18:22:19 26-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД

Имсол, шукри Худои бузург, ки 20 солагии истиқлолияти давлатиамонро дар як фазои сулҳу оромӣ  ҷашн мегирем. Вале ҳамагӣ 15 сол пеш кам касоне дар фикри таҷлили ҷашни истиқлол буданд. Зеро дар сангарҳои набарди байни ҳукумат ва мухолифин хун мерехт. Хуни тоҷики азиятдидаву  бахтбаргашта. Нахуст лозим буд, ки ин хунрезӣ қатъ бишавад.

 ahmadshahi-masood

Тақрибан 15 сол пеш баъди мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ИНОТ шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Хустдеҳи Афғонистон бо ибтикори ҳарду ҷониб ва миёнҷигарии созмонҳои байналмилалӣ як ҳайати баландпояи  муштараки низомиву сиёсӣ созмон дода шуд, ки вазифаи он хомӯш кардани оташи ҷанг дар сафи пеши мубориза, дар сангарҳои набард буд. Рӯзноманигор Султони Ҳамад, ки яке аз узвҳои ин ҳайат буд, дар  ин навиштааш хотирот ва фикру андешаҳои худро пиромуни он рӯзҳои  пур аз фоҷиа ва умуман ҷангу сулҳи тоҷикон дар робита бо фаъолияти ин ҳайат  иброз доштааст, ки бори аввал дар матбуот ба нашр мерасанд.

Ба номи Худое, ки сулҳ офарид,

Ба нураш сияҳчодари шаб дарид.

Десанте, ки рисолаташ қатъи ҷанг буд

Рӯзи 16-уми декабри соли 1996 бархе аз расонаҳои хабарии ҷаҳон, ки рӯйдодҳои сиёсиву низомии Тоҷикистонро муттасил пайгирӣ менамуданд, аз ба Тоҷикистон омадани ҳайати баландпояи сиёсиву низомии мухолифин таҳти сарварии Давлат Усмон,  муовини раиси ИНОТ (Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсиони Тоҷик) ва сардори Ситоди Марказии Артиши Наҳзати Исломии Тоҷикистон (СМ АНИТ) иттилоъ доданд. Онҳо таъкид мекарданд, ки дар зарфи чор соле, ки даргириҳо байни нерӯҳои мусаллаҳи мухолифин ва артиши ҳукумат идома доранд, ин бори нахуст аст, ки чунин ҳайати баландпояи мухолифин аз мақари асосии худ Афғонистон расман  вориди хоки кишвар мешавад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, то оташи ҷангро дар хатти аввали ҷабҳа, дар сангарҳо якҷо бо чунин ҳайате аз ҳукумат фурӯ нишонанд.

Ин нишонгари он аст, мегуфтанд онҳо, ки ҳарду ҷониб ба марҳилае расидаанд, ки ба ҷуз роҳи сулҳ, наметавонанд роҳи дигареро интихоб кунанд. Махсусан ҳарду канали Русия (РТР ва ОРТ) аз рӯзҳои аввали фаъолияти ин ҳайат дар Тоҷикистон чандин гузоришҳо таҳия намуда пешкаши муштариёни худ намуданд. Аз он, ки ин ҳайатро дар фурӯдгоҳи Душанбе роҳбарони ниҳодҳои қудратии ҶТ бо сарварии котиби Шӯрои Амнияти ҷумҳурӣ Амирқул Азимов истиқбол гирифтанд ва баъди чанд лаҳзае онро намояндаи махсуси ДК СММ дар Тоҷикистон Герд Дитрих Меррем дар дафтари худ ба ҳузур пазируфт, метавон хулоса баровард, ки барои ин ҳайат чи аҳамиятеро он замон ҳам дар ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам дар созмонҳои байналмилалии миёнҷи дар қазияи Тоҷикистон қоил буданд. Ногуфта намонад, ки амнияти ин ҳайатро дар маҳали зист (бӯстонсарои ҳукумат) сарбозони Гордии Миллӣ бо роҳбарии генерал Ғаффор Мирзоев ва дар вақти фаъолият кардан дар манотиқи таҳти нуфузи ҳукумат кормандони вазорати амнияти миллӣ таъмин мекарданд.

Дар ҳамин ҷо саволе ба миён меояд, ки чи зарурат буд, ки чунин ҳайати баландпояи мухолифини дархориҷбуда таъсис биёбаду ба дохили кишвар эъзом шавад? Охир, то ин замон музокироти сулҳи байни тоҷикон беш аз ду сол боз идома дошт. Сатҳи иштирокчиёни ин музокирот низ хеле баланд буд. Амалан ҷойнишинҳои лидерони ду тараф сарварии раванди музокиротро ба ӯҳда доштанд. Воқеан, худи лидерҳои ҷонибҳои даргир, яъне Эмомалӣ Раҳмон ва  шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ низ то замони шурӯъ ба фаъолият кардани ин ҳайат се маротиба бо ҳам вохӯрда, масоили мубрами музокиротро мавриди ҳаллу фасл қарор дода буданд. Дар дохили Тоҷикистон низ як Комиссияи муштараки назорат бар созишномаи оташбас фаъолияти хуб дошт. Оё мумкин набуд, ки дигар корҳо низ дар доираи фаъолияти ҳамин ҳайатҳо ва комиссияи мазкур ба иҷро мерасид? Аз  он, ки ин ҳайат таъсис ёфту ба дохил омад, чунин бармеояд, ки не! Чаро не?

Барои посух гирифтан ба ин савол як каме ба қафо бармегардем. Аслан агар мехоҳем, ки ин ҷанги шаҳрвандие, ки болои мо таҳмил шуда буд, бароямон пандомӯз бошад, бояд таърихи онро хуб бидонем ва барои насли ояндаи миллат онро мунсифона ва одилона навиштаву ба ёдгор гузорем. Медонам, иҷрои ин кор бисёр мушкил аст, вале ба хотири таҳкими ваҳдат, пойдории сулҳу субот,  таъмини амнияти ҷомеа чунин кор бояд анҷом гирад. Таърихи он, яъне чӣ? Пеш аз ҳама сабабҳо ва омилҳои асосии сар задани ин ҷангро мо бояд донем. Рафти ин ҷанги хонумонсӯз, оқибат ва натоиҷи он, ба фикри ин банда бояд аз сӯи гурӯҳи муаллифоне мураккаб аз намояндагони ҳарду ҷониби дар гузашта даргир ва пажӯҳишгарони мустақил объективона ва мунсифона ба риштаи таҳлили чуқур кашида шавад ва дар шакли китоби алоҳида пешкаши оммаи васеи хонандагон гардад. Бигузор он тарзе навишта ва таҳия гардад, ки  ба боз ҳам таҳким ёфтани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар хизмат намояд, ихтилофҳои боқимондаро аз байн барад. Ин корро кардан мумкин аст.  Алорағми онҳое, ки мегӯянд ҳанӯз вақташ наомадааст, мо ба ин назарем, ки  ҳанӯз дер нашудааст.

 «Растохез» ва Ҳизби Демократ дар мавқеи ҳукумат

Ва аммо мо аз мақсади асосии худ набояд дур биравем. Ҳадаф аз навиштани ин рисола, чӣ тавре, ки дар муқаддима низ омадааст, ба риштаи тасвир додани фаъолияти ҳайати баландпояи сиёсиву низомии ҳарду ҷониб мебошад. То оғози соли 1996 дар раванди гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон чор даври музокироти ҳайатҳо ва ду мулоқот дар сатҳи олӣ пушти сар шуда бошад ҳам, дастовардҳо дар роҳи расидан ба сулҳ чандон пурсамар ба назар намерасиданд. Музокироти даври панҷум, ки 22 январи соли 1996 дар Ашқободи Туркманистон оғоз ба кор кард, низ чандон умедворкунанда набуданд. Ҷонибҳо ҳеҷ намехостанд, ки ба як дигар гузашт кунанд, талаби асосии оппозитсия ҳамин буд, ки дар як давраи муайяни ҳамоишёбӣ, ки онро давраи гузариш ном мебурданд, бояд Шӯрои оштии миллӣ ва Ҳукумати Муваққатии Эътилофӣ таъсис дода шавад.

 imegs-sulh-36566.jpg

Ба гуфтаи ҷониби мухолифин Шӯрои оштии миллӣ бояд амалан функсияи Парламенти кишварро ба дӯш бигирад. Ҷониби ҳукумат бо овардани далел, ки таъсиси чунин сохтор ва ҳукумат ба талаботи қонуни асосии кишвар, ки чанде пеш аз тариқи раъйпурсии умумӣ қабул шуда буд, муғойир мебошад, ин пешниҳоди оппозитсионро рад мекард. Дар навбати худ  раҳбарияти оппозитсия мегуфт, ки раъйпурсӣ оиди қабули Қонуни асосии нав моҳи ноябри соли 1994 бе иштироки ҷонибдорони онҳо сурат гирифтааст ва натоиҷи он наметавонад қобили қабули тарафи оппозитсион бошад.

Хулоса, ҳарду ҷониб ба ҷои гузашт кардан дар раванди гуфтушунидҳо дар ҷустуҷӯи далелу санадҳое буданд, ки якдигарро бо қонуншиканиҳо мулзам намоянд. Дар ҳамин ҳол дар дохили ҳарду ҷинои муттахоссим  ҳамзамон таҳаввулоте ба вуқӯъ мепайвастанд, ки агар аз як сӯ боиси нигаронӣ барои як ҷониб бошанд, аз сӯи дигар ин таҳаввулотро ҷониби дигар мекӯшид то ба манфиати хеш истифода намояд. Масалан, дар дохили Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсияи Тоҷик, аввал ҷунбиши «Растохез» таҳти сарварии шодравон Тоҳири Абдуҷаббор (январи соли 1995) ва баъдан (январи 1996) ҷиноҳи теҳронии ҲДТ таҳти сарварии Шодмон Юсуф ҷонибдори он пешниҳоди ҳукумат шуданд, ки тибқи он ИНОТ бояд аз муборизаи мусаллаҳона даст мекашид ва идомаи ҳаллу фасли қазияи Тоҷикистон бо роҳи мусолиоматомез, яъне дар ҷараёни музокироти ҳайатҳо бояд сурат мегирифт.

Ҷониби ҳукумат ин иқдоми бархе аз намояндагони ҳаракати мардумии «Растохез» ва ҷиноҳи теҳронии ҲДТ-ро мекӯшид то ба мақсадҳои таблиғотӣ ба манфиати хеш истифода намояд. Ҳатто ҷиноҳи теҳронии ҲДТ ҳамон шабу рӯз дар вазорати адлияи Тоҷикистон  расман ҳамчун ниҳоде номнавис шуд ва он таҳти роҳбарии намояндаи раиси ҳизб Аъзами Афзалӣ озодона ба фаъолияти худ дар кишвар шурӯъ кард.

Исёни Маҳмуд Худойбердиев ва Ибод Бойматов

Дар дохили нерӯҳои низомии ИНОТ низ вазъият чандон хуб набуд. Яке аз фармондеҳони аршади мухолифин Ризвон Садиров маҳз дар ҳамин давра мухолифати ошкорои худро алайҳи сиёсати пешгирифтаи роҳбарони ИНОТ эълон кард. Ӯ ба ҳар роҳ мекӯшид то ба муборизаи ИНОТ дар роҳи расидан ба аҳдофи худ халал эҷод кунад. Чандин нафарҳои саршиноси мухолифин, фармондеҳони шинохтаи онҳо дар ин давра аз сӯи гурӯҳи Ризвон ба қатл расиданд. Чандин кӯшиши сӯиқасд ба ҷони раҳбарони дархориҷбудаи оппозитсион кардаи ин гурӯҳро хадамоти амниятии мухолифин ва ҳукумати Афғонистон хунсо намуд.

Воқеан, худи ҳукумати Афғонистон низ таҳти фишори гурӯҳи Толибон, ки то рафт ба дарвозаҳои Кобул наздик мешуданд, қарор гирифта буд. Профессор Раббонӣ аз шогирдони мадрасаҳои Пешовар дар ҳоли сабақ гирифтан буд. Ӯ наҷоти ҳукуматашро дар сулҳи Тоҷикистон медид.

Дар ҳамин ҳол бояд гуфт, ки вазъияти сиёсӣ, низомӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон низ барои ҳукуматдорон хеле нигаронкунанда буд. Айнан дар арафаи баргузории даври панҷуми музокироти сулҳи байни тоҷикон дар Ашқобод, аниқтараш як рӯз қабл аз оғози ин гуфтушунидҳо, дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Турсунзода шӯриши собиқ қумандонҳои Фронти халқӣ Маҳмуд Худойбердиев ва Ибод Бойматов ба вуқӯъ пайваст.

(Идома дорад)

Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi