САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 3
НИҲОДЕ, КИ ВАЗИФААШ БУНЁДИ СУЛҲ АСТ
Рости гап ба хотир оварда наметавонам, ки дар таърихи башарият баъди ба поён расидани ҷанг ва ё ба мувофиқа расидани ду тарафи даргир, аниқтараш баъди эълон кардани Сулҳ, алалхусус, дар ҷангҳои шаҳрвандӣ ҷонибҳо ниҳод ё худ мақоми муштаракеро таъсис дода бошанд, ки вазифаи асосиаш дифоъ аз Сулҳ, дурустараш истиқрори Сулҳ дар кишвари ҷангзада бошад. Ба ҳар ҳол дар садаи 20 – уми солшумории милодӣ фаъолият кардани ниҳоде ҳамчун Комиссияи Оштии Миллӣ дар ҳошияи ҷанги шаҳрвандӣ, фарз кардем, агар ҳодисаи бемисл набошад ҳам, вале хеле ҳам нодир ба ҳисоб меравад.
Маҳз ҳамин чиз, бесобиқа будани он ва бо роҳи ношиносу нопаймуда қадам задани ходимони ин ниҳод асоси душвориҳову мушкилотро ташкил медод. Мусаллам буд, ки мушкилоти зиёде дар раванди истиқрори Сулҳ сари ҳар қадам буруз хоҳад кард, аммо умедворкунанда он буд, ки ҳадаф, ваколатҳо ва вазоифи КОМ дар асноди дар боло зикршуда мушаххасан ифода ёфтаанд. Ин вазифа ва ваколатҳои КОМ аз рӯи хусусиаташон ба ду навъ ҷудо шудаанд.
1.ВАЗИФА ВА ВАКОЛАТҲОЕ, КИ КОМ САЛОҲИЯТИ
МУСТАҚИЛОНА ИҶРО КАРДАНИ ОНРО ДОРО БУД, ЯЪНЕ:
- таҳияи усулҳои назорат ва амалӣ намудани назорат аз болои иҷрои Созишномаи умумӣ ҳамроҳи мақомҳои ба ин мақсад таъсис ёфта.
- иҷрои тадбирҳо оиди бозгашти шарафмандонаи муҳоҷирин, таъмини амнияти онҳо, ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат фаъолона ҳамроҳ намудани гурезаҳо, расонидани кӯмак дар барқарор сохтани манзил, корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзии бар асари ҷанг хароб гардида:
- таҳияи пешниҳодҳо дар масъалаи тағйир додани қонунҳои ҷорӣ доир ба фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, ҷунбишҳо ва воситаҳои ахбори умум.
2.ВАЗИФА ВА ВАКОЛАТҲОЕ, КИ ИҶРОИШ ВА САЛОҲИЯТИ ОН МУШТАРАКАН
БА ӮҲДАИ КОМ ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРӢ ВОГУЗОР ШУДА БУДАНД:
- таҳияи пешниҳодҳо оиди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи амалкунанда ва ба раъйдиҳии умумӣ гузоштани он.
- таҳияи лоиҳаи Қонуни нав дар бораи интихоботи парламент ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва ба тасдиқи парламент ва дар сурати зарурат ба раъйпурсии умумӣ пешниҳод кардани он.
- ташкили Комиссияи Марказии интихобот ва раъйдиҳӣ барои давраи гузариш.
- ба намояндагони ИНОТ пешниҳод кардани сӣ фоиз ҷойҳо дар сохторҳои ҳокимияти иҷроия, аз ҷумла вазоратҳо, идораҳо, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ.
- роҳбарӣ ва назорат ба барҳам додан, халъи силоҳ кардан ва реинтегратсияи гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин, иҷрои корҳо дар бобати ислоҳоти сохторҳои низомӣ ва мақомоти прокуратура.
- назорат аз болои табодули пурраи асирони ҳарбӣ, маҳбусон ва озод намудани шахсоне, ки зӯран дар асорат нигоҳ дошта мешаванд.
- қабули ҳуҷҷат дар бораи бахшидани гуноҳҳои ҳамдигар, таҳияи қонун дар бораи авфи гуноҳ.
- коркарди механизми ба ҳизбҳои сиёсӣ табдил додани ҳаракатҳои ҳарбию сиёсӣ.
- ба муҳокимаи Парлумони амалкунанда пешниҳод кардани таклифҳо дар бораи замони баргузории интихоботи Парлумони нави касбӣ бо ҳузур ва таҳти назорати намояндагони СММ, САҲЕ, кишварҳои кафил ва нозири гуфтушуниди байни тоҷикон.
Ҳамин тавр иҷрои вазоифи мазкур ба дӯши 26 нафар аъзои КОМ, ки 13 нафарӣ аз ҳарду ҷониб буданд, вогузор карда шуд.
Ҷаласаи нахустини КОМ аз 7 то 11 июли соли 1997 дар шаҳри Маскав баргузор гардид. Дар нишасти аввалин аъзои КОМ бандаро ба ҳайси сарвари ин мақом интихоб карданд. Намояндаи ҳукумат, муовини аввали Раиси МОТ ҷаноби А.С.Достиев муовинам интихоб гардид. Вазири корҳои хориҷаи ФР Евгений Примаков, ки дар маросими ифтитоҳи ин ҷаласа ширкат варзида буд ва хеле хурсанд ба назар мерасид, ба ман рӯ оварда гуфт:
- Ҷаноби Нурӣ, ёдатон ҳаст, ки хишти аввалини пойдевори ин Созишро бо ҳам гузошта будем ва инак хишти охиринро низ ҳамроҳ мегузорем.
Ин суханони ҷаноби Примаков ишорае буданд ба он мулоқоти нахустини мо, ки моҳи августи соли 1993 таҳти миёнҷигарии Раиси Ҷумҳури Афғонистон ҷаноби Бурҳониддин Раббонӣ дар Кобул баргузор гардида, нақши муҳимеро дар раванди Сулҳ бозида буд.
Дар ин ҷаласа ду ҳуҷҷати хеле муҳим, ки таҳияи онҳо яке аз вазифаи муҳимтарини КОМ ба ҳисоб рафта бозгашти сарбаландонаи роҳбарон ва намояндагони ИНОТ ба Ватан ба онҳо вобаста буд, қабул гардид. Инҳо Санади ҳамдигарбахшӣ ва лоиҳаи Қонуни авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, ки баъдан ҳуҷҷати аввал 14 июли соли 1997 дар Душанбе аз ҷониби Раиси Ҷумҳур Э.Ш. Раҳмонов ва ҳуҷҷати дуввум дар ҷаласаи Маҷлиси Олӣ 1 – уми август аз сӯи вакилони халқ бо аксарияти овозҳо ба тасвиб расиданд.
15 сентябри соли 1997 дар таърихи навини Тоҷикистон саҳифаи дурахшоне кушода шуд. Нахустин бор дар хоки кишвар дар пойтахти он намояндагони раҳбарияти ҳарду ҷониби даргир, аъзоёни КОМ дар гирди мизи мудаввар сарҷамъ омада ба баррасии роҳҳои ҳалли татбиқи асноди Сулҳ, ки дар Маскав оғоз карда буданд, идома доданд.
Иштироккунандагони ин ҷаласаи таърихиро Раиси Ҷумҳур Э.Ш. Раҳмонов, ки шахсан дар он ширкат намуд, самимона табрик гуфта оғози фаъолияти КОМ – ро ҳамчун падидаи нодир ва фараҳбахше дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон тавсиф намуд.
Дар идомаи суханрониаш Раиси Ҷумҳур аз хусуси вазоифи КОМ ва аъзои он дар истиқрори Сулҳу ризоияти миллӣ сухан гуфта қайд намуд, ки «имрӯз аз таҳкими сулҳи байни тоҷикон дида дар ҷомеаи Тоҷикистони феълӣ вазифаи муқаддастаре вуҷуд надорад. Душманони миллати тоҷику якпорчагии Тоҷикистон имрӯз пайт меҷӯянд, то Сулҳро ба хатар андозанд. Шумоён, аъзоёни КОМ, посбонони ин Сулҳи деринтизор ҳастед. Ҳифзи он вазифаи аввалиндараҷаи шумо ба ҳисоб меравад. Ояндаи дурахшони Тоҷикистон низ аз меҳнати шумо вобаста аст. Шумо мақоме ё худ ниҳоде ҳастед, ки асоси пешрафти зиндагӣ, Сулҳро бунёд мекунед».
Бале, зиндагӣ масъулияти бузургеро ба дӯши ҳар як узви КОМ – одамони соҳиби касбу кор, донишу таҷриба ва фаҳмишу ақидаи мухталиф бор кард. Агар чӣ ин 26 нафар аъзои КОМ бо хусусиятҳои ақливу ҷисмонӣ, фитриву рӯҳонии хеш аз ҳамдигар фарқ мекарданд, вале онҳоро ҳадафи ягона – таъмини Сулҳ дар кишвар ба ҳам муттаҳид сохта буд. Маҳз ҳамин ҳадафи ягона шӯълаи умедро дар дилҳо фурӯзон нигоҳ медошт.
Дар ҳамин ҷаласаи нахустини корӣ аъзои КОМ чаҳор зеркомиссия: сиёсӣ, ҳуқуқӣ, низомӣ ва муҳоҷиринро таъсис доданд, ки ҳар кадоми он аз ҳисоби аъзои КОМ дорои шаш нафарӣ узв гардиданд. Баъдтар ба кори зеркомиссияҳои мазкур аз ҳисоби коршиносону мутахассисин афроди алоҳида ҷалб карда мешуданд, ки дар таҳкими Сулҳ саҳми зиёде гирифтаанд.
Роҳбарии зеркомиссияҳо ба зиммаи ашхоси таҷрибаи бои зиндагӣ ва фаъолияти ҷамъиятиву сиёсидошта гузошта шуд. Чунончи, ба зеркомиссияи сиёсӣ доктори илмҳои таърих, намояндаи ҳукумат Иброҳим Усмонов, ба зеркомиссияи ҳуқуқӣ, журналисти забардаст, намояндаи ИНОТ Отахон Латифӣ, ба зеркомиссияи низомӣ афсари олирутбаи мақомоти корҳои дохила, намояндаи ИНОТ Ҳабиб Сангинов ва ба зеркомиссияи муҳоҷирин, вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ, намояндаи ҳукумат Шукурҷон Зуҳуров роҳбар таъин гардиданд.
Дар ҳамин ҳафтаи нахустини фаъолияти КОМ нақшаҳои кории зеркомиссияҳо аз ҷониби роҳбарони онҳо дар асоси асноди Созишномаи умумии Сулҳ тарҳрезӣ шуда, аз ҷониби раиси КОМ тасдиқ гардиданд.
(идома дорад)
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/2096--lr-3.html