буд.

Падару модараш ҳам онҷо зиндагонӣ мекарданд. Евгений ё худ Женя баъди дар Афғонистон қабул намудани дини мубини ислом хоҳиш кард, ки номашро минбаъд Исломиддин бигӯянд. Исломиддин бо хоҳиши худ дар пеши эшони Давлатхӯҷаи Панҷӣ сабақи динӣ мегирифт. Азбаски зеҳнаш тез буд дарсҳояшро қабл аз дигарон азхуд мекард ва яке аз шогирдони пешқадам шуд. Бо забони тоҷикӣ  озод ҳарф мезад. Дар як муддати кӯтоҳ намозхону китобхон гардид.

/images/stories/2012/12/24_ahmadshah-masood-241212.jpg

Қуръони азимушшаънро ҳамеша ҳамроҳ дошт. Пораи «Амма»-ро қариб ки азёд карда буд. Боре як журналистзани рус ба назди муҷоҳиддин омада хост бо ӯ мулоқот кунад. Раҳбарияти ИНОТ ин мулоқотро барояш фароҳам сохтанд. Ҳангоми сӯҳбат хабарнигор аз Исломиддин пурсид, ки «агар  ман аз роҳбарияти оппозитсияи тоҷик хоҳиш кунам, ки туро ҷавоб диҳанд, розӣ ҳастӣ, ки туро гирифта ба хонаат бубарам?».

Исломиддин бо ибрози ташаккур гуфт, ки ӯ алҳол намехоҳад дӯстони навашро, ки бо онҳо самимона унс гирифтааст, тарк намояд. Исломиддин бисёрн мехост, ки ба ҷабҳа биравад. Довталабона ба сафи размандагони Ризвон пайваст. Дар гурӯҳи қумандон Шаҳобиддин буд. Дар он ҷо дӯстони нав пайдо кард. Азҷумла бо Файзуллоҳи Зикруллоҳи ҳамсинни худ аз ноҳияи Ғарм рафиқи ҷонӣ шуданд.

Аввалҳои соли 1995 ихтилофи назари раҳбарияти ИНОТ бо фармондеҳи нирӯҳои мусаллаҳаш  Ризвон тезу тунд шуд. Ба хотири пешгирӣ кардани ҷанги байни Ризвон ва дигар қумандонҳои мухолифин дар Афғонистон шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд Ризвонро тақрибан бо сад нафар тарафдоронаш ба Кобул интиқол дод. Шумораи аз ин бештари размандагони Ризвонро раҳбарияти ҲНИТ ба тарафи худ кашида буд.

Дар байни дигар размандагони Ризвон, ки ба Кобул интиқол ёфта буданд, низ ихтилоф ба вуҷуд омад. Як гурӯҳ қумандонҳои Ризвон бо роҳбарии фармондеҳ эшони Ҷунайд ба сабаби  ин ихтилофи назар аз Ризвон ҷудо шуданд. Азҷумла Шаҳобуддин, ки Исломиддин дар гурӯҳаш буд, низ аз Ризвон ҷудо шуд. Файзуллоҳи дӯсти Исломиддин бошад ҳамроҳи Ризвон монд.

Омадани Исломиддин ба Дарбанд ва шаҳодати ӯ

Тобистони соли 1996 Исломиддин якҷо бо гурӯҳи фармондеҳ Шаҳобиддин аз Афғонистон ба Дарбанд омад. Овозаи дар сафи нирӯҳои мусаллаҳи мухолифин будани муҷоҳиди рус ба гирду атроф паҳн шуд. Аз дуру наздик ба диданаш меомаданд. Яке аз дӯстони ҳамсангараш, ки аз ноҳияи Дарбанд буд, бо розигии падару модар ва худи Исломиддин духтареро азҷумлаи хешовандонаш аввалҳои феврали соли 1997 ба ӯ никоҳ карда дод.

Дар Дарбанд ҳама чиз барои Исломиддин зебову дилрабо ба назар мерасид. Худро хушбахт меҳисобид. Чуноне, ки болотар гуфтем зимистони солҳои 1996-97 бародарон Садировҳо, ки чанде пештар ба тарафи ҳукумат гузашта дар Тоҷикистон қарор доштанд, боз ба содир кардани амалҳои ғайриқонунӣ идома доданд.

Азҷумла чанд нафар журналистон ва кормандони созмонҳои байналмилалиро гаравгон гирифта талаб карданд, ки  ба ивази озодии онҳо ҳукумат тавассути чархбол нафарҳои боқимондаи гурӯҳашонро, ки дар Афғонистон монда буданд, ба Тоҷикистон биорад. Ҳукумат талаби онҳоро иҷро кард. Дар миёни аз Афғонистон омадаҳо Файзуллоҳи дӯсти Исломиддин низ буд.

Чун гурӯҳи бародарон Садировҳо баъд аз ин ҳам боз даст ба амалҳои ғайриқонунӣ заданд, ин дафъа ҳукумат дар якҷогӣ бо нирӯҳои мусаллаҳи мухолифин алайҳи ин гурӯҳ амалиёти низомӣ пиёда кард. Азбаски Исломиддин  ба тозагӣ арӯсӣ карда буд, нахостанд ӯро барои  ширкат кардан  дар ин амалиёт ҷалб намоянд. Вале худи ӯ бисёр мехост, ки дар ин амалиёт ширкат биварзад, зеро мехост, ба гуфтаи худаш, «дӯсташ Файзуллоҳро аз дасти Ризвон халос кунад».

Дар яке аз ҷангҳо, аниқтараш 29-уми марти соли 1997, дар деҳаи Тутаки болои Оби Норак Исломиддин мефаҳмад, ки дар он тарафи сангар дар рӯ ба рӯи ӯ дар масофаи садошунав дӯсташ Файзуллоҳ бо ҳамраҳонаш мавқеъ гирифтааст. Номашро гирифта фарёд мекунад ва худро ба ӯ мешиносонад. Файзуллоҳ низ садо баланд мекунад. Исломиддин аз хурсандӣ аз ҷояш хеста намоишкорона автоматашро ба замин гузошта ба сӯи Файзуллоҳ раҳсипор мешавад.

Ҳарчанд ҳамсангаронаш ӯро аз ин кор манъ карданӣ мешаванд, вале ӯ ба ҳарфҳои онҳо гӯш намекунад ва  ҳамоно бе силоҳ ба он тарафе, ки садои дӯсташ баланд шуда буд, ҳаракат мекунад. Дар ҳамин вақт садои тир баланд мешавад. Исломиддин аз роҳравӣ бозистода дасташро ба тарафи дилаш мебарад. Баъди баланд шудани садои тири дуввум ӯ аз пой меафтад. Ин ҳолатро дида ҳамсангарони Исломиддин ба ҳуҷум мегузаранд ва дар ҳамин ҷанг ба дастаи бародарон Садировҳо шикаст медиҳанд.Файзуллоҳ низ кушта мешавад.

Дастгир шудани Баҳром ва мулло Абдуғаффор

Бояд гуфт, ки чанде пештар аз ин даргирӣ, аниқтараш 15-уми марти 1997, Баҳром Садиров, Зиёрат Саъдуллоев ва мулло Абдуғаффорро размандагони ҳамин воҳиди низомии муштарак  дастгир карда  буданд. Аммо он вақт Ризвон ҷон ба саломат бурда буд. Ҳама уммедвор буданд, ки дар амалиёти деҳаи Тутак Ризвон низ дастгир мешавад. Дар як мусоҳибаи ихтисосӣ Маҳмадалӣ Ҳаит, узви ҳайати сиёсиву низомии мухолифин, ки такрор мекунам фармондеҳии ин амалиёти зиддитеррористии муштаракро аз ҷониби мухолифин ӯ раҳбарӣ мекард, ба нависандаи ин сатрҳо дар ин бора  чунин гуфта буд:

«Замоне, ки ман ҷасади ду нафар аз бародарони дарбандӣ, Шокирҷон ва Исломиддин, размандаи рустабореро, ки ислом оварда буд, тавассути чархбол ба Файзобод ва аз он ҷо ба Дарбанд интиқол додам, дар Тутако (Тутак, Боғак мегӯянд, болои Оби Норак) гурӯҳҳои Шаҳобиддин, гурӯҳҳои дигари размандаҳои ИНОТ тамоми боқимондаҳои Ризвонро иҳота карда буданд. Вале, вақте ки ман субҳи дигар аз Дарбанд бозпас омадам, амалиётро Ғаффор Мирзоев бинобар дастури касе қатъ карда буд. Дар ҳолате, ки Ризвон Садиров дар он ҷо бояд дастгир мешуд. Вале фикр мекунам ба хотири бозиҳои оянда, ба хотири истифодаи Ризвон ин гурӯҳҳоро раҳо карданд ва ин гурӯҳ боз балоҳои зиёдеро болои инсонҳо овард». (Аз китоби Султони Ҳамад «Дар сӯҳбати соҳибдилон», Душанбе, «Диваштич»-2007, саҳ.117-118).

Дар ҳақиқат, Ризвон бо гурӯҳаш баъди раҳо ёфтан аз ин муҳосира боз қувват гирифта моҳи октябри соли 1997 ба қароргоҳи Горди Президентӣ, ки дар маҳаллаи Политехникуми шаҳри Душанбе мавқеъ дошт, шабехун зада чандин нафарро аз аскарони ин қисми ҳарбӣ ба шаҳодат расонд. Ва боз даст ба чандин гаравгонгириҳои фоҷиабор зад. Билохира 2-уми декабри соли 1997 дар як амалиёти зиддитеррористии кормандони вазорати амнияти ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии бевоситаи вазири амният, генерал-полковник Сайдамир Зуҳуров Ризвон Садиров дар маҳаллаи Южнийи шаҳри Душанбе ба қатл расида, гурӯҳаш маҳв карда шуд.

Сулҳ ҳадяи Худо буд - қисмати 41

Дар ин мавзӯъ: ҲАЛЛУ ФАСЛИ МАСОИЛИ НИЗОМӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi