02:15:12 10-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Сулҳ бебаҳост ва бо сарвату ваъдаҳои хориҷиҳо харида намешавад

27 июн - ин сана барои миллати тоҷик санаест таърихию муқаддас ва сарнавиштсоз, зеро 18 сол муқаддам -27 июни соли 1997 маҳз дар ҳамин рӯз дар шаҳри Маскав байни тоҷикон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳуриамон анҷом ёфт.Ҷанге, ки аз сӯи душманони миллати тоҷик тарҳрезию таҳмил гардида буд.

sulhu-oshti-2156455421.jpgҶанге, ки бегонаҳо-хоинони ин марзу бум бо истифода аз баъзе гурӯҳҳои иғвоангезу нопоки дохилӣ афкори сокинони манотиқи гуногуни Тоҷикистон, хусусан ҷануб ва шарқи онро хуб омӯхта, мардуми аз сиёсат фарсахҳо дурро ба майдонҳо ва баъдан силоҳ дода, ба сангарҳо кашиданд. Бародар дар камин нишаста ба сӯи бародари худ аз туфанг тир холӣ мекард, хуни бародари худро мерехт…

Он солҳо бо вуҷуди аланга гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо душманони миллати тоҷик ба ниятҳои нопок ва аҳримании худ нарасиданд, зеро ақл ва хиради азалии мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём мардуми сулҳпарвар, дурандешу ботаҳаммул буда ва ҳеч гоҳ дар масири таърих ба сари халқи дигаре шамшер набардоштааст, боло гирифт. Дар яке аз рӯзҳои фасли тобистон аз зери абрҳои тира хуршед бо нурҳои зарринаш тулӯъ намуда, фазои бӯи борутдоштаи кишварамонро мунаввар сохт. Дар пойтахти Русия санади сулҳи тоҷикон ба имзо расид, он пайғоме буд аз ҳамдигарфаҳмию пирӯзии хиради тоҷикон, сарҷамъию ваҳдат ва таъмини субот дар Тоҷикистон.

Бояд тазаккур дод, ки ҷанги шаҳрвандӣ бо вуҷуди оне, ки хотима ёфт, вале аз худ хисороти бузурги ҷонию молӣ ва равонӣ боқӣ гузошт, ки то ҳанӯз бо гузашти солҳо захмҳои он ҷанги бародаркуш дар қалби мардумамон боқӣ мондаанд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки он асосан солҳои 1992 -1993 ниҳоят шиддат гирифт, тибқи омор 60 000 нафар фавтида, бисёриҳо беному нишон гаштанд. Беш аз 60 ҳазор нафар ба кишвари ҳамсояи Афғонистон иҷборан фирор намуданд. Наздики 200 ҳазор нафар ба кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, асосан Русия ва Ӯзбекистон ҳиҷрат карданд. Теъдоди муҳоҷирон дар дохили кишвар ба 1 миллион нафар расид. 25 ҳазор нафар зани тоҷик бешавҳар гашт, 53 ҳазор кӯдак ятим монд, наздики 36 ҳазор хонаю ҳавлӣ хароб гардида, 61 адад муассисаи тиббӣ асосан дар вилояти Хатлон пурра вайрону валангор гашт. Хисороти умумии ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон беш аз 10 миллиард $-ро ташкил дод.

Вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, бахусус шиддат ёфтани авзо дар бархе аз нуқоти ҷаҳон, бахусус ҳаводисе, ки дар иддае аз кишварҳои арабӣ, назири Ироқ, Либия, Тунис, Миср, Сурия, инчунин Афғонистон, Украина ва дигар кишварҳои сайёра ба вуқӯъ омадаанд, бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки фирефтаи макру ҳилла ва ваъдаҳои ҳавоии хориҷиҳо нагардем, зеро имрӯз пешрафтҳои иқтисодии кишварҳо ва манобеи бои табиии минтақа, ки аксари аҳолияшон мусулмонанд, ба бархе аз кишварҳои абарқудрати сайёра хуш намеояд. Аз он сӯи уқёнус нишаста, тавассути зархаридони худ нақшаҳои нопокашонро амалӣ месозанд.

Ин мисолро мо дар ҳаводиси Сурия ва Ироқ ташреҳ дода метавонем, зеро ин кишварҳо, ки дорои захираҳои бои табиӣ -хусусан газу нафтанд ва метавонистанд дар даҳсолаи охир ба раддаи кишварҳои мутараққии ҷаҳон ворид гарданд, ба абарқудратҳо хуш наомаданд ва онҳо монеи пешрафту рушди ин кишварҳо шуданд. Бо истифода аз дини мубини Ислом, бо истифода аз барангехтани ихтилоф байни мазҳабҳое, ки дар дини Ислом аст, авзои минтақаи дар ҳолати рушди дунёро ноорому доғдор, хуни ҳазорҳо мардумони осоиштаро рехтанд, миллионҳо нафарро фирорӣ намуданд, шаҳрҳои қадимаю таърихиро, ки дорои мероси бузурги фарҳанги башариянд, харобу валангор сохтанд.

Ва боз аз номи Ислом ва дар партави ин дини мубин мехоҳанд минтақаҳои дигари дунёро ноором созанд. Дар ин маврид мардуми тоҷикро, ки як имтиҳони бузурги таърихиро пушти сар намудааст, мебояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳад, зеро тамоми он мушкилоте, ки имрӯз дар ҷомеа вуҷуд доранд, батадриҷ роҳи ҳалли худро хоҳанд ёфт. Аммо сулҳу субот ва оромию осоиштагӣ баҳо надоранд, онро наметавон бо сарват ва ваъдаҳои пучи хориҷиҳо, ки гӯё зиндагии шоиста фароҳам мекарда бошанд, харида намешавад. Ва он сулҳу суботеро, ки бо заҳматҳои бузург мардуми тоҷик ба даст овардааст, бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дошт, то гарде ба он нарасад.

Марзия Саидзода, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi