13:23:14 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 35

Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боари авфи умумӣ

Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Ш. Раҳмоновро оид ба авфи силоҳбадастони оппозитсияи тоҷик, ки ба қарори Комиссияи Оштии Миллӣ № 029 аз 4 маи соли 1999, дархости Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсияи Тоҷик асос ёфтааст, баррасӣ намуда ва бо мақсади суръат бахшидан ба раванди сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бо назардошти принсипҳои башардӯстӣ ва мутобиқи моддаи 49 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад.

/images/stories/2011/08/16_emomali-ustod-nuri_16.8.201.jpg1.Аз ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ, сарфи назар аз мӯҳлати ҷазои таъиншуда, инчунин аз ҷазоҳои бо маҳрум кардан аз озодӣ алоқаманд набуда силоҳбадастони Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсияи Тоҷик тибқи рӯйхати тасдиқнамудаи КомиссияиОштии Миллӣ аз 3 марти соли 1999 озод карда шаванд.

2.Парвандаҳои ҷиноятӣ, ки дар баррасии мақомоти тафтишоти пешакӣ мебошанд, аз ҷумла парвандаҳои ҷиноятие, ки  баррасии онҳо боздошта шудааст ва парвандаҳои ҷиноятие, ки аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, нисбати ашхосе, ки таҳти амали банди 1 ҳамин қарор мебошанд, қатъ карда шаванд.

3.Таҳти амали ҳамин қарор ашхосе қарор мегиранд, ки аз тарафи мақомоти тафтишотӣ нисбати онҳо тафтишоти пешакӣ бурда мешавад, ё аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд ва то қабули ҳамин қарор ҷиноят содир намудаанд.

4.Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд менамояд, ки:

а) авфи силоҳбадастони ИНОТ дар асоси қарори Комиссия Оштии Миллӣ таҳти № 15 аз 3 марти соли 1999 сурат гирад;

б) роҳбарияти ИНОТ якҷоя бо вазоратҳои низомӣ қароргоҳҳои дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ – ро ба протоколи низомӣ мувофиқи намуда,    силоҳҳо ва фаъолияти размандагонро зери назорати қатъӣ гирад;

в) силоҳбадастоне, ки бар хилофи Созишномаи умумӣ бе иҷозат аз қароргоҳҳо берун мераванд ва бо силоҳ мегарданд, мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун ба ҷазо кашида мешаванд;

г) масъулияти дастгир намудан ва халъи силоҳи силоҳбадастоне, ки аз итоати фармондеҳон мебароянд, то иҷрои марҳалаи дуюми Протоколи масъалаҳои низомӣ ба зиммаи вазоратҳои дахлдор ва раҳбарияти ИНОТ мебошад;

д) қарори авф нисбат ба силоҳбадастоне, ки баъди қабули ин қарор ба қонуншиканӣ роҳ медиҳад, татбиқ намешавад.

5.Ҳамин қарор пас аз расман нашр гардиданаш эътибор пайдо мекунад ва бояд дар давоми се моҳ мавриди иҷро қарор гирад.

Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, С. Раҷабов

ш. Душанбе, 14 майи соли 1999 № 742

Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи тартиби татбиқи қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ»

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Иҷрои қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ» ба зиммаи инҳо гузошта шавад:

а)  мақомоте, ки иҷрои ҷазо нисбати маҳкумшудагоне, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ мебошанд, онҳое, ки шартан аз озодӣ маҳрум гардидаанд ва ба меҳнати ҳатмӣ ҷалб карда шудаанд ва онҳое, ки шартан аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ бо ҳатман ба меҳнат ҷалб кардан озод карда шудаанд, дар ихтиёрашон мебошад.  

Иҷрои Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ» (минбаъд дар матн – Қарор дар бораи авф) тибқи қарори сардори мақомоте, ки иҷрои ҷазоро анҷом медиҳанд ва аз ҷониби прокурор иҷозат дода шудааст, сурат мегирад;

б) ба мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ – нисбати ашхосе, ки парванда ва маводи ҷиноятҳояшон таҳти баррасии ин  мақомот қарор доранд;

в) ба зиммаи судҳо:

Нисбати ашхосе, ки парванда ва маводи оид ба ҷиноятҳояшон дар суд таҳти баррасӣ қарор дошта, то эътибор пайдо намудани Қарор дар бораи авф баррасӣ нашудаанд, инчунин ашхосе, ки парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳои онҳо баррасӣ гардида, вале ҳукми онҳо қувваи қонунӣ пайдо накардаанд;

Нисбати маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукмашон ба таъхир андохта шудааст ва ашхосе, ки шартан маҳкум гардидаанд (масъалаи татбиқи авф аз рӯи пешниҳоди мақоми корҳои дохилие, ки рафтори маҳкумшударо назорат менамояд, аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст, ҳал карда мешавад);

Нисбати ашхосе, ки бо ҷазои ҷарима маҳкум шудаанд, агар то эътибор пайдо кардани Қарор дар бораи авф ҷарима ситонида нашуда бошад (масъалаи татбиқи авфро суде, ки ҳукм баровардааст, ҳал менамояд);

Нисбат ашхосе, ки шартан пеш аз мӯҳлат аз ҷазо озод карда шудаанд ва ахшосе, ки қисми адонагардидаи ҷазояшон то эътибор пайдо намудани Қарор дар бораи авф ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст (масъалаи татбиқи санади авфро суде, ки дар бораи татбиқи шартан пеш аз мӯҳлат озод кардан ё ба ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо таъинот баровардааст, ҳал мекунад);

г) ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ:

Нисбати ашхосе, ки ҳукмҳо нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо кардаанд, ашхосе, ки ба маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудаанду дар ҳабс нестанд ё шахсоне, ки шартан ба маҳрумият аз озодӣ бо ҳатман ҷалб намудан ба меҳнат маҳкум гардида, ба маҳалли кор фиристода нашудаанд;

Нисбати ашхосе, ки ҷазоро дар шакли корҳои ислоҳи меҳнатӣ бидуни маҳрумият аз озодӣ адо меукнанд, маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолиятҳои муайян.

2. Қарори татбиқ ё татбиқ накардани санади авф барои ҳар шахс алоҳида қабул карда мешавад.

3. Қарори татбиқи авф, ки мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ, мақомоти корҳои дохилӣ қабул мекунанд, аз ҷониби прокурор иҷозат дода мешавад.                                                                                                                            

Ҳангоми татбиқи санади авф аз ҷониби судҳо иштироки прокурор ҳатмист.

4. Ашхосе, ки таҳти авф қарор мегиранд, ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам аз ҷазои иловагӣ озод карда мешавад, агар ҷазои иловагӣ то рӯзи эътибор пайдо намудани Қарор дар бораи авф адо нагардида бошад.

5. Дар ҳолатҳое, ки агар масъалаи истифодаи санади авф пас аз мӯҳлати семоҳаи пас аз санаи эътибор пайдо кардани Қарор дар бораи авф ба миён ояд, он мувофиқи тартиби пешбининамудаи банди 1 ҳамин Қарор иҷро карда мешавад.

6. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як моҳи пас аз гузаштани мӯҳлати амали Қарори авф ба Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси иҷрои он ҳисобот пешниҳод намоянд.

Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, С. Раҷабов

ш. Душанбе, 14 майи соли 1999  № 743      

ПРОТОКОЛИ

 

татбиқи Хулосаи гурӯҳи кории Ҳукумат ва ИНОТ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Э. Ш. Раҳмонов ва роҳбари ИНОТ ҷаноби С. А. Нурӣ бо иштироки намояндагони Ҳукумат ва мухолифин рӯзи 17 июни соли 1999 бо ҳам мулоқот ороста, дар мавриди татбиқи Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шароити имрӯза ва зарурати суръат бахшидани он табодули афкор намуда, ба хулосаи зерин расиданд:

1. Ҷониби Ҳукумат рӯзи 18.06.1999 рӯйхати 14 шаҳру ноҳияҳоро ҳамчун саҳмияи ИНОТ ба роҳбари ИНОТ месупорад ва ИНОТ дар муддати 10 рӯз номзадҳои худро барои ин бастҳо пешниҳод менамояд. Президент дар муддати 3 рӯз номзадҳои пешниҳодшударо таъин мекунад. 1 июли соли 1999 номгӯи 7 ноҳия ва як шаҳраки дигар ба ИНОТ пешниҳод мегардад ва таъйини номзадҳо бо мансабҳои пешниҳодшуда дар муддати як ҳафта сурат мегирад.

2. Президенти Тоҷикистон  18.06.1999 Саидов Зайдро ба мансаби Раиси Кумитаи давлатии саноат, Низомов Мирзохӯҷаро ба мансаби Раиси Кумитаи гумрук, Қаландаров Ҳакимро ба мансаби муовини Раиси Кумитаи сарҳад, Сангинов Ҳабибро ба мансаби муовини аввали Вазорати умури дохила ва Ғоибназаров Ҳақназарро ба мансаби муовини аввали вазири ҳифзи иҷтимоӣ таъин менамояд.

Масъалаи Мирзо Зиёев байни Президент ва роҳбари ИНОТ то 25 июн ҳалли худро пайдо мекунад.

3. Дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ то рӯзи 30 июни соли 1999 пурра ба ҷойҳое ҷамъ оварда мешаванд, ки дар Протоколи масъалаҳои низомӣ зикр шудаанд.. Ҳамаи қароргоҳҳои ғайрисозишномавӣ, аз ҷумла қароргоҳ дар Сағирдашт барҳам дода мешаванд. Дар ҳамин муддат ҳамаи постҳои ғайриқонуние, ки дар роҳи Душанбе - Дарбанд - Ғарм – Ҳоит – Тавилдара – Ҷиргатол – Хоруғ гузошта шудаанд, бардошта мешаванд.

4.То 30 июни соли 1999 ИНОТ барои гузаронидани аттестатсияи дастаҳои мусаллаҳи дар Дарбанд ва Тавилдара будааш тибқи талаботи Созишномаи умумӣ шароит ба вуҷуд меорад.

5.На дертар аз 5 июли соли 1999, баъди анҷоми аттестатсия дар барои ба қисмҳои дахлдори сохторҳои низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудани гурӯҳҳои дар банди 4 номбаршуда фармон дода мешвад.

6.Ҳамаи ҷузъу томҳои аттестатсияшудаи ИНОТ бо ҳамоҳангии КОМ то 20 июли соли 1999 ба мавқеи қароргоҳҳои доимии низомӣ ба шакли ҷузъу томҳои алоҳида фиристода мешаванд:

а) тамоми қароргоҳҳои муваққатии дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ то 20 июли соли 1999 ба ихтиёри вазоратҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд;

б) ҳамаи силоҳҳои аз қайд гузаронидашудаи ИНОТ то 20 июли соли 1999 ҳамчун силоҳи мақомоти дахлдори қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд;

в) бо силоҳ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ (шаҳру деҳ) гаштан аз 20 июли соли 1999 манъ карда мешавад.

7.Ӯзбекистониҳое, ки дар ҳудуди мавзеъҳои Ромит, Дарбанд,Тавилдара, Ҳоит, Ҷиргатол, Тоҷикобод ҷой гирифтаанд, то 1 июли соли 1999 аз он ҷойҳо хориҷ карда мешаванд. Хоҳиш мешавад, ки ҳангоми анҷоми ин кор намояндагони Созмонҳои байналмиллалӣ ва Ҷумҳурии ӯзбекистон иштирок кунанд.

8.То 25 июли соли 1999 авзои иҷтимоию сиёсии ноҳияҳои Тавилдара, Ғарм ва Дарбанд, ба талаботи протоколҳои 17 сентябр ва 11 декабари соли 1996 мувофиқ карда мешавад.

9.То 20 июли соли 1999 қувваҳои интизомӣ ва низомии ҳукумат (аз ҷумла қувваҳои реинтегратсияшуда) иҷрои фармони Президентро дар бораи халъи силоҳ дар  минтақаҳое, ки қароргоҳҳои муваққатии дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ сохта шуда буданд, таъмин менамоянд.

10.Раёсати ИНОТ баъди реинтегратсияи дастаҳои мусаллаҳи Дарбанд ва Тавилдара лағви дастаҳои мусаллаҳи худро эълон мекунад.

11.Аз якуми августи соли 1999 якҷояшавии пурраи ҷузъу томҳом ИНОТ бо сохторҳои ҳукуматӣ ба амал меояд.

12.Мақоми марбута масъалаи бекор кардани манъи фаъолияти аҳзоб ва ҷунбишҳои сиёсии шомили ИНОТ – ро дар муддати як ҳафта баъди анҷоми банди 11 ҳал мекунад.

13.То 21.06.1999 матни моддаи 28 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тағйирот ҳайате, ки аз ду тараф сохта шуд, ба Президент пешниҳод мекунанд.

14.Роҳбарияти ИНОТ ҳангоми пешниҳоди номзадҳо ба мақомҳо аз рӯи ислоҳоти 30 – фоизаи ҳукумат талаботи Созишномаи умумиро риоя менамояд.

15.Дар ҳайати Ф. Эмомов ва Ҳ. Ҳамидов барои муайян кардани қазияи 58 нафар маҳбусон ҷонибдорони оппозитсия гурӯҳ сохта, то 22.06.1999 хулосаи худро ба Президент пешниҳод мекунанд.

16.Комиссияи Оштии Миллӣ то 25 июни соли 1999 матни лоиҳаи тағйироту иловаҳоро ба Сарқонун тайёр ва ба Президент пешниҳод менамояд ва аз Президент хоҳиш карда мешавад, ки бо ташаббус ба Маҷлиси Олӣ муроҷиат намоянд, то 30 июни соли ҷорӣ сессияи Маҷлиси Олӣ барои таъйин кардани рӯзи раъйпурсӣ оид ба дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Канститутсия даъват шавад.

Президенти ҶТ, Э.Ш.Раҳмонов                          

Роҳбари ИНОТ, С. А. Нурӣ

17.06.1999, Душанбе

ПРОТОКОЛИ

 

кафолати сиёсӣ барои давраи тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Маҷлиси Олӣ

-Бо назардошти он ки раванди сулҳи Тоҷикистон ба марҳалаи ниҳоии худ дохил мешавад;

-бо назардошти он ки тибқи ҳуҷҷатҳои Созишномаи умумӣ Президент ва Комиссияи Оштии Миллӣ аҳд кардаанд, ки густариши демократиро дар давраи гузариш  дар Тоҷикистон таъмин мекунанд;

-бо назардошти он ки ба баррасии парламент вогузоштани пешниҳод дар барои вақти баргузории интихоботи Парламенти нави касбӣ таҳти назорати СММ, САҲА ва бо иштироки кишварҳои нозир дар музокироти байни тоҷикон, ба амал меояд;

-бо мақсаде, ки дар раванди тайёрӣ ва гузаронидани интихобот аз ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ё маҳдудкунии ҳуқуқ пешгирӣ карда шавад, Президент ва Комиссияи Оштии Миллӣ кафолати таъмини масъалаҳои зеринро ба ӯҳда мегиранд:

1.Интихоботи парламент бояд озод, одилона ва демократӣ сурат бигирад.

2.Риоя шудани принсипҳои худмухтории КМИР.

3.Ворид кардани намояндагони нави ИНОТ дар ҳайати КМИР.

4.Ворид сохтани 20 фоиз намояндагони ҳизбу созмонҳои ИНОТ ба ҳайати комиссияҳои ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ.

5.Гузоштани имзоҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу созмонҳои сиёсӣ дар бюллетенҳои овоздиҳӣ.

6.Дастури Ҳукумат дар бораи дахолат накардани намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот дар рафти маъракаҳои интихоботӣ ва эълони он дар воситаҳои ахбори омма.

7.Тарзи ташкили ҳавзаҳо ва участкаҳои интихобот, комиссияҳои интихобот, пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳои халқ, фаъолияти номзадҳои вакилони халқро, ки дар Қонуни нави интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд, қатъиян назорат ва таъмин мекунанд.

8.Қонуни нави интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Комиссияи Оштии Миллӣ то 20 ноябри соли 1999 тайёр ва ба Президент пешниҳод мекунад.

9.Барои номзадҳои ба қайд гирифташуда дар маъракаи интихоботӣ шароити зарурии баробар фароҳам оварда мешавад.

10.Барои назорат кардан ба рафти интихобот намояндагони гурӯҳи ташаббускори номзад ба вакили халқ ё намояндагони ҳизбҳое, ки ин номзадҳоро пешниҳод кардаанд, дар фаъолияти ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ тибқи муқаррароти Қонун дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олӣ иштирок мекунанд.

11.Намояндагони СММ, САҲА, кишварҳои кафили сулҳ дар Тоҷикистон дар ташкил ва гузаронидани интихобот ба Маҷлиси Олӣ мувофиқи салоҳияте, ки ба онҳо Созишномаи умумӣ муқаррар кардааст, иштирок мекунанд.

12.Баъди таъини рӯзи интихоботи Маҷлиси Олӣ, мақомҳои дахлдори Тоҷикистон ба ҳамаи созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои алоқаманд муроҷиат карда, намояндагони онҳоро ба иштирок дар интихобот даъват мекунанд.

13.Дастрасии ҳамаи номзадҳо ба вакили халқ ба воситаи ахбори расмӣ ва фаъолияти матбуоти ҳамаи ҳизбҳои амалкунанда дар маъракаи интихобот тибқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

14.Ба фаъолияти ташвиқотии номзадҳои пешбаришуда, ҳизбҳои номзад пешниҳодкарда, шахсони боэътимод ва гурӯҳҳои ташаббускори номзадҳои пешниҳодшуда шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

15.Мақомоти дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки татбиқи қонуни интихоботро қатъӣ назорат кунанд. Дар сурати  ошкор шудани қонунвайронкунӣ натанҳо он ислоҳ карда мешавад, балки гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ва дар ин бора ба воситаи ахбори умуми хабар дода мешавад.

16.Озодсозии маҳбусон – ҷонибдорони ИНОТ тибқи рӯйхати 93   нафара, ки тибқи фармони Президенти Ҷумҳу-рии Тҷикистон  авф шудаанд.

17.Татбиқи қарори Маҷлиси Олӣ оиди авфи размандагони ИНОТ аз 14. 05. 99.

18.Аз системаи компютерии ВКД берун овардани номи авфшудагон.

19.Аттестатсияи собиқ размандагони боқимондаи ИНОТ ва шомил кардани онҳо ба сохторҳои қудратӣ дар наздиктарин вақт.

20.Таъминоти ҳамаҷонибаи собиқ размандагони ИНОТ, ки ба сохторҳои қудратӣ шомил гаштаанд.

21.Татбиқи иҷроиши Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ то охири марҳилаи интиқолӣ.

22.Комиссияи Оштии Миллӣ кори худро аз рӯзи 8 ноябри соли 1999 давом медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Э. Раҳмонов

Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ, С.А.Нурӣ

ш.Душанбе, 5 ноябри соли 1999

(идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi