17:53:03 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДУШАНБЕРО ТАРК МЕКУНАНД

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 35

Султони Ҳамад

Рӯзи 5-уми феврал Галина Гриднева, хабарнигори ИТАР-ТАСС тавассути телефони маҳвораӣ бо бунгоҳи хабарии хеш дар тамос шуда мегӯяд, ки ӯ ва дигар хабарнигорон гаравгон нестанд, вале ба хотири инъикоси мавзӯъ дар қароргоҳи Баҳром мемонанд.

/images/stories/2012/08/12_emomali-rahmon-120812.jpgДар бораи талаби Баҳром ӯ гуфт, ки «тибқи он бояд пайроҳае кушода шавад, ки Ризвон бо гурӯҳи мусаллаҳаш тавассути он аз Афғонистон битавонад бемалол ба Тоҷикистон биёяд». Вале дар ҳамин ҳол нозирони низомии дар дасти гурӯҳи Баҳром гаравгонбуда дар тамоси телефонӣ бо дафтари дар Тоҷикистон будаи СММ гуфтаанд, ки хабарнигорони рус низ дар қароргоҳи Баҳром ба ҳайси гаравгон нигоҳ дошта мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи изтирории ҳукуматро доир мекунад

Субҳи 6-уми феврал, рӯзи панҷшанбе, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар иртибот бо ҳодисаи гаравгонгирии атбои хориҷӣ аз сӯи гурӯҳи Баҳром ҷаласаи фаврии ҳукуматро доир намуд, ки дар он марҳум Сафаралӣ Раҷабов, раиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Яҳё Азимов, раиси Шӯрои Вазирон, Амирқул Азимов, котиби Шӯрои Амният, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи Горди Президентӣ, иштирок доштанд.

Чи тавре, ки Зафар Саидов, сухангӯи Президенти Тоҷикистон баъди ин ҷаласа ба хабарнигорон гуфт, «Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласа қайд кардааст, ки гурӯҳи Баҳром гурӯҳи алоҳида буда на ба ҳукумат тааллуқ дорад на ба оппозитсия». Оиди талабҳои Баҳром Президенти Тоҷикистон гуфтааст, ки «раванди бозгашти муҳоҷирин тибқи протоколҳои дар гуфтушунидҳо имзошуда иҷро мешавад. Масъалаи афви умумӣ низ ба ҳамин минвол ҳаллу фасл мешавад ва гаравгонгирӣ ба хотири ҳаллӣ ин масъалаҳо кори беҳуда аст ва ҳоҷат ба он нест».

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон худи ҳамин рӯз Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Евгений Белов, Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон Герд Меррем, Раиси дафтари КБСС дар Тоҷикистон Том Майклбахро ба ҳузур пазируфт ва вазъияти ба амаломадаро дар робита бо гаравгонгирии гурӯҳи Баҳром мавриди баррасӣ қарор дод.

Раҳбарияти ИНОТ гаравгонгириро маҳкум кард

Раҳбарияти ИНОТ ҳам ин амали гаравгонгириро маҳкум намуд. Муовини аввали раҳбари ИНОТ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар мусоҳибааш ба хабарнигори ИТАР-ТАСС рӯзи 6-уми феврал гуфт, ки ИНОТ ба ин ҳодиса робита надорад ва амали гаравгонгириро шадидан маҳкум мекунад.

Ӯ ба ҷониби Русия маслиҳат дод, ки бо фармондеҳ Аҳмадшоҳи Масъуд дар тамос шуда аз ӯ хоҳиш намоянд, ки аз Ризвон талаб кунад то гаравгонҳоро озод намояд. Зеро Ризвон феълан дар таҳти ҳимояти Аҳмадшоҳи Масъуд қарор дорад. Бино ба иттилоъи хабаргузории Ассошейтед Пресс Ризвон Садиров феълан бо 140 нафар размандааш дар Афғонистон дар минтақаи таҳти нуфузи Аҳмадшоҳи Масъуд аст.

Тибқи хабари ИТАР-ТАСС рӯзи 6-уми феврал Ғаффор Мирзоев, Фармондеҳи Горди Президентӣ барои ҳаллу фасли масъалаи ба миёномада ба минтақаи Оби Гарм рафт. Дар як тамоси телефонӣ бо Ризвон аз ӯ талаб кардааст, ки ба бародараш амр диҳад, ки гаравгонҳоро озод намояд. Ризвон дар посух гуфтааст, ки гаравгонгирии Баҳром амали худсаронаи худи ӯст ва бо Ризвон ҳеҷ муносибате надорад. Дар идома Ризвон гуфтааст, ки намехоҳад ба Душанбе баргардад, зеро намехоҳад бозичаи дасти тарафҳо дар қазияи тоҷикон бошад.

Гаравгонҳо сипари гаравгонгирҳо мешаванд

Худи ҳамин рӯз Галина Гриднева дар як тамоси телефонӣ аз мақари гаравгонгирҳо мегӯяд, ки сардори гурӯҳи гаравгонгирҳо Баҳром аз он ки ду рӯз боз касе аз ҳукумати Тоҷикистон талош намекунад, ки масъалаи гаравгонҳо ва бозгашти бародараш аз Афғонистон ҳал шавад, сахт норозӣ ҳаст.

/images/stories/2012/08/12_ghaffor-mirzoev-120812.jpgФеълан Баҳром дар пойгоҳи худ 16 нафар корманди созмонҳои байналмилалиро ба ҳайси гаравгон нигоҳ медорад. Ба гуфтаи Галина Гриднева разведкаи гурӯҳи Баҳром Садиров иттилоъ гирифтааст, ки Фармондеҳи Горди Президентӣ Ғаффор Мирзоев нияти бо як ҳамлаи ғофилгирона озод кардани гаравгонҳоро дорад. Агар чунин ҳамла сурат бигирад гурӯҳи Баҳром нозирони низомии СММ-ро ба сифати сипар пеш хоҳанд гузошт.

Дар иртибот бо ин тасмими Баҳром Галина Гриднева мегӯяд, ки хабарнигорон ва нозирони низомии СММ, кормандони КБСС ва Комиссариати Олии СММ оиди паноҳандагон ва дигар гаравгонҳо мегӯянд, ки ба ақлу идроки раҳбарияти ҳукумати Тоҷикистон умед мебанданд ва чунин мешуморанд, ки танҳо созиш ва гузашт метавонад вазъи бӯҳрониро бартараф намояд.

Кумитаи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи журналистон, ки қароргоҳи он дар шаҳри Ню Йорки ИМА аст, дар як номаи худ аз Борис Елтсин, Президенти Русия ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон тақозо намуд, ки барои раҳоии журналистони дар гаравбуда аз кулли имконоти худ истифода баранд.

Рӯзи 6-уми феврал дафтари Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) фаъолияти худро дар Душанбе қатъ кард ва 38 нафар корманди худро ба Ӯзбекистон интиқол дод.

Ҳукумат ба Тавилдара кӯмак мефиристад

Дар байни ин сели иттилооти нохушу нигаронкунадаи 6-уми феврал танҳо хабари Амирқул Азимов, котиби Шӯрои Амнияти ҶТ дар бораи субҳи имрӯз ба ноҳияи Тавилдара фиристода шудани маводи хӯрокаву либос мо, ҳайати низомиву сиёсиро хеле хурсанд кард. Тавассути як корвони мошинҳо ба ин ноҳия 40 тонна орд, 6 тонна биринҷ, 5 тонна шаккар, 5 тонна равған ва миқдори зиёди сӯзишворӣ, либос фиристода шуд.

Ин иқдоми ҳукумати ҷумҳурӣ як бори дигар нишон дод, ки раҳбарияти Тоҷикистон дар роҳи барқарории сулҳу субот дар кишвар собитқадам аст. Зеро дар Тавилдара ба таври бояду шояд мақомоти ҳукуматӣ ҳанӯз фаъол нашуда буд ва ноҳия ҳам пурра таҳти нуфузи фармондеҳи кулли АНИТ Мирзо Зиёев, ки дар қароргоҳхояш беш аз 700 муҷоҳиди мусаллаҳ буд, қарор дошт.

Вале талошҳои шодравон Қадриддин Ғиёсов, муовини Сарвазири кишвар, Шукурҷон Зуҳуров, вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Амирқул Азимов, котиби Шӯрои Амният ва боз нафарҳои дигари ҳукумат, инчунин фаъолияти Комиссияи муштараки назорат бар Созишномаи Оташбаси Теҳрон, ҳайати низомиву сиёсии мухолифин раҳбарияти кишварро мутмаин сохт, ки раванди сулҳ дар кишвар бебозгашт аст. Дар зарфи дувуним соли ахир ин бори аввал буд, ки ҳукумат ба ноҳияи Тавилдара маводи ғизоиву сӯзишворӣ мефиристод.

Шояд тасодуф буд шояд не, вале айнан дар ҳамин рӯз созмони байналилалии Агроаксияи Олмон ба ноҳияи Файзобод, ба деҳоти Мискинободу Қалъаи Дашт (ин минтақа дар таҳти нуфузи гурӯҳи Баҳром буд) ба миқдори 50 тонна орду биринҷу шаккару равған кӯмаки башардӯстона фиристод. Ва тасмим гирифт, ки сари ҳар як сокини ин қаряҳо 35 килоӣ орд, 6 килоӣ равғон, 5 килоӣ шаккару биринҷ тақсим кунанд.

Гаравгонгирҳо вазири амниятро ба гарав мегиранд

Бо вуҷуди чунин иқдомҳои хубу умедворкунанда ба ҳар ҳол хабарҳои нигаронкунанда зиёдтар буданд. Гаравгонгирии Баҳром болои вазъияти сиёсиву низомии кишвар сахт соя гузошт. Аксарияти созмонҳои байналмилалӣ дар кишвар ё фаъолияти худро қатъ карданд ва ё кам. Чунончи теъдоде аз нозирони низомии СММ аз ҳудуди Тоҷикистон бароварда шуданд. Ба ин монанд корҳоро дигар созмонҳои байналмилалӣ азҷумла, Бонки ҷаҳонӣ, Созмони кӯдакони СММ-ЮНИСЕФ низ амалӣ карданд. Қисме аз онҳо намояндагони худро ба шаҳри Тирмиз ва қисми дигар ба Самарқанди Ӯзбекистон интиқол доданд.

/images/stories/2012/08/12_saydamir-zuhurov-120812.jpgСубҳи рӯзи 7-уми феврал Баҳром Элизабет Твинч, муовини сарвари намояндагии КБСС дар Тоҷикистон ва тарҷумони ӯ Алишер Отаевро, ки ба ҳайси гаравгон дар наздаш нигоҳ медошт, ба сабаби шиддат гирифтани бемории ин хонуми хориҷӣ озод менамояд. Вале бегоҳии ҳамон рӯз Сайдамир Зуҳуров, вазири амнияти ҶТ-ро, ки барои гуфтушунид ба хотири озод кардани гаравгонҳои боқимонда ба пойгоҳи ӯ меравад, гаравгон мегирад.

Бино ба гуфтаи ҷаноби Сайдамир Зуҳуров, ки баъдҳо дар як мусоҳибаи хеш бо банда изҳор дошта буд, ба пойгоҳи Баҳром ӯ бояд, ки бо ҳамроҳии Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи Горди Президентӣ ва Муҳаммад Солеҳ, шаҳрванди Афғонистон, мушовири Аҳмадшоҳи Масъуд мерафтанд. Дар лаҳзаи охир Ғаффор Мирзоев аз рафтан ба пеши Баҳром худдорӣ мекунад. Сайдамир Зуҳуров бо ҳамроҳии Муҳаммад Солеҳ ва ду муҳофизаш ба назди Баҳром мераванд.

Нафарони Баҳром муҳофизони вазири амниятро халъи силоҳ карданӣ мешаванд. Вале онҳо барои муқовимат намудан омодагӣ мегиранд. Сайдамир Зуҳуров чун мебинад қуввваҳо нобаробар асту кор бо хунрезӣ анҷом мегирад, ба муҳофизонаш фармон медиҳад, ки аслиҳаи худро супоранд. Сипас дар сӯҳбат ӯ аз Баҳром талаб мекунад, ки ҳамаи гаравгонҳоро озод намояд. Зеро масъалаҳои мавҷударо мешавад бо роҳи гуфтушунид ҳал кард.

Баҳром мегӯяд, ки ӯ ҳамаи гаравгонҳоро озод хоҳад кард, ба шарте, ки то ҳал шудани масъалаҳои мавҷуда Сайдамир Зуҳуров ба ҷои гаравгонҳо ҳамроҳи ӯ бошад. Яъне онҳоро иваз кунад. Сайдамир Зуҳуров ба ин пешниҳод розӣ мешавад, вале ба шарте, ки Муҳаммад Солеҳ ва муҳофизонашро ҷавоб диҳад. Баҳром розӣ мешавад.

Баҳром Муҳаммад Солеҳ ва муҳофизони Сайдамир Зуҳуровро ҷавоб медиҳад, вале ба аҳдаш дар бораи озод кардани гаравгонҳо вафо намекунад. Сайдамир Зуҳуровро низ ба ҳайси гаравгон мисли дигар гаравгонҳо дар боздошт нигоҳ медорад. Тибқи ҳисоб баъди гаравгон шудани Сайдамир Зуҳуров теъдоди гаравгонҳо, ки субҳ ду нафар кам шуда буд, боз ба 15 нафар расид.

Дар ин мавзӯъ: НОЗИРОНИ НИЗОМИИ СММ-РО БОЗ БА ГАРАВ ГИРИФТАНД



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi