04:13:27 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 12

 

 

 

 

КОМИССИЯИ ОШТИИ МИЛЛӢ

 

БАРГАШТА БА ХОНААШ МУҲОҶИР …

 

Яке аз масъалаҳои муҳимтарини раванди истиқрори Сулҳу оштӣ дар кишвар ин пиёда сохтани «Протоколи масоили муҳоҷирин» буд. Ин вазифаи бузург асосан ба дӯши зеркомиссияи муҳоҷирини КОМ гузошта шуда буд. Вазоифе, ки дар назди ин зеркомиссия ва умуман КОМ матраҳ буд ва бояд ба ҳалли он мусоидат мекард, аз нуктаҳои зерин иборат буданд:

 

-баргардонидани тамоми муҳоҷирин ва гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан ва ҷойҳои зисти муқимиашон;

-ба онҳо баргардонда додани манзил ва моликияти ғасбшудаашон;

-ба ҷойҳои кори пештараашон барқарор кардани онҳо;

-обод кардани манзилҳои вайронгаштаи онҳо;

-расондани кӯмакҳои башардӯстона ва додани қарзҳои имтиёзнок ба муҳоҷирин;

 

Ба ҳама маълум аст, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон садҳо ҳазор нафар сокини Тоҷикистонро иҷборан овораву гуреза намуд. Дар ин ҷанг даҳҳо ҳазор хонаву дар, манзилҳои истиқоматӣ ба коми оташи ҷанг кашида шуданд. Дар ин бора дар матбуоти даврӣ, расонаҳои хабарӣ ва доираҳои расмии ҳукумату созмонҳои байналмиллалӣ дер боз факту рақам ва далелҳои мухталиф ироа мешаванд. Бархе бар онанд, ки дар давраи даргириҳои дохилӣ беш аз якуним миллион нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҷои зисти худро маҷбуран тарк гуфта ба ҷойҳои нисбатан амнтаре рафтанд.

 

Аз ҷумла, беш аз шаст ҳазор нафар ба кишвари ҳамсояи Афғонистон муҳоҷират карданд. Қариб 400 ҳазор нафар бошад шаҳру навоҳии кишварҳои ИДМ – ро ҷои зист ихтиёр намуданд. Беш аз 700 ҳазор нафар бошад дар дохили Тоҷикистон, дур аз манзили муқимии хеш дар ҷустуҷӯи оромишу осоиштагӣ сарсону овора будаанд. Идае аз муҳосибону сиёсатмадорон ин арқомро зиёдтар ва қисми дигар камтар ба қалам додаанд. Ба ҳар ҳол мо ҷонибдори онҳое ҳастем, ки теъдоди муҳоҷирин ва гурезаҳои ҷанги шаҳрвандиро наздик ба як миллион нафар медонанд, ки аз онҳо қариб шаст ҳазор нафарашон ба Афғонистони ҳиҷрат карда, беш аз сесад ҳазор ба кишварҳои муштаракулманофеъ паноҳ оварда буданд. Дар дохили кишвар бошад қариб 700 ҳазор нафар ба мақсадҳои таъмини амнияти хонаводаи хеш тағйири ҷои истиқомат кардаанд.

 

Албатта бозгашти паноҳандагону оворагони тоҷик ба Ватани аҷдодии хеш хеле пеш аз шурӯъи фаъолияти КОМ ва зеркомиссияи оиди масоили муҳоҷирин оғоз шуда буд. Бояд мунсифона қайд кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои баргадонидани муҳоҷирин ва гурезаҳои иҷборӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонида буд. Аз ҷумла, қонунҳо дар бораи муҳоҷирин ва паноҳандагони иҷборӣ ба тасвиб расида, даҳҳо қарорҳо қабул шуда буданд, ки ҳама ба хотири ҳарчӣ тезтар ҳаллу фасл кардани ин проблема буданд. Қисмате аз муҳоҷирону оворагони ҳам дохилӣ ва ҳам беруна ба ҷойҳои зисти муқимиашон баргардонида шуда буданд. Умуман дар ин самт кор идома дошт.

 

Вале проблемаҳои ҳалталаб ҳанӯз ҳам хеле зиёд буданд. Ҳанӯз ҳам дар Давлати Исломии Афғонистон ҳазорҳо нафар ҳамватанони мо дар шароити хеле сангине ба сар мебурданд. Ҷанги байниҳамдигарии ҷиноҳои даргир дар Афғонистон аҳволи бе ин ҳам вазнини онҳоро вазнинтар карда буд. Муҳоҷирини тоҷик як навъ гаравгони ҷанги дохилии Афғонистон шуда буданд. Дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ҳам вазъияти муҳоҷирин тоҷик чандон хуб набуд. На ҳамаи онҳо аз ҳуқуқҳои паноҳандагӣ бархӯрдор буданд.

 

Сари ҳар қадам таҳти фишори мақомоти расмӣ ва органҳои қудратӣ қарор мегирифтанд. Идомаи ҷанги дохилӣ имконият намедод, ки ҳукумати кишвар таваҷҷӯҳи бештаре барои беҳбудии вазъияти муҳоҷирини баргашта ба харҷ бидиҳад. На ҳамаи паноҳандагони иҷборӣ дар дохил низ ба ҷойҳои зисти пештараашон баргардонда шуда буданд. Ҳанӯз ҳам эътимод ва боварӣ ба оянда миёни онҳо таҳким наёфта буд.

 

Бо назардошти ин нуктаҳо КОМ ва зеркомиссияи муҳоҷирини он фаъолияти худро аз интишори Муроҷиатномае ба мардуми кишвар, роҳбарони ҷумҳурӣ, намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ шурӯъ карданд, ки дар он зарурати расонидани кӯмакҳои ҳамаҷониба ба муҳоҷирини баргашта, аз ҷумла бо масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ, паноҳгоҳ қайд шуда буд. Матни Муроҷиатнома дар қисмати замимаи китоб оварда мешавад.

 

Тибқи иттилооти Комиссиарати Олии СММ оиди паноҳандагон то охирҳои моҳи сентябри соли 1997 дар Афғонистон беш аз 10 ҳазор муҳоҷири тоҷик боз боқӣ монда буд. Вазъияти муҳоҷирини Кампи Сахӣ, ки теъдодашон беш аз 7000 нафар буд ва дар наздикиҳои шаҳри Мазори Шариф ҷойгир шуда буданд, хеле вазнин буд. Бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳонае, ки рӯзи дуюми октябри соли 1997 дар наздикҳои Кампи Сахӣ байни ҷонибҳои даргири афғонӣ рух дод, 4 нафар муҳоҷири тоҷик ба шаҳодат расида, беш аз 40 нафар захм бардоштанд.

 

Садҳо нафари дигар бошад пиёда даҳҳо километр роҳро тай намуда, ба Бандари Шерхон омаданд. Вазъияти тоқатфарсои муҳоҷирин тақозо мекард, ки чораҳои оҷилӣ андешида шаванд ва онҳо ҳарчӣ тезтар амалӣ бигарданд. Гурӯҳи кории Комиссияи Оштии Миллӣ дар ин вазъият борҳо ба шимоли Афғонистон сафар карда, дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмиллалӣ, ба хусус Комиссиариати Олии СММ оиди паноҳандаҳо ва Ҷумҳурии ӯзбекистон ба он ноил шуданд, ки боқимонда муҳоҷирини дар Афғонистон будаи тоҷик дар зарфи ду моҳ қариб ба пуррагӣ тавассути гузаргоҳҳои Хайратон – Тирмиз ва Бандари Шерхон (Панҷи Поён) ба Ватани ачдодии худ баргарданд.


 

Бозгашти муташаккилонаи паноҳандагони дар Афғонистон буда ба Ватан ба он мусоидат намуд, ки муҳоҷирини дар кишварҳои ИДМ буда ва гурезаҳои иҷбории дохилӣ низ бо рӯҳияи баланду эътимоди қавӣ гурӯҳгурӯҳ ба ҷойҳои зисти муқимии худ баргарданд. Нақшаи зерин теъдоди гурезаҳои иҷбориро дар дохил ва муҳоҷиринеро, ки ба иллати ҷанги шаҳрвандӣ ҷойҳои истиқоматии худро ба мақсади кишварҳои дигар тарк гуфтаанд, нишон медиҳад:

 

 

 

Т/р

Манотиқи сукунат

Теъдоди паноҳандагон

Теъдоди бозгаштагон

 ба Ватан

 

Боқӣ

 

 

1

Федератсияи Русия

145857

98

145759

 

2

Ҷумҳурии Украина

53100

-

53100

 

3

Ҷумҳурии Белорусия

42043

-

42043

 

4

Давлати Исломии Афғонистон

61550

61345

205

 

5

Ҷумҳурии Исломии Покистон

2000

30

1970

 

6

Ҷумҳурии Туркманистон

5017

2059

2958

 

7

Ҷумҳурии Қирғизистон

15223

128

15095

 

8

Дохили Тоҷикистон

604170

571491

32679

 

9

Ҷамъи умумӣ

928960

635151

293809

 

 

Табиист, ки бо авдати муҳоҷирин проблемаҳои онҳо ба якборагӣ ҳалли худро пайдо намекунанд. Баръакс, бозгашти паноҳандагону гурезаҳои иҷборӣ боиси бурузи мушкилоту афзоиши масоили мухталифе гардиданд. Яке аз масъалаҳои аввалин ва муҳиме, ки муҳоҷирин баъди бозгашти худ бо он рӯ ба рӯ мемонданд, ин масъалаи манзили истиқоматиашон буд. Хурсандиву нишоти ҳосилшуда аз бозгашт ба Ватанро ба якборагӣ андӯҳи бесарпаноҳӣ иваз мекард. Мардум беҳуда ин ҷангро ҷанги хонумонсӯз ном накарда будааст. 

 

Тибқи омори расмӣ дар ин ҷанг 37 ҳазору 950 хона ба куллӣ сӯхтаву хароб шуда буданд. То соли 1997 Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо кӯмаки созмонҳои хайрияи байналмиллалӣ шумораи зиёди ин хонаҳоро барқарор ва тармиму барои зист мувофиқ карда буданд. Вале ҳанӯз ҳам ҳазорҳо манзилҳои истиқоматии дигар вайронаву валангор буданд. Садҳо адад хонаҳои дигар аз ҷониби силоҳбадастону ашхоси ба истилоҳ «тавоно» ғасб карда шуда буданд. Онҳоро низ мебоист дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва органҳои ҳифзи ҳуқуқ ба соҳибони аслиашон бармегардонидем.

 


Дар натиҷаи фаъолияти пайгиронаву самараноки зеркомиссия оиди масоили муҳоҷирини КОМ ва ҳамоҳангиву ҳамкории он бо мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Комиссиариати Олии Созмони Миллали Муттаҳид оиди масоили гурезаҳо аксарияти мушкилоти фавқуззикр тадриҷан то андозае ҳалли худро пайдо мекарданд. Чунончи шумораи хонаҳое, ки барқарор ва тармиму таъмир карда шуданд, қариб ба 30 ҳазор адад расид.

 

Аз 10 ҳазору 44 хонаи ғайриқонунӣ аз худ кардашуда 9600 хона бо кӯмаки ҳукуматҳои маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба соҳибони пештараашон бозгардонда шуданд. Танҳо дар соли аввали фаъолияти КОМ ҳукумат барои муҳоҷирини бозгашта ҳамчун кӯмакпулии якдафъаина 75 миллион ва ҳамчун қарзи имтиёзнок 285 миллион рубли тоҷикӣ ҷудо кард, ки онҳо тавассути мақомоти маҳаллии ҳокимият тавзеҳ дода шуданд.

 

Ба ҷои кори пештара барқарор кардани муҳоҷирини баргашта низ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти зеркомиссияи муҳоҷирин ба шумор мерафт. Тибқи иттилооти расмӣ аз 277 ҳазор нафар муҳоҷири баргаштаи қобили меҳнат 230 ҳазор нафари онҳо бо кор таъмин шуданд. Инҳо асосан он қабил муҳоҷирине буданд, ки қабл аз ҳиҷрат дар колхозу савхозҳо, заводу фабрикаҳо, муассисаҳои бинокорӣ кор мекарданд. Аксари бо кор таъмин шудагон ба иллати паст будани маошу моҳона ва ё худ фалаҷ шудани корхонаҳояшон дубора дар ҷустуҷӯи кор ва қути лоямут ҷилои Ватан карданд.

 

Раванди ба ҷои кори пештара барқарор кардани мутахассисони маълумоти олидор, роҳбарони корхонаву идораҳо ва махсусан кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хеле ҳам ба мушкилӣ пеш мерафт.  Чунин мутахассисон дар зеркомиссияи оиди масоили муҳоҷирин номнавис шуда буданд ва шумораи онҳо 1915 нафар буд. Аз ин теъдод қисмати хеле маҳдуди онҳо ба ҷойҳои кории пештараашон барқарор шуданду халос.

 

Вазъияти ҳуқуқӣ ва амниятии муҳоҷирини ба Ватан баргашта ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти КОМ буд. Ҳар сари чанд муддат ба мақсади омӯзиши ин масъала гурӯҳҳои кории зеркомиссияи оид масоили муҳоҷирин ба шаҳру навоҳӣ ва деҳоти ҷумҳурӣ сафар карда аз наздик бо шароити кору зиндагонии онҳо шинос мешуданд. Натоиҷи ин сафарҳо дар ҷаласаҳои КОМ баррасӣ шуда барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳо ва ҷилавгирӣ кардан аз хатоҳо  чораҳои мушаххас андешида мешуданд.

 

Чунончи 5 – уми марти соли 1998 КОМ дар мавзӯи «Вазъияти ҳуқуқӣ ва амниятии муҳоҷирини ба Ватан баргашта» бо ширкати вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ Худойбердӣ Холиқназаров ҷаласаи таъҷилие доир намуд, ки дар он хулосаи фаъолияти гурӯҳи кории КОМ оиди вазъияти муҳоҷирини вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тибқи маълумоти ин гурӯҳ дар вилояти Хатлон муҳоҷирини баргашта ба проблемаҳои ҷиддии таъмини манзил ва душвориҳои дигари иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омаданд. Онҳо наметавонанд, ки манзилҳои худро талаб кунанд.

 

Ба онҳо аз ҷониби созмонҳои байналхалқӣ кӯмак расонда намешавад. Заминҳое, ки Ҳукумат ба онҳо ҷудо кардааст, зӯран аз тарафи гурӯҳҳои силоҳбадаст аз худ карда шудаанд. Дар ҳамин ҷаласа қайд  шуд, ки як қатор роҳбарони вилоятҳо ва ноҳияҳо ба муҳоҷирин кӯмаки молиявӣ намерасонанд ва замини ба ин мақсад муайяншударо ҷудо намекунанд. КОМ дар ин ҷаласаи худ қарор қабул кард, ки ба хотири таъмини амният ва ҳуқуқҳои шаҳрвандии муҳоҷирин аз ҳисоби намояндагони вазорати умури дохила, амният, дифоъ комиссияи махсусе таъсис дода шавад, ки ҳалли ин проблемаро ҳамеша дар мадди назари худ дошта бошад.  Ҳаёт нишон дод, ки тасмими қабулшуда то андозае барои ҳалли нисбии масоили муҳоҷирин мусоидат намуд.

 

Гурӯҳҳои кории зеркомиссиони муҳоҷирини КОМ, ки чун гурӯҳҳои кории дигар зеркомиссияҳо аз намояндагони ҳарду ҷониб созмон дода шуда буданд, ба ғайр аз амалҳои мушаххаси хеш корҳои зиёди тарғиботиву ташвиқотиро анҷом медоданд. Ҳамраисони гурӯҳи корӣ Ҳақназар Ғоибназаров, Темур Табаров ва дигар аъзои ин гурӯҳ Мирзои Мурод, Ҳамдуддини Саъдуддин, Шодӣ Кабиров, Нурулло Абдуллоев, Қаландар Садриддинов, Қосим Раҳимов, Баҳрулло Қурбонов, Баҳриддин Ҷабборов, Аслишоҳ Нодиршоев, Ғолиб Ғафуров, Сангмаҳмад Зуҳуров кӯшишҳои зиёд ба харҷ медоданд, ки дар байни муҳоҷирини баргашта ва аҳолии муқимӣ, ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ ба вуҷуд биёяд. Охир, чанде пеш онҳо алайҳи ҳамдигар санг дар бағал доштанд.

 

Баъзе аз онҳо ҳанӯз ҳам эътимоди қавӣ надошт, ки дар ҳақиқат Сулҳ барқарор шудааст. Аз ин рӯ бо кӯмаку дастгирии моливу маънавии созмонҳои хайрияи байналмиллалӣ чорабиниҳое созмон дода мешуданд, ки ба беҳтаршавии авзо дар ин самт мусоидат мекард. Аксари ин чорабиниҳо дар рӯзҳои ҷашнҳои мухталифи ҷумҳурӣ бо иштироки роҳбарони ҳар дуҷониби сулҳкунанда ва намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ доир мегаштанд. Дар тую маъракаҳо низ суханрониҳо намуда, мардумро ба сулҳу ваҳдат даъват мекардем. Чунин маъракаҳо ба он оварда расонд, ки эътимоди байниҳамдигарӣ қавӣ шуда, ҳамдигарфаҳмиву дӯстиву бародарӣ таҳким ёбад.

 

(Идома дорад)

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/2707----lr-12.html?start=1

 

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi