01:44:27 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Хабари матбуотии Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон


Раёсати олии ҲНИТ дар
ҷаласаи худ, ки рӯзҳи 8-9-уми апрел баргузор гардид, вазъи кунунии кишвар ва ҳизбро баррасӣ намуда, нисбати ду масъалаи матраҳ шудаи рӯзнома: фишору фазосозиҳои номуносиб болои ҳизб ва омодагӣ ба ҷашни 40- солагии он гузориши шӯъбаҳои минтақавӣ ва марказӣ, инчунин ситоди баргузории ҷашнвораро шунида, бо дарназардошти фиру мулоҳизаҳои аъзои Раёстаи олӣ қарори дахлдор қабул намуд.

hizbi-nahzat-10042013Зимни баҳсу баррасии масоили матраҳшуда, аз ҷумла қайд шуд, ки шуруъ аз соли гузашта дар саросари кишвар аз тарафи мақомоти давлатӣ фишорҳои гуногун болои аъзо ва масъулини ҳизб оғоз гардида, соли ҷорӣ ин гуна амалкардҳо афзоиш ёфтаанд. Таҳлилу муқоисаи фишору рафторҳои масъулин ва мақомот нисбати ҳизб дар маҳалҳо нишон медиҳад, ки онҳо бо ҳам монанд ва тибқи як нақшаву сенариё сурат мегиранд.

Дар ҳама ҷо кӯшиши берун кашидани аъзо аз сафи ҳизб бо роҳҳои гуногун мушоҳида мегардад. Монеъасозӣ дар фаъолиятҳои ҳизбӣ, талоши сиёҳ кардани чеҳраи ҳизб тавассути фаъолони ҷамъиятиву кормандони маошхӯри ташкилоту идораҳо, ҳатто сафарбар кардани баъзе кормандони ташкилотҳои динӣ вақтҳои охир бештар гаштааст. Дар баъзе минтақаҳо фазосозии манфӣ, эҷоди хусумат ва ихтилофандозии баъзе афроди масъул, шабоҳат ба фитнаи ҳамон солхое дорад, ки боиси ҷанги шаҳрвандӣ гардид.

Иштирокчиёни ҷаласаи Раёсати олӣ ишора ба он намуданд, ки пас аз сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣҷомеъа вориди як марҳалаи оромиш ва ҳамдигарфаҳмӣ гашт ва бо истифода аз ин фурсати муносиб дастовардҳои алоҳидаи иқтисодӣ иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳатто сиёсӣ ба даст биёрем.

Вале ҳукумат бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла рушд пайдо кардани фасоди молӣ ва идорӣ, шакл гирифтани усулхои номуваффақи идораи давлатӣ, ақибнишинӣ аз арзишҳои демократӣ ва риоя накардани ҳуқуқи шаҳрвандон натавонист аз ин шароит хуб истифодаи матлуб намояд, ҳатто дар бисёре аз барномаҳои худ ноком монд.

Чунин ба назар мерасад, ки ба ҷойи ислоҳи иштибоҳу ҷалби имкониятҳои тамоми ҷомеъа дар ҳалли мушкилот, баъзе намояндагони мақомот роҳи дигар, яъне эҷоди фазои муташаниҷ ва нооромро барои рупӯш сохтани камбуд ва иштибоҳоти хеш пеша кардаанд.

Агарчи, ҳизбҳои сиёсӣ, дар умум ҷомеъаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ҲНИТ тули ин ҳама солҳо аз худ омодагии фаровон барои ҳамкорӣ ва кӯмак дар ҳалли мушкилот нишон дода, ҳамеша дар баробари мушкилот сабрро пеша ва мардумро ба таҳаммул дар баробари вазъият даъват намудаанд, аммо мақомот инро нишонаи заъфи ҷомеъа ва қудрати бепони худ дониста, таҳмили бештари фишорҳоро пеш гирифтаанд.

Ҳукумат солҳои охир, масъулиятҳои аввалиндараҷаи худ, мисли таъмини ҷои кор, маошу нафақаи сазовор, таъмину эҳтиромгузорӣ ба озодиву ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва ниёзҳои аввалияи иснони муосир, мисли об, барқу газ ва гармиро канор гузошта, бештар думболи дахолат ба корҳои шахсӣ ва хонаводагии мардум гаштааст ва маҳдудиятҳои сиёсиву мазҳабии шаҳрвандонро ба болотарин сатҳ дар таърихи кишвар расонидааст.

Аъзои Раёсати олии ҲНИТ эҷоди ихтилоф ва монеъаҳоро дар роҳ ва фаъолиятҳои ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҲНИТ мухолиф ба қонунгузории кишвар ва рӯҳияи сулҳу вахдат маънидод намуда, вазъияти кунунии кишварро хатарнок барои субот ва амнияти кившар арзёбӣ карданд.

Аз тарафи аъзои Раёсати олии ҳизб роҳу иқдомҳои гуногун барои эътироз нисбат ба рафторҳои ғайриқонунӣ ва пешгирӣ аз фишорҳо матраҳ гаштанд ва ҳар кадоми он мавриди баҳс ва баррасии тулонӣ қарор гирифтанд. Бо вучуди ихтилофи назарҳо дар шева ва услуби вокунишҳои ҳизб ба рафтори мақомоти давлатӣ, ширкатдорони ҷаласа бар ин нуктаҳо тавофуқ доштанд, ки иқдомот бояд дар чорчӯби манофеъи миллӣ ва давлатӣ, пеш аз ҳама қонунгузории кишвар сурат бигирад.

Инчунин, ҳадаф аз ин иқдому вокунишҳо бояд ислоҳи вазъ ва пешгирӣ аз фишорҳои минбаъдаи мақомот алайҳи ҳизб бошад, на ташаннуҷи бештар кардани ихтилофот. Аз ҷумла таъкид шуд, ки шояд баъзе доираҳо манфиатдоранд, ки дар ин соли баргузории маъракаи муҳими сиесӣ- интихоботи президентӣ махсус неруҳои сиёсиро бо ин васила дар муқобили ҳам бигзоранд ва бо ноором кардани вазъият ҳадафҳои худро пиёда созанд.

Ишора ба он шуд, ки дар тамоми дунё ҳукуматхо масъули таъмини амният ва ҳифзи суботу оромиш дар ҷомеъаи хешанд ва дигаронро барои риоя ва таквияти он даъват менамоянд. Аммо дар Тоҷиикистон хилофи ин ба мушоҳида мерасад, маҳз рафтору кирдорҳои мақомоти давлатӣ аксаран боиси барҳам задани амният ва оромиш гашта истодааст ва қишрҳои огоҳи ҷомеъа ҳукуматро ба риоя ва ҳифзи субот даъват мекунанд, чун ноумедӣ фарогири ҳамаи қишрҳо гаштаааст.

Сафарбар кардани ашхоси шубҳанок барои халалрасонӣ дар баргузории нишасту корҳои барномавии ҳизбҳои сиёсӣ (чуноне дар ш. Кулоб ва н. Рудакӣ сурат гирифт), ҷамъ овардани гурӯҳҳо аз ҳисоби занҳо ва ҷавонон аз номи ҳизбҳои сиёсӣ (мисли гирдиҳамойии ахир дар пойтахт дар назди бинои сафорати ИМА ва СММ), бо имзои мустаор нашр намудани маводои манфӣ нисбати аҳзобу шахсиятҳо дар ВАО намунаи корҳоеанд, ки аз тарафи доирҳои номаълум барои эҷоди фитна роҳандозӣ мешаванд.

Беҷазо мондани чунин рафторҳо боиси пайдо шудани фикрҳое мегардад, ки ин ҳама ҳалқаҳои як занҷира буда, аз як марказ идора мешавад. Дар кишваре, ки қонун волоият дорад ва ҳукумат таъмини субот ва ҳуқуқҳоро вазифаи худ медонад, ба ин гуна амалҳо муҷозот пешбинӣ мешавад.

Биноан, аъзои Раёстаи олии ҲНИТ барои пешгирӣ аз фишорҳо болои аъзо ва масъулини ҳизб ва роҳ надодан ба эҷоди бештари ихтилоф пешниҳод менамояд: 

1. Роҳбарияти ҲНИТ дар наздиктарин вақт ва шароити муносиб мавқеъи ҳизбро нисбати вазъияти сиёсиву иқтисодӣ ва воқеъияти фазои сулҳу ваҳдат ба ҷомеъа ироа бидорад.

2. Гурӯҳҳои кориеро аз ҳисоби аъзои Раёсати олӣ, масъулини ҳизб ва шахсиятҳои бонуфуз ба минатқаҳо барои вохӯрӣ бо мардум ва кӯмак расонидан ба бахшҳои минтақавии ҳизб фиристонад.

3. Роҳандозии мулоқоту сӯҳбатҳо, нашри китобу мақолаҳо барои равшании бештари ҳадафу сиёсатҳо ва мавқеъи ҳизб нисбати масоили ҷомеъа ва ошкор кардани сиёсатҳои пешгирифтаи иштибоҳии ашхос ва доираҳое, ки ҷомеъаро ба ихтилофоту буҳрон мекашонанд.

4. Робитаи зичтар бо аъзои ҳизб дар маҳалҳо ва даъвати онҳо барои дода нашудан ба ҳолатҳои фитназо, ки аз тарафи баъзе шахсияту масъулин роҳандозӣ мешаванд.

5. Ҷоннок кардани раванди қабули аъзо ва эҷоди шароити муносиб барои касоне, ки рағбати узвият дар ҳизбро доранд.

6. Расонидани кумаки ҳуқуқиву маънавӣ ва иттилоотӣ ба касоне, ки мавриди фишор ва ҳуқуқвайронкунӣ қарор мегиранд.

Раёсати олии ҲНИТ мақомоти иҷроияи ҳизбро вазифадор намуд, ки василаву мехнизмҳои амалишавии иқдоми мазкурро омода намояд.

Ҳамин тавр, Раёсати олӣ дар мавриди омодагӣ ба ҷашни 40-солагии ҲНИТ ҳам қарорҳои заруриро қабул кард. Аз ҷумла, бо дарназардошти эҳтимолияти иҷро нашудани дархости расмии раҳбарияти ҳизб аз мақомот ҷиҳати ҷудо намудани толори муносиб қарор шуд, ки имконоти мавудаи ҳизбро тақвият бахшад. 

Маркази матбуотии ҲНИТ

09.04.2013, Душанбе



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi