04:20:50 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Муҳиддин Кабирӣ: «Аъзоёни ҳизби мо қалби миллат ҳастанд»

Ҷашни 40-солагии таъсисёбии ҲНИТ 27-уми апрел дар дафтари марказии ин ҳизб дар шаҳри Душанбе бо ширкати беш аз 3 ҳазор узв, ҷонибдор, алоқаманд, меҳмонони хориҷӣ аз ҷумла, аз кишварҳои Арабистони Саъудӣ, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия, бархе аз раҳбарони аҳзоби сиёсии кишвар, сафирони сафоратхонаҳои ҶИЭ, ИМА, ҶИА дигар дипломатҳои хориҷии муқими Душанбе, хабарнигорони дохиливу хориҷӣ бо як шукӯҳу ҳашамати хосе баргузор гардид.

Бузургтарин хайма дар Тоҷикистон

  

Аввалин чизе, ки баробари ворид шудан ба ҳавлии ин ҳизб таваҷҷӯҳи одамонро ба худ ҷалб мекард, ин хаймаи бузурге буд, ки дар зери он барои беш аз ду ҳазор нафар одам ҷои нишаст омода сохта буданд. Шояд ин бузургтарин хайма дар Тоҷикистон ва ҳатто дар кишварҳои Осиёи Миёна буд, ки бунёдаш карданд.

Ба ҳар ҳол ман аз ин бузургтарашро танҳо ёздаҳ сол қабл, соли 2002 дар Кобул, вақте ки ҳукумати муваққатии Афғонистон Луи Ҷиргаи изтирориро баргузор мекард, дида будам. Воқеан, ин хаймаи наҳзатро тақрибан як ҳафта пеш бардошта буданд, вале шамоли сахте, ки ахиран дар Душанбе се рӯз пеш вазид, онро низ мисли ҳамон бузургтарин парчами миллӣ, ки аз шаҳсутунаш дар ин шамол канда шуд, ба замин афканд.

 

Аксҳо аз ҷашни 40-солагии таъсиси ҲНИТ

 

Аммо дастандаркорони ин ҷашн тавонистанд, ки онро дар муҳлати кӯтоҳ боз барқарор намоянд. Агарчи рӯзи ҷашн борон набуд, вале ин хайма сояи хубе дар ин рӯзи офтобӣ дошт ва хизмати босазое кард. Зеро дар биное, ки маъмулан он ҷо ҷаласаҳо доир мешуданд, наҳзатиҳо дастовардҳои хешро дар тӯли ин чил сол дар шакли баннерҳо, шиору плакатҳо, фотоалбомҳо, китобу маҷаллаҳо, дискҳои СД ва DVD, маҳсули ҳунарҳои дастӣ ба намоиш гузошта буданд. Касе, ки аз ин намоишгоҳ дидан кард, дар бораи таърихи наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин сад соли ахир, махсусан 40 соли даврони фаъолияти ҲНИТ  маълумоти муфиде ба даст овард.

Кабирӣ ва паёми Президент ба Парлумон

Баъди он ки раҳбарият ва аъзои ҲНИТ-ро бархе аз ширкаткунандагони ии маросими бошукуҳ дар суханрониҳои худ табрик гуфтанд, раиси ҳизб, вакили мардумӣ дар МН ҶТ Муҳиддин Кабирӣ дар назди ҳозирин маърӯзаи пурмуҳтавое ироа кард.

Дар аввал ӯ бо ишора ба паёми Президенти кишвар ба Парламенти Тоҷикистон аз ҷумла гуфт: «Дирӯз паёми Президентро шунидам. Ин паёми аввал набуд ва шояд, ки паёми охир ҳам набошад. Муҳимтарин нуктае, ки барои мову шумо, барои ин ҷашн лозим буд, ин ҷумла буд. Президент гуфтанд: «Ҳукумати ҶТ барои ҳизбҳои сиёсӣ тамоми шароитро муҳайё кардааст».

Ин ҷумла ҷумлаи айнан нақл шудааст. Агар гуфта мешуд, ки ҳукумати ҶТ тамоми шароитро дар оянда муҳайё мекунад, ман умедвор мебудам, ки иншоаллоҳ мекунад. Вақте, ки мегӯянд кардааст, мехоҳам суол кунам, ки ин шароит чӣ шароит ҳаст, ки ҳукумати ҶТ барои ҳизбҳои сиёсӣ муҳайё кардааст? Оё толоре барои ҳизбҳои сиёсӣ додаанд, ки ин чорабинӣ баргузор шавад?

Мо шаш моҳ қабл аз ин муроҷиат карда будем. Ман ёд надорам, ки ягон ҳизб, ягон созмон, ягон ҳунармандони маъруфу машҳури мо барои гирифтани як толор ба раиси дафтари раёсати ҷумҳурӣ сӯҳбат карда бошанд. Як ҳунарманд агар мехоҳад кохи Борбадро бигирад кофӣ ҳаст, ки бо мудири ин кох дар тамос бошад, маблағро пардохт кунад ва кохро бигирад.

Вале раиси ҲНИТ, вакили МН ба хотири он ки ягон пешдастӣ накунанд, ҳанӯз соли 2012 бо раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурӣ ин масъаларо матраҳ кард. Пас чӣ кӯмак ва чӣ шароит барои ҳизбҳои сиёсӣ омода шудааст? Мо наздики 200 меҳмон даъват кардем. Барои омадани меҳмонҳо чӣ кӯмак ва чӣ шароит муҳайё шуд?

3-hnit-40-sol

Ин соат, ин лаҳзаҳо дар тамоми идораҳо, донишкадаҳои кишвар, ҳатто мактабҳои миёна ҷаласаҳо ташкил шудааст. Вохӯрии падарону модарон, ҷаласаҳои фаъолон аст. Аксари меҳмонони мо аз ҷомеъаи шаҳрвандӣ, аз ҳизбҳои сиёсӣ, ки ба ин ҷаласа даъват шуда буданд, дар ҷойҳои дигар нишастаанд. Худо кунад, ки ба хотири ободиву пешрафти ҷомеъа бошад. Ман ин ҳарфро ба аъзоёни ҳизб мегӯям. Шумо қалби ин миллат, ин кишвар ҳастед.

Шумо мотори ин миллат ҳастед. Шумо, ки имрӯз ин ҷаласаро баргузор кардед ва рӯзи шанбе агарчи рӯзи истироҳат аст, тамоми ин кишвар, тамоми ин давлат бо тамоми дастгоҳаш дар ҳаракат аст ва кор мекунад. Истироҳат надорад.То шумо дар ин бино, дар ин толор алайҳи баъзе аз сиёсатмадорони ғаразнок, ки миллати моро нодида гирифтанд ва нодида мегиранд садо баланд накардед, ягон ниҳоди давлатӣ ҷасорат надошт, ки аз ин миллат аз ин кишвар, аз роҳбарияташ дифоъ кунад…

Воқеан, диламон мехоҳад, ки дар ин миллат, дар ин кишвар моро худӣ бидонанд, ҷузъе аз миллат бидонанд. Ин миллат, ин кишвар манзили шахсии касе нест, ки ҳар вақте, ки хост меҳмон даъват кунад ва ҳарвақте, ки нахост дарҳои ин манзилро бибандаду калидро дар ҷайбаш бизанад. Ин Ватан, ватан ва манзили ҳашт миллион инсон аст. Ҳашт миллион инсон дар ин Ватан ҳақ доранд. Аҷдоду авлоду обояшон дар ин ҷо таваллуд шудаанд.

Баҳри ин Ватан мубориза кардаанд. Ҳоло нагӯем, ки бештарин муборизаро кӣ кардааст. Ҷои даъво нест. Вале дар якояк хонадони шумо, дар байни авлоди шумо ҳастанд касоне, ки барои дин барои Ватан ё ба Сибир бадарға шудаанд, ё зиндонӣ шудаанд, ё шаҳид шудаанд. Ҳар кадоми шуморо агар дар ин ҷо бипурсем, ки аз хонадони шумо дар солҳои бистуму сиюми асри гузашта ва дар солҳои ахир чанд шаҳид доштед, ҳатман чанд нафарро зикр мекунед».

Истиқлолият ва ҲНИТ

Дар идома раиси ҲНИТ аз саҳми наҳзати исломии Тоҷикистон дар ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ сухан гуфта азҷумла чунин иброз дошт: «Як баҳсе доштем дар бораи референдуми соли 1990. Дар бораи боқӣ мондани Иттиҳоди Шӯравӣ. Тоҷикистон шаш дар сад ба тарафдории истиқлолияти Тоҷикистон овоз дод. Наваду чор дар сад мухолиф ба истиқлолияти Тоҷикистон буданд. Шаш дар сади тоҷикон, ба гуфтаи баъзе дӯстон, хоставу нахоста аз лиҳози хафагӣ, нороҳатӣ барои истиқлолият раъй доданд. Суоли мо ин аст, ки ин шаш дар сад кӣ буд? Магар идоранишинҳо буданд?

4-hnit-40-sol

Магар мансабдорон буданд? Магар вазифадорҳо буданд? Ин шаш дар сад шумо будед! Ва як иддаъ аз зиёиён ва равшанфикрони миллат буданд. Ин шаш дар сад ҳамон касоне буданд, ки дар ҳамон вақт ҳам кишоварзӣ мекарданд, посбонӣ мекарданд, тиҷорат мекарданд ва мансаб надоштанд. Имрӯз ҳам дар ҳамон ҳол ҳастанд. Ҳеҷ кадом аз шумоён имрӯз ҳам мансабу мақом надоред. Вале ҳеҷ кадоми шуморо то имрӯз дар ягон маросими ҷашнгирии истиқлолияти Ватан даъват накарданд. Имрӯз парчами истиқлолият дар дасти касоне ҳаст, ки дар он референдум алайҳи истиқлолият раъй дода буданд».

«Чаро дар 30 солагӣ иштирок кардеду дар 40-солагӣ не?»

Муҳиддин Кабирӣ дар идомаи ин суханронии хеш аз он ибрози нохушнудӣ кард, ки дар ҷашни 40-солагии ҳизб намояндаи ҳукумати ҷумҳурӣ расман ширкат накард: «Тасаввур накунед, ки мо ин ҷо бечоранолӣ мекунем. Ҳарфҳои мо даъвои ҳаққамон ҳаст. Ҳар кӣ гӯяд, ки дар ин Ватан, дар ин кишвар бештар аз мо ҳақ дорад, иштибоҳ кадааст. Мо намегӯем аз дигарон бештар ҳақ дорем. Мо мегӯем аз дигарон камтар ҳақ надорем.

5-hnit-40-sol

Диламон мехост, ки дар ин ҷашн намояндаи ҳукумати ҶТ бошад. Ҳамчуноне, ки даҳ сол пеш дар сисолагии наҳзат мушовири давлатии Президент иштирок дошт ва табрик кард. Агар даҳ сол пеш табрик кардед, баъди даҳ сол  магар мо нав бисту яксола шудем чуноне ки даъво мекунед? Мантиқ ин аст, ки баъди 10 сол чилсола шудем. Диламон мехост, ки аз Парлумон бошанд, диламон мехост, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеъа дар паҳлӯи мо бошанд, то ин ки ба ин дӯстони хориҷӣ, ба меҳмонон нишон бидиҳем, ки миллати тоҷик миллати воҳиду ягона ҳаст.

Бинобар ин мо мегӯем барои аҳзоби сиёсӣ ҳукумат ҳеҷ шароит муҳайё накардааст ва дар оянда ҳам интизори ягон кӯмак нестем. Фақат як хоҳеш дорем. Ба мо ҳаққи конститутсионии худамонро бидиҳед. Наҳзати исломии Тоҷикистон сабр кардааст ва аз ин ба баъд ҳам сабр хоҳад кард, вале аз ин ба баъд тамоми ҳуқуқи худро тибқи қонун тақозо хоҳад кард. Ба хусус дар ин марҳилае, ки хеле ҳассос аст».

«Биёед, аз сулҳ бигӯем, аз ҷанг натарсонем»

6-hnit-40-sol

Раиси ҳизби наҳзат дар давоми маърӯзаи худ аз онҳое ёдовар шуд, ки дар истиқрори сулҳи байни тоҷикон саҳми худро гузошта буданд. Ӯ аз ҷумла гуфт: «Воқеан вақте, ки мо сулҳ кардем, бо ин сулҳ мефахрем. Ба ҳар касе ки камтарин саҳм дар ин сулҳро дошт, ташаккур баён мекунем. Ба хусус ба ҶИЭ, ба Федератсияи Россия, ба кишварҳои гурӯҳи тамос, ба Афғонистон, ба шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, шаҳид устод Бурҳониддин Раббонӣ, ки мутаассифона, фарзандони эшон наметавонанд дар ин ҷашни мо ширкат кунанд, ба ҳама касоне, ки дар ин сулҳ саҳм доштанд, ба намояндагӣ аз устодамон устод Нурӣ, устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода, аз устод Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, ки раҳбари ҳайати гуфтушунидҳои сулҳ аз ҷониби мухолифин буд, ташаккур баён мекунем. Ин сулҳ барои мо азиз аст.

Биёед дар бораи сулҳ сӯҳбат кунем. Дигар якдигарро аз ҷанг натарсонем. Бас аст ин миллатро саркӯб кардан! Як маротиба бо танку тӯпи хориҷиҳо миллатро саркӯб кардем, миёнашро шикастем. Миёнашро шикастем, вале рӯҳияашро на. Ин миллат ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода набуд ва нахоҳад шуд. Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳама чизро дидааст. Дар баробари ҳама мушкилот сабр кард. Ҷангро ҳам дидааст, муқовиматро ҳам дидааст, ҳиҷратро ҳам дидааст, бозгашти сарбаландонаро ҳам дидааст, сулҳу сафову ҳамдигарфаҳмиро ҳам дидааст.

7-hnit-40-sol

Наҳзат ин марҳилаҳоро гузашт. Миллат ин марҳилаҳоро гузашт. Дигар якдигарро аз ҷанг натарсонем. Ҳама медонанд, ки ин ҷанг бо дасти кӣ анҷом шуд, тавассути силоҳҳои кӣ бурда шуд. Миллат зинда аст ва фаромӯш накардааст. Якдигарро ба хидмати хоҷагони хориҷӣ муттаҳам накунем. Ин миллат миллате нест, ки иҷозат бидиҳад кадом хоҷаи хориҷӣ болои ӯ фикру андешаашро таҳмил кунад. Ҳеҷ кас қабул надорад.

На Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон, на Ҳизби Коммунистӣ, на Ҳизби Сотсиал -Демократӣ ва на Ҳизби ҷадиди тозатаъсисшудаи «Тоҷикистони нав» ва табиист, ки ҲНИТ ҳам ҳеҷ гоҳ қабул надорад, ки як хориҷӣ, як аҷнабӣ фикри худро таҳмил кунад. ҲНИТ як бор исбот кард, ки дар сурати дахолати хориҷӣ чи гуна вокуниш хоҳад кард. Дар таърихи истиқлолияти мо як маротиба ба кишвари мо аз берун артиш кашиданд. Ва ҳамаатон медонед, ки ин соли 1998 буд.

Наҳзати Исломии Тоҷикистон буд, ки бо муҷоҳиддинаш дар баробари юриши бегонагон истод. Чанде пеш миллатро таҳқир карданд, раҳбарияти миллатро таҳқир карданд. Боз ҳам ҲНИТ аввалин шуда садо баланд кард ва ҷасоратро ба миллату ба дигарон дод. Вагарна 10 рӯз гузашта буд аз ин баёнияи таҳқиромез ҳама гӯшҳо кар, ҳеҷ кас садо баланд накард. Наҳзати исломии Тоҷикистон қабул надорад, ки ягон хориҷӣ, андешаи худро, фикри худро болои мо таҳмил кунад.

8-hnit-40-sol

Мо дар ин чил сол наслеро тарбият кардем, ки Ватанро дӯст медорад, миллатро дӯст медорад ва омодааст, ки барои ин миллат, барои ин фарҳанг ва дин ҷонашро фидо кунад. Даъват мекунем аз ҳамагон, ки якдигарро хуб бишносем, эҳтиром кунем, аз истифодаи калима ва ибораҳои таҳқиромез худдорӣ биварзем. Бе ин ҳам қалбҳоямон пур аз ҷароҳат аст. Дигарон бе ин ҳам дар атроф нақша кашида истодаанд. Ман хеле тааҷҷуб мекунам.

Паси ҳам дӯстонро аз даст дода истодаем. Кишвар, миллат дар душвортарин ҳолаташ қарор дорад. Раиси ҷумҳур дирӯз дар охири паёмашон ишора ҳам доштанд, ки ин рӯзҳои душвор мегузарад. Ин маънои онро дорад, ки дар рӯзҳои душвор қарор дорем. Манзурашон хориҷ буд. Вақте, ки дар хориҷ душворӣ доред, чаро дар дохил душман меҷӯед? Чаро дар дохил душман ба вуҷуд меоред? Чаро бо шаҳрвандони худатон забони гуфтугӯ пайдо намекунед?».

«Биёед бо ҳам муколима кунем»

Як бахши маърӯзаи Муҳиддин Кабирӣ ба масъалаи муколимаи миллӣ бахшида шуда буд. Ӯ дар ин мавзӯъ аз ҷумла гуфт: «Бародарони азиз, ба хусус ҳамватанони азизам, бештар аз ду сол аст, ки наҳзати исломии Тоҷикистон даъвати муколимаи миллиро карда истодааст. Мегӯем биёед бо ҳам муколама кунем. Биёед, бо ҳам бишинем сӯҳбат кунем. Имрӯз ҳам бори дигар такрор мекунам. Муҳтарам раисони ҳизбҳои сиёсӣ, аз Ҳизби Ҳалқӣ-Демократӣ сар карда то Ҳизби «Тоҷикистони нав».

Муҳтарам андешамандон, рӯшанфикрон, касоне, ки дилашон ба ин миллату кишвар месӯзад. Аз ҳамаатон бародарона хоҳиш мекунем. Биёед даври ҳам бишинем, маслиҳат кунем, ки бо ин кишвару ин миллат чӣ бояд кард. Бештар аз 15 сол мегузарад, аз рӯзе ки Созишномаи истиқрори сулҳу оштии миллӣ имзо шуд. Мо ба ин натиҷа расидем, ки як давлат дорем, як ҳукумат дорем.

 9-hnit-40-sol

Боқӣ ҳама шаҳрвандон зери сояи ин ҳукумат бояд фаъолият кунем, иншоаллоҳ, ки ин ҳукумат дар гирди мо ҳаст, мушкилоти моро ҳал хоҳад кард, кишварро аз ҳама офатҳо, аз ҳама мушкилот берун хоҳад кашид. Мо бо ин бовар то имрӯз расидем. Ҳеҷ гоҳ ҳукуматро танқид накардем. Дар душвортарин лаҳзаҳо, дар шадидтарин иштибоҳоташон, иштибоҳоте, ки воқеан моро муттаҳам карданд, ки барои чӣ ҳукуматро танқид намекунед. Валекин мо танқид накардем.

Гуфтем, ки рӯзҳои душвор аст, бояд дасташонро бигирем, кӯмакашон кунем, то ин ки аз ин душвориҳо бигзарем. Вале имрӯз дарк карда истодаем, ки мутаассифона, ҳукумате, ки мо аз он интизориеро, орзуеро доштем, ки дар фикри ҳамаи миллат бошад, фикри моро ҳам кунад, маълум мешавад, ки дар фикри танҳо як гурӯҳ, як табақа ва як маҷмӯаи хос ҳастанд, на дар фикри ҳамаи миллат.

Пас вазифаи мову шумо ҳаст, ки дар чаҳорчӯбаи қонун бо назардошти манфиатҳои давлату миллат ҳукуматро ҳам даъват кунем, ки бо мо шарик бошанд. Дар паҳлӯи мо бошад, болои сари мо бошад, моро ҳидоят кунад, раҳбарӣ кунад. Вале агар нахост пас вазифаи мову шумо аҳзоби сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, нухбагони ин миллат ва ҳар касе, ки дилаш ба ин ватану миллат месӯзад он аст, ки бояд даври ҳам бишинем, дар ҳар куҷое, ки бошад, наҳзат омода ҳаст, ки ин имконотро бидиҳад.

Мо омода ҳастем, ки манзили ҳар кадоми шумо биравем. Омода ҳастем, ки дар ҳар куҷое, ки шумо меравед, биравем бо ҳам бишинем, суҳбат кунем ва фикр кунем, ки бо ин миллату кишвар чӣ бояд кард. Ояндаи ин миллат чӣ гуна бояд бошад? Мо мехоҳем, ки ҳамаамон дар як кишваре зиндагӣ кунем, ки миллати сарбаланд дошта бошад. Ҳеҷ кас ин миллатро таҳқир накунад. Шумо ҳеҷ миллатеро то бад ин ҳад пайдо намекунед, ки таҳқираш кунанд.

Ин мушкили танҳо ҳукумат нест. Мушкили мо ҳаст. Ҳар замоне, ки мову шумо ин наворҳоро тамошо мекунем, ин ҳарфҳоро мешунавем, ҳар касе камтарин номуси миллӣ дорад, номуси исломӣ дорад, қалбаш хун мешавад. Мо бояд чора биҷӯем. То мову шумо агар шурӯъ накунем, ҳамон тавре, ки қаблан гуфтам, то мо шурӯъ накунем, дигарон нахоҳанд кард, мо шуруъ кунем, иншоаллоҳ ҳукумат ҳам дар ин муколамаи миллӣ ширкат мекунад, ҳатман назарашро хоҳад гуфт ва ҳатман дар паҳлӯи мо қарор хоҳад гирифт».

«Дигар динҳо ҳам ҳақ доранд даъвату таблиғ кунанд»

Сипас Муҳиддин Кабирӣ дар бораи муносибати ҲНИТ бо дигар адён ва мазоҳиб фикру андешаи раҳбарияти ҳизбро изҳор дошт. Дар ин мавзӯъ ӯ аз ҷумла чунин гуфт: «Наҳзати исломии Тоҷикистон як нирӯи мардумӣ, ватанӣ, миллӣ ҳаст, ки дар асоси арзишҳо ва фарҳанги исломӣ бино ёфтааст. Исломияти мо дар номи ҳизби мо таҷассум ёфтааст. Дигар ҳизб зарурат надорад, ки мо худро муаррифӣ кунем.

10-hnit-40-sol

Вале ин нуктаро бояд гуфт, ки исломӣ будани мо маънои онро надорад, ки мо исломи худ, дини худро болои дигарон таҳмил хоҳем кард. Наҳзати исломии Тоҷикистон ба озодии эътиқод, ба озодии дин ва виҷдон эътиқод дорад. Мо ба озодии эътиқод эътиқод дорем. Ин эътиқоди мо эътиқоди сиёсӣ нест. Эътиқоди қуръонӣ ҳаст. «Ло икроҳа фид дин». Дар дин фишор ва икроҳ нест. Дар дин таблиғу даъват аст, ки боз таблиғу даъват шартҳои худро доранд. «Ба сӯи Парвардигорат бо ҳикмат ва мавъизаи ҳасана даъват кун».

Агар берун аз ин буд, ин даъват нест, ин таблиғ нест. Ва ин исломият нест. Мо ҳақ надорем, ки болои касе дидгоҳи худро таҳмил кунем. Ҳамчуноне, ки мо ҳақ дорем даъвату таблиғ кунем, бояд ба ин бовар бошем, ки дигар динҳо ҳам ҳақ доранд, ки даъвату таблиғ кунанд. Дар ин ҷо бояд баробариву мусовот бошад. НИТ ба тамоми адён ва андешаҳои диниву ғайридинӣ эҳтиром мегузорад. Ҳатто ба андешаҳое, ки лодинӣ, атеистӣ ҳастанд.

Дар ислом ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки бединеро, касеро, ки ба Худованд эътиқод надорад фақат барои эътиқодаш мавриди муҷозот қарор бидиҳад. Агар медод Имоми Аъзам бо даҳриёни замони худаш баҳс намекард дар болотарин сатҳ. Агар ҷазо медод халифаи мусалмонон раҳбарони фикрии даҳриён- атеистонро даъват намекард, ки бо Имоми Аъзам дар мунозира бинишинанд. Онҳоро зиндон мекард.

Вале халифаи мусалмонон беҳтарин шароитро барои баҳси озод барои ду тараф муҳайё кард. Агар он замон радиову телевизион мебуд ҳатман ин баҳсро аз тариқи радиову телевизион ташкил мекард. Беҳтарин шароит барои ин баҳс қасри худи халифа буд. Имоми Аъзам бо онҳо нишаст ва мунозира кард. Пас, мо ки пайравони Имоми Аъзам ҳастем, бояд бо ҳамватанони худамон ва онҳое, ки ҳамватани мо нестанд ва аҳли башар ҳастанд ва бо аҳли башар дар гуфтугӯ ва муколимаи доимӣ бошем.

Дар эҳтироми якдигар бошем. Ин аст дидгоҳи наҳзати исломии Тоҷикистон. Ва ман хоҳиш мекунам, ки ҳеҷ касро аз наҳзат натарсонанд, ки агар НИТ сари қудрат омад ё қавӣ шуд, вазъи дигар динҳо, ақаллиятҳои диниву этникӣ дар кишвар бадтар хоҳад шуд. Ягона чизе ки мардумро метарсонад ҳамин аст.

Ва чизи дигаре ҳаст, ки бонувони моро, хоҳарони моро, модарони моро метарсонанд, ки агар наҳзат қавӣ шуд ҳамаи шумо бо рӯсариву бо ҳиҷоб хоҳед буд. Мо дар ҳеҷ куҷо ин талабро надорем. Ин барномаро надорем ва нахоҳем дошт. Чунки интихоби либос ҳамчуноне, ки интихоби фикру андеша ва зиндагӣ озод ҳаст, озод ҳаст».

«Мо бо ягон мазҳаби исломӣ мушкил надорем»

Раиси ҲНИТ дар идомаи суханронии худ дар хусуси муносибати наҳзат бо дигар мазҳабу ақоиди дини мубини ислом ва аҳзоби сиёсии кишвар фикру андешаҳои ҷолибе ироа кард: «ҲНИТ ҳамчун як ҳизби сиёсӣ динӣ дар асоси арзишҳои исломӣ ҳаст. Ин Ватан, ин миллат бештар аз ҳазор сол ҳаст, ки тибқи мазҳаби ҳанафӣ зиндагӣ дорад. Ва бо ақидаи аҳли суннат ва ҷамоъат ибодат карда истодааст ва Худои худро мепарастад.

Наҳзат тамоми адён, тамоми мазҳабҳои исломиро эҳтиром мегузорад. Мо бо ягон мазҳаби исломӣ мушкил надорем. Таъкид мекунем, ки ҷавҳари фарҳанги исломии мо, фиқҳи исломии мо ҳанафият ҳаст. Агар барои тамоми мардуми Тоҷикистон риояи ин фарҳанг ва ин фиқҳ ҳатмӣ бошад, барои мо наҳзатиҳо воҷиб аст. Вале баъзе дӯстон дониста ва ё надониста аз дидгоҳҳои васеъи мо суистифода мекунанд. Мо бо ягон мазҳаб мушкил надорем.

Мо бо бародарони Арабистони Саъудӣ, кадом мазҳабе, ки дар он ҷо ҳоким аст, мазҳаби ҳанбалӣ ҳаст, моликӣ ҳаст, мушкил надорем. Мо онҳоро бародари худ медонем. Ҳар кӣ аҳли қибла ҳаст, калимаи шаҳодатро ба забон меорад, барои мо бародари исломиву имонии мо ҳаст. Ҳеҷ касро ҳукм ба куфр ва берун аз ислом накардем. Шояд ҳам ҳамин муносибати мо яке аз ҳолатҳоест, ки мавриди суистифода қарор мегирад.

Агар солҳои аввали навад моро ба ваҳҳобият муттаҳам мекарданд  ин ба он хотир буд, ки мо мухолифи хурофот ва бидъатҳо будем. Он сиёсатҳоеро, ки имрӯз ҳукумат амалӣ карда истодааст барои сарфа кардани имконоти мардум, мо 20 сол пеш шурӯъ карда будем. Вале моро ваҳҳобӣ гуфтанд барои он ки баъзе бародаронам аз мазҳаби бародарони ҳанбалӣ нисбати ин масъалаҳо каме сахтгиранд ва воқеан назарашон ин аст, ки дар ислом чилу ҳафту се ҷо надорад.

Вале мо на ба хотири он ки бародарони ҳанбалӣ мегуфтанд, балки ба хотири он ки Қуръону суннат инро мегуфт, таъкид бар он мекардем. Агар пайравӣ аз суннати пайғамбар ваҳҳобӣ будан аст, пас мо наҳзатиҳо ваҳҳобӣ ҳастем. Агар дӯст доштани аҳли байт ва бародарӣ бо ҳамаи мазҳабҳои исломӣ ва доштани дидгоҳи васеъ шиъа будан аст, пас ҳамаи мо наҳзатиҳо шиъа ҳастем. Баъзе дӯстон моро муттаҳам мекунанд, ки ҲНИТ аз исломият дур шудааст ва бештар як ҳизби миллатгаро ҳаст.

Бале, агар дӯст доштани Ватану миллат, аҷр ба фарҳанг миллӣ ва арзишҳои миллӣ гузоштан миллатгаро будан аст, пас наҳзат миллатгаро ҳаст. Мо ин ҳамаро бо ҳам дар якҷоягӣ мебинем. Ва ахиран, агар эҳтиром ба башарият, эҳтиром ба динҳои дигар, эҳтиром ба озодии инсон, эҳтиром ба волоияти қонун, эътиқод ба интихоботи шаффофу озод, агар либерал будану демократ будан аст, пас ҲНИТ як ҳизби либерал- демократӣ аст.

Агар аҳамият додан ба ҳаёти иҷтимоии мардум, ба зиндагонии мардум ин ақидаи сотсиал-демократӣ ҳаст, пас ҲНИТ ҳама узви Ҳизби сотсиал-демократ ҳастанд. Ҳамчунон бародарони ҳизби «Тоҷикистони нав» нороҳат нашаванд. Агар ҳар касе воқеан дар ҷустуҷӯи Тоҷикистони нав ҳаст ва Тоҷикистони навро дидан мехоҳад, ки дар он ҷо инсон озод бошад, соҳиби каромат бошад, мо ҳама аъзои ин ҳизби тозатаъсиси «Тоҷикистони нав» ҳастем. Ҳама миллатдӯстон, ҳама озодагон, ҳама мӯътақидону мухлисини ин ватану ин дину оинро аъзо ва пайрави ҲНИТ медонем».

«Ҳеҷ гоҳ ба фитна дода нашавед»

Дар охир Муҳиддин Кабирӣ бо чунин дархосте ба вакилони ин ҷаласаи тантанавӣ рӯй овард: «Бародарони азиз, хоҳарони муҳтарам! Шумо аз ин ҷо бармегардед. Шояд ин охирин фурсатҳое ҳаст, ки мову шумо дар ин шакл дар ин се чор моҳи охир сӯҳбат хоҳем кард. Шумо бармегардед ба минтақаҳои худ. Аз вилояти Суғд тахминан ҳазор нафар омадаст.

Аз Хатлону Бадахшону Рахшу Ҳисор ҳазорҳои дигар омадаанд. Ва ҳатман ин сӯҳбатҳоро даҳҳо ва ҳазорҳои дигар хоҳанд шунид. Хоҳиши бародаронаи мо аз ҳар яки шумо ин аст. Ҳар касе, ки ин ватану ин миллатро дӯст медорад, ҳеҷ гоҳ ба фитна дода нашавад. Ҳеҷ гоҳ сабру таҳаммулро аз даст надиҳад. Ин миллат ин ватан аз мову шумо ин интизориро дорад, ин тақозоро дорад. Ҳеҷ мушкилие нест, ки паси сар нашавад.

Иншоаллоҳ, бародарону хоҳарони азиз, ҷашни 45 солагии ҳизб дар ҷои беҳтару хубтар баргузор хоҳад шуд. Ҳоло гуфта наметавонам дар куҷо. Вале аниқ мегӯям, ки ҷашни 45-солагии таъсисёбии ҲНИТ дар ҷои беҳтар баргузор хоҳад шуд. Вале ба як шарт. Агар шумо сабур бошед, агар шумо ҳамон тавре, ки то имрӯз ин роҳро идома додед ва аз фармудаҳои устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, фармудаҳои устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва хоҳишу илтиҷоҳои мо агар пайравӣ кардед, иншоаллоҳ бо ҳам дастаҷамъона ба як зиндагии беҳтар, ба як рӯзи беҳтар, ба як ҷои беҳтар хоҳем расид.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ»

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi