03:04:34 02-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Давлати Усмон дар бораи худ ва таъсиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» дар арафаи таҷлили чилсолагии рӯзи таъсисёбии ҲНИТ сӯҳбате дошт бо докторанти Академияи Илмҳои Қирғизистон, собиқ муовини раҳбари ҲНИТ Давлати Усмон. Инак муҳтавои ин мусоҳибаро пешкаши муштариёни арҷманди сомона месозем.

-Нахуст дар бораи чӣ гуна маълумоти динӣ гирифтани худ ба хонандагони арҷманд иттилои мухтасар медодед?

1-davlat-usmon-24042013-Аз синфи 6-ми шурӯъ карда дар пеши мулло Ҷӯра, дар маркази ноҳияи Қабодиён, ду сол сабақ гирифтам. Дар Қурғонтеппа дар пеши мулло Ҳаит «Мухтасар»-ро хатм кардам. «Шарҳ-ул виқоя»-ро дар пеши мулло Обиддин омӯхтам. Баъди синфи ҳаштумро тамом кардан боз рафтем назди мулло Ҷӯра, ин дафъа ба деҳаи Заргари ноҳияи Бохтар. Мулло Ҷӯра дар ин ҷо низ хона дошт.

Ду хонум дошт, як нафараш безуриёт буд. «Сарфу наҳв»-ро дар пеши раҳматии мулло Сайумрон хондем, баъдан «Ҳидоя»-ву «Мишкот-ул-масобеҳ»-ро. Ба баҳонаи машқи хат пеши бобои Мирзохол рафтем. Аввалҳои соли 1973 буд. Мактаби миёнаро то синфи ҳаштум хондам. Онро баъдан ғоибона хатм кардам. Дар пеши мулло Додарҷон, дар ноҳияи Вахш, деҳаи МОПР, «Сарфу наҳв»-ро ҳафт -ҳашт моҳ хонда баҳори соли 1975 ба Душанбе омадам. То соли 1977 дар пеши мулло Сайраҳмон, махсуми Бурҳониддин ва мулло Эшонҷон «Тафсири қозӣ», «Адаби дунёву дин»-ро хондам.

Баъдан худи домулло Эшонҷон гуфт, ки ба шумо дарс гуфтан бароям мушкил аст барои ҳамин ҳам як устоди дигар пайдо кардан даркор аст ва худаш як рӯз аз домулло Ҳикматуллоҳ, ки дар хонааш меҳмон буд, хоҳиш кард, ки ману мулло Насруллоҳро ба шогирди қабул кунад. Аз охирҳои соли 1977 то баҳори соли 1979 ду сол дар пеши домулло Ҳикматуллоҳ, дар деҳаи Яккатути ноҳияи Куйбышев хондам. Тирамоҳи соли 1979 ба хизмати аскарӣ рафтам. Ду сол хизмат кардам.

-То ба хизмати аскарӣ рафтан Шумо аллакай ба ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон, ки тибқи маълумоти дигарон дар ин давра шаш сол боз дар кишвар фаъолият мекард, шомил будед?

-Оре. Вале нахуст ман мехоҳам маълумоти мухтасареро дар бораи ташаккули ҷараёни динӣ-сиёсӣ дар Тоҷикистон хизмати Шумо ироа кунам. Мо ҷараёни сиёсӣ-динӣ-исломиро дар Тоҷикистони кунунӣ аз лиҳози таърихӣ ба се қисмат ҷудо мекунем.

Қисмати якум аввалҳои солҳои 70-ум то охирҳои солҳои 70-уми асри гузаштаи мелодӣ дар бар мегирад. Яъне тақрибан ҳудуди 10 сол. Дар ин давра ҳаракти сиёсии динӣ-исломӣ ҳамчун ҳалқаҳо дар Қӯрғонтеппа, Душанбе аз тарафи шахсиятҳои гуногун, як нафар неву чанд нафар, ташкил шуд. Агар ҳалқаҳои аввал солҳои 1973-74 дар дар атрофи устод Нурӣ дар Қурғонтеппа пайдо шуда бошанд, Дар шаҳри Душанбе аввалин ҳалқаҳо охири соли 1975 ташкил шуданд. Аввалин ҷаласаеро, ки мо бо ин мақсад дар Душанбе барпо кардем, охири соли 1975 буд.

Худи ҳамин сол мо бо ҷавонони исломхоҳи Фарғона алоқа барқарор кардем. Марҳум Аллома Раҳматуллоҳ, худораҳматӣ қорӣ Абдувалӣ нафарҳои худро ба инҷо фиристоданд, онҳо дар ҳалқаҳои мо буданд.

-Ҳалқаҳои дар ин ҷо буда оё худмухтор буданд ва ё тобеъи фарз кардем, рӯҳониёни вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон? Гап дар ин аст, ки рӯҳонияти расмии Тоҷикистон дар замони шӯравӣ дар фаъолияти худ аз амру фатвоҳои Раёсати динии Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон, ки дар Тошканд мақар дошт, итоат мекарданд. Шояд шумо ҳам ҳамчунин будед?

-Агар аз рӯи инсоф бигӯем ҳамон Аллома Раҳматуллоҳ бештар ташаббускорӣ нишон медод. Аллома Раҳматуллоҳ ва қорӣ Абдувалӣ соли 1972 ба Душанбе омада чанд муддат дар назди Мавлавӣ ҚорӣМуҳаммадҷон ба ҳайси шогирд таҳсил намуданд. Онҳо шарикдарсони устод Нурӣ буданд. Устод Нурӣ низ ҳамон давра шогирди Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммадҷон буд. Ҳамон замон Аллома Раҳматуллоҳ ва Қорӣ Абдувалӣ аллакай афкори динӣ -сиёсиро доштанд.

Воқеан, зимистони солҳои 1972-73 мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммадҷонро бо шогирдонаш ҳангоми дарс додан дар маҳаллаи Ипподроми шаҳри Душанбе ошкор намуда бозҷӯӣ намуданд. Ҳамон рӯз Аллома Раҳматуллоҳ аз тирезаи хона тавонист, ки фирор кунад. Дигарон, азҷумла устод Нурӣ, Қорӣ Абдувалӣ ва дигаронро чанд соат боздошт намуда пурсуҷӯ карданд.

Соли 1978-ум ҳалқаи мо аз мавҷудияти ҳалқаҳои устод Нурӣ бохабар шудем ва охири соли 1979 ҳалқаҳои Душанбе бо ҳалқаҳои атрофи устод Нурӣ муттаҳид шуданд. Мо наметавонем бигӯем, ки ҳамон вақт наҳзат номаш кардем. Валекин ин амали мо илҳомгирифта аз шеваи фаъолияти ташкилоти «Бародарони мусалмон» буд. Зеро китобҳои муаллифон ва муассисони ҳамин ташкилот дар байни ҷавонони исломхоҳи тоҷик матраҳ буданд, муҳокима мешуданд. Азҷумла осори Муҳаммад Қутб, Саид Қутб, Саид Ҷамолиддини Афғонӣ.

-Ин китобҳо кадом вақт ва аз кадом роҳҳо вориди Тоҷикистон шуданд ва ба шумо дастрас гардиданд?

-Ин китобҳо тавассути ду канал ба Тоҷикистон ворид шуданд. Канали нахустин ба воситаи кормандони раёсати динии Осиёи Миёна, ки марказаш дар шаҳри Тошканд буд, ворид мешуданд. Онҳо расман ба хориҷа мерафтанд ва дар бозгашт бо худ як ду нусхаи адабиёти мазкурро меоварданд. Сипас онҳоро таксир мекарданд ва миёни дигар олимони ҷавон паҳн менамуданд. Роҳи дуюм ин олимони шарқшиноси худамон аз тоҷикон буданд. Онҳо низ сафарҳои зиёд мекарданд ба кишварҳои исломӣ махсусан ба Эрону Мисру Урдун ва ин гуна китобҳоро бо худ меоварданд.

Аз Эрон маъмулан китобҳои ба забони форсӣ тарҷумашудаи ислоҳталабони исломиро меоварданд. Масалан китоби «Мо чӣ мегӯем?»-и Саид Қутб, «Ҷавоб ба даҳриён»-и Саид Ҷамолиддини Афғонӣ миёни ҷавонон хеле машҳур буданд. Китобҳои Мавдудӣ, Муҳаммад Қутб ва дигаронро меёфтем ва мехондем. Ин китобҳоро мо дар ҳалқаҳои худ мехондем ва муҳокима мекардем. Ҳамин китобҳо асосан сабаби бедории ҷавонони исломхоҳ шуданд. Мо маҳз аз ҳамин китобҳо фаҳмидем, ки ислом метавонад дар сиёсати давлат нақши муҳиме дошта бошад, дар ҷомеъа мавқеъ дошта бошад. Аз оёту ҳадис шумо дониши шариатӣ-мазҳабии хешро зиёд мекунед.

Вале ҷаҳонбинии сиёсии хешро мо аз ҳамин гуна китобҳо васеъ мекардем. Ин китобҳо дар заминаи тафсирҳои Қуръони маҷиду ҳадисҳо навишта шуда буданд ва дар онҳо мушкилоти ҷомеъа ва роҳҳои аз он берун шудан ва ё ҳаллу фасл кардани ин мушкилот матраҳ буд, яъне обу ранги сиёсӣ мегирифтанд ин китобҳо. Муаллифони ин китобҳоро муҷаддидин мегуфтанд, яъне реформаторҳо. Мисли Муҳаммад Абдо, Саид Ҷамолиддин, Муҳаммад Қутб ва ғайра. Ин реформаторҳо ё худ ислоҳталабон мехостанд ҷаҳони исломро реформа кунанд.

Як омили асосии дигар ин муборизаи бераҳмонаву шадиди Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ба муқобили дин буд, ки дар пай вокуниши ба таври худ тибқи имконот муқовимат карданро ба вуҷуд овард.

Аз ибтидо фикри мо ҷавонони шаҳри Душанбе тамоман дигар буд. Мо мехостем, ки дар Донишгоҳҳо нуфуз кунем, дар корхонаҳои давлатӣ ба кор истихдом шавем. Ва ба тадриҷ ба як нерӯи қавӣ табдил шавем. Ин аз як тараф буд. Аз тарафи дигар набояд фаромӯш кунем, ки ҳаракати мо ҷанбаи озодихоҳӣ низ дошт. Мо орзу мекардем, ки кишвари мо мустақил бошад. Мо медидем, ки дар дунё кишварҳои зиёде аз мо кучактар мавҷуданд, вале озоданд, мустақиланд.

Марҳилаи дигарӣ ин баъди пайваст шудани тамоми ҳалқаҳо дар саросари ҷумҳурӣ пеш омад. Дар ин давра дигар мо аз дарс додану сабақ гирифтан тадриҷан гузаштем ба таблиғу иршоди ҷавонон.

Соли 1982 аввалин нашрияи ғайрирасмии исломӣ, ки «Ҳақиқати ислом» ном дошт, чоп гардид. Дар як саҳифа ва танҳо дар як тарафаш чанд мақола чоп шуда буд. Ҳамин нашрияи яксаҳифагиро дар матбааи МБТИ-и шаҳри Қӯрғонтеппа ба нашр расонда буданд. Хизмати раҳбари ҳамонвақтаи МБТИ барои равнақи исломхоҳӣ хеле калон аст. Теъдоди нашрия чандон зиёд набуд, фикр мекунам 100 нусха буд. Дар ҳамин шакл ҳамагӣ як шумора баромад. Шумораҳои баъдӣ дар шакли дафтарча мебаромаданд.

Ҳамин тариқ то соли 1989 марҳилаи таблиғу иршод буд, ки бештар аз маъракаҳо истифода мекардем. Дар тӯю маросимҳои мотам ҷавононро ба ислом даъват мекардем. Баъди он ки банди шаши Сарқонуни Шӯравӣ дар бораи манъи бисёрҳизбӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ лағв гардид, тахминан аввали соли 90-ум дар раҳбарияти ҷамъият фикри расман таъсис додани як ҳизби сиёсӣ-динӣ ба вуҷуд омад. Амалан дар шӯравӣ дар ҳамон сол бисёрҳизбӣҷараён дошт. Мо низ сари ин масъала андеша кардем.

Як гурӯҳи роҳбарони ҳизб бар ин назар буданд, ки ҳизбро ошкор кардан лозим нест. Ҳанӯз маълум нест, ки дар оянда чи таҳаввулот пеш меояд. Қисмати дигар тарафдори он буданд, ки аз демократияву ошкорбаёнӣ бояд нафъ бурд ва расман ба фаъолият шурӯъ кард. Дар натиҷаи баҳсҳои доманадор ба ин хулоса расидем, ки ду тақсим шавем. Як гурӯҳ ошкор шавад ва бо расман сабти ном шудан ба фаъолият пардозад, гурӯҳи дигар худро ошкор насозад, вале фаъолиятҳои ҳизбии хешро пайваста идома бидиҳад.

Дар ҳамин давра робитаи роҳбарони ҳаракати мо бо роҳбарони ҳаракатҳои ғайрирасмии исломӣ дар Русия, ба хусус дар Қафқоз, беш аз пеш мустаҳкамтар мешуд. Ҳамонҳо бештар талош мекарданд, ки як ҳизби сиёсии динӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёбад. Хулоса, ҳамин буд, ки мо 9-уми июни соли 1990 дар шаҳри Астрахани Русия Анҷумани таъсисии Ҳизби Наҳзатии Исломии Иттиҳоди Шӯравиро таъсис додем.

2-davlat-usmon-24042013Ба ин анҷуман аз ҳаракатҳои ғайрирасмии исломии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна танҳо аз Тоҷикистон намоянда рафта буд. Аз дигар ҷумҳуриҳо дар ин Анҷуман намоянда набуд. Дар ин Анҷуман ду нафар намояндаи Тоҷикистон муовинони раиси Ҳизби Исломии Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шуданд. Саидиброҳим Гадоев аз аз соли таъсисиёбӣ то мунҳал шудани ин ҳизб муовини аввали раис буд. Бандаро ба раисии ин ҳизб пешниҳод карданд, ман рад намудам.

Ба фикри мо бояд раиси ҳизб аз Русия мебуд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Маро раиси шӯъбаи ташкилии ҲНИ ИШ интихоб карданд. Раиси ҳизб Аҳмад қозӣ Ахтаеви доғистонӣ интихоб шуд. Калимаи наҳзат аз ҳамон сол ба ин тараф дигар вирди забонҳо шуд. Худи ҳамон сол 5-уми октябр дар деҳаи Чортути ноҳияи Ленин Конфаронси таъсисии шӯъбаи тоҷикистонии Ҳизби Наҳзати Исломии Иттиҳоди Шӯравиро гузаронидем. Вале дар аввал онро нахостанд ба қайд бигиранд, дар ҳукумат таъсиси онро ғайриқонунӣ арзёбӣ карданд.

Ҳамон шабу рӯз Қорӣ Абдувалӣ Мирзоев, лидери ҳаракати ғайрирасмии исломии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омада буд ва дар ҳамон конференсияи Чортут ширкат карда буд ва бо чашми сар ҳама корҳои ташкилии ҳизби моро медид. Дар як сӯҳбати секаса бо устод Нурӣ ки дар хонаи акаи Муртазо барпо шуд, қорӣ Абдувалӣ хоҳиши дар Тошканд таъсис додани шӯъбаи ӯзбекистонии ҲНИ ИШро кард. Устод ба ӯ гуфт, ки агар чунин ният доред, Давлати Усмонро даъват кунед, ӯ ба шумо дар баргузор кардани чунин як конференсия кӯмак хоҳад кард. Давлат Усмон ҳам раиси шуъбаи корҳои ташкилии ҲНИ ИШ мебошад ва ҳам шахсан ин гуна корҳоро бисёр анҷом додааст.

Қорӣ Абдувалӣ розӣ шуд ва Андиҷон рафт. Баъди чанд рӯз ман тибқи ваъдаи кардагиамон ба Андиҷон рафтам. Дар хонаи Қорӣ Нурмуҳаммад, дар Андиҷон, 27 нафар раҳбарони ҳаракати исломии Ӯзбекистон ҷамъ шуда буданд. Дар байни онҳо як баҳси шадиде ба вуқӯъ пайваст. Ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд. Як гурӯҳ бо роҳбарии қорӣ Алоуддин ва Шомуҳаммад ва гурӯҳи дуввум бо роҳбарии қорӣ Абдувалӣ. Гурӯҳи қорӣ Абдувалӣ пешниҳод карданд, ки ҳаракат худро ошкор созад ва расман ба фаъолият пардозад.

Гуруҳи мухолиф гуфтанд, ки ҳанӯз чунин замон фаро нарасидааст ва набояд ошкор шавем. Охири соли 1990 ва ё аввали соли 1991 мо дар қасри -Текстилшик»- шаҳри Тошканд конференсияи таъсисии шуъбаи ӯзбекистонии ҲНИ ИШ-ро гузаронидем. Бо кадом сабабҳое Қорӣ Абдувалӣ номзадии худро ба раисии ҳизб пешниҳод накард. Ба ҷои ӯ Абдулло Ӯта раиси ҲНИ Ӯзбекистон интихоб шуд. Ҳизб сабти ном нагардид. Абдулло Ӯтаро соли 1993 кормандони мақомоти амниятӣ боздошт карданд ва то имрӯз сарнавишташ номаълум мемонад.

- Ҳамон вақт Ҷумъаи Намангонӣ ва қорӣ Тоҳири Юлдош буданд дар ҳамин ҳаракат?

-Онҳо буданду хеле ҷавон буданд. Азҷумлаи шогирдони Абдувалӣ маҳсуб мешуданд, вале хеле ҷавон буданд. Бистсолаву бисту ду сола буданд. Он қадар матраҳ набуданд. Вале вақте, ки сари онҳо бераҳмона фишор оварданд, ҳаракат тасмим гирифт, ки муқовимат кунад. Ҳукумат муқовимати онҳоро бераҳмона фурӯ нишонд ва Ҷумъаи Намангониву Тоҳири Юлдош маҷбур шуданд, ки ба Тоҷикистон фирор кунанд. Онҳо мехостанд, ки аз ҳудуди Тоҷикистон ба муқобили ҳукумати Ӯзбекистон мубориза баранд. Вале вақте, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳвандӣ шурӯъ шуд онҳо бо ҳамрохӣ раҳбарони ҲНИТ ба Афғонистон фирор карданд.

Ҳамон замон дар Қӯрғонтеппа дар атрофи устод Нурӣ Холиди Абдусалом, Қорӣ Муҳаммадҷон, мулло Амриддин Табаров, мулло Муҳаммадрасул, Эшони Неъматуллоҳ, мулло Қаландар Садриддинов ҳалқаҳои худро доштанд. Соли 1978 мо бо устод Нурӣ шинос шудем. Дар ҳамон вақт ҳафт нафар фаъоли ҳаракат инҳо буданд:

Устод Нурӣ, Қорӣ Муҳаммадҷон, Холиди Абдусалом, Эшони Неъматуллоҳ, Каландари Садриддин, Мулло Муҳаммадрасул, Абдуллоҳи хурдӣ.

Ҳалқаҳо аз панҷнафарӣ иборат буданд. Як роҳбар буд, як нафар масъули таълиму тарбия буд, як нафари дигар масъули таблиғу иршод, як нафар масъули иқтисод, нафари дигар масъули таъмини амнияти аъзо ва раҳбарият буд.

Дар Душанбе системаи ҳалқавӣ набуд. Иборат аз 27 нафар раёсат буд, ки ҳаракатро роҳбарӣ мекард.

-Домулло Ҳикматуллоҳ замоне, ки Шумо дар наздаш мехондед, аз мавҷудияти ҳаракати исломӣ хабар доштанд?

-Охири соли 1975 ва аввали соли 1976 вақте мо дар Душанбе ҳаракатро ташкил кардем, яке аз вазифаҳое, ки дар назди худ гузоштем, ин буд, ки ба назди муллоҳои машҳур рафта коре карда онҳоро ва агар нашавад шогирдони онҳоро ба ин ҳаракат ҳамроҳ кунем. Он вақт мо аз мавҷудияти ҳалқаҳо дар атрофи устод Нурӣ хабар надоштем. Тибқи ҳамин нақшаву бо ҳамин мақсад ман пеши домулло Ҳикматуллоҳ рафтам. Бо ӯ сӯҳбатҳои зиёд дар мавзӯи сиёсат кардам.

Мақсаду ҳадафро низ ба ӯ фаҳмондам. Бисёр хурсанд шуд. Ҳатто гуфт, ки майлаш ман ҳам аъзои шумо мешавам, вале бояд касе аз ин хабардор набошад. Ин охири соли 1977 буд. Ман аз байни шогирдонам шогирдони болаёқатро ҷудо карда ба шумо тавсия мекунам. Домулло Ҳикматуллоҳ ду навъ шогирд дошт, одамони бузургсол ва ҷавон. Ба бузургсолон эшони Саидашраф, мулло Қиёмиддини хатиб, ки дар солҳои 1997-1998 ба шаҳодат расид, умуман 17 нафар дохил мешуданд.

Ба инҳо дарси «Талвиҳ», «Тафсири қозӣ», «Тавзеҳ» дода мешуд. Мо ҷавонон дар дарсҳои инҳо низ ширкат мекардем. Дар гурӯҳи ҷавонон дарсҳои «Талхис»-у «Мухтасар-ул-маъонӣ» мехонданд. Дар гурӯҳи ҷавонон эшони Бурҳониддин, мулло Зубайдуллоҳи Розиқ ва дигарон таҳсил мекарданд. Хулоса, аз байни ҷавонон домулло Ҳикматуллоҳ 12 нафарро ҷудо кард ва мо дар онҷо ҳалқаеро таъсис додем, ки Зубайдуллоҳи Розиқ раҳбарашон буд.

Ҳангоме, ки мо аз мавҷудияти ҳалқаҳои атрофи устод Нурӣ бохабар шудем, бо устод Нурӣ дар тамос шудем. Бо устод Нурӣ алоқа кардани мо бидуни машварат бо домулло Ҳикматуллоҳ сурат гирифт. Мо ӯро дар ҷараён нагузоштем, ки чунин ҳалқаҳое дар атрофи устод Нурӣ ҳаст. Баъдҳо домуллои мӯҳтарам дар чанд ҷой аз ман шикоят кардааст, ки «Давлатхӯҷа омаду шогирдони маро гирифта бурд». Дар асл бошад аз мавҷудияти ҳалқаи атрофи домулло Ҳикматуллоҳ на масъулини ҳаракат дар Душанбе хабар доштанд, на устод Нурӣ.

Ман пеш аз ба хизмати аскарӣ рафтан бо ҳамроҳии мулло Зубайдуллоҳи Розиқ омадам назди устод Нурӣ ва ӯро аз мавҷудияти чунин ҳалқа хабардор кардам ва хоҳиш намудам, ки сарпарастии он ҳалқаро низ ба дӯши худ бигирад. Дар ҳамин ҷо бояд гуфт, ки мулло Зубайдуллоҳ мегӯяд, ки ӯ ҳангоми таҳсил дар пеши домулло Ҳикматуллоҳ аллакай бо эшони Саид Қиёмиддин, ки ҳалқаи худро доштааст, дар иртибот будааст. Вале он ки ман ӯро ҳамчун раҳбари ҳалқае дар атрофи домулло Ҳикматуллоҳ ба назди устод Нурӣ бурдаам, ин худ як факти таърихӣ аст.

-Сабаби рух додани ихтилофҳо чӣ буд?

- Ҳамон вақт дар байни муллоҳои ҷавоне, ки дар пеши домулло Ҳикматуллоҳ мехонданд, масалан як мулло Сафаралӣ мегуфтанд аз Қӯрғонтепа ва домулло Ҳикматуллоҳ дар масъалаи гузаронидани маросимҳои рӯз ва рӯзҳои баъди вафоти мусалмон ихтилофҳо доштанд. Баъд истилоҳи ваҳҳобӣ пайдо шуд. Бояд гуфт, ки домулло Ҳикматуллоҳ ва домулло Муҳаммадии ҳоитии алайҳираҳма аввалин нафароне буданд, ки зидди додани тоқивору оши сари тахтаву ғайра баромада карда буданд.

Маҳз барои аз байн бурдани ҳамин мухолифатҳо ман охирҳои соли 1978 буд бо мулло Ҳомидхӯҷа, ки дар назди домулло Ҳикматуллоҳ дарс мехонд, маслиҳат кардам ва як рӯз устод Нурӣ, домулло Қаландар ва эшони Неъматуллоҳро гирифта ба деҳаи Яккатут ба хонаи домулло Ҳикматуллоҳ омадем. Баҳсу мунозираҳо хеле тезу тунд ва тӯл кашид, аммо, мутаассифона, мувофиқае ҳосил нашуд, бенатиҷа анҷомид.

-Баҳс дар атрофи кадом масъала буд?

- Дар атрофи масъалаи адо кардани маросими пурхарҷи динӣ ва ё накардани он ва инчунин таблиғи ошкор бурдан ва ё набурдан.

Дар ҳамин баҳс домулло Ҳикматуллоҳ зидди мубориза бурдан алайҳи додани иртиш, харҷҳои зиёдатӣ дар маросими ҷаноза ва расмҳои дигари баъдӣ, ки бо ёдбуди майит иртибот доштанд, буд. Ӯ инчунин мухолифи таблиғи ошкорои исломӣ буд. Яъне бо ибораи дигар бигӯем ӯ мухолифи ба сиёсат гаравидани муллоҳои ҷавон буд.

-Ташаккур барои сӯҳбат.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi