"Бозии бузург" идома дорад. Давлатҳои ОМ дар ин шароит чӣ кор бояд кунанд?
Комёб Ҷалилов, таҳлилгари масоили амниятӣ
Дар Осиёи Марказӣ ИМА, Русия ва Чин, ин бозингарони асосии сиёсии ҷаҳон, аз сиёсати ҷадиди ҷаҳонишавӣ истифода намуда, манфиати геополитикии худро амалӣ ва хатти машши сиёсати давлатҳои ин минтақаро муайян менамоянд. Вақте ки сухан аз манофеи ин бозингарони асосии сиёсии минтақа меравад, беихтиёр амнияти давлатҳои миллӣ-этникӣ дар Осиёи Марказӣ пеши рӯ меояд.
Амрико аз ҳама бештар аз сиёсати Чин, ки бо додани қарзҳои ҳангуфт ба давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва фурӯши молҳои арзон таъсири худро ба таври чашмрас торафт меафзояд, нигарон буда, мехоҳад таъсири ин рақибашро дар минтақа ба ҳар роҳе, ки бошад коҳиш диҳад. Русия, минтақаи Осиёи Марказиро фазои ҳаётан муҳими худ мешуморад ва дар ин бозӣ барои нигоҳ доштани нуфуз ва дифои манофеи худ алайҳи Амрико, Чин, Эрон, нуфузи онҳо дар Осиёи Марказӣ, талошҳое ба харҷ медиҳад.
Сарони давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бошанд ба хотири берун растан аз зери таъсиру фишори ин бозингарон ва тарсу ҳарос аз нооромиҳо баъди хурӯҷи нерӯҳои низомии хориҷӣ аз Афғонистон ҷонибдории худро гоҳ аз Чин ва гоҳ аз Русияву Амрико иброз намуда, кушиш мекунанд то салтанати по дарҳавои нимағуломдории худро дар асоси усулҳои бегонапарастӣ нигоҳ доранд.
Мо бояд дар назар дошта бошем, ки сиёсати бартараф намудани хатарҳои муосир, ки аз берун ва ё аз дохили ин кишварҳо пайдо шуданашон мумкин аст ва метавонанд ба субъектҳои амниятии ин давлатҳо зиён расонанд ва сабаби халалдор гардидани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷамъият ва сохтори конститутсионии онҳо шаванд, пеш аз ҳама дар амалӣ намудани сиёсати ҳусни тафоҳуми давлатҳои этникии пасошуравӣ байни худ мебошад.
Дар шароити кунунӣ бевосита ба амнияти кишварҳои минтақа дар сатҳи сиёсати дохилӣ ва сиёсати хориҷӣ омилҳо ва падидаҳои зерин таҳдиду хатар эҷод мекунанд:
1.Манофеи геополитикии давлатҳои абарқудрат, қабл аз ҳама давлатҳои номбурда.
2.Экстремизми сиёсӣ дар шакли зуҳуроти миллӣ-этникӣ, динӣ ва ҷиноӣ дар кишварҳои минтақа, мавҷуд будани қувваҳои сиёсӣ ва имконияти истифодаи ин падидаҳои номатлуб барои ноором сохтани вазъияти иҷтимоиву сиёсӣ.
3.Терроризми байналмилалӣ.
4.Вазъияти Афғонистон ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир.
5.Вазъияти иҷтимоиву иқтисодии кишварҳо ва дар сатҳи лозим мавҷуд набудани ҳамкорӣ ва робита дар байни давлатҳои минтақа.
7. Муҳоҷирати мардуми қобили меҳнат, асосан ҷавонон, ба хориҷа ва набудани имконияти таъсир расонидан ба ин падида дар шароити кунунӣ.
8.Вазъияти номуайяну баҳсҳои истифодаи обу энергетика дар минтақа ва таҳдидхои экологӣ (Материалы международной научной конференции "Политико-правовые аспекты обеспечения безопасности в ЦА", Душанбе "Ирфон" 2011. с. 31).
Дар чунин шароити ҳассос, ба фикри мо, ҳукуматҳои кишварҳои минтақа манофеи миллӣ ва давлатии хешро метавонанд ба таври зайл таъмин намоянд:
а) Дуруст ва беғаразона бо назардошти манофеи дуҷониба ва бисёрҷониба ба роҳ андохтани муносиботи истеҳсолот, ҳифзу инкишофи робитаи сохторҳои иҷтимоии мардум ва муҳити зист. Риоя ва истифодаи бечуну чарои қарордодҳо ва шартномаҳои дутарафа ва бисёртарафа тибқи қонунҳои байналмилалӣ, ба танзим овардан ва таъмин намудани иҷрои онҳо.
б) Ҳаллу фасли масоили сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ, таҳким ва устувор намудани истиқлоли иктисодӣ ва мустақлияти давлатӣ, мудохила накардан ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии якдигарӣ.
Ин масоил агарчи дар қавонини байналмилалӣ инъикос ёфта бошанд ҳам, вазифаи ҳар як сиёсатмадор ва роҳбари ҳокимияти давлатӣ мебошад, то таҳдиду хатарҳои дохилӣ ва хориҷиро пешгирӣ намуда барои аз байн бурдани онҳо, ба хотири таъмини амнияти минтақа ва давлат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намояд ва тавассути ҳамкории иқтисодӣ ва иттилоотии манфиатдор дар асоси манофеи умумӣ ва робитаҳои озодона ҳаргуна мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии минтақаро аз байн баранд.
Сиёсат дар минтақа бояд ба тавре пеш бурда шавад, ки мардум ва ҷомеа боварӣ ҳосил кунанд ва ба онҳо қаноат дода шавад, ки тарҳи тадобири иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра, ки аз тарафи давлатҳои минтақа кашида мешавад ба фоидаи ҳама гуруҳҳои этникии ин давлатҳо мебошад. Зеро тақсимоти сарҳадоти ин давлатҳо, аслан ҷамоҳири собиқи Шуравӣ, тавре сурат гирифтааст, ки дар ҳар як давлат намояндаи чандин қабоил ва мардум иқомат ва сукунат мекунад. Дуруст ва оқилона ба роҳ мондани сиёсат аз тарафи дастаи ҳокимони ин кишварҳо бо назардошти урфу одати мардум, обрӯй ва эътибори онҳо замонат медиҳад, ки ягон гуруҳ ва ҷамъияте ҳуқуқи мутлақро дар ҷамъият ва сиёсат доро набошад ва ҳокимият манофеи ҳамаи миллатро муҳофизат кунад (Материалы международной научной конференции "Политико-правовые аспекты обеспечения безопасности в ЦА", Душанбе "Ирфон" 2011. с. 31.).
Яъне ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ байни давлатҳо ва мардуми минтақа ҳангоме ба вуҷуд меояд, ки арзиш ва манфиати шахсият, ки субъекти асосии сиёсиву чамъиятӣ мебошад, мустаҳкам ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ба арзишҳои ҷамъиятӣ ҳамоҳанг ва сиёсати давлат ба ҳифзи ин арзишҳо равона шуда бошад. Ҳуқуқ ва озодии шахсият, арзишу манофеи ҷамъият ва истиқлолияти давлат бо якдигар вобаста буда, дар таҳкиму татбиқи манфиатхои миллӣ ва ваҳдати миллат, пешбиниву пешгирии падидаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иттилоотиву технологӣ, низомиву ҳуқуқӣ нақши асосиро бозӣ мекунанд.
Хело ҳам муҳим аст, ки давлатҳои минтақа бо назардошти манофеи мардуми худ ва арзишҳои ҷамъиятӣ на фақат шартномаву қарордодҳо қабул намоянд, лозим аст, ки ин шартномаву қарордодҳо татбиқу ташвиқ шаванд ва иҷрооти онҳо пеш аз ҳама аз масъулини ҳокимияти давлати қотеъона талаб карда шавад. Масалан, байни Тоҷикистону Русия, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон чандсад шартномаву қарордодҳо дар ҳама соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ баста шудааст, ки бисёре аз онҳо кор намекунанд ва амалӣ намешаванд,
Дар вазъияти кунунӣ Тоҷикистон дар рӯ ба рӯи таҳдиди ягон кишвари хориҷӣ қарор нагирифтааст ва худаш низ нақшаи ҳамла ба кишвареро надорад. Бинобарин барои Тоҷикистон (ва дигар давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ) артиши сершумор лозим нест, чунки дар сиёсати ҷаҳони муоссир бештар ҷанги иттилоотӣ ва алайҳи терроризм, на ҷангҳо тавассути артиш, пеш бурда мешавад ва артишҳо ҳам як шакли ҷузъу томи махсуси диверсионӣ ва террорӣ, итилоотиву террориро ба худ гирифта, аксаран шартномавӣ ва тахассусӣ шудаанд.
Тоҷикистон бояд артиши камшумор, вале зудамалу муҳаррик дошта бошад, то дар шароити зарурӣ, дар сурати сар даровардани гуруҳҳои террористӣ ба Тоҷикистон битавонад худро зуд ба маҳалли ҳодиса расонад.
Тоҷикистон агар артиши 8 миллиона дошта бошад ҳам, дар садсолаҳои наздик қодир нахоҳад шуд, ки амнияти худро тавассути қувваҳои низомӣ аз ҳамлаи "артиш"-ҳои абарқудратон таъмин намояд. Ба ғайр аз ин дар шароити имрӯза ягон давлати абарқудрат бе "ризоят"-и "ҷомеаи байналмилалӣ" ба хурдтарин ва заифтарин давлати узви СММ ҷанг эълон намекунад. Дар шароити имрӯза дар ҳеҷ гӯшаи дунё артишҳо байни худ ҷанг намекунанд, балки барои амалӣ сохтани барномаву нақшаҳои сиёсӣ на аз нирӯи низомӣ, балки аз роҳҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ истифода мешавад. Бинобарин доштани артиши бузург сарфи беҳуда мебошад.
Агарчӣ бо назардошти маънавиёти имрӯза Тоҷикистон системаи қонуният ва интизоми худро барпо ва тасбит намудааст, дар системаи қонуният ва интизоми давлатӣ эътибори ҷиддӣ ба манфиатҳои миллӣ диҳад ҳам, ҷомеаи Тоҷикистонро бештар проблемаҳои соҳаи ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва қонуншиканиҳо на фақат дар дохили кишвар, балки поймол шудани ҳуқуқи инсонии тоҷикон дар дигар кишварҳо ба ташвиш овардааст.
Иҷро ва риояи шартномаву қарордодҳо аз тарафи ҳокимияти давлатҳои минтақа ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди на фақат байни давлатиро мустаҳкам менамояд, балки пояҳои маънавии ҷомеаро низ таҳким бахшида, сабаби рушду устувории маънавиёт мегардад.
Дуруст аст, ки баъд аз берун рафтани ҷузъу томҳои НАТО аз Афғонистон баъзе гуруҳҳои нашъаҷалоб ва қочоқбари маводи мухаддир дар якҷоягӣ бо баъзе аз гуруҳҳои террористӣ бар зидди Тоҷикистон ва ё дигар давлатҳои минтақа вазъро дар сарҳади кишвари мо ноором созанд. Ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳар гуна ҷиноят дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бояд "фикри обро дар хушки кард" ва тадобири зарурӣ гирифта шавад:
1.Бояд байни давлатҳои ҳаммарз бо Афғонистон шартнома ва қарордод оид ба муборизаи якҷоя бо қочоқи маводи мухаддир, гуруҳҳои террористие, ки дар сарҳад пайдо мешаванд ва таъмини амнияти сарҳади давлатҳо имзо шавад ва иҷрои шартнома ва қарордодҳои мавҷудаи амалкунанда, иҷрооташон таҳти назорати қатъӣ гирифта шавад.
2.Ниҳодҳои наздисарҳадӣ дар сурати зарурат бидуни дастури махсус аз марказ, бояд мустақилона тибқи ин шартномаву қарордодҳои байнидавлатӣ бо ниҳодҳои наздисарҳадии Афғонистон иртиботи мустақим гирифта, дар ҳолатҳои фавқулодда амалиёти мустақилонаи якҷоя гузаронанд.
3.Дар сурати дар сарҳади Афғонистон, давлати ҳамҷавор ё манфиатдори амнияти минтақа пайдо шудани созмон ва ё гуруҳҳои террористӣ ҳатман ба ҳукумати давлати Афғонистон ва ҳукумати давлати мавриди таҳдид қароргирифта ва СММ хабар дода, барои ҷилавгирӣ аз амалҳои террористии ин гуруҳҳо ва аз байн бурдани онҳо алоҳида ва ё якҷоя бо СПАД, НАТО ва СҳШ чораҳои қатъии сиёсиву низомӣ андешида ва амалӣ шаванд.
Ягона омили асосие, ки метавонад сулҳу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмиро дар байни давлатҳои минтақа пойдор кунад, баррасӣ ва таҷдиди назари шартномаву қарордодҳо ва иҷрои онҳо ба хотири ваҳдати миллиро дар дохили ҳар давлат, ки ба шакли этникӣ сохта шуданд, риоя кардан мебошад.
Махсус барои "Рӯзгор"