18:11:19 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАҒАЙ РАҲМОНОВ: «ЗИЁИЁН ДАР ҲИФЗИ СУЛҲ КАЛАВАНДАГӢ ЗОҲИР КАРДАНД»-1

 

 

Тағай Раҳмонов номзади илми фалсафа, дотсент, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Фаъолияти кории худро аз муаллими мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ шурӯъ кардааст. Сипас ба кор ба донишкадаи омӯзгории Кӯлоб даъвват карда мешавад. Баъди хатми аспирантура дар Маскав ҳафт сол дар Академияи Илмҳои ҷумҳурӣ кор кардааст. Аз ин ниҳод ба ҳайси ректори Донишкадаи омӯзгорӣ ба шаҳри Кӯлоб ба кор фиристода мешавад. Чанд муддат котиби идеологии ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб низ шуда кор кардааст. Ҳангоми фаъолият кардани Комиссияи Оштиии Миллӣ (КОМ) қариб се сол узви зеркомиссияи низомии он будааст. Баъди мунҳал шудани КОМ Тағай Раҳмонов чанд муддат дар Шӯрои Амнияти ҶТ боз ба кори давлатӣ ҷалб мешавад.

 

Феълан дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ходими пешбари илмӣ ифои вазифа мекунад. Тағай Раҳмонов аз ҷумлаи он шахсиятҳои шинохтаест, ки дар барқарории сулҳу субот дар кишвари азизамон заҳматҳои зиёде кашидаасту талошҳои бисёре ба харҷ додааст. Рӯзноманигор Султони Ҳамад ин дафъа мавзӯи ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ӯ дар миён гузоштааст.


-Агар чанде раванди музокироти сулҳи тоҷикон расман дар ҷараён буд, вале Шумо ва боз чанд нафари дигар аз ҷониби ҳукумат ва як ҳайате аз ҷониби мухолифин бо миёнҷигарии созмонҳои байналмиллалӣ дар як муколимаи ғайрирасмие, ки бо номи Конференсияи Дортмут маъруф ҳаст, ширкат мекардед. Мехостам дар бораи таърихи пайдоиши ҳамин муколима ва дар он кадом масъалаҳо баррасӣ мешуданд, ҳарф мезадед?

-Ҷонибдорони гирифтани пеши роҳи муноқишаи байни тоҷикон аз тариқи гуфтушунид аз ибтидои он дар худи Тоҷикистон зиёд буданд. Касе фикр кунад, ки кӯшишҳои пешгирӣ кардани ҷанг дар байни тоҷикон вучуд надошт, албатта хато мекунад. Чунин талошҳо хеле зиёд буданд. Нақши муҳимро дар ин кор вакилони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бозиданд. Муҳимтарин кӯшиши онҳо ҳамон сессияи 16-ум дар шаҳри Хуҷанд баргузоргардида буд. 

Дар он роҳбарони ду тараф, махсусан фармондеҳони гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳарду ҷониб, ширкат карда ваъдаҳои зиёде доданд, ки хунрезӣ манъ карда мешавад. Дар ин сессия ҳукумати нав бо сардории Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омад ва он корҳои муҳимеро анҷом дод. Муҳимтаринаш кишварро аз харчу марч ва нобудшавӣ наҷот дод. Вале мутаассифона, ҷангҳо қатъ нашуданд. Ана дар ҳамин давра кӯшиши дар Тоҷикистон барқарор кардани сулҳ аз ҷониби баъзе ташкилотҳои ғайридавлатии як қатор кишварҳо ба мушоҳида мерасад. 

Масалан, бо ибтикори намояндагони илму фанни Федератсияи Русия ва чанд нафаре аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ибтидои соли 1993 як ҳамоише барпо мешавад, ки дар он масъалаи вазъият дар Тоҷикистон баррасӣ мегардад. Агар хато накунам ин ҳамоиш тахминан моҳҳои марти соли 1993 баргузор шудааст ва ширкаткунандагони он аз ҳарду ҷониб ҳам аз панҷ шаш нафар зиёд набудаанд. Ин мулоқоту сӯҳбатҳо гоҳ дар Маскав, гоҳ дар Санкт-Петербург ва баъдтар дар шаҳрчаи Дортмути Штатҳои Муттаҳидаи Амрико гузаштанд. 

Дортмут ном гирифтани ин ҳамоиш ва ё музокирот низ аз номи ҳамин шаҳрча ибтидо мегирад. Ба ин музокирот ман моҳи сентябри соли 1994 ҳамроҳ шудам. Яъне замоне ба музокироти Дортмут ҳамроҳ шудам, ки байни ҳукумат ва мухолифин аллакай гуфтушунидҳои расмии сулҳ идома доштанд ва ду даври он паси сар шуда буд. 

Бояд бигӯям, ки дар музокироти Дортмут ҳам қариб, ки айнан ҳамон масъалаҳое баррасӣ мешуданд, ки дар гуфтушунидҳои расмӣ матраҳ буданд. Ҳатто аз ҷониби мухолифин буданд шахсиятҳое, ки ҳам дар ин музокироти Дортмут ширкат мекарданд ва ҳам дар музокироти расмии байни тоҷикон. Масалан, профессор Абдунабӣ Сатторзода ва Зайд Саидов ҳамзамон дар ҳамон вақт аъзои ҳайати расмии гуфтушуниди сулҳи байни тоҷикон буданд. 

-Дар ҷамъомадҳои худ умдатан кадом масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор медодед?

- Аслан ҳамон масъалаҳое мавриди муҳокима қарор мегирифтанд, ки дар гуфтушуниди расмии сулҳ ба миён гузошта мешуданд. Масалан, қатъи ҷанг, баргардондани гурезаҳо аз масъалаҳое буданд, ки намояндагони ҳукумат ҳамеша сари ҳалли ҳарчӣ зудтари онҳо пофишорӣ мекарданд. Мухолифин масъалаи авфи умумӣ, аз маҳбасҳо озод кардани ҷонибдоронашон ва тақсими қудрати сиёсиро пеш мегузоштанд. Дар он вакт нақши намояндагони Русия ва Амрико дар ин музокироти Дормут ҳамин буд, ки мавқеъҳои ҳарду ҷониби сулҳкунандаро ба ҳам наздик кунанд.

-Нишастҳои шумо чӣ гуна сурат мегирифтанд? Ҳар сари чанд вақт барпо мешуданд ё пайваста идома доштанд? Умдатан дар кадом шаҳрҳо баргузор мегардиданд?

Нишастҳои музокироти Дортмут, чӣ хеле гуфтам, дар аввал бо навбат дар Маскав, Санкт- Петербург ва Дортмути Амрико мо сурат мегирифтанд. Баъдтар мо кӯшиш кардем, ки ҳамин муколамаи мо аз он шаҳрҳо ба пойтахти Чумхурии Точикистон шахри Душанбе кӯчад. Баъдан чанд даври ин музокирот дар ҳамин Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо шуд. Музокирот ҳар сари чанд вақт сурат мегирифт. Нишастҳои мо то понздаҳ рӯз давом мекард.

-Музокирот чӣ дастовардҳое дошт? Ба кадом натиҷа расид?

-Дар нишастҳои конференсияи Дортмут асосан он масъалаҳое мавриди баҳсу мунозира қарор мегирифтанд, ки ҳини гуфтушуниди расмӣ: хоҳ дар музокироти ҳайатҳо, хоҳ дар мулоқотҳои роҳбарон ба миён меомаданд ва ҳалли онҳо дар он гуфтушунидҳо вақти зиёдеро мегирифт. Масалан, дар мулоқоти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки моҳи июни соли 1995 дар Теҳрон баргузор гардид, масъалаи таъсиси як Форум ё худ Конгресси мардумони Тоҷикистон ба миён омад. 

Музокироти Дортмут дар нишастҳои худ механизми таъсиси чунин як кунгураро кор карда баромад ва дар шакли Меморандум ба ҳарду ҷониби гуфтушунидҳои расмӣ пешниҳоде низ ироа кард. Мутаассифона, ба сабаби тағйир хӯрдани авзоъ дар дохили кишвар ва ҳам дар ҷараёни гуфтушунидҳои сулҳ зарурати таъсиси чунин як ниҳод аз байн рафт. 

-Устод, Шумо сиёсатшинос ва таҳлилгар ҳам ҳастед, агар баргардем ба мавзӯи сабабҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Ватани мо, чаро дар дигар давлатҳои Осиёи Миёна ҷанг нашуду дар Тоҷикистон шуд?

-Дар гирди ин масъала боз ба мисли ман даҳҳо, садҳо нафарҳои дигар фикру андеша доранд ва албатта ҳанӯз ҳам то охир мо ба асли масъала чуқур ворид нашудаем. Шояд як сабабаш ҳамин буд, ки мо истиқлолиятро ба осонӣ ба даст овардем, вале ба қадри он нарасидем. Аниқтараш қадру манзалати онро ба таври бояду шояд дарк накардем. Гумон кардем, ки муфт ба даст овардани истиқлолият, як чизи муқаррарӣ ҳаст. Ҳамин хел бояд мешуд. 

Не. Истиқлоят дар ягон давру замон, дар ягон кишвари ҷаҳон бе хунрезӣ ё ҳадди ақал бе мушкилӣ ба даст наомадааст. Дар аксари кишварҳои дунё ба он бо додани қурбониҳои зиёде ноил шудаанд. Дар кишвари мо, мутаассифона, нирӯҳое буданд, ки аз сиёсати ҳукуматдорони қаблӣ сахт норозӣ буданд. 

-Масалан, кадом нирӯҳо? Мешавад, мушаххастар ҳарф бизанед?

Масалан, ҷонибдорони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз ҳукуматдорони даврони шӯравӣ ва баъди касби истиқлолият аз ҳукуматдорони нав ба сабаби номнавис нашудани ҳизбашон норозӣ буданд. Боз буданд ашхосе, гурӯҳҳое, ки рӯирост гуфтан даркор, ки аз ҳамон замони Шӯравӣ аз баъзе амалхо хафа буданд. Масалан, дар интихобот ғолиб наомаданд, ё дар вазифаҳои давлатӣ мувофиқи табъи дилашон ё маълумоташон таъйин нашуда буданд. 

Ҳамин гурӯҳ одамҳо аз ҳамон воқеаҳои феврали соли 1990 барои худ як таҷриба ҷамъ оварда хостанд, ки ба ҳамин як тарзи моҷароҷӯӣ ин ҳокимияти конститутсиониро гиранд. Дар интихоботҳои парлумонӣ бисёри онҳо депутат шуда натавонистанд. Ё дар интихоботи сардори ин ва ё он муассисаҳое, ки интихобӣ буданд, интихоб нагардиданд. 

Ҳамин гуна одамон ба як ташкилот нею ба як гурӯҳи мустаҳкам табдил ёфтанду баъд роҳи митингбозиро пеш гирифтанд, ки шиори аввалину марказии онҳо аз ҳокимият истеъфо додани ин ва ё он сардор, роҳбари корхона ва бештар президентҳоро мегуфтанд, ё раисони Шӯрои Олиро мегуфтанд. Хайр, бо ин роҳ ҳам нашуд. Мана, медонед, ки соли 1992 ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ташкил ёфт ва аксари нафарони дар он дохилшуда ғайриқонунӣ вазифа гирифта буданд, чунки мансабҳои онҳо мансабҳои интихобӣ буданд, на таъиншаванда. 

Қарорҳое, ки ин ҳукумат мебаровард, дар бисёр минтақаҳо он қарорҳо иҷро намешуданд. Ва мардум талаб мекард, ки ҳукумати мусолиҳаи миллӣ истеъфо диҳад ва функсияашро ҳамон сарвазиру Шӯрои олӣ- шохаи қонунбарори ҳокимият худашон иҷро кунанд. Ин талабҳо иҷро нашуд. Дидем, ки дар ин ё он гӯшаи ҷумҳурӣ силоҳҷамъкунӣ шуду митингҳо пайи ҳам ташкил карда мешуданд. Мардум ба ҷои машғул шудан ба истеҳсолоти моддӣ ба митингбозӣ машғул шуд. Аксари иштирокчиён дар митингҳо шахсони фиребхӯрда буданд. 

Ҳозир гуфта наметавонам онҳоро пул медоданд ё не. Аслан мардумони камбизоатро ҷамъ карда ба ин майдон ё он майдон оварда буданд. Ана ҳамон мардум диданд, ки ба роҳи гирдиҳамоӣ аз вазифаҳо сабукдӯш кардани ин ё он нафарони давлатӣ мумкин будааст. Вақте, ки депутатҳои Маҷлиси Олӣ истодагарӣ мекарданд, гаравгонгирии онҳо сар шуд. Ин ба иззати нафси ҳам депутатҳо ва ҳам мардуме, ки онҳоро интихоб карда буд, фарқ надорад аз кадом гӯшаву канори Тоҷикистон буданд, расид. Ҳамин митингбозиҳо оқибат идоранашаванда шуданд. 

Мутаассифона, ҳукумати марказӣ чораҳои таъҷилие андешида натавонист, ки пеши роҳи ҳамин васеъшавии миқёси нооромиро гирад. Ман хам ҳайрон мешавам, чаро ки дар ҷумҳуриҳои ҳамсояи мо ҳодисот дар ин шакл рух надоданд. Тирпаррониҳо ҳам буду лекин дар ин шакле, ки дар мо буд, дар онҳо нашуд. Як сабаби дигарашро бояд бигӯям, ки аз берун ҳам паҳнкунандагони нооромӣ ва беназмиҳо буданд. 

Аз ҳамин гирду атрофи ҳамсояҳои наздик буданд, ки мехостанд дар ҳамин муҳити Тоҷикистон як даргирие ба вуҷуд биёяд, ки парокандагии ин миллат таъмин шаваду ин миллат аз байн равад. Агар дар дохил, дар ҳамон лаҳзаҳои аввал ақли солим боло мегирифт, идеологияи онҳо дар ҷумҳурии мо ҷомаи амал намепӯшид. Мана фарз кардем, омадани Сабчак, Велихов,Травкин намояндаҳои ҳизби демократи Россия ба Тоҷикистон ба манфиати мо мардум набуд. 

Бе иҷозати ҳокимияти марказии ҷумҳурӣ онҳо дар байни мардум рафта ҳамон ақидаҳои моҷароҷӯёнаи худро паҳн карданд. Ҳамаи ҳамин сабаб шуд, ки муҳити сиёсӣ, вазъият оҳиста-оҳиста аз таҳти назорати ҳукуматдорон баромад ва оқибат ба ҳамин натиҷа расидем. Вақте, ки бо сухан, бо муҳокимарониҳо проблемаҳо ҳалли худро наёфтанд, одамон даст ба силоҳ заданд. Ин нуқтаи охирини фалаҷшавии интизоми умумиҷамъиятӣ буд. 

Дар ин ҷо то андозае зиёиёни пойтахт ҳам калавандагӣ зоҳир карданд, гоҳ ин тараф, гоҳ он тарафро дастгирӣ мекарданд. Онҳо бояд бо идеяи собите, ки ҷавобгӯи манофеи миллӣ мебуд, яъне як идеяи муттаҳидкунандаи илмӣ, баромад мекарданд. Ба ҳарду майдон назди тазоҳуркунандагон рафта мардумро ба ҳалли дурусту сулҳомези қазия даъват менамуданд. 

Албатта нафарони алоҳида аз ҳисоби зиёиён кӯшишҳои зиёде ба харҷ медоданд, дар матбуот баромад мекарданд, мардумро ба ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекарданд, вале акнун дигар кор аз кор гузашта буд. Бо сабаби митингбозӣ дар совхозу колхозҳо, ки ҳанӯз барҳам нахӯрда буданд, қариб, ки гову гӯсфанд намонд. Баъд фиребу найранг, ки аз ҳад боло гирифт, оқибат ба кушокушӣ табдил ёфт. 

(Идома дорад)

Мусоҳиб Султони ҲАМАД



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi