22:17:44 23-уми Ноябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/30_--01-a-aaaaakom_222.jpg'

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 1

Эй номи ту беҳтарин сароғоз,

Бе номи ту нома кай кунам боз.

П е ш г у ф т ор


Ҳадаф аз навиштани ин рисола, хонандаи азиз, мухтасар ҳам бошад, ёдовар шудан аз ҷаҳду талошҳои Комиссияи Оштии Миллӣ баҳри истиқрори Сулҳ ва ризоияти миллӣ дар тӯли фаъолияти беш аз ду солаи он мебошад. Дуруст аст, ки мубориза барои ба даст овардани Сулҳ дар Тоҷикистон бо шурӯъи кори КОМ дар кишвар оғоз нагардидааст. То ба ин марҳила расидан ҷонибҳо роҳи пурхаму печ, фарозу нишебиҳои зиёдеро пушти сар кардаанд.

 Охир, ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш, ки аксари муҳаққиқону солноманависон ба хотири қурбониёни аввалин оғози онро аз 5 – уми маи соли 1992 ҳисобиданд, то рӯзи қатъи он, рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии Сулҳ – 27 – уми июни соли 1997, 1880 рӯз идома доштааст. Воқеан, дар муқоиса Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки моҳи маи соли 2001 ба поён ёфтани он 56 – сол пур шуд, 1418 рӯз давом кардааст ва дар он, тибқи омори расмӣ 60 ҳазор шаҳрванди ба ҷанг эъзомшудаи Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.

 Дар он ҷанг касе аз тоҷикистониён иҷборан тарки Ватан накард, хонаву дари касеро ба оташ накашиданд, молу мулки фардеро ба яғмо набурданд, ба болои деҳу қарияе мушаку бомб напартофтанд, зану духтари касеро таҷовуз накарданд, дар ягон порча замини ҳосилхези он маводи маргзои тарканда нахобониданд, дар ягон гӯшаи кишвар силоҳбадасте алайҳи мардуми мулкӣ бедодгарӣ накардааст ва ғ.ҳ.

 Мутаассифона, дар ин ҷанги шаҳрвандие, ки дар Тоҷикистон гузашт ва ҳанӯз ҳам бӯи боруташ аз машомҳо нарафтааст, беш аз сад ҳазор ҷавони пурармони тоҷикро аждаҳои марг ба коми худ фурӯ бурд, садҳо шаҳру деҳаҳои ободу обшор харобу валангор гаштанд, беш аз якуним миллион тоҷикистонӣ ҷои зисти муқимиашонро ба хотири ҳифзи ҷони хешу фарзандони худ тарк гуфта, муҳоҷиру ғариб, овораву дарбадари кишварҳои дуру наздик гардид, беш аз 25 ҳазор зани тоҷик бева гардид, қариб 60 ҳазор тифли маъсум аз навозиши гарми падарӣ маҳрум шуд. Хисороти моддиву иқтисодии ин ҷангро то ба имрӯз касе дақиқ ҳисоб накардааст.

 Оре, дар таърихи чандинҳазорсолаи тамаддуни тоҷикон ин ҷанги хеле ҳам хунину ва аз он ҳам бештар нангин амсоле надоштааст. Вале, хушбахтона, дер бошад ҳам, билохира хираду заковат бар кинаву адоват боло гирифт. Ҷонибҳо роҳи ҳалли сиёсии қазияро ҷӯё шуданд. Сулҳи тоҷикон низ бо шеваву усули ба даст омаданаш дар таърихи тамаддуни башарӣ назире надоштааст.

 Баъди он, ки бо миёнҷигарии Созмони Миллали Муттаҳид, Ҷумҳурии Исломии Ирон ва Федератсияи Русия аввалин бор 5 – уми апрели соли 1994 дар Москав намояндагони ду тарафи даргир ба хотири ёфтани роҳи ҳалли мушкилоти  тоҷикон дар рӯ ба рӯи ҳам нишастанд, боз 1179 – рӯзи дигар лозим шуд, ки билохира ҷонибҳо ба тавофуқи ниҳоӣ бирасанд.

 Дар ин муддат ҳайатҳои музокиракунандаи ду ҷониб 9 даври гуфтушунидро паси сар карданд, ки баъзе аз ин даврҳо ду – се марҳилаи алоҳидаро дар бар мегирифт. Ҳафт маротиба роҳбарони олимартабаи ҳарду ҷониб дар лаҳзаҳои душвортарини раванди Сулҳ хориҷ аз кишвар мулоқотҳо оростанд, то фазои Сулҳу оромиро дар кишвар ҳарчӣ тезтар таъмин намоянд.

 Махсусан мулоқоти моҳи декабри соли 1996 дар Хустдеҳи Давлати Исломии Афғонистон барпошуда хеле муҳим буд. Дар он тарафҳо ба қатъи ҷанг мувофиқа карданд. Дар масъалаи таъсиси Комиссияи Оштии Миллӣ низ созиш ба даст омад. Ғайр аз ин мулоқотҳо дар сатҳи олӣ чандин вохӯриҳову дидорбиниҳои машваратии ҳайатҳои музокиракунанда баргузор гардид. Хуллас, тибқи оморе, ки дар даст дорам, аз 1180 рӯзе, ки раванди музокирот таҳти миёнҷигарии СММ идома доштааст, 208 рӯзи онро аз субҳ то шом, баъзан шабона низ ҳайатҳои музокиракунандаи ду ҷониб дар рӯ ба рӯи ҳам дар баҳсу мунозира, дар радду бадали далелу аснод гузаронидаанд.

 Билохира, 27 – уми июни соли 1997 дар Маскав дар вазъияти тантанавӣ дар ҳузури Раиси Ҷумҳури Федератсиони Русия Б.Н.Елтсин, яке аз кишварҳои умдаи нозири Сулҳи тоҷикон, вазирони корҳои хориҷии дигар кишварҳои нозир, бархе аз роҳбарони созмонҳои байналмиллалии саҳим ва кафили Сулҳ, роҳбарони олимартабаи ҳарду ҷониб ва намояндаи махсуси Дабири Кулли СММ дар Тоҷикистон Г.Д. Меррем ба Созишномаи умумии истиқрори Сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гузоштанд. Созишномаи умумӣ нӯҳ ҳуҷҷати зеринеро дар бар мегирифт, ки дар тӯли музокироти ҳайатҳои ду ҷониб ва роҳбарони олимартабаи он ба тасвиб расидаанд.

 1. Протокол «Дар бораи принсипҳои асосии барқарор кардани Сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» аз 17 августи 1995.

 2. Созишномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҳбари Иттиҳоди Мухолифини Тоҷик оид ба ҷамъбасти вохӯрии онҳо дар Масква 23 декабри соли 1996.

 3. Протокол «Дар бораи вазифа ва ваколатҳои асосии КОМ», ки 26 декабри соли 1996 аз тарафи Президенти ҶТ Э.Ш. Раҳмонов ва Раҳбари ИНОТ С.А.Нурӣ ба имзо расидааст.

 4. Низомномаи «Комиссияи Оштии Миллӣ» 21 феврали соли 1997 дар Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷониби Президенти ҶТ Э.Ш. Раҳмонов ва Раҳбари ИНОТ С.А. Нурӣ ба имзо расидааст. 

 5. Протоколи иловагӣ ба Протокол «Дар бори вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи Оштии Миллӣ» 21 феврали соли 1997 аз ҷониби Президенти ҶТ Э.Ш. Раҳмонов ва Раҳбари ИНОТ С.А. Нурӣ ба имзо расидааст.

 6. Протокол оид ба масъалаҳои гурезаҳо. 13 январи соли 1997 аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳои музокиракунунда дар Теҳрон ба имзо расидааст.

 7. Протоколи масъалаҳои низомӣ. 8 – уми марти соли 1997 аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳои музокиракунанда дар Маскав ба имзо расидааст.

 8. Протокол  оид ба масъалаҳои сиёсӣ. 18 маи соли 1997 аз тарафи Президенти ҶТ Э.Ш.Раҳмонов ва Раҳбари ИНОТ С.А.Нурӣ дар Бишкек ба имзо расидааст.

 9. Протокол «Дар бораи кафилони татбиқи Созишномаи умумии барқарор кардани Сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон», 28 маи соли 1997 дар Теҳрон аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳои музокиракунанда ба имзо расидааст.

 Акнун тамоми нуктаву талаботе, ки дар ин нӯҳ ҳуҷҷати муҳим дарҷ гарида буд, бояд дар зиндагӣ, дар ҳаёти воқеии кишвар татбиқи худро пайдо мекард. Он тавофуқе, ки дар натиҷаи музокироти пурбаҳсу мунозира, радду бадалҳои пурмоҷарои беш аз се сола ба даст омад ва дар рӯи қоғаз сабт гардид, мебоист акнун аз ҷониби механизми асосии татбиқи ин Созишнома – Комиссияи Оштии Миллӣ дар ҳаёт ҷорӣ кунонда шавад, дар ҳаёти кишваре, ки ҳанӯз ҳам ҷомеъаи он аксаран ба раванди Сулҳ эътимод пайдо накардаанд ва ҳанӯз ҳам барои рӯзи мабодо санг дар бағал гирифтаанд, аксари гурезаҳои он ба хотири нооромиҳои ҷойдошта, қатлу ғоратгариҳои бешумор ба Ватани аҷдодии худ то ба ҳол барнагаштаанд, баъзе аз шахсиятҳои шинохтаи низомиву сиёсии он рӯи рост муқобили бозгашти муҳоҷирину муҷоҳиддини мухолифин на танҳо зиддият, балки ошӯби мусаллаҳона низ кардаанд, баъзе аз кишварҳои ҳамсояи он ба самимияти тавофуқоти ба даст омада изҳори шубҳа кардаанд ва пайваста дар роҳи эҷоди мушкилот дар ин самт будаанд.

 Ана дар чунин як кишваре, ки авзои дохиливу хориҷиаш мураккаб буд, сулҳи дар рӯи қоғаз дарҷгардидаро арзи ҳастӣ бахшидан лозим буд. Ҳамин тариқ музокироти Сулҳи тоҷикон агар чанде роҳи душвореро паси сар карда бошад ҳам, истиқрори он Сулҳ мушкилоти бештареро бо худ ба ҳамроҳ дошт ва ҳалли ин мушкилот инак асосан ба зиммаи КОМ вогузор карда шуд. Ба ифодаи адабиётшиносон, агар образнок карда бигӯем, муҳандисон тарҳи хонаро кашиданд, вале бунёди он ба дӯши сохтмончиён ҳавола гардид.

 Ба хотири риояи адолат эътироф бояд кард, ки бархе аз муҳандисони ин Сулҳ, аз ҷумла, банда низ ба умеди кӯмаки Худовандиву дастгирии мардуми шарафманду бохиради Тоҷикистон, маслиҳату мусоидати намояндагони Созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои гурӯҳи «Тамос» лозим шумурдам, ки дар ин кори хайр чун бархе аз сарсупурдаҳои миллат масъулияти сохтмончигиро низ ба ӯҳда бигирам.

 (давом дорад)

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/2028--lr-1.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi