17:36:07 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 19

Ба фикри ман муҳимтарин бардошти онҳо аз ин сӯҳбатҳо ин буд, ки ҷанг дар Тоҷикистон дигар ба ҳукми таърих даромад. Ҷонибҳои дар гузашта мутахосим дигар ба ҳеҷ ваҷҳ алайҳи якдигар ба муқовимати низомӣ нахоҳанд пардохт.Марҳилаи наве дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангии тоҷикону тоҷикистониён арзи ҳастӣ намуд. Марҳилаи ҳамдигарфаҳмӣ, бо роҳи музокирот, бо роҳҳои сиёсӣ ҳаллу фасл кардани мушкилоти мавҷуда. Дар ин сӯҳбатҳо ҳамеша аз хусуси аҳамияти барқарории сулҳу субот дар Тоҷикистон барои амнияти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ёдовар мешудам.

 

Дар ҳақиқат, ҷангу ҷидолҳои давомнок дар Афғонистони ҳамсоя батадриҷ вазъиятро дар дигар кишварҳои минтақа хеле ҳам нигаронкунанда сохт ва билохира оташи даргириҳоро дар Тоҷикистон фурӯзон кард. Расидан ба Сулҳ дар Тоҷикистон аз густариши босуръати қочоқи силоҳ, қочоқи маводи мухаддир ва терроризм дар минтақа ба таври чашмгире ҷилавгирӣ намуд. Истиқрор ва таҳкими Сулҳ дар Тоҷикистон роҳро барои муборизаи самаранок  бурдан алайҳи ин падидаҳои номатлуб ҳамвор хоҳад кард. Ҳаёт нишон дод, ки ин гуна вохӯриҳо, мулоқоту дидорҳо натиҷаҳои мусбате дар пай доштаанд.

 

Чунончи, танҳо як мисол меорам. 16 декабри соли 1997 Шӯрои Амнияти СММ дар иҷлосияи 52 – уми худ изҳороте қабул намуд, ки дар он Дабири Кулли Созмони Миллал аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард то аз 1 январи соли 1998 сар карда ҳаҷми расондани кӯмаки башардӯстонаро ба Тоҷикистон зиёд намоянд. 30 январи соли 1998 Бонки ҷаҳонӣ баҳри кӯмак барои аз нав барқароркунӣ ва азнавсозии водии Қаротегину минтақаи Вахё ба маблағи 10 миллион доллари амрикоӣ қарз ҷудо намуд. Ин қарз ба мӯҳлати 40 сол дода шудааст.

 

Аз ин маблағ 5,1 миллион доллар барои барқарор кардани 15 кӯпрук ва 4 км роҳи Душанбе - Хоруғ, 2,3 миллион доллар барои барқарор кардани мактабу беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ, 1,9 миллион доллар барои барқарор кардани сохтори хоҷагии қишлоқ ва соҳаи барқи ҷумҳурӣ мебоист сарф карда мешуд. 600 ҳазор доллари боқимонда бошад барои харидани тухмӣ ва нуриҳои азотӣ пешбинӣ шуда буд. Ин қарз аз моҳи марти соли 1998 сар карда дар давоми ду сол бояд истифода мешуд.   

 

Ва бубинед, ки дар ин муддат дар минтақа чӣ гуна корҳо ба анҷом расидаанд. Тибқи маълумотҳое, ки дар расонаҳои хабарӣ дарҷ гардидаанд, дар ин минтақа аз ҳисоби татбиқи лоиҳаи мазкур ба маблағи 11 миллиону 500 ҳазор доллари амрикоӣ (як миллион доллари он ҳиссаи маблағии Ҳукумати Тоҷикистон ва 500 ҳазор доллар гранти Ҳукумати Швейсария мебошад) 317 иншооти харобгардида барқарор карда ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла: купрӯкҳо ва роҳҳо – 37 иншоот ба маблағи 5 миллиону 735 ҳазор доллари ИМА, дар соҳаи маориф – 106 иншоот ба маблағи 1 миллиону 320 ҳазор доллари амрикоӣ барои зиёда аз 35 ҳазор хонанда, дар соҳаи тандурустӣ – 40 иншоот ба маблағи 832 ҳазор доллари амрикоӣ барқарор карда шуд, ки метавонад дар як вақт ба 1439 бемор хизмати тиббӣ расонад.

 

Дар дигар соҳаҳои иҷтимоӣ – 25 иншоот ба маблағи 691 ҳазор доллари ИМА барқарор карда шуд. Дар соҳаи таъмини барқ – 67 иншоот ба маблағи 1 миллиону 231 ҳазор доллари ИМА, аз он ҷумла 140 км хати интиқоли барқ ва 85 подстансияю трансформаторҳо барқарор карда шуданд. 42 иншооти соҳаи обёрӣ ба маблағи 441 ҳазор доллари ИМА барқарор карда шуд, ки дар натиҷа 279 км каналҳо метавонанд 15 ҳазору 700 гектар заминро обёрӣ намоянд. Таи се соли татбиқи лоиҳа ( солҳои 1998, 1999 ва 2000) ба 5356 хоҷагии деҳқонӣ 4659 тонна картошкаи тухмӣ, 303 тонна гандуми тухмӣ, 977 тонна нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо, 299 тонна сӯзишвориву рӯғанҳои молиданӣ, 75 адад дорупошак ба маблағи 1 миллиону 226 ҳазор доллари ИМА тақсим карда дода шуд.

 

Деҳқонони минтақа танҳо дар ду соли татбиқи лоиҳа (солҳои 1998 ва 1999) 3651 тонна гандум ва зиёда аз 26 ҳазор тонна картошка ба даст оварданд. Дар ин муддат аз ҳисоби машғул шудан ба корҳои кишоварзӣ зиёда аз 32 ҳазор нафар одамон, аз он ҷумла 645 шахси собиқ мусаллаҳ бо кор таъмин карда шуд.    

 САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 18

(идома дорад)

Адресидоимиимаводимазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/3531----lr-19.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi