18:21:54 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Р.Ғанӣ: Бархӯрди давлат бо ҲНИТ ҳамеша ҳамвор нест

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо 40 соли ҳузури худ дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳоло чӣҷойгоҳеро дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар касб кардааст? Оё ин ҳизб воқеан нируи дуввуми сиёсӣ дар Тоҷикистон шинохта шудааст ва чунин ҷойгоҳро ҳукумату давлати Тоҷикистон низ қабул доранд?

Дар як мусоҳиба бо Рашид Ғанӣ Абдулло-таҳлилгари умури сиёсии тоҷик ҳамин масъалаҳоро матраҳ кардем:

ghani-abdullo-29042013Рашид Абдулло: Ҳоло ин ҳизб ба ҷузви ногусастании ҷомеаи тоҷик ва системаи сиёсии Тоҷикистон табдил ёфтааст ва бояд бигӯем, ки худи ташкили ҳизб дар соли 1973 нишонаи як ҳаракати густардаи исломӣ дар Тоҷикистони вақт буд. Ин падидаро мо метавонем оғози раванди эҳёгарӣ арзёбӣ кунем. Аз он вақт то ба ҳол ба ҳизби сиёсӣ табдил ёфт ва ҷузви таркибии ҳамон раванди бунёди давлати миллӣ ва мустақили Тоҷикистон мебошад, ки ифодагари ақидаи эҳёи миллӣ буда метавонад.

-Бо вуҷуди ин ки ин ҳизб яке аз ҷонибҳои сулҳи Тоҷикистон буд, солҳои ахир аз муносибати мақомоти давлатӣ чандон розӣ ба назар намерасад. Шумо муносибати мақомоти расмии Тоҷикистон бо ин ҳизбро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Агар мо ба тамоми паҳнои Шӯравии пешин нигоҳ кунем, дар ҳама ҷой тақрибан ҳамин вазъро мебинем. Дар муносибати байни ҳизбҳо, яъне ҳизбҳои ҳоким ва ҳизбҳои мухолиф, роҳ на ҳамеша ҳамвор аст. Ин як падидаи маъмулист ва тавре ки дар ҷашни солгарди ин ҳизб ҳам изҳор доштанд, худи ҲНИТ ҳам хуб дарк мекунад, ки ин тақозои вазъ ва муносиботи байни ҳизбҳои сиёсӣ ҳаст, ки гоҳо муносибаташон “ҳамвор” аст ва гоҳе “ноҳамвор”.

Вале он гуна, ки худи ҳизб ҳам изҳор дошт, усулан дар масъалаҳои умдаи миллӣ, аз қабили таҳкими истиқлолият, таъмини рушди иҷтимоӣ, таъмини робитаҳои ҳасана  бо дунёи хориҷ ва мисли ин фарқияти усулӣ байни ҳизби ҳоким ва ҳизбҳои дигар вуҷуд надорад. Ақидаи онҳо ин аст, ки ҳадаф иҷро шавад. Он ҳадаф боз ҳам ҳамон масъалаҳои рушду истиқлои миллӣ, таъмини шароити иҷтимоӣ ва расидан ба демократия аст.

-Фикр намекунед, ки ҲНИТ бо баргузории 40-умин солгарди таъсиси худ дар соли интихоботи раёсати ҷумҳурӣ як навъ ҳадафҳои таблиғи худро низ дунбол мекард, то аз ин роҳ худро дар ҷомеа ва ҳатто дар арсаи байналмиллалӣ таблиғ кунад?

-Ин ҳизб аз вақте ки вориди раванди музокироти сулҳи тоҷикон шуд, мавҷудияти худро дар ҷомеаи Тоҷикистон матраҳ кард ва ба ҷомеаи байналмиллалӣ нишон дод, чун яке аз тарафҳои сулҳ шуд. Ҳоло чандон зарурате барои таблиғи худ дар дохил ва дар хориҷ надорад.

Чунки ҳама медонанд. Воқеияти амр ин аст, ки агар нирӯи аввали сиёсӣ дар Тоҷикистон мақоми раёсати ҷумҳурӣ бошад, мисли Путин дар Русия, Ислом Каримов дар Узбакистон, Раҳмон дар Тоҷикистон, ҲНИТ ҳоло нирӯи дуввум дар ин кишвар аст. Ин гувоҳи он аст, ки мақоми ҳизб дар ҷомеа, дар байни мардум ва дар ҳаёти сиёсии ҷомеа муайян аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi