17:17:31 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Талоши сулҳу осоиштагӣ кард

Раҷабалӣ МАҲМАДАЛИЕВ,

муовини Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор.

Дар давоми ҳаёти беш аз нимасра ва фаъолияти хизматиам дар вазоратҳои амнияту корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корруптсия ва Гвардияи миллӣ бо бисёр родмардон вохӯрдаам, ки саҳми ҳар кадоме дар тарбияи мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳу мавқеи онҳо, таъмини амнияти кишвар ва ободонии он бузург бошад.

1-taloshi-sulh-14Байни ин фарзандони миллат номи устод, генерал-майор Худойқул Ҳамроқулов бароям бештар мукарраму азиз аст. Муддати зиёда аз чаҳоряк аср бо ин марди адолатпеша шинос ҳастам, зиёда аз 20 сол дар як вазорат фаъолият намудаем, мавсуф роҳбари баландрутбаи амният буда ва ман бошам ба сифати корманди оперативӣ ва роҳбари ҷузъу томҳои мухталифи ҳамин вазорат ифои вазифа кардаам.

Ёд дорам, бори аввал мо як гурӯҳ кормандони ҷавони раёсати амнияти вилояти Қурғонтеппа соли 1986 ба сафари хизматӣ ба раёсати амнияти вилояти Кӯлоб бо мақсади супоридани санҷиш ва имтиҳон аз забонҳои хориҷа, ки он ҷо мутамарказ ташкил карда шуда буд, омадем. Худойқул Ҳамроқулович ҳамон замон муовини сардори раёсати амният оид ба кадрҳо дар ин вилоят маҳсуб мешуданд. Ғамхорӣ ва меҳрубонии беғаразонаи он касро нисбати кадрҳои ҷавон ва мо меҳмонон дида, ба худ пиндоштам, дар ин муҳити солиму дилхоҳ ҳар як корманд бояд аз рӯи масъулияти баланд вазифаро иҷро намояд.

Дар вақти сӯҳбат ва вохӯрӣ кормандони ҷавони ин ҷо бо як ҳаяҷону ифтихор дар бораи мусобиқаҳои мухталифи варзишии байни кормандони амният (шиноварӣ, тирпарронӣ, давидан) ва дар минтақаи Осиёи Миёна бори сеюм ҷои аввалро гирифтанашон, бо неруи худ бунёд намудани боғ ва истироҳатгоҳ барои кормандон, ки он вақт беҳтарин ҷой дар водии Кулоб ба ҳисоб мерафт, ба мо нақл мекарданду бо як самимият нисбати ташаббускори он Худойқул Ҳамроқулов ҳарф мезаданд.

Баъди чанд муддат Худойқул Ҳамроқуловичро барои давом додани хизмат ба шаҳри Қурғонтеппа фиристоданд. Ба ин раёсат низ дар муддати кӯтоҳ тағиротҳои зиёд ба амал оварданд. Бо пешниҳоду дархости муовини нав дар раёсати амният, баробари дигар корҳо, руйихати кадрҳои ҷавони болаёқат тартиб дода шуд, ки бо онҳо дар асоси нақшаҳои тартибдода, барои тайёр кардан ва пешбарӣ намудан ба зинаҳои баландтари мартаба машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида мешуд. Ҳар як корманд, чӣҷавон, чӣ бо таҷриба медонист, фақат дар натиҷаи меҳнати софдилона, садоқат ба Ватан, иҷрои бевоситаи вазифаҳои хизматӣ ва ноил шудан ба натиҷаҳои мушаххас аз тарафи роҳбарияти Раёсат дастгирӣ ёфта, билохир, ба вазифаи баландтар ё масъулияташ бештар пешбарӣ ва таъин мегардад.

Тамоми кормандон чунин муносибати одилонаро дида, бо кӯшишу ғайрат ва бо дилгармии хоса вазифаашонро иҷро менамуданд.

Охири солҳои 90-ум, боре бо пешниҳоди кадом шахси баландмартабаи кумитаи бехатарии ҷумҳур ба вазифаи сардори шӯъбаи амният дар яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон як нафари камтаҷрибаро таин кардан мехостанд. Устод Ҳамроқулов ба раиси ҳамонвақтаи кумитаи бехатарии ҷумҳур хаттӣ муроҷиат намуда, исбот карданд, ки дар захираи кадрҳои пешбаришавандаи раёсати амният 7 нафар намояндагони миллатҳову минтақаҳои гуногун мебошанд, ки аллакай барои таъин намудан ба вазифа тайёр карда шуда, аз ин боис, ба назар нагрифтани ин ҳама аз рӯи принсипи чекистӣ ва ҳақиқат нахоҳад буд.

2-taloshi-sulh-14Дар он давра, ба гумонам, Худойқул Ҳамроқулович аз аввалин роҳбарони раёсатҳо буда, ки барои тантанаи адолат нисбати қарори роҳбари аввали Кумитаи бехатарии ҶТ садои эътироз баланд намуданд. Ҳақиқат ғалаба намуд ва майор Буймамадов Ватаншоҳ, зодаи Бадахшон, сардори шӯъбаи амнияти ноҳияи Ҷиликул таъин гардид. Аз чунин талошҳои Худойқул Ҳамроқулович баҳри тантанаи ҳақиқат бисёр мисолҳо овардан мумкин аст.

Мехоҳам лаҳзаи дигарро ёдовар бишавам. Соли 1990 Худойқул Ҳамроқулович ҳамчун номзад ба вакили мардумӣ дар яке аз минтақаҳои интихоботии ноҳияи Данғара ба қайд гирифта шуд. Номзадҳои рақобатиашон 8 нафар аз сокинони ноҳияи Данғара буданд. Худойқул Ҳамроқуловичро он замон дар ноҳияи Данғара он қадар хуб намешинохтанд. Бинобар ин, тамоми чекистони вилоят барои ба даст овардани боварии интихобкунандагони ин ноҳия, ғалаба намудани чекисти арзанда, мехостанд саҳми худро дар дастгирии ӯ бигузоранд.

Боре вохӯрии номзад Ҳамроқулов бо интихобкунандагон дар деҳи Пушинги ноҳияи Данғара баргузор мегардид. Барои дастгирии номзад ман ҳам бо маслиҳати баъзе рафиқони ҳамкор ҳайати ансамбли ҳамонвақта овозадори "Мавҷи Вахш"-ро бо роҳбару сарояндаю навозанда ва раққосаҳои ҳунармандаш ба деҳи Пушинг овардам. Дар вохурӣ бо мардум Худойқул Ҳамроқулович барномаи худро пешниҳод намуданд ва гуфтанд, гар ба вай бовар карда, овоз бидиҳанд, ӯ тамоми кӯшишу ғайраташро барои таҳия ва қабули қонунҳои барои мардум муфид равона месозад.

Баъд ҳунарнамоии ҳофизону навозандагон дар майдони яке аз мактабҳои деҳа шурӯъ гардид. Тамоми мардум - аз ҷавон то пир - ба рақсу бозӣ баромада, хурсандӣ мекарданд. Мо низ ғарқи тамошои ҳунари санъаткорон ва хурсандии мардуми ин деҳаи зебоманзари Данғара будем. Ногаҳ устод Худойқул кӯшиши аз майдон берун рафтанро карданд. Ман аз пасашон ҳаракат намудам ва беруни майдон мушоҳида намудам, ки қатраҳои ашки шодӣ аз чашмони устод равон гашта. Мавсуф пас аз дидани ман чашмони худро пок карданду гуфтанд, аз ин вохурӣ бениҳоят хурсанд шудам ва ашки шодии ман аз ҳамин.

Ман як фарзанди оддии диёри Панҷакент, барои мардуми Данғара то имрӯз ягон хизмати ҷиддие накардааму бубинед ин мардум, ки худ бузурганд парвое надоранд, ту чӣ кораӣ, аз куҷо ҳастӣ ва маро чунин хуш пазируфтаанд. Хурсандии ин мардум маро ба ваҷд овард, - таъкид намуданд Ҳамроқулов. Пас аз сипосгузорӣ ба ман барои ташкили базми ҳунарпешагон, бо як оҳанги ба худ хос чунин гуфтанд: "Агар манро интихоб накунанд ҳам, хафа намешавам, ҳамин лаҳзаҳои хурсандӣ, ҳамин вохӯриҳо ва одамгарии ҳамин мардум дар хотири ман нақши амиқ хоҳанд гузошт…"

Ба рақобати шадиди номзадҳои дигар нигоҳ накарда, Худойқул Ҳамроқулович дар интихобот ғалаба намуда, вакили мардумӣ интихоб шуданд дар Парлумони Тоҷикистон аз ноҳияи Данғара ва то кунун васфи ин мардуми наҷибро мекунанд.

Пас аз чанде Худойқул Ҳамроқулович Раиси Кумитаи гумруки ҶТ таъин гардиданд ва хишти аввали ин бинои азимро гузоштанд. Ҳақ ба ҷониби кормандони ин сохтор аст, ки ӯро асосгузори кумитаи гумруки ҷумҳур меноманд.

Баъди ба вазифаи муовини вазири амнияти кишвар таъин шудан низ бо устодони амният Саидамир Зуҳуров, Саиданвар Камолов, Баҳодур Абдуллоев, Анатолий Купцов, Давлат Мамадризобеков, шодравон Шамсулло Ҷобиров китф ба китф истода, дар таъмини сулҳи босуботи кишвар, амният ва тарбияи насли ҷавони чекистони тоҷик саҳми босазо гузоштанд.

Доири устод Худойқул Ҳамроқулович, хислати беҳтаринашон, одамгарию фазилатҳои хубашон, кордонию ташкилотчигиашон, ба принсипҳои чекисти ҳақиқӣ содиқ будани он кас борҳо аз кормандони гуногунмартабаи кумитаи гумруки ҷумҳур, Ҳукумати шаҳри Душанбе, ки дар он ҷо низ хизмати беназир кардаанд, шунидаам.

Ҳаминро низ бояд таъкид кунам, ки устод як марди худодод мебошанд.

3-taloshi-sulh-14Барои дар ин вазифаҳои пурмасъулият фаъолият намудан, худро ба пуррагӣ барои хизмат бахшидан, Худойқул Ҳамроқулович ақибгоҳи мустаҳкам доранд. "Сардори ақибгоҳ" - янгаи меҳрубон, хонуми озодаю фарзона, хоксору ватандӯст Робия Аллаёровна мебошанд, ки хизмати он кас дар вазифаҳои гуногуни сиёсии вилояту ҷумҳур арзанда аст.

Худойқул Ҳамроқулович ҳоло дар нафақа бошанд ҳам, фаъолияти доманадор доранд ва ба ҷои давлати пирӣ рондан, ҳамчунин ба бунёди як боғи азими мевадиҳанда дар деҳи Фароб талошҳо ба харҷ медиҳанд. Меваҳои аввали ин боғро устод ба ҳамаи дӯстон ва шогирдон тақсим намуданд.

Дар дафтари кории устод боре нашудааст, ки он касро танҳо дида бошанд, доимо дар иҳотаи дӯстон, собиқ ҳамкорон, шогирдон ба назар мерасанд. Мунтазам кӯмаку ёрии беғаразонаи худро ба атрофиён арзонӣ медоранд.

Боре дар як маҳфиле, ки олимон ва зиёиён ҳузур доштанд, сухан дар бораи хислатҳои неку одамгарии Худойқул Ҳамроқулович рафт ва нафаре он касро марди расида зикр намуд, ки табиист. Яъне мавсуф аз он родмардоне мебошанд, ки беғаразона, аз аввали фаъолияти хеш то ҳанӯз барои мардум хайр ва кӯмак мекунанд ва аз ин кори худ хурсанд мешаванд. Ин амал фақат ба мардони оринажод ва бошараф хос бошад.

Шараф чизи таҷовузнопазир аст,

Ҳар он кас, ки шараф дорад кабир аст.

Ва ман ба ҳақашон чанд мисра бахшидаам, ки пешкаши хонандаи дақиқназар мекунам:

Ба васфи шахси кордон менависам.

Ба васфи пури деҳқон менависам,

Агарчанде, ки бинависам ба васфаш.

Якеро аз ҳазорон менависам.

Ки ӯ худ зодаи деҳ, пури деҳқон.

Хирадманд асту шахси поквиҷдон,

Баландкӯҳ аст, макону манзили он.

Фароб аст, зодгоҳаш, эй азизон.

Фaқат гӯяд ба миллат, ғамгусорам,

Ватанро чун дилу ҷон, дӯстдорам,

Агар лозим шавад, ҷону тани хеш

Барои Тоҷикистон месупорам.

Ки шогирдони ӯ дар ҳар каноранд.

Варо чун гавҳари чашм дӯст доранд.

Ба собиқ ҷумҳуриҳои бародар.

Ҳама чун як дилу ҷон дӯст доранд.

Ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ

Зи сидқи ҷону дил истодагӣ кард,

Сипар кард синаашро баҳри миллат,

Толоши сулҳу осоиштагӣ кард.

Ба роҳи оштии миллӣ ҳар ҷо.

Ҳидоят кард, халқи ҷумҳуриро,

Ки ташкил кард ӯ дар Тоҷикистон

Аввалин бор сохти гумрукиро.

Хирадманд асту, бономусу ор аст.

Наҷибасту ҳалиму хоксораст,

Зи тоҷик зода шуд, дар Тоҷикистон

Ба фарзандони тоҷик ғамгусор аст.

Варо дар Тоҷикистон меписанданд,

Ҳама пиру ҷавонон меписанданд.

Ба ҳарҷо чун чароғи базм ӯро,

Ҷамеъи ҳамзабонон меписанданд.

Ба шасту панҷ ниҳод имрӯз пояш.

Нигаҳ дорад зи офатҳо Худояш.

Ҳаме хоҳам, ки шасту панҷи дигар,

Диҳад умри дарозе аз барояш.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №21, 25 июни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi