18:01:47 26-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 27 28 29 30
31            

Нақши Аҳмадшоҳи Масъуд дар Сулҳи тоҷикон

Дар бораи фаъолияти низомии Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамчун фармондеҳи бемислу монанди асри  XX ва аввали XXI муаллифони мухталиф дар ҷаҳон садҳо асарҳои хурду калонҳаҷм навиштаанд.

ahmadshah-masood 6521485Бинобар шоҳидии таҳлилгарони низомиву олимони илми ҳарбӣ амалиётҳои низомие, ки таҳти фармони Аҳмадшоҳи Масъуд сурат гирифтаанд, метавонад ҳамчун намунаи олии маҳорати қумандонӣ дар китобҳои дарсӣ ворид шуда, дар донишгоҳҳои низомии кишварҳои бузургтарини ҷаҳон омӯхта шаванд ва ин кор аллакай дар ҷараён аст.

Вале оё мо медонем, ки Аҳмадшоҳи Масъуд бузургтарин ғалабаи худро на дар ҷанг, балки дар набарди сулҳ ба даст овардааст? Ва ин сулҳ сулҳи байни тоҷикон аст? Инак, ба таваҷҷӯҳатон чанд қиссае аз ҳамин хусус.

Аҳмадшоҳ меҳмони Аҳмадшоҳ

Зимистони соли 1993. Майдони ҳавоии шаҳри Қундуз чун дигар нуқоти шаҳр моломол аз муҳоҷирини тоҷик аст. Мардуми сарсону овора дар шароити ниҳоят баду душворе қарор доранд. Шабҳои зулмонӣ хаймаҳо сарду ториканд. Не чароғ асту не алов…

1-gurezaho 565665Баробари ба Қундуз расидан фармондеҳи машҳур Аҳмадшоҳи Масъуд нахуст аз аҳволи муҳоҷирин хабар гирифт. Дар назди хаймае ӯ бо меҳр сари кӯдаки хурдсолеро силакунон аз ӯ пурсид, ки чӣ ном дорад. Писарбача дар ҷавоб гуфт, ки «Аҳмадшоҳ». Фармондеҳи маъруф маънидорона хомӯш ба сӯи ҳамроҳонаш нигарист. Мӯйсафеди муҳоҷире ба сухан ҳамроҳ шуд.

- Бале, имрӯз Аҳмадшоҳи мо ғарибу овораи диёри Аҳмадшоҳи машҳур аст, - гуфт мӯйсафед.

- На хайр, падарҷон, Аҳмадшоҳи кӯчак ин ҷо дар кишвари Афғонистон ғарибу овора нест Аҳмадшоҳ ва тамоми дигар муҳоҷирини тоҷикӣ меҳмони мо ҳастен. Хуш омаден, ҳамватанони гиромӣ. Бо фазли Худованд, иншоаллоҳ зуд аст, ки шумо ба Ватани аҷдодиатон бошарафона бармегарден. Инро ман ба шумо итминон медиҳам. Ҳоло бошад худро дар Афғонистон бегона эҳсос накунен…

Он шаб дар аксари хонаводаҳои муҳоҷирини урдугоҳи «Майдони ҳавоӣ» чароғҳои бобоӣ фурӯзон шуданд. Муҳоҷирин бо истифода аз бухориҳои (печҳои оҳанӣ) ҳадя намудаи Аҳмадшоҳ аввалин бор дар чанд ҳафтаи охир мазаи хӯроки гармро чашиданд.

«ВАҲДАТРО аз даст надиҳед»

Аҳмадшоҳи Масъуд ҳар боре, ки ба кампҳои муҳоҷирини тоҷик ташриф меовард ва бо роҳбарони онҳо сӯҳбат меорост, ҳамеша аз боби иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ваҳдат сухан мегуфт. Онҳоро ҳушдор медод, ки аз фитнаву найранги душманони миллат ҳамеша огаҳ бошанд.

3-gurezaho 565665«Мо дар ҷанг алайҳи шӯравии абарқудрат пирӯз будем. Мо Артиши Сурхро ба зону даровардем. Вале, мутаассифона дар Сулҳ байни бародарони худ ноком ҳастем. Чаро? Зеро душманони мо тавонистанд дар байни мо тафриқа эҷод кунанд. Тухми кинаву адоватро дар замири мо бикоранд.

Моро ба даҳҳо ҳизбу танзимҳои сиёсӣ тақсим намоянд. Ҳар кадоме аз ин аҳзоби сиёсӣ имрӯз манофеи худро ҳифз менамояд. Аниқтараш манофеи бегонагонро, яъне хоҷагони худро ҳифз менамояд. Ба ваҳдату ҳамбастагӣ халал эҷод мекунад. Шумо ин таҷрибаи талхи моро бояд аз худ намоед. Нагузоред, ки дар байни шумо душманон роҳ ёбанд, шуморо ба гурӯҳҳову танзимҳо ҷудо намоянд».

Бешубҳа дар он, ки муҳоҷирини дар Афғонистон будаи тоҷик дар зарфи панҷ соли ҳиҷрати худ зери таъсири таблиғоту ташвиқоти рӯзафзуни душманони милллати тоҷик ва ҳизбу созмонҳои мухолифи якдигар тақсим нашуданд, хизмати Аҳмадшоҳи Масъуд хеле бузург аст.

Дар баробари ин Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамеша талқин мекард, ки ҷанги Тоҷикистон аз ҷанги Афғонистони замони Шӯравӣ ба куллӣ фарқ дорад. Афғонҳо агар зидди душмани хориҷӣ меҷангиданд, дар Тоҷикистон бошад бародар бо бародар дар набард аст. Ҷанги Тоҷикистон ғолиб нахоҳад дошт. Идомаи ҷанг шикасти миллати мусалмони тоҷик аст. Ӯ ҳамеша мегуфт, ки итминон дорад қазияи Тоҷикистон аз тариқи музокирот ҳаллу фасл хоҳад шуд.

ЧОРАИ ФАРМОНДЕҲИ ИСЁНГАР

Бо вуҷуди кӯшишҳои зиёди Аҳмадшоҳи Масъуд ва ӯ барин равшанфикрон дар байни муҳоҷирину муҷоҳиддини дар Афғонистон будаи тоҷик низ гоҳу ногоҳ мухолифату зиддиятҳои тезу тунде ба вуқӯъ мепайвастанд. Яке аз чунин ҳодисаҳо охирҳо соли 1994 байни фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Наҳзати Исломии Тоҷикистон Ризвони Алимардон ва роҳбарияти олии он рух дод.

ahmadshah-masood 6879521485Фармондеҳи исёнгар бо 400 нафар тарафдорони худ дар қалъаи Баҳораки Файзобод мавқеъ гирифта, бо қатлу  куштори муҳоҷирину муҷоҳиддини бегуноҳ тарсу ваҳмро дар дили мардуми ғарибу овора эҷод карда буд. Кӯшишҳои аз тариқи музокирот хотима бахшидан ба ин бедодгариҳо натиҷае надоданд. Нақшаи бо истифода аз зӯр ҳал кардани қазияи Ризвон дар доираҳои раҳбарияти ИНОТ тарҳрезӣ шуд.

Вале ҳама медонистанд, ки амалӣ шудани ин нақша маънои рехта шудани хуни ноҳақи зиёдеро аз ҳарду ҷониб дорад. Бинобарин барои маслиҳат ба Аҳмадшоҳи Масъуд рӯ оварда шуд. Ӯ масъулияти ҳалли мусолиматомези қазияро ба дӯши худ гирифт. Дар як сӯҳбати мухобиравӣ Аҳмадшоҳ тавонист Ризвонро аз идомаи ин амали номатлубаш боз дорад. Баъди чанде тайёраҳои низомии Аҳмадшоҳ аз фурӯдгоҳи Файзободи вилояти Бадахшони Афғонистон  размандагони Ризвони Алимардонро ба Кобул интиқол доданд.

Аҳмадшоҳи Масъуд қароргоҳеро дар Кобул дар ихтиёри онҳо гузошт ва ҳамеша онҳоро таҳти муроқибати худ нигоҳ медошт. Кӯшишу заҳматҳои Аҳмадшоҳи Масъуд ва дигар роҳбарони Давлати Исломии Афғонистон дар ин самт ба он оварда расонданд, ки қисми аз размандагони Ризвон боз аз сари нав ба ИНОТ пайваст, қисмати дигар ҳаёти муҳоҷириро ихтиёр карда ба кампҳои оворагон баргашт.

Ризвон бошад бо як гурӯҳи хурди тарафдораш бо роҳҳои гуногун вориди Тоҷикистон шуда барои мақомоти дахлдори Ҳукумат ва мардуми он мушкилоти зиёде эҷод кард ва билохира дар як амалиёти ниҳодҳои амниятӣ моҳи декабри соли 1997 ба қатл расид.

ДАР КОБУЛ ЁДЕ АЗ ДУШАНБЕ

Фаъолияти Аҳмадшоҳи Масъуд дар масъалаи ба ҳам овардани тоҷикон танҳо бо кӯмаки муҳоҷирини дар Афғонистон буда ва ҳифзи амният, ваҳдату якпорчагии онҳо маҳдуд намешавад. Ӯ кӯшиш мекард, ки бо амалҳои мушахассиси худ мавқеъҳои тарафҳои даргири тоҷикро ба ҳам хеле наздик кунад. Роҳу воситаҳоро ҷустуҷӯ мекард, ки барои барқарории сулҳу оштӣ дар кишвари мо муфид бошанд.

2-gurezaho 565665Ташкил ва гузаронидани мулоқоти Раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо раиси иктишофоти хориҷии Федератсияи Русия Евгений Максимович Примаков, ки баъдан Вазири корҳои хориҷаи ин кишвар таъин гардид, дар авохири моҳи июли соли 1993 аз ҷумлаи чунин як кӯшишҳои Аҳмадшоҳи Масъуд ва профессор Бурҳонидини Раббонӣ буд. Мулоқот агарчӣ бо ибтикори ҷониби Русия сурат гирифт аммо дар ташкилу гузаронидани он Аҳмадшоҳи Масъуд саҳми арзанда гузошт.

Вале нахустин дидору музокироти рӯ ба рӯи Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов ва лидери мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки бо миёнҷигарии ин ду шахсияти бузурги Афғонистон дар моҳи маи соли 1995 дар шаҳри Кобул сурат гирифт, дар раванди барқарории сулҳу субот дар Тоҷикистон нақши муҳимеро бозӣ кард.

Зеро дар давоми се рӯзе, ки ҳайатҳои гуфтушунид дар Кобул буданд, роҳбарияти Давлати Исломии Афғонистон тамоми сайъу кӯшиши худро ба он равона карданд, ки вохӯриву мулоқотҳо натоиҷи мусбат диҳанд. Дар мулоқоти худ бо намояндагони ҳарду ҷониб Аҳмадшоҳи Масъуд аз хусуси зарурати истиқрори сулҳу оштӣ дар кишвари ҷангзадаи Тоҷикистон ҳарф мезад.

Боре дар як сӯҳбаташ  дар канораи шаҳри Кобул ба меҳмонон рӯ оварда Аҳмадшоҳ ин порчаи шеъриро хонд:

Мушки тоза меборад абри баҳмани Кобул,

Мавҷи сабза мекорад кӯҳу барзани Кобул.

Абр чашми тар дорад, сабза болу пар дорад,

Накҳати дигар дорад сарву савсани Кобул.

4-gurezaho 565665Ин абётро мардуми афғон беш аз бист сол пеш баробари дидани Кобул ҳамеша вирди забон зам – зама мекарданд. Мутаассифона, имрӯз болои Кобул ба ҷои мушки тоза мушаки беандоза меборад. Дар кӯҳу барзани Кобул ба ҷои мавҷи сабза майни маргзо сар боло кардааст. Ҳамаи ин бадбахтиҳоро болои Кобул худи мо афғонҳо овардем. Дар давроне, ки шӯравӣ дар Афғонистон буд, Кобул ба ин андоза харобу валангор нагашта буд. Онро мо ба ин аҳвол расинидем. Зеро натавонистем ба мусолиҳа бирасем. Хоҳиш мекунам ғами Душанбешаҳри зебои худро бихӯред.

Баъди мулоқоти Кобул Аҳмадшоҳи Масъуд дар сӯҳбатҳояш бо роҳбарони ИНОТ ҳамеша аз хусуси мавқеи гуманистӣ ва ватандӯстона доштани Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов ёдовар мешуд: «Раҳбари Тоҷикистонро ман ҳамчун шахсияте дарёфтам, ки халқи кишвараш, миллати тоҷикро, ватанаш Тоҷикистонро хеле амиқ ва самимона дӯст медорад. Барои беҳбудии халқу марзу бумаш омодааст ҷонбозиҳо кунад, - мегуфт ӯ. Шумо ҳатман ба сулҳу оштӣ даст хоҳед ёфт».

ФАРАҲМАНДИИ ФАРМОНДЕҲ

Вале барои он ки ба сӯи сулҳу оштӣ қадами қатъӣ гузошта шавад, лозим буд, ки ҷонибҳои даргири Тоҷикистон боз як бори дигар дар сарзамини Афғонистони ҷангзада гирди ҳам биёянд. Ин дафъа ҷои мулоқотро Аҳмадшоҳи Масъуд дар Хустдеҳи вилояти Тахор таъин кард. Зеро пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул ба дасти гурӯҳи Толибон суқут карда буд.

Ҳамин авзои нигаронкунандаи хатти ҷабҳа буд ё Аҳмадшоҳ иттилооти дигаре оиди нияти баъзе аз роҳбарони ИНОТ дар хусуси манфӣ анҷом додани натоиҷи эҳтимолии мулоқоти Хустдеҳро дошт, ки нахустинбор ӯ дар ҳузури роҳбарони ИНОТ бо оҳанги шикваву гила сӯҳбат кард. Ӯ шиква аз он кард, ки раванди сулҳ ба дарозо кашида шуд. Ин бошад боиси ворид шудани хисороту талафоти зиёде ба ҳарду ҷониб гардидааст.

Мулоқоти Хустдеҳ дар раванди сулҳи байни тоҷикон нақши ҳалкунандаро бозид. Маҳз дар ҳамин мулоқот роҳбарони ҳарду ҷониб ба «Протокол дар бораи танзими авзои ҳарбиву сиёсии минтақаҳои доғ» имзо гузоштанд. Тибқи он Протокол қарор шуд, ки аз соати 00 рӯзи 12 – уми декабри соли 1996 дар қаламрави Тоҷикистон дар нуқтаҳои доғ ҳамагуна амалиётҳои ҷангӣ қатъ шаванд. Дар ҳамин мулоқоти Хустдеҳ ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки барои татбиқи созишномаҳои сулҳ Комиссияи Оштии Миллӣ таъсис дода шавад.

Бояд гуфт, ки он тасмимоте, ки дар Хустдеҳ гирифта шуд, дар оянда ҳама ба ҳаёт татбиқ шуданд. Инро магар ҳамон лаҳзаҳои ба имзорасии ҳуҷҷатҳо Аҳмадшоҳи шодравон эҳсос мекард, ки аз ҳама зиёд хурсанду болида ба назар мерасид. Касе аз наздиконаш ӯро дар ин чанд соли охир чунин шоду шукуфтарӯҳ надида буд. Худи ӯ низ баъдтар боре гуфтааст: «Нишоту фараҳмандиеро, ки он рӯз аз сулҳи байни тоҷикон гирифта будам, ман ҳатто дар ҷараёни бузургтарин ғалабаҳои ҷангиам чӣ пеш ва чӣ баъд ҳеҷ гоҳе эҳсос накардаам».

Султони Ҳамад,

20 сентябри соли 2001



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi