09:20:13 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 26 27 28
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

Султони Ҳамад: "Ман аз ночорӣ Афғонистон рафтам, на ҳамчун афсари амният!"

Нишасти навбатии маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо", ки 17 апрел сурат гирифт, аслан ба баррасии "Мавзӯъҳо ва проблемаҳои Воситаҳои ахбори оммаи бурунмарзии тоҷик дар замони ҷанги шаҳрвандӣ" ихтисосдода шуда буд. Аммо шахсияти гузоришгари ин мавзӯъ Султони Ҳамад - собиқ роҳбари Дафтари матбуот ва собиқ сухангӯи Раиси Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни Тоҷикистон (ИНОТ) иҷозат намедод, ки нишаст танҳо дар ҳамин доира маҳдуд бошад.

1-sultoni-hamad 111222Гап сари ин аст, ки дар доираҳои таҳлиливу сиёсӣ ва журналистии тоҷик Султони Ҳамад бо пурдониву бойгонии қавии худ перомуни рухдодҳои замони ҷанги шаҳрвандии мамлакат, хоса нимаи марбут ба собиқ мухолифин, шинохташуда аст. Бештар аз ин, то ҳанӯз дар бораи шахсияти худи Султони Ҳамад ва чӣ гуна ба сафи мухолифини собиқи сиёсиву низомии вақт раҳ ёфтани ӯ мавриди баҳсҳои гуногун аст. Зеро оқои Ҳамад то оғози даргириҳо дар соли 1992 корманди мақомоти амниятии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафту баъди бозгашт низ як муддат дар ин мақомот кор кардааст.

Албатта дар байни мухолифини собиқ, ҳатто онҳое, ки ба Афғонистон ва кишварҳои дигар муҳоҷир шуда буданд, намояндагони қишрҳои гуногун, аз ҷумла мақомоти амниятӣ ҳузур доштанд. Ба фарзи мисол, генерали машҳур, марҳум Абдулло Назаров, ки ду сол қабл дар Бадахшони Тоҷикистон кушта шуд, он замон аз ҳаводорон ва ҷонибдорони нерӯҳои мухолиф ба ҳисоб мерафт.

Яъне дар қиёс бо намояндагони қишрҳои дигар, вақте як корманди мақомоти амниятӣ ба ин ё он гурӯҳ мепайвандад, саволи калидӣ дигар хоҳад буд: оё ӯ худаш ба ин гурӯҳ омад, ё ӯро "оваронданд"?

Шояд дар назардошт бо ин буд, ки Султони Ҳамад ҳам нишастро аз нақли шарҳи ҳоли худ оғоз намуд. Дуруст, ӯ ошкор нагуфт, ки маҳз барои он ин корро мекунад, ки ба шахсият ва ҷойгоҳаш дар ИНОТ то ҳанӯз бо шакку гумон назар карданӣ мешаванд. Танҳо бо як назокати хос ишора кард, ки шояд на ҳама иштирокдорони нишаст ӯро мешиносанд ва аз ин рӯ беҳтар аст худро муаррифӣ созад.

Шинос шавед: Султони Ҳамад

"Султони Ҳамад ҳастам. Соли 1952 дар деҳаи Лочирки ноҳияи Тавилдара таваллуд шудаам. Волидайнам соли 1953 ба ноҳияи Ҷиликӯл муҳоҷир кунонда шуданд. Соли 1969 мактаби миёнаро дар ҳамин ноҳия хатм кардам ва ба факултаи филологии ДДТ ба номи В.И. Ленин дохил шудам. Донишгоҳро соли 1974 хатм кардам ва чаҳор сол дар мактаби деҳаамон, дар ноҳияи Ҷилликӯл, муаллими фанни забон ва адабиёт будам. Соли 1978 радиои вилояти Қӯрғонтеппа таъсис ёфт ва маро барои кор даъват карданд. Аввал ҳамчун хабарнигор, баъд муҳаррири шуъбаи ахбор ва баъдтар муҳаррири шуъбаи барномаҳои сиёсиву ҷамъиятӣ будам. Соли 1980 ба мақомоти амниятии кишвар ба кор даъват шудам. Худи ҳамон сол маро барои таҳсил ба Мактаби олии КГБ - и СССР ба шаҳри Маскав фиристоданд. Баъди ду сол онро хатм карда, ба Тоҷикистон баргаштам. Чанд муддат дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилояти Кӯлоб ва Қурғонтеппа дар вазифаҳои гуногуни ҳамин система кор кардам. Соли 1992 дар Қабодиён сардори шуъбаи ноҳиявии мақомоти амниятии кишвар будам, ки ҷангҳои дохилӣ сар шуданд. Хулоса, ман ҳам мисли як бахши аҳолии манотиқи ҷанубии кишвар бо аҳли оилаам барои наҷоти ҷони худ ва аҳли хонаводаам ба Афғонистон паноҳанда шудам. То декабри соли 1996 дар Афғонистон будам. Баъди мулоқоти Хустдеҳ, сарони ҳарду ҷониби даргир моҳи декабри соли 1996 барои татбиқи Протоколи Хустдеҳ бо розигии ҷонибайн таҳти миёнҷигарии нозирони низомии СММ дар як ҳайати баландпояи низомиву сиёсии муштарак ба манотиқи таҳти контроли размандагони ИНОТ омадем. То имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ба фаъолият пардохтани Комиссияи Оштии Миллӣ дар ҳамин минтақа ба татбиқи ҳамон Протокол машғул будем. Раҳбарияти мухолифин соли 1998 бандаро сардори дафтари матбуотии ИНОТ таъин карданд. Чанд муддат дар ин вазифа кор кардам. Соли 1999 ба вазифаи пештараам дар мақомоти амниятӣ барқарор шудам. Як сол ба сифати сардори шуъбаи ноҳиявии мақомоти амниятии кишвар дар ноҳияи Сино кор карда, ба нафақаи меҳнатӣ баромадам. Баъди ба нафақа баромадан бо хоҳиши устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ сухангӯи он кас - яъне Раиси ҲНИТ шудам. Баъдтар раҳбари ҲНИТ маро сармуҳаррири ҳафтаномаи "Наҷот" таъин кард. Дар ин вазифа 6 моҳ ифои вазифа доштам. Соли 2004 - 2005 хабарнигори бахши тоҷикии радиои "Озодӣ" дар Кобул будам. Баъдтар ба Тоҷикистон баргаштаму ҳамчун хабарнигори мустақил бо нашрияҳои мухталиф ҳамкорӣ кардам. Панҷ сол қабл бо номи "Рӯзгор" сомонаеро таъсис додам. Як сол боз бо ҳамин ном ҳафтаномаеро ба нашр мерасонам".

"Вақте сардори раёсати амниятро кушта дидам..."

Бо ин ҳама, дар поёни сӯҳбат боз ҳам аз ӯ дар бораи чӣ тавр ба сафи нерӯҳои мухолиф раҳ ёфтанаш пурсида шуд. Ҳикматуллои Саидзода, феълан раиси Ҳизби сабтиномнашудаи Ваҳдат ва замони даргириҳо аз фаъолони Ҳизби демократи Тоҷикистон, ба таври ошкор ва ба сифати саволи аввал пурсид:

-Оё ба Афғонистон бо хоҳиши худ рафта будед, ё ба сифати корманди мақомоти амниятӣ?

Посухи Султони Ҳамад:

-Албатта ман дар баробари корманди мақомоти амниятӣ буданам, шаҳрванди Тоҷикистон будам. Аз ин рӯ, ба рухдодҳои ватани худ наметавонистам бетараф бошам. Ёдатон бошад, дар ибтидои сар шудани нооромиҳо ва майдоншиниҳо дар нашрияи "Чароғи рӯз" матлабе ҳам навишта будам. Он замон ҳатто кормандони ҳамин нашрия бароям тавсия доданд, ки шояд барои бехатарии худам матлабро бо имзои мустаор нависам, зеро он мавқеи сахти интиқодӣ дошт. Аммо ман рад кардам ва матлаб бо имзои худам ба нашр расид...

Гуфтам, ки замони оғози даргириҳо сардори шӯъбаи ноҳиявии амният дар Қабодиён будам. Вақте вазъ дар минтақаи Қурғонтеппа муташанниҷ гашт, аҳлу оилаамро ба назди хешу табор ба ноҳияи Ҷиликӯл оварда, мехостам ба ҷои кор баргардам. Аммо роҳҳо баста буданду пурхавф ва ман натавонистам дубора ба Қабодиён биравам. Бо сардори раёсати амнияти вилояти Қурғонтеппа полковник шодравон Аҳмад Ёғибеков, ки дар ноҳияи Ҷилликӯл буд, вохӯрдаму вазъиятро таҳлил кардем. Ӯ амр кард, ки ба ҳеҷ куҷо нараваму вазифаи хидматии худро дар ин ҷо анҷом бидиҳем. Вале вазъият дар Ҷилликӯл низ муташанниҷ шуд. Гуруҳҳои силоҳбадасти номаълум даст ба қатлу куштор ва ғорати амволи мардум заданд.

Як рӯз гурӯҳеро кушта дарёфтанд, ки дар байнашон ман ҷасади сардори раёсати амнияти вилояти Қурғонтеппаро шинохтам. Ин ҳолат маро водор намуд, ки ҳамроҳи мардум ба Афғонистон паноҳанда шавам. Зеро имкони кушта шудани ман ва аҳли оилаам он замон вуҷуд дошт. Яъне ман аз ночорӣ ба Афғонистон рафтам. Ин маънии онро надорад, ки дар байни мухолифин маро самимонаву пурмеҳр пазируфта бошанд. Шаку гумонҳои зиёде дар байни раҳбарони сатҳи миёна буд, ки ман як гумоштаи мақомот ҳастаму вазифаи худро иҷро мекунам. Аз ин рӯ, гурӯҳҳое ҳам буданд, ки қасди ҷисман нобуд карданамро доштанд. Танҳо бо дастгириҳои Саид Абдуллоҳи Нурӣ буд, ки ин ҳолатҳо рафъ гардиданд...

Шояд барои мавзӯи нишастро ба маҷрои дигар ва аслӣ, яъне матбуоти замони ҷанги шаҳрвандӣ бурдан буд, ки вазири собиқи фарҳанг Нур Табаров аз Султони Ҳамад пурсид:

-Ба ҳамкасбони худ дар робита бо он чи ки дар ватани мо гузашт, чӣ маслиҳатҳо медиҳед?

-Аз рӯи адл кор кардан! - посух дод ӯ, аммо барои аҳли нишаст мавқеи Султони Ҳамад нисбати ҳамкорони собиқаш аз мақомоти амният ҳам дар ин масъала аҷиб буд. Аз ин рӯ аз ӯ дар идома пурсиданд, ки ба кормандони амниятӣ дар вазъи феълӣ чӣ машварате доданист?

Маслиҳати ӯ ба мақомоти амниятӣ ҳамоне буд, ки ба журналистон буд:

-Аз рӯи адл кор кардан!

Ин савол ҳам аз мадди назари аҳли нишаст дур намонд, ки нигоҳи Султон Ҳамад ба раҳбарони ИНОТ, хоса Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо гузашти солҳо дигар нашудааст?

- Ман нисбати эшон эҳтироми хос доштаму дорам. Самимона мегӯям. Дар бораи Устод Нурӣ матолиб ва ҳатто шеърҳое ҳам иншо кардаам. Он касро як шахси ватандӯсту дурбин шинохтам ва ҳамин тавр дар хотираҳои ман боқӣ хоҳанд монд.

Саҳми матбуотро дар сулҳу оштӣ фаромӯш набояд кард!

2-sultoni-hamad 333444Ширкатдорони "Гуфтугӯи тамаддунҳо" он қадар ба мавзӯи шахсияти Султони Ҳамад таваҷҷӯҳ карданд, ки анқариб мавзӯи аслии нишаст, яъне "Мавзӯъҳо ва проблемаҳои ВАО-и бурунмарзии тоҷик дар замони ҷанги шаҳрвандӣ" то ҷое ба раддаи дуввум афтод. Ҳол он ки ҳам профессор Иброҳим Усмонов ва ҳам Султони Ҳамад дар бораи моҳияти ҷиддӣ доштани мавзӯъ таъкиди зиёде доштанд. Зеро матбуоти он давраи тоҷик, хоса матбуоти бурунмарзиву дар муҳоҷират ташкилёфтаи мо мавриди баррасии хос қарор нагирифтааст.

Иброҳим Усмонов танҳо аз чанд матлабе ном бурд, ки дар ин замина Султони Ҳамад дар матбуоти тоҷик нашр кардааст. Ахиран ӯ ин мавзӯъро бо далелу санадҳои кофӣ ба ҳозирин то андозае рӯшан намуд. Маълум гардид, ки Султони Ҳамад на танҳо дар бораи таъриху фаъолияти расонаҳои дар муҳоҷират таъсисёфта маълумоти зиёд дорад, балки бойгонии воқеии онҳо низ ҳаст, чун дар ихтиёраш намунаҳое аз ин матбуотро дорад. Ӯ суханронии худро аз саҳм ва мушкилоти ин матбуот дар дастёбии сулҳу оштӣ оғоз намуд:  

-Вақте мо дар бораи барқарории сулҳу субот дар кишвар ҳарф мезанем, аз саҳми сиёсатмадорони ду тараф, сиёсатмадорони кишварҳои зидахл дар қазияи Тоҷикистон, яъне Русия, Эрон, Афғонистон, дигар кишварҳои ИДМ, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайра бисёр сухан мегуем, вале мутаассифона аксаран фаромӯш мекунем, ки як институте, як табақае, як қишре дар ҷомеъаи мо вуҷуд дорад, ки дар барқарории сулҳу субот дар кишвар саҳми бузург дорад. Яъне воситаҳои ахбори омма (ВАО).

Ба дурустӣ, агар ВАО заминаро мусоид насозад, мардум дар қабули ҳар тасмиме душворӣ мекашанд. Рӯзноманигор ҳамон як масъаларо метавонад тавре таҳлилу баррасӣ кунад, ки мавқеъҳоро ба ҳам наздик кунад ва баръакс ҳамон як масъаларо дар саҳифаи матбуот тавре инъикос намояд, ки ҷонибҳо ба мухолифати шадид пардозанд ва ё мухолифаташонро боз шадидтар кунанд.

Дар ҳоле, ки ВАО -и бурунмарзӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, агар заминаи қабули сулҳро муҳайё намесохт, дар гумон буд, ки мо дар як муддати нисбатан кӯтоҳ ба Созишномаи истиқрори сулҳ даст ёбем. Аз ин рӯ, омӯзиши ин механизм барои сабақ гирифтани наслҳои баъдӣ хеле арзишманд аст. Мутаассифона дар факултетҳои рӯзноманигорӣ имрӯз мавзӯи "ВАО-и бурунмарзӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ" омӯзонда намешавад.

Аввалин санади сулҳ аз мухолифин буд!

Ба нақли Султон Ҳамад, дар Афғонистон дар рӯзҳои аввали муҳоҷират ду кумита ташкил шуд: Кумитаи муҳоҷирин ва Кумитаи фарҳанг. Кумитаи муҳоҷирин асосан бо таъмини маводи озуқаворӣ, либосворӣ ва ҷои истиқомат машғул буд. Кумитаи фарҳанг бошад ба таблиғ ва сарҷамъ сохтану муттаҳид кардани мардуми муҳоҷир. Аммо таблиғ дар он замон кори осон набуд. Зеро бо сабабҳои айниву зеҳнӣ дар Афғонистон ба табъ расонидани нашрияҳои чопӣ ва бохабар кардани мардум мушкилоти хос дошт.

Аз ин рӯ, тасмим гирифта мешавад, ки дар ибтидо чопи газетаҳои девориро ба роҳ монанд. Таври маълум, нашрияҳои девориро маъмулан дар идораҳо мебароранд. Яъне як нусха ва барои ҳамон идора. Аммо дар Афғонистон ин хел набуд. Дар назардошт бо ин ки дар Афғонистон теъдоди гурезаҳоро аз 60 000 то 150 000 мегуфтанд (профессор Усмонов баъдан таъкид кард, ки тибқи ҳисоби созмонҳои байналмилалӣ ин теъдод ба 72 000 баробар будааст), газетаҳои деворӣ аз 8 то 10 нусхаӣ бо даст навишта мешуданд ва дар 8-10 ҷои серодами муҳоҷирнишин дар деворҳо ва ё лавҳаҳо овезон мегардиданд. Аз ҷумла, ду нашрияи деворие, ки пайваста миёни муҳоҷирин, махсусан дар шаҳрҳои Кундузу Толуқон мунташир мешуданд, "Наҷот" ва "Паёми муҳоҷир" ном доштанд.

Онҳоро дар назди Кумитаи муҳоҷирин, Кумитаи фарҳанг, анбори ғизотақсимкунӣ, масоҷиди ҷомеъ дар лавҳаҳо мегузоштаанд. Мӯҳтавои ин нашрияҳо аз мавзӯъҳои марбут ба ҳаёти муҳоҷирин, мушкилоти онҳо, раванди сулҳи байни тоҷикон, навигариҳои ҷабҳаву сангари муҷоҳиддин, навигариҳои фарҳангӣ, варзиш дар миёни муҳоҷирин, маҳсули қалами муҳоҷирин (шеъру ҳикояҳои навиштаи онҳо) ва ғайраҳо иборат буданд. Ин нашрияҳои деворӣ тақрибан 30 ҳазор хонандаи доимӣ доштаанд.

Аммо нахустин нашрияе, ки ба тарзи типографӣ ба чоп расида буд ва миёни мардуми муҳоҷири тоҷик дар Афғонистон тавзеҳ гардид, ба гуфтаи оғои Ҳамад рӯзномаи "Суруш" буд, ки моҳи октябри соли 1993 дар Тоҷикистон чоп шуда, ба Афғонистон фиристода шуд. Аз мӯҳтаво ва мундариҷаи рӯзнома бармеомадааст, ки он аз сӯи нирӯҳои демократии Тоҷикистон ба чоп расидааст. Сармақолаи он "Авомили бохт" ном дошта, дар он сабабҳои шикасти мухолифинро шарҳ додаанд. Дар "Суруш" таблиғи исломӣ умуман ҷой надошт.

Султони Ҳамад гуфт, ки шояд яке аз сабабҳои дар байни муҳоҷирин ба таври бояду шояд хонанда пайдо накардани ин нашрия дар ҳамин буд. Аз ин рӯ, танҳо як шумораи ин рӯзнома дар байни муҳоҷирин тақсим гардид. Баъди ин раҳбарияти дар Афғонистон будаи мухолифин тасмим гирифтанд, ки нашрияи худро дошта бошанд. Моҳи декабри соли 1993 дар Кобул раҳбарони мухолифин як ҷамъомаде доштаанд ва дар он масъалаи сулҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар поёни ҳамин ҷаласа бо номи "Тарҳи пешниҳодии сулҳ ба мақсади хатми бӯҳрони ҳарбӣ ва сиёсӣ" санаде аз сӯи раҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба имзо расид.

Гуфта мешавад ин аввалин санади сулҳхоҳӣ буда, аз ҷониби мухолифин таҳия шудааст. Вобаста ба ин, зарурат ба вуҷуд омадааст, ки ин ҳуҷҷат дастраси мардум ва ҳукумат шавад. Дар натиҷа бо кӯмаки рӯзноманигорони муҷоҳиддини афғон рӯзномаи "Садои муҷоҳид"- ро таъсис доданд. Бунёдгузори рӯзнома Саид Абдуллоҳи Нурӣ эълон шуд. Он бо ҳуруфи форсӣ чоп мешуд, аммо бештари муҳоҷирон бо хати форсӣ хуб шиносоӣ надоштанд. Дар Афғонистон бо хати кириллӣ чоп кардани нашрия имкон надошт. Бовуҷуд, нахустин шумораи рӯзнома моҳи январи соли 1994 аз чоп баромад. Дар ҳамон шумора ҳуҷҷати "Тарҳи сулҳ" аз дидгоҳи раҳбарони мухолифин чоп шуд.

"Садои муҷоҳид" танҳо ҷиҳодро таблиғ кунад!

3-sultoni-hamad 555666Тавре Султон Ҳамад нақл мекард, азбаски "Садои муҷоҳид" аз сулҳ ҳарф мезад, ба баъзе шахсияту доираҳо хуш намеомад. Дар робита як гуруҳи ҷавонон ва уламо ба ин назар будаанд, ки дар "Садои муҷоҳид" аз сулҳ ҳарф задан бамаврид несту ба гуфтаи онҳо дар ин нашрия бояд бештар дар бораи фазилатҳои ҷиҳоду муҷоҳид, фазилати шаҳид, навигариҳои сангар сухан гуфтан зарур аст. "Муҷоҳидро барои пирӯзиҳо ва ё омода шудан ба нӯшидани ҷоми шаҳодат тайёр кардан даркор аст! Дар бораи сулҳу салоҳ бошад дар ягон рӯзномаи дигар навиштан лозим", мегуфтанд онҳо.

Дертар "Садои муҷоҳид" бо ҳуруфи кирилӣ чоп шуд ва ҳамзамон Кумитаи маорифи ИНОТ вазифа гирифт, ки ҳарчи тезтар кӯдакон ва хоҳишмандони калонсолро форсихон кунанд. Вале бо ҳуруфи кириллӣ чоп кардани "Садои муҷоҳид" дар Афғонистон номумкин буд. Онро махфиёна бояд дар Тоҷикистон чоп мекарданд ва ба Афғонистону манотиқи дигаре, ки муҷоҳиддин ҳузур доштанд, тавзеҳ медоданд. Ин кор он қадар маҳрамона сурат мегирифтааст, ки онро танҳо раҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ медонисту нафаре, ки рӯзномаро мебурд.

Баъдан ИНОТ маҷаллаи "Ҷайҳун" - ро бо забони арабӣ ба табъ расондааст, ки муассис ва сардабираш Муҳаммадшариф Ҳимматзода буд. Он дар Покистон ба нашр мерасид. "Ин маҷалла барои кишварҳои арабиро бо қазияи Тоҷикистон ошно кардан ва дарёфти кӯмакҳо барои муҳоҷирин ва муҷоҳидон хеле талошҳо ба харҷ медод" изҳор намуд Султони Ҳамад.

Бар илова ИНОТ моҳвораи илмӣ- фарҳангие бо номи "Пайғом" доштааст, ки бо забони тоҷикӣ, бо ҳуруфи форсӣ, барои ҷавонон нашр мешуд ва он ҳам дар Покистон ба табъ расида, дар миёни муҳоҷирини тоҷик дар Афғонистон паҳн мешуд. Дар он асосан масоили фарҳангӣ мавриди баррасӣ ва инъикос қарор мегирифтанд. Бахусус таваҷҷӯҳ ба он будааст, ки ҷавонони тоҷики муҳассил дар Покистон шомили гуруҳҳои ифротӣ ва пайрави дигар мазоҳиби ислом нашаванд. Ба ин хотир, дар моҳвора дар бораи Имоми Аъзам ва мазҳаби ҳанафӣ мақолаҳои зиёд ба нашр мерасидааст.

 Сар аз соли 1995 "Пайки пирӯзӣ" -ҳафтаномаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ИНОТ ба чоп расидааст. Ба гуфтаи Султон Ҳамад метавон онро аввалин ҳафтаномаи ранга дар журналистикаи тоҷик номид. Он аз 16 саҳифа иборат буда, бо ҳуруфи кирилӣ ва форсӣ дар Эрон чоп мешуд.

Дар он тамоми мавзӯъҳои рӯзмарра, хоса равандҳои гуфтушуниди сулҳ ва ҳаёти муҳоҷирин дар Афғонистон инъикос меёфтааст. Аммо бо сабабҳои камбуди молӣ на танҳо ҳар ҳафта наметавонист чоп шавад, балки ҳатто на ҳамеша моҳе як бор аз чоп мебаромад.

ИНОТ радиои худро ҳам доро буд, ки "Садои Тоҷикистони озод" ном дошта, соли 1994 таъсис ёфта буд. Он аввал барномаҳои худро аз майдони ҳавоии Қундуз, аз яке аз урдугоҳҳои муҳоҷирин пахш мекард. Баъди мавриди ҳамлаи ҳавоӣ гардидани ин радио, ки дар пай талафоти ҷонӣ низ дошт, дастгоҳро, ки як радиостансияи сайёри олмонӣ буда, аз Абдураб Расули Сайёф тӯҳфа гирифта шуда буд, ба шаҳри Толуқон бурданду пахши барномаҳоро идома доданд. Рӯзе то чаҳор соат барномаҳо дар мавзӯҳои мухталиф омода ва пахш мегардиданд. "Садои Тоҷикистони озод"-ро дар Ӯзбекистону Қирғизистон, Эрону Покистон низ мешунидаанд.

Додоҷони Атовулло: Ман ҳамаи мухолифони худро бахшидам!

Султони Ҳамад дар идомаи гузориши худ ишора кард, ки дар бораи саҳми расонаҳои бурунмарзии муассир сӯҳбат карда, намешавад аз "Чароғи рӯз" фаромӯш намуд. Ӯ гуфт, "Чароғи рӯз", ки бо ду забон нашр мешуд ва аудиторияаш нисбати рӯзномаҳои дар боло зикршуда бузургтар буд, тамоми масоили доғи рӯз мавриди баррасӣ қарор мегирифт. Раҳбарони мухолифин, сиёсатмадорону таҳлилгарони маъруф андешаҳои худро дар бораи ҷангу сулҳи тоҷикон, роҳҳои ба сулҳ даст ёфтан ва дигар масоили рӯзмарра бештар ба воситаи ҳамин рӯзнома ва радиостансияҳои "Садои Хуросон", бахши форсӣ ва русии радиои ВВС, бахши тоҷикӣ ва русии радиои "Озодӣ" иброз медоштанд.

-Дар ин ҳафтанома ва радиостансияҳо асосан журналистони хеле маъруф ва машҳури тоҷик фаъолият мекарданд. Тақдири Ватан, сулҳу суботи кишвар барои ҳар як онҳо мафҳуми бегона набуд. Ва ҳар кадоми онҳо дар ҷои худ саъй мекарданд, ки ҳарчи тезтар мавқеъҳои ду тараф ба ҳам наздик шаванд ва дар Тоҷикистони азизи мо сулҳу оромӣ биёяд. Имрӯз дидгоҳҳои мову Додоҷони Атовулло аз ҳам фарқ мекунад. Бахусус ҳақорату дашномҳои ӯ ба ман хушоянд нест. Вале ин маънои онро надорад, ки мо саҳми ӯро дар он замон фаромӯш карда бошем. Махсусан як матлаби ӯ пешопеши имзои Созишномаи сулҳ ба нашр расида буд, ки ин маъноро дар худ ҷо медод: "Ман ҳамаи онҳоеро, ки ба ман ҳарфи бад гуфтаанду ба ман назари хуб надоранду фишору таҳдид кардаанд, бахшидам ва аз онҳо ҳам хоҳиш дорам, ки агар эшонро нороҳат карда бошам, маро бубахшанд" хеле муассир буд.

Умуман, мутаассифона, самти фаъолияти журналистикаи тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, хоса матбуоти дар муҳоҷират ташкилшудаи мо ба таври бояду шояд дар илми журналистикаи имрӯзаи тоҷик омӯхта нашудааст. Ҳол он ки паҳлӯҳои омӯзандаи он хеле зиёд аст, - гуфт Султони Ҳамад.

Шукронае, ки Султони Ҳамад мехоҳад...

Дар поёни суханронии худ Султони Ҳамад гуфт, шояд ҳарфҳои ниҳоии ман ба касоне хуш намеояд. "Ман аз шукрона сӯҳбат кардан мехоҳам. Аммо шукронае, ки ман мегӯям, аз он чи ки шумо то ин замон шунидаед, фарқ дорад.

Дар ҳақиқат, аз ин сулҳу оромие, ки имрӯз дорем, шукрона бояд кард. Шукронаро бояд ҳарду ҷониби дар гузашта ба ҳам мухолиф кунанд. Шукрона, ба фикри ман, ин танҳо бо забон шукр гуфтан нест. Шукронаи собиқ мухолифин метавонад амали неке бошад барои рушди давлату миллат. Новобаста ба он ки дар сари қудрат нестанд ва сад мушкил доранд, вале чун метавонанд некӣ бикунанд, бояд бикунанд. Ба хотири шукри неъмате, ки дорем.

Яъне ба хотири ҳамин сулҳу субот. Ин аст шукронаи ҳақиқӣ ва Худои бузургро аз ин тарзи шукрона гуфтан, хуш меояд. Аҷрашро медиҳад. Дар айни замон бояд онҳое низ шукрона кунанд, ки имруз дар сари қудратанд. Шукрона гуфтани онҳо низ на танҳо бояд бо забон бошад. Шукронаи онҳо низ ҳатман амали неки онҳо бояд бошад. Беҳтарин шукронаи шахси дорои қудрат ин инсофу адолатро пиёда кардани ӯст. Худоро аз ин тарзи шукрона кардан хеле зиёд хуш меояду неъматашро афзун мекунад.

Бухорои Шариф давлати исломӣ буд. Вале чун дар даврони Амир Олимхон адлу инсоф риоя нашуд, бо хости Худо он аз байн рафт. Давлати шӯравӣ давлати динситез буд, вале инсофу адолаташ аз аморати Бухоро хубтару беҳтар, ки буд, бо хости Худо он қариб 80 сол пойдор монд. Имрӯз ҳам мо ҳама пиёда кардани адолату инсофро бояд дар мадди аввал бугзорем. Махсусан, мо журналистон. Набояд фаромӯш кунем, ки ҳарчи бикорем, ҳамонро медаравем"...

Раҷаби Мирзо, махсус барои "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №16, 23 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi