19:34:27 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАҲМУДИ ВОИЗӢ: «СУЛҲ ОСОН БА ДАСТ НАОМАДА БУД-1»

Дар барқарории сулҳу оштии миллӣ дар Тоҷикистон нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон хеле бузург аст. Эрон аввалин кишваре буд, ки масъулияти миёнҷиро миёни ҷонибҳои даргир дар ҷанги дохилии Тоҷикистон ба дӯш гирифт. Мизбони чандин даври музокирот, мулоқотҳои машваратии ҳайатҳои гуфтушунид ва вохӯриҳои роҳбарони ҷиноҳои ба ҳам мухолиф буд.

/images/stories/2012/06/26_mahmudi-voisi_260612_2.jpgРӯзноманигор Султони Ҳамад панҷ сол муқаддам таи як сафар ба ҶИЭ бо чанд тан аз сиёсатмадорони эронӣ, ки дар барқарории сулҳу субот дар Тоҷикистон саҳм гузоштаанд, роҷеъ ба талошҳои онҳо дар ин кор сӯҳбатҳое дошт. Азбаски мӯҳтавои ин сӯҳбатҳо хеле муҳиманд ва дар шабакаи ҷаҳонии Интернет то ба ҳол ба нашр нарасидаанд, мо лозим донистем онҳоро ба таваҷҷӯҳи муштариёни худ пешниҳод намоем.

Сӯҳбат бо Муҷтаҳид Шабистарӣ чанде пештар дар ҳамин сомонаи «Рӯзгор» ба нашр расида буд. Ҳамсӯҳбати кунунӣ ҷаноби оқои Маҳмуди Воизӣ, собиқ муовини вазири умури хориҷаи ҶИЭ дар он замон ҳамчунин раҳбарии ситодеро дар чаҳорчӯбаи вазорат ба ӯҳда дошт, ки мусоидат кардан ба ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон аз вазифаҳои асосии он ба ҳисоб мерафт.

- Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон миёни дигар кишварҳои ҷаҳон аввалин шуда сареҳан истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва бо он муносибатҳои расмии дипломатиро барқарор кард. Ин гуна шитобкорӣ, агар чунин гуфтан мумкин бошад, чӣ ҳадафҳоеро дар пай дошт?

- Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим. Яке аз орзуҳои ҳамаи эрониҳо дар иртибот бо Эрони ҷудоафтода аз мо - Тоҷикистон, солҳо ин буд, ки он садди оҳанине, ки коммунистон ва давлати шӯравӣ барояш гузошта ва моро аз ҳам ҷудо карда буданд, ин садд бардошта бишавад. Аввалин паёме, ки фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ барои мо эрониҳо дошт, ин буд, ки агар иртиботи мардуми Эрон бо мардуми Тоҷикистон аз тариқи дилҳоямон рӯҳан сурат мегирифт, инак шанси таърихие даст дод, ки мо дигар ҷисман низ метавонистем байни ҳамдигар рафту омад барқарор намоем. Ва ин як ҳадяи бисёр бузурги Илоҳӣ буд.

Аз ҳамин рӯ ҳарчанд мо дар Осиёи Марказӣ бо дигар ҷумҳуриҳо, аз ҷумла Ӯзбакистону Туркманистон, Қазоқистону Қирғизистон низ муштаракоти фарҳангӣ доштем, вале амалан баҳси тоҷикон ва баҳси иртибототи фарҳангие, ки байни мову Тоҷикистон буд ва решаҳое, ки ин ду миллатро ба ҳам пайванд медод, ин боис шуд, ки баъд аз фурӯпошӣ мо як эҳсоси дигаре нисбат ба мардуми хуби Тоҷикистон дошта бошем. Ба ҳамин далел агар шумо ба таърихи баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ нигоҳ бикунед, дар равобити Тоҷикистону Эрон мебинед, ки ҳайатҳои зиёде аз Тоҷикистон ба Эрон омаданд.

Ҳамаи ин ҳайатҳо давлатӣ набуданд, аз радио, телевизион, аз ҳунармандон, аз донишгоҳиён, аз касоне, ки аҳли адаб буданд ва мақомоти давлатӣ аз Раиси ҷумҳур гирифта, нахуствазир ва вузурои мухталиф ва баръакс будаанд. Ин ишқу алоқа дар Эрон ҳам ҳамин тавр буд, ки бираванду Тоҷикистонро бубинанд. Ин пайванд аз ҳамон рӯзҳои аввал барқарор шуд. Ман муовини вазири умури хориҷа будам ва Тоҷикистон ҳам яке аз кишварҳое буд, ки зери назари ман буд. Худам ҳам бо як алоқае рӯзҳои аввал сафар кардам ба он ҷо.

Нуқтаи назари мо ба Тоҷикистон ин буд, ки Тоҷикистон мебоист дар шароити ҷадиде, ки истиқлолияти худро касб карда буд, битавонад ҳамаи он муъзалот ва чолишҳоеро, ки аз даврони шӯравӣ дар ин кишвар боқӣ мондааст, бо кӯмаки Эрон ва бо ҳиммат ва бузургии мардум ва масъулини Тоҷикистон бартараф бикунад ва Тоҷикистон ба унвони як кишвари намуна дар Осиёи Марказӣ битавонад сарбаландона арзи вуҷуд дошта бошад.

Мо муътақид будем, ки илова бар ҳамаи пайвандҳои адабӣ, фарҳангӣ, таърихӣ, динӣ забони мо ин худ як пули мустаҳкамест миёни Эрон ва Тоҷикистон, ки метавонад хеле ҳам аз масоилро ҳал бикунад. Бо ҳамин далел вақте, ки ман ба унвони як масъул, ба унвони як шаҳрванди эронӣ Тоҷикистон мерафтам, эҳсос намекардам, ки ба кишвари хориҷӣ рафтаам.

Тоҷиконе, ки ба Эрон меомаданд мураттаб ба ман мегуфтанд, ки мо аслан эҳсос мекунем, ки дар кишвари худамон дар байни мардуми худамон ҳастем. Дар чунин шароит душманоне ҳам буданд, ки намехостанд Тоҷикистон рушд бикунад, мушкилоташро ҳал бинамояд. Ва мутаассифиона, бо дахолати хориҷиҳо дар он кишвар даргириҳо байни нерӯҳои гуногун шурӯъ шуд.

- Бале, мутаассифона, дар Тоҷикистон тобистони соли 1992 ҷангҳо шурӯъ шуданд ва тибқи хабарҳои расонаҳо, шумо ҷаноби оғои Маҳмуди Воизӣ ба унвони муовини вазири умури хориҷаи ҶИЭ 8-июни соли 1992, яъне ҳамон шабу рӯзҳои оғози ҷанг бо сафири Русия дар ҶИЭ ҷаноби Гудов дар бораи вазъияти Тоҷикистон мулоқот кардед ва омодагии Ҷумҳурии Исломии Эронро барои миёнҷӣ будан дар байни тарафҳои даргир дар Тоҷикистон, эълом доштед. Оё дар ин бора шарҳи бештаре дода метавонед?

- Даргириҳо дар Тоҷикистон моро хеле нигарон карда буд. Аз як тараф мо ба ҳеҷ ваҷҳ намехостем дар умури дохилии як кишвари мустақил мудохила кунем. Аз тарафи дигар ба унвони бародарон наметавонистем шоҳиди ин бошем, ки дар Тоҷикистон қувваҳои мухталиф, гурӯҳҳои мухталиф, аҳзоби гуногун бо ҳам даргир бошанду хуни ҳам бирезанд. Ҳамин буд, ки дар Вазорати умури хориҷа мо вазъи Тоҷикистонро баррасӣ кардем.

Дар он ҷаласа ба натиҷа расидем, ки рӯи давлати Тоҷикистон Русия бо далоили мухталиф нуфуз дорад. Аз тарафи дигар мардуми Тоҷикистон, аҳзоби демократӣ ва исломӣ ҳама Эронро ба унвони як кишвари ҳомии худашон медонистанд. Мо омадем аз ин ду фактор истифода кардем. Гуфтем нияти мо оштӣ, оромиш ва субот дар Тоҷикистон ҳаст. Мо бояд бо русҳо вориди музокира бишавем. Бо русҳо ҳам сӯҳбат бикунем, ки онҳо ҳам аз нияти мо бохабар бишаванд.

Ибтидо русҳо мувофиқи ин коре, ки ҳоло исмашро бигузорем, созиш, миёнҷигарӣ байни аҳзобу гурӯҳҳо бо давлат, набуданд. Дар он мулоқоте, ки бо оқои Гудов доштам, ояндаро барояш тарсим кардам. Гуфтам агар имрӯз мо ва шумо битавонем бо ҳам ҳамкорӣ бикунем, аз нуфузи худамон дар Тоҷикистон истифода бикунем, метавонем ин бӯҳронро мудирият ва контрол кунем. Вале ман нигаронам, ки агар муддате аз ин марҳила бигзарад, ҷанги дохилӣ боис бишавад, ки ҳама ақвом кушта бидиҳанд ва бо ҳам даргир бишаванд ва он гоҳ агар мо ва шумо ирода бикунем, дигар коре натавонем кард.

Баъдан дар Маскав мулоқоте доштам бо вазири умури хориҷаи Русия, ҷаноби оқои Козирев, бо мақомоти дигари русӣ низ сӯҳбат доштам. Ва дар он ҷо рӯи як усули куллӣ, ки Эрон ва Русия аз нуфузи худашон барои мусолиҳа ва оштӣ дар Тоҷикистон истифода бикунанд, тавоқуф кардем. Дар он замон роҳбарони гурӯҳҳои мухолифи тоҷик аз Тоҷикистон муҳоҷират карда буданд. Бисёре аз онҳо, ки нигарони хатар ба ҷонашон буданд, аз тақдири аҳли хонаводаашон дар ташвиш буданд, бо он далоиле, ки арз кардам, яъне эҳсос мекарданд, ки Эрон ватани дуюми худашон ҳаст, онҳо Эронро мақари зист интихоб карданд ва дар инҷо буданд.

Инҷо онҳо мавриди муҳаббати мардум қарор гирифтанд. Мо аз фурсат истифода кардем ва бо ҳамаи гурӯҳҳое, ки инҷо буданд, иртибот барқарор кардем. Бо оқои Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, худо раҳматашон кунад, бо оқои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, бо оқои Шодмон Юсуф, бо оқои шодравон Латифӣ, бо оқои Сатторзода ва дигарон иртибот барқарор кардем, сӯҳбат кардем. Меҳварияти инҳоро оқои Нурӣ дошт, баъди оқои Нурӣ оқои Тӯраҷонзода.

Мо бо ҳамаи онҳо пайгирона сӯҳбатҳо мекардем. Ором-ором бо Созмони Милал ҳам дар иртибот шудем. Он замон ҷаноби оқои Бутрос Ғолӣ, Дабири кулли СММ буданд. Мо як номае навиштем ба Бутрос Ғолӣ ва хоҳони ширкати фаъолонаи онҳо дар ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон шудем. Фиристодаи онҳо дар умури Тоҷикистон Исмат Китанӣ буд.

- Воқеан, тибқи иттилое, ки дар расонаҳо омадааст, шумо ба масъалаи Тоҷикистон он чунон аҳамияти вижа қоил будед, ки ҳатто дар сохтори вазорати умури хориҷа ниҳоди махсусеро таъсис додед, ки ҳадафи асосии он ҳаллу фасли қазияи Тоҷикистон бо роҳи мусолиматомез будааст. Мехостам дар ин бора ҳарф бизанед.

/images/stories/2012/06/26_mahmudi-voisi_260612_1.jpg- Матлаб ин тур буд, ки масъалаи Тоҷикистон барои мо бисёр муҳим буд. Бо ҳамин далел мо як ситоде дуруст кардем, як гурӯҳе буд, ки масъулияти иҷроӣ ва пайгирии ҳамаи умурро дар он ман доштам. Зери назари ман як маҷмӯае аз афроде буд, ки дар иртибот бо Тоҷикистон кор мекарданд ва мо ба таври муназзам ба оқои доктор Вилоятӣ ҳам гузориш медодем. Ва он ҷойҳое, ки бояд тасмимияти муҳим мегирифтем, ҷаласа мегузоштем бо оқои Вилоятӣ. Мо тамоми абъоди корро мавриди баррасӣ қарор медодем.

Дар он ситод мо ба як натиҷае расидем, ки ба назари ман хеле муҳим буд. Натиҷа ин буд, ки бидуни Русия имкони ба вуҷуд овардани сулҳ дар Тоҷикистон ғайримумкин аст. Яъне агар Русия бихоҳад, ки коршиканӣ бикунад, ҳарчи ҳам мо бихоҳем, амал бикунем, мо бо мушкил мувоҷеҳ мешавем. Далел ин буд, ки дар авоили фурӯпошии шӯравӣ бо истиқлоли Озарбойҷон як даргирӣ дар Қарабоғ пеш омад, ки ман ба унвони намояндаи Эрон дар онҷо миёнҷӣ будам. Ва онҷо мо фаъолиятҳои худамонро анҷом додем.

Бидуни таваҷҷӯҳ ба назароти Русия замоне, ки ман ду раиси ҷумҳур, Раиси ҷумҳури Озарбойҷон ва Раиси ҷумҳури Арманистонро овардам Эрон ва бо оқои Ҳошими Рафсанҷонӣ мулоқот карданд, қарор буд як санадеро, ки барои оташбас таҳия карда будем, имзо бикунанд. Замоне, ки онҳо мехостанд он санадро имзо бикунанд, дар Қарабоғ Шуша суқут кард. Баъд мо фаҳмидем, ки ин русҳо буданд, ки дунбол карданд, ки ин иттифоқ биафтад. Ин таҷрибаро мо доштем. Дар асоси ин таҷриба мо амалан он чи, ки дунбол кардем, гуфтем бидуни русҳо намешавад.

Аз тарафи дигар гуфтем, агар танҳо русҳо бошанд ва агар шароит иваз шавад, вазъият дар Тоҷикистон ҳам мумкин тағйир пайдо кунад. Мо мехостем, ки чатри СММ ҳам болои ин музокирот бошад. Инҷо мо мехостем, ки Дабири кулли СММ бо муаррифӣ кардани як намояндаи худ дар қазияи Тоҷикистон ба коре, ки дар минтақа мекунем, машруъияти байналмилалӣ бидиҳад. Дар ҳақиқат, кори асосиро мову русҳо мекардем. Вале мехостем, ки бо ҳузур ва имзои намояндаи вижаи ДК СММ ин фаъолият дар арсаи байналмилалӣ ба унвони як кори асосӣ бишавад.

Тарроҳиамон дар ин ситод ин буд, ки миёнҷигарӣ дар қазияи Тоҷикистон бояд сеҷониба бошанд. Як ҷонибаш Эрон, як ҷонибаш Русия ва як ҷонибаш СММ бошад. Аз тарафи дигар худи Эрон ҳам бо давлати Тоҷикистон иртибот дошт, махсусан аз замоне, ки ҷаноби оқои Раҳмонов раиси ҷумҳур шуданд, як иртиботи бисёр наздике байни мову оқои Раҳмонов, ки ҳоло исмашон Эмомалии Раҳмон тоҷикона садо медиҳад, барқарор шуд.

Мо як масъулияти муҳими дигареро доштем, ки бо ҳама гурӯҳҳо ройзанӣ бикунем, ки инҳоро дар қолаби як маҷмӯа ҷамъашон бикунем. Инҳоро дар қолаби як маҷмӯа ҷамъ кардем ва марҳум устод Нурӣ меҳварӣ он гурӯҳ шуданд, ки битавонад, як садо ба унвони гурӯҳи мухолифин ва як садои дигар аз ҷониби ҳукумат бошад. Бар ин асос бо кӯмаки мову Русияву СММ ин кор шурӯъ шуд. Як нуктаи дигарро ҳам дар он ситод мо мадди назар доштем.

Ва он нукта ин аст, ки бо далели ин, ки ҷомеъаи ӯзбекҳо 20 дар сади нуфуси кишварро ташкил медиҳанд, мо наметавонем онҳоро нодида бигирем. Бо далели ҳамсоягӣ қирғизҳоро низ ҳамчунин. Хулоса, Афғонистонро даъват кардем, ки дар маҷмаъаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳам дар иртиботи сулҳи Тоҷикистон кор бикунем. Фикр мекунам талоше, ки мо дар ин ситод кардем ва тарроҳиҳое, ки кардем, ба назари ман хеле хуб натиҷа доданд.

- Бале, вале ба ҳар ҳол омодагиҳо барои оғози музокироти сулҳ қариб ду сол ба дарозо кашид. Билохира дар аввали моҳи марти соли 1994 муовини вазири хориҷаи Русия ҷаноби Адамишин як сафари ғайричашмдоште ба Теҳрон дошт ва дар мулоқот аз шумо расман бори аввал дархости миёнҷигарии ҶИЭ-ро дар қазияи Тоҷикистон кард. Ба дунболи ин мулоқот расо як моҳ баъд музокироти сулҳи байни тоҷикон дар Маскав оғоз шуд. Сабаби ин таҳаввулот чӣ буд?

- Сафари оқои Адамишин- муовини вазири умури хориҷаи Русия ба дунболи ройзаниҳое, ки дар мантақа, сафаре, ки ба Маскав ва музокироте, ки дар Теҳрон бо сафири Русия доштам, сурат гирифт. Суфарои мо дар Душанбеву Маскав низ бо мақомот мулоқотҳое доштанд. Ман бо оқои Адамишин ин сӯҳбат кардам, ки агар мову шумо ҷиддӣ барои мусолиҳа кор бикунем, мо муваффақем.

Ва агар дар зоҳир як чиз бигӯему дар ботин дигар корҳоро бикунем, онгоҳ муваффақ нестем. Мо он гоҳ тавофуқ пайдо кардем, ки ройзании байни Маскаву Теҳрон идома пайдо бикунад Ёд дорам он замон хунрезиҳо зиёд шуда буд. Ҷанг ба нуқоти мухталифи Тоҷикистон кашида шуда буд. Дар зимистонҳо роҳ баста мешуд ва мардум басе вазъияти баде доштанд. Шароити сахте буд барои мардуми Тоҷикистон.

Ҳадафи асосии мо ҳам аз ҳамин иборат буд, ки пеш аз ҳама ҷилави хунрезиро бигирем, коре бикунем, ки мардум кушта нашаванд. Мо кӯшишҳо ба харҷ медодем, ки давлати Тоҷикистон ба пой биистад, иқтисодеро дошта бошад, ки битавонад мушкилоташро худаш ҳал бикунад ва мо кӯмак бикунем. Аз ин нуқтаи назар сафари Адамишин сафари хубе буд, ки моёнро ба ояндаи хубтар умедвор мекард.

- Ҳамин тариқ баъди як моҳи сафари Адамишин ба Теҳрон даври аввали музокироти сулҳи байни тоҷикон дар Маскав 5-уми апрел шурӯъ шуд ва он то андозае умедворкунанда буд. Даври дуюми музокирот дар Теҳрон моҳи июни соли 1994 барпо гардид. Мувофиқатномаи оташбаси муваққатӣ низ барои имзо дар инҷо омода шуд, вале ба имзо нарасид. Сабаб чӣ буд?

- Даври аввали музокирот шурӯъ шуд ва баъди каме музокирот ман рафтам онҷо. Музокиротро бо мақомоти Русия аз рӯи масоили гуногун анҷом додам. Минҷумла баҳси Тоҷикистон низ буд. Ёдам ҳаст, ки даври аввали музокирот бештар рӯи куллиёт сӯҳбат мешуд. Дар ин сафар бо ҳайатҳои тоҷикӣ дар алоҳидагӣ сӯҳбат кардам.

Бо қоиммақоми вазири умури хориҷа,бо вазири умури хориҷа сӯҳбат кардам. Даври аввалро мо тавонистем куллиёташро эълом бикунем ва ба як тафоҳуме бирасем. Ба ҳар ҳол дар ин ҷо кори асосӣ шурӯъ шуд. Дар ҳамон Маскав мо қарор гузоштем, ки даври дуюм дар Теҳрон баргузор гардад. Ҳамин тариқ ҳайатҳо барои идомаи музокирот дар даври дуюм ба Теҳрон омаданд. Ман дар байни ду гурӯҳ ройзанӣ мекардам. Бо ҳарду тараф ҷудогона сӯҳбат мекардам.

Албатта мо мехостем, ки ҳарчи зудтар тарафҳо ба мувофақа бирасанд. Вале мутаассифона, дар лаҳзаи ахир як мушкилоте пеш омад. Аз мо хостанд, ки иҷоза бидиҳед, ки мо ба Душанбе рафта дар онҷо машварат бикунем. Нақши миёнҷӣ ин нест, ки як тараф эҳсос бикунад, ки мо ба давлат фишор меорем. Мо инсофан амал мекардем. Мо тарзе бояд амал мекардем, ки ҳарду ҷониб ҳам онҳоро мунсифона ва бетарафона меҳисобиданд. Мо дӯст доштем, ки давлати Тоҷикистон ва мардуми Тоҷикистон аҳзобу гурӯҳҳо бидонанд, ки мо хайрхоҳи онҳо ҳастем. Бидонанд, ки поёни хунрезӣ барои мо аз ҳама чиз муҳимтар аст. Бидонанд, ки тавофуқи гурӯҳҳои мухолиф бо давлат барои мо муҳим аст.

(Идома дорад)

Мусоҳиб Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi