03:56:37 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲНИТ: ХУНРО БО ОБ МЕШӮЯНД

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 38

Султони Ҳамад

Баъди мусоҳибаи телефонӣ бо Салими Аюбзод сардори ситоди Баҳром бо ҳамроҳии хабарнигорон, аз ҷумла Аркадий Дубнов, хабарнигори бахши русии радиои «Озодӣ», Алексей Червяков, наворбардори шабакаи телевизонии НТВ, Абдумаҷид Усмонов, Абдушукур Саломов, кормандони дафтари матбуотии Президенти Тоҷикистон, Валерий Жуков, корманди МИТ «Ховар», Сергей Жуков, аксбардори ИТАР-ТАСС ба мақари Баҳром Садиров рафтанд.

/images/stories/2012/10/23_s.aubzod-a.dubnov-111.jpgДар он ҷо Баҳром Садиров ба хабарнигорон изҳороти кӯтаҳи худро ба забони русӣ чунин баён кард: «Я, Бахром Садиров, приношу мировому сообществу большое, большое извинение и журналистам российской газеты, которые находились у меня в гостях и мы через них добились почти на 50 процентов мира в Таджикстане. Они все освобождены, спосибо большое им».

Тақрибан соатҳои 20-и бегоҳ 5 гаравгони боқимонда, яъне панҷ нафар нозири низомии СММ-ро гирифта оварданд. Ҳамин тариқ ин гаравгонгирии гурӯҳи Баҳром, ки субҳи рӯзи 4-уми феврал оғоз шуда буд, рӯзи 17-уми феврал соати тақрибан 21 ба вақти Душанбе бо озодии тамоми гаравгонҳо поён ёфт.

Изҳороти сардори ситоди Баҳром

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбати худ бо шабакаи телевизионии НТВ гуфт, ки «бо ин воқеа ба Тоҷикистон зарбаи мудҳиши моддӣ ва маънавӣ ворид шудааст. Ба эътибори сиёсии кишвар зарба зада шуд».

Рӯзи 18-уми феврал котиби дафтари матбуотии Президенти Тоҷикистон Зафар Саидов дар мусоҳибаи худ ба радиои Тоҷикистон гуфт, ки Баҳром Садиров ва Саидмурод Қиёмиддинов ҳангоми супурдани панҷ нафар гаравгони боқимонда изҳор доштаанд, ки ҳадафи онҳо аз Афғонистон баргардондани Ризвон ва 40 нафар ҳамяроқони вай буд, ки дар Афғонистон дар ҷангҳои дохилӣ ҷалб гардида буданд.

Мақсади онҳо маҳз баргардондани онҳо ба Ватан, ба сарзамини худ буд. Онҳо расман аз ҷомеъаи ҷаҳон, аз Русия ва ҳукумати Тоҷикистон бахшиш пурсиданд. Онҳо изҳор доштанд, ки ба статус ё мақоми кадом як гурӯҳи сеюми сиёсӣ дар Тоҷикистон даъво надоранд. Нисбати Президент Эмомалӣ Раҳмон хайрхоҳ ҳастанд. Ба сардори давлати Тоҷикистон эътимод доранд ва билохира ба ҷониба ҳукумат мепайванданд.

Саймурод Қиёмиддинов изҳор дошт, ки созишномаҳои миёни Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар Маскав имзошударо ба манфиати мардум медонанд ва онҳо ҷонибдори ин созишномаҳо ва ин раванд ҳастанд. Саидмурод Қиёмиддинов инчунин гуфт, ки марҳилаи аввали гуфтушуниди гурӯҳи онҳо бо ҳукумат бо озод кардани гаравгонҳо ба поён расид. Марҳилаи дуюми гуфтушуниди онҳо бо ҳукумат ба масъалаи худи онҳо иртибот дорад.

Вокуниши ҷомеъаи байналмилалӣ

Намояндаи департаменти ИМА Глин Девид дар нишасти матбуотиаш рӯз 18-уми феврал оиди қазияи гаравгонгирӣ дар Тоҷикистон гуфт, ки Ҳукумати ИМА аз озод шудани гаравгонҳо истиқбол мекунад. Зарурати баргузории даври навбатии гуфтушунидҳои сулҳи тоҷиконро таъкид намуда онро беҳтарин роҳи расидан ба сулҳу эътидол мешуморад.

/images/stories/2012/10/23_boris-elsin-231012.jpgБорис Елтсин, Президенти Федератсияи Русия аз озодкунии гаравгонҳо изҳори қаноатмандӣ кард. Ба Сарвазири ҳукуматаш Черномирдин, ба муовинҳои сарвазир Болшаков, Игнатенко ва сардори хадамоти амниятӣ Ковалев ташаккур иброз намуд. Инчунин аз ҳукумати Тоҷикистон низ изҳори сипос кард.

Панҷ ҳамлаи террористӣ дар зарфи дувуним соат

Бале, шоми рӯзи 17-уми феврал қазияи гаравгонгирӣ бехунрезӣ, мусолиатомез ҳаллу фасл гардид. Вале ҳамагӣ баъди якшабонарӯз, бегоҳии рӯзи сешанбеи 18-уми феврал, дар шаҳри Душанбе дар зарфи дувуним соат дар панҷ ҳамлаи террористӣ 7 нафар ба қатл расиданд, ки аз он 4 нафарашон аз ҷиҳати мансубияти миллӣ русҳо буданд.

Тибқи хабари радиои «Озодӣ» тақрибан соати ҳафту сӣ дақиқаи ҳамон бегоҳӣ дар гузаргоҳи дуввуми кӯчаи Ломоносов, дар назди мактаби миёнаи рақами 60-и маҳаллаи 11-уми пойтахт, ҷасади ду нафар посбони сафорати ИМА дар Тоҷикистон Александр Кисилеви 25-сола ва Олег Евсееви 30-сола, ки бо туфанг ба сарашон парронда шуда буданд, пайдо шуд.

Тақрибан дар ҳамон соатҳо, ҳамон рӯз, дар кӯчаи академик Бобоҷон Ғафуров, дар маҳаллаи 84-уми пойтахт хизматчии ҳарбии нирӯҳои мусаллаҳи Русия подполковник Сергей Назарови 43-сола бо зарби гулӯлаи туфангча ба сараш ба қатл мерасад. Дар як вақт корманди пажӯҳишгоҳи илмии мероси хаттии Академияи Илмҳои Тоҷикистон Азиз Ҷобиров низ бо зарби тири туфангча ба сараш кушта мешавад.

Дар назди автовокзали Душанбе худи ҳамон рӯз тахминан соатҳои аз 7 то 8-и шом Анатолий Сидорови 27-сола ва як зани тақрибан 25-сола кушта мешаванд. Анатолий ба шикам ва зани номаълум ба сараш парронда мешаванд. Тибқи экспертизаи баллистикӣ ҳамаи мақтулон аз ду таппонча парронда шудаанд.

Соати 8-у бист дақиқаи бегоҳии ҳамон рӯз дар беморхонаи касалиҳои ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) посбон, сержанти милиса Раҳматуллҳ Юсуфов кушта шуд. Гумонбар ба ҷиноятҳои вазнин Наҷмиддин Олимов аз тарафи чор шахси номаълум аз ин беморхона гирифта бурда шуд.

Вазорати корҳои хориҷаи Русия ин силсилатеррорҳоро маҳкум карда дар як изҳороти худ баён дошт, ки «кушторҳои охир характери зиддирусӣ дошта омилонашон бо ин роҳ мехоҳанд ба раванди сулҳу оштии миллӣ халал ворид кунанд».

Расонаҳои хабарии Русия дар мавриди ин кушторҳо лаҳни шадидтар доштанд. «Коммерсант дейли» таҳти унвони «Русҳоро дар Душанбе мекушанд» макола дарҷ кардааст. Дар он омадааст, ки Сафорати ИМА аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кардааст, ки қотилонро ёбанд.

/images/stories/2012/10/23_emomali-rahmon-231012.jpg«Сегодня» навиштааст, ки «таҳлилгарон мавҷи кушторҳои бемаъниро дар Тоҷикистон ба оғози гуфтушунидҳои ду роҳбар Президент Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ марбут медонанд. Кадом як нирӯи сеюме мехоҳад нишон диҳад, ки на ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ва на афроди Нурӣ авзоро дар кишвар контрол намекунанд ва нирӯҳое мавҷуданд, ки ҳозиранд ҳатто ба нархи хунрезиҳои зиёде машҳур шаванд».

«Независимая газета» менависад, ки «дар Тоҷикистони гирифтори кашмакашҳои дохилӣ гаравгонгирии бародарон Баҳром ва Ризвон Садировҳо сирояткунанда ба бор омад. Кушторҳои рӯзи 18-уми феврал эҳтимоли кори дасти гурӯҳи дигарест, ки даъвои нирӯи сеюм буданро мекунад». Дар хабари ИТАР-ТАСС омадааст, ки «ин ҷиноятҳо нишон доданд, ки на ҳукумати Тоҷикистон ва на оппозисиюни тоҷик дар авзои кишвар тасаллут надоранд».

Ҷаласаи Коллегияи Вазорати корҳои дохилаи ҷумҳурӣ

Гарвгонгирӣ ва мавҷи террорҳои ахир ҳукумати ҷумҳуриро маҷбур сохт, ки нисбати ин масъала чораҳои қатъӣ биандешад. Рӯзи 19-уми феврали соли 1997 Коллегияи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон барпо гардид, ки дар кори он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат кард. Дар коллегия бархе таҳлилу оморе оварда шуданд, ки баёнгари вазъи мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ дар ҳамон шабу рӯзҳо мебошанд.

Масалан дар коллегия гуфта шуд, ки соли 1995 дар ҷумҳурӣ 2990 ҷинояти вазнин содир шуда буд. Соли 1996 бошад беш аз 3300 ҷинояти вазнин содир шудааст. Махсусан теъдоди ҷиноятҳое, ки бо истифода аз силоҳи оташфишон содир шудаанд, афзудааст. Чунин ҷиноятҳо соли 1996 нисбат ба соли 1995 дар Турсунзода 5,5 ва дар Роғун 15 баробар афзуд. Соли 1996 460 ҷиноят бо истифода аз силоҳи оташфишон содир гардид, ки дар натиҷаи он 206 нафар шаҳрванд кушта шуданд.

Теъдоди ҳамлаҳои ғоратгарона дар ҷумҳурӣ соли 1996 нисбат ба соли 1995 35 дар сад афзудааст. Чунин намуди ҷиноят дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 33 дар сад ошкор карда мешаваду халос. Тибқи омори расмӣ дар ҷумҳурӣ соли гузашта 41 дар сади ҷиноятҳо ошкор карда шуданд. Президенти ҷумҳурӣ дар ҷаласаи мушовараи вазорат гуфт, ки «кормандони вазорат сидқан кор намекунанд.

Азҷумла чанд сол боз тафтиши 100 парвандаи ҷиноӣ оиди қочоқи пахта, алюминий, тилло ба анҷом нарасидааст. Мақомоти ВУД баръакс кӯшиш доранд, ки баъзе ашхоси гунаҳкор аз ҷазо озод гарданд. Масалан шахсеро, ки барои фурӯши тилло ба давлат беш аз 500 ҳазор доллари амрикоӣ зиён овардааст, мехоҳанд аз маҳбас озод бикунанд. Шахси дигареро, ки 350 тонна пахтаро ғорат кардааст, аз маҳбас ҷавоб додаанд. Ба ҷинояткорон додгоҳҳо ҷазоҳои сабук медиҳанд».

Анҷумани фавқулоддаи ҲНИТ

Дигар рӯйдоде, ки дар ин шабу рӯз ба вуқӯъ пайваст, вале зери шуъои гаравгонгирӣ дар Оби Гарм, барои доираи васеи мардум қариб, ки номаълум монд, ин ба рӯзи якшанбеи 16-уми феврали соли 1997 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шудани анҷумани фавқулоддаи ҲНИТ буд. Ба ҳама маълум аст, ки соли 1993 ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ ва дигар аҳзоби мухолифи ҳукуматро расман манъ карда буд. Масъалаи дубора фаъол шудани аҳзоби сиёсӣ агарчи дар рӯзномаи музокироти сулҳ матраҳ буд, вале он ҳанӯз ҳам ҳаллу фасл нашуда буд.

Ба ҳар ҳол барои мо аъзои ҳайати низомиву сиёсии мухолифин ҳам баргузории ин Анҷумани фавқулоддаи ҲНИТ ғайричашмдошт буд. Дар хабари мазкур, ки аз тариқи бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» пахш шуд, омадааст, ки дар анҷуман вакилон вазъи дохилии ҷумҳурӣ ва як қатор масоили дохилиҳизбиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар Анҷуман ба унвони мардуми Тоҷикистон муроҷиатномае қабул гардид, ки дар он аз Созишномаи рӯзи 23-юми декабр дар Маскав миёни устод Нурӣ ва ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ба имзорасида ҷонибдорӣ шудааст. «Биёед, аз нав даст ба даст бидиҳему ҳамдигарро ба оғӯш бигирем. Хунро бо хун не, балки бо об мешӯянд»- гуфта шудааст дар муроҷиатнома. Вакилони Анҷуман гаравгонгирии гурӯҳи Баҳром Садировро амали террористӣ хонда онро якдилона маҳкум карданд.

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 38

Дар ҳамин мавзӯъ: РАИСИ ҶУМҲУР ВОРИДИ АМАЛ МЕШАВАД ВА…



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi