22:12:15 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ: «Ҳимоят аз кишвар, ваҳдат, якпорчагиву ободии он ҷавҳари расидагиҳои сиёсии Нуриро ташкил мекарданд»


Чанде пештар дар дафтари марказии ҲНИТ дар Душанбе ҳамоиш таҳти унвони «Устод Сайид Абдуллоҳи Нур
ӣ ва Тоҷикистони муосир» баргузор гардид, ки дар он таҳлилгари масоили сиёсӣ ва байналмилалӣ устод Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ перомуни паҳлӯҳои фаъоляти сиёсии устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ суханронӣ намуд. Рӯзноманигори мустақил Султони Ҳамад дар ҳошия ин суханронӣ бо Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ сӯҳбате орост. Инак мӯҳтавои ин сӯҳбатро пешкаши шумо хонандагони гиромӣ мегардонем.

abdullo-rashid-07042013ӯҳтарам ҷаноби оқои Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ, бо гузашти солҳо бархе аз сиёсатмадорон ва таҳлилгарони сиёсӣ ба зиндагиномаи устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ назар андохта иддае ӯро ҳамчун сиёсатмадор эътироф кунад, баъзе мегӯянд, ки ӯ як домуллое буд, ки ноҷо худро ба сиёсат ҳамроҳ кард. Шумо, ки ин мавзӯъро хеле амиқ пайгирӣ кардаед, ба кадом хулоса омадаед? Кадом нуқтаи назар дуруст аст?

-Сарвари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) оқои Муҳиддин Кабирӣ зимни суханронии худ дар ҳамоише таҳти унвони «Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Тоҷикистони муосир» фармуданд, ки мутассифона, аксарияти аҳли ҷомеъаи кишварамон поягузори ҳизб Сайид Абдуллоҳи Нуриро ҳамагӣ ҳамчун марди сиёсат медонанду бас.

Сабаби инро оқои Кабирӣ низ ёдовар шуданд. Ба итминони эшон, иллати бадин минвол пазируфтани аҳли ҷомеъаи ҷумҳурӣ Сайид Абдуллоҳи Нуриро, аз ҷумла, камтар аҳамият додани мақомоти аршади худи ҳизб ба мутталеъ сохтани мардуми кишвар аз паҳлӯҳои гуногуни фаъолият ва андешаҳои сиёсиву ғайрисиёсии ӯ мебошад.

Гарчанде ин бардошти оқои Кабирӣ ба дараҷаи зиёд дуруст бошад ҳам, донистани онро ягона омили шинохта шудани Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз ҷониби қисмати бештари мардуми ҷумҳурӣ ҳамчун танҳо сиёсатмадор нашояд. Бадин ҳайсият пазируфта шудани эшонро омили басо бунёдӣ – худи табиати ҷунбиши наҳзати исломӣ дар ҷумҳурӣ, ки расо чиҳил сол муқаддам аз ҷониби ӯ ибтидо гузошта шуда буд, муайян мекунад.

Дар чанде аз мавридҳо сарвари кунунии ҲНИТ ва бархе аз саромадагони он фармуда буданд, ки худи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар оғози кори муназзами наҳзатии худ онро ҳамаги фаъолияте медонистанд, ки ҳам ҷавҳар ва ҳам ҳадафашро ҳифз ва интишори маърифати исломӣ ташкил мекунанд.

Вале дар давлати шӯравӣ, ки давлати ақидатӣ буд ва динситезӣ яке аз унсурҳои муҳимтарини ақидаи шӯравиро ташкил мекард, машғул шудан бо фаъолияти наҳзати исломӣ ногузир ба он тобиши сиёсиро мебахшид. Ҳамин буд, ки талошҳои Сайид Абдуллоҳ Нуриро дар ин ҷода дигарон, ва дар байни онҳо сохторҳои давлатдорӣ, фаъолияти сиёсии ношеъ аз норозигии ӯ ва тарафдоронаш аз вазъи қоим медонистанд. Усулан чунин як бардошт дуруст буд ва дигаргуна буда ҳам наметавонист.

-Ба ақидаи Шумо созмон ёфтани як ҷунбиши сиёсӣ дар даврони шӯравӣ сирф ангезаҳои мазҳабӣ дошт ва ё омилҳои дигар низ дар таъсисёбии он таъсиргузор буданд?

-Ёдовар шудан бамаврид аст, ки шурӯъи фаъолияти маорифпарварии исломии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки ба тадриҷ аз доираи як ҳалқаву маҳфил берун баромаду сифати ҷунбишро касб кард, ҷузъи таркибӣ ва ногусастании падидаи густурдатар ва шомилтар буд, падидаи ҳаракати аҳли илму адаб ва ҳунару фарҳанги ҷумҳурӣ баҳри эҳёи миллӣ. Аз ибтидо ин ҳаракатро мутаваҷҷеҳ буд ба гузашта, ҳамчун эътироз аз вазъу мақоми ҳамонвақтаи забони тоҷикӣ, аз тақвият ёфтани хатарҳое, ки фарҳанги тоҷикон ва худи ҳуввияти қавмӣ (этникии) онҳоро таҳдид мекарданд.

Аз худи оғоз таҳрику такондиҳандаи ин ҷунбиш насли ҷавони ҳамонвақтаи аҳли илму адаб ва ҳунар будаанду нерӯи асосии онро донишҷӯёну хатмкунандагони ҳамоно ҷавони макотиби олӣ ташкил мекарданд. Воқеъияти солҳои 60-ум чунин буд, ки ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса ба ашъори Умари Хайём доштанд. Таваҷҷӯҳи ду ҷавони тавоно – Лоиқ Шералӣ ва Маҳмудҷон Воҳидов, самараҳоеро ба бор овард, ки қуллаи хайёмгароии ҷавонони замон ва сухани тоза дар шеъру ҳунари муосири тоҷик гашт.

Дар роҳи рушди миллатгароии тоҷик намоишномаи монологи Маҳмудҷон Воҳидов «Гуфтугӯбо худ» мақоми хосаро касб кард. Ин намоишнома дар зоти хеш ҳамагӣ андешрониҳои ҳунарпеша дар бобати маънои зиндагӣ ва мақоми инсон дар ин дунё тавассути хондани рубоиҳои шоир буда, қабл аз ҳама, падидаи ба кулли нав дар санъату ҳунари муосири тоҷик буд, на бештар аз он. Вале ҷомеъа рӯи саҳна омадани намоишномаи Маҳмудҷон Воҳидовро ба ҳайси як тазоҳури миллатгароӣ пазируфт. Намоишнома аз доираи сирф фарҳангу ҳунар баромад ва падидаи сиёсӣҷтимоӣ гашт.

-Оё мо метавонем аз дигар зуҳуроти мусбати сиёсие ёдовар шавем, ки ба таъсиси эҳёи ҷунбиши миллӣ таъсир доштааст?

Дар ибтидои солҳои 70-ум ҷунбиши эҳёи миллӣ аз марҳаллае, ки дар он бештар тобиши фарҳангӣ дошт, ба марҳаллаи касб кардани тобиши бештари сиёсӣ гузашт. Ин гузариш умдатан тавассути китоби сирф илмӣ - «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров сурат гирифт. Бобоҷон Ғафуров солиёни зиёд роҳбар ва роҳбари баобрӯи ҷумҳурӣ ё, ба истилоҳи имрӯза, бархурдор аз шаръияти мардумӣ, буданд. Ин шаръиятро, зимни омилҳои дигар, такя кардан дар умури давлатдорӣ ба зодагони қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон, аҳамияти хоса гузоштан ба рушди илму фарҳанг дар ҷумҳурӣ ва машғул будан бо пажӯҳиши таърихи кишвар муайян мекард.

Ҳамоно бо ба табъ расидани «Тоҷикон», худи асар ва муаллифи он рамзи раванди эҳёи миллӣ гаштанд. Мазмуни асар иборат аст аз арзи таърихӣ мардуми тоҷик дар маҷрои рушду инкишофи сиёсӣ, иктисодӣ, иҷтимоӣ, илмиву фарҳангии паҳное, ки маркази онро заминҳои маъруф ба Хуросону Мовароуннаҳр ташкил мекунанад. Аз ин лиҳоз «Тоҷикон» аз дигар асарҳои ҷомеъи Бобоҷон Ғафуров дар ин ҷода фарқи чандон казоӣ надошт.

Он чизе, ки ба асар арзиши ошкорои сиёсӣ, арзиши иҷтимоӣ, арзиши миллӣ ато кард, номи китоб якҷоя бо асоси ақидатие, ки чунини номгузориро боис шуда буд, мебошад. Ҷомеъаи тоҷик «Тоҷикон» номгузор шудани ин асари Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун тасдиқи илмии ҳақиқате, ки таърихи тоҷикону таърихи Хуросону Мовароуннаҳр айни якдигаранд, таллақӣ намуд. Беҳуда нест, ки роҳбарони ҷумҳуриҳои дигари шӯравии собиқи Осиёи Миёна бадин минвол номгузорӣ шудани китоби Бобоҷон Ғафуров ва ба табъ расидани онро хеле муқовимат карда буданд.

Падидор шудани «Тоҷикон» таҳаввулоти бисёри ҷиддиро дар ҳаёти сиёсиву фарҳангии кишвар боис гашт. Аз ин ба баъд муҳити сиёсӣ барои дар ҷумҳурӣ таълиф ёфтану тавассути табъу нашр, тавассути садову симо, тавассути синамо ва саҳнаи театр дастраси мардум шудани асарҳое гуногуни адабӣ, ҳунарӣ, илмӣ ва ғайраву ҳоказо, ки дар боло бурдани шуури худшиносии миллии тоҷикон хидмат мекарданд, то андозае мусоидовар шуд.

-Воқеан, устод Нурӣ борҳо дар мусоҳибаҳои худ таъкид намудааст, ки асарҳои аллома Бобоҷон Ғафуров, махсусан шоҳкитоби ӯ «Тоҷикон», дар ташаккули ҷаҳонбинии сиёсии ӯ ва ҳамраҳонаш нақши боризе доштааст.

- Бале дуруст гуфтед. Ҷунбише, ки дар саргаҳаш Сайид Абдуллоҳи Нурӣ меистоданд, маҳз дар чунини як муҳити фарҳангиву сиёсии ташаккулёбанда – муҳити боло рафтани шууру эҳсоси миллатгароӣ, шууру эҳсоси эҳёи миллӣ пайдо шуд ва унсури таркибӣ ва ногусатании ҳамин падидаи шомил буд. Агар ба табъ расидани «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба раванди эҳёгароии миллии тоҷикон тобиши сиёсӣ дода бошад, таъсис додани Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳалқаи тарафдоронашонро, ки ҷунбиши наҳзати исломиро дар кишвар оғоз бахшид, барои бори нахуст дар чанд даҳсола ва ҳадди ақал, барои як бахши ҳаракати шомили эҳёи миллӣ чаҳорчӯби сохтории амалан сиёсиро фароҳам сохт.

Аз соли 1990 ба баъд ҷунбиши наҳзати исломӣ ба яке аз иштироккунандагони асосӣ ва фаъоли равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон гашт. Тирамоҳи соли 1991, баъд аз дарёфти Тоҷикистон истиқлоли хешро, ин ҷунбиш ба ҳизби сиёсӣ таҳвил ёфт ва аз ҷониби сохторҳои расмииҷумҳурӣ сабти ном щуд. Соли 1993 ҳизб мақоми унсури асосии Иттиҳоди нерӯҳои опозисиюни тоҷик (ИНОТ)-ро соҳиб шуд ва сарварии он ба дӯши Сайид Абдуллоҳи Нурӣ уфтод.

-Бале, таъсиси ИНОТ дар як давраи хеле мушкили ҳаёти кишвар, дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ сурат гирифтааст. Бояд гуфт, ки ин рухдод дар хориҷ аз кишвар ба вуқӯъ пайвастааст. Роҳбарӣ кардан ба як Иттиҳодияе, ки чандин ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои мардумиву ҷамъиятиро муттаҳид месохт, кори содда набуд.

-Оре. Бояд гуфт, ки то созмон ёфтани ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нуриро берун аз доираи аъзои ҷунбиши наҳзати исломӣ ва, сипас, ҳизби сиёсие, ки дар асоси он ташкил шуда буд, теъдоди на чандон зиёди мардум мешинохт. Пас аз созмон ёфтани ИНОТ ва, хосатан, пас аз шурӯъи раванди музокироти сулҳи тоҷикон ӯмаъруфият ва мақоми сиёсатмадори сатҳи умуимиҷумҳуриявӣ ва умумимиллиро касб намуд.

Густариши раванди сулҳофарӣ, расидан ба созишномаҳои сулҳ ва татбиқи амалии онҳо, нигаҳдорӣ ва таҳкими сулҳ ӯро ба мартабаи узви, ба истилоҳ, «тандеми» роҳбарикунандаи ин раванд ва шахсияти байналмилалӣ бардоштанд. То дами вопасини худ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ин мақомро соҳиб ва аз эҳтироми ҳамагон, аз ҷумла ҳар ду тарафи собиқи даргир, бархурдор буданд.

Дар қатори омилҳои дигар, чунин як мақоми баланди Сайид Абдуллоҳи Нуриро вижагиҳои ҳар ду унсури фаъолияти сиёсии ӯ - диди умдаи сиёсӣ ва мавқеъгириҳои амали ӯ дар нисбати ҳам раванди умумии эъмори давлатдории нави тоҷикон ва ҳам вазъияту мушкилаҳои алоҳидаи мушаххас, боис шуданд. Воқеъияти имрӯзаи паҳнои суннатии интишори ислом, ки Тоҷикистон баъд аз дарёфти истиқлоли хеш пайвастагии худро бо он беш аз пеш барқарор мекунад, махсусан давлатҳои арабтабор, як вижагии басо муҳимми расидагиҳои сиёсии Сайид Абдуллоҳи Нуриро актуалӣ месозад.

Бозтоби фаъолияти сиёсии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, аз бозе, ки сарварии нерӯҳои мухолифинро ба ӯҳда гирифтанд, ва то риҳлати хеш аз ин дунёи фонӣ, аз он гӯё аст, ки эшон ҳам нерӯҳоеро, ки дар сари қудрат қарор доранд, ва ҳам мухолифини онҳоро ба дараҷаи баробар масъул ва ҷавобгарӣ амният ва якпорчагии Точикистон медонистанд.

Дар маҷрои татбиқи амалии ин мабдаъ ба ҳайси пешвои ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ пайваста мекӯшиданд, ки нерӯҳои мухолифин дар фаъолияти сиёсии худ аз тасмимгириҳое парҳез кунанд, ки билохира метавонанд ба кишвар зарарҳои ҷуброннопазир расонанд ва ҳатто худи бақои онро таҳдид кунанд. Ҳамин буд, ки эшон на танҳо амалан даст задани мухолифинро, ба хотири расидан ба ҳадафҳои хеш, ба тадвил ё худ байналмилалӣ сохтани мушкилоту мухолифоти дохилии сиёсии тоҷикон, балки ҳатто ҳамагӣ раво донистани чунини як амрро яке аз ҳамин гуна тасмимгириҳои басо хатарнок медонистанд ва қатъиян радд мекарданд.

-Мехостам дар бораи дигар вижагиҳои сиёсатмадории устод Нурӣ муфассалтар сухане чанд бигӯед

-Вижагии хеле назарраси сиёсатмадории Сайид Абдуллоҳи Нуриро тавони ӯ сабақбардорӣ аз рӯйдодҳои гузаштаву кунунӣ ташкил мекард. Маълум аст, ки дар арафаи сарнагун шудани аморати Бухоро яке аз мухолифини шадиди амири охирин тоифаи соҳибкорони муқтадири аморат, ки бо соири олам доду гирифт мекарданд, буданд. Вазъи мавҷудаи сиёсии кишвар рушди иқтисодии онро ба ваҷҳи ом, ва пешравии иқтисодии ин тоифаро, ба ваҷҳи хос, ҷиддан монеъ мегашт.

Ҳамин буд, ки онҳо талошҳои ислоҳотталабонро дар аморат ҳаматарфа, аз ҷумла аз ҷиҳати молиявӣ, тайид мекарданд. На соҳибкорон ва на зиёиёни ислоҳотталаб – ҷадидон, дар фикри аз байн бурдани давлатдории мавҷуда набуданд. Онҳо ҳамагӣ замонавӣ шудани онро мехостанду умеди худро ба тахдиси давлат ба расидан ба қудрат валиаҳд Олимхон, ки дар Петербург таҳсили улуми низомӣ мекард, баста буданд.

Аснои дар Петербург будан, амири оянда Олимхон феълан маълум мекунонд, ки роғиби ислоҳоту тахдис мебошад. Баъд аз бозгашт ӯ бо воқеъияти феълии аморати Бухоро бархурд ва ин воқеъият чунин буд, ки аксарияти ҷомеъаи кишвар аз ҳар лиҳоз омодаи қабули фикри ислоҳоту тахдис набуд. Амир Олимхон тавони муқовимати воқеъияти мавҷударо надошт ва аз майлу амал дар ростои ислоҳоту тахдис даст кашид.

Дар навбати худ, ислоҳотталабони тахдисгаро аз сабаби набудани заминаи казоии иҷтимоӣ ва сиёсии дохилӣ мустақилона ба нафъи худ дигаргун сохтани вазъи қоим наметавонистанд. Дар чунин як шароит, баҳри дарёфти тайиди нерӯҳои беруна онҳо ба самтҳои гуногун рӯ оварданд. Воқеъияти таърихии ҳамон давра чунин буд, ки раддулфеъли лозимаи амалиро танҳо аз Русияву Инглисистон, ки аз имконоти зиёди таъсиррасонӣ ба рафти умур дар минтақа бархурдор буданд, мунтазир шудан мумкин буд. Ҳар дуи ин кишвар, ҳар кадоме ба таври худ, вориди амал шуданд, вале раддулфеъли Русия густурдатару ҷиддитар буд.

Натиҷаи натавонистану нахостани амиру атрофиёнаш ва нухбагони ҳокими аморат гузарондани ислоҳоти зарурӣ ва муроҷиати мухолифини онҳо ба нерӯҳои беруна ба ҳамагон маълум аст. Аморати Бухоро ҳамчун давлати мустақил аз байн бурда шуд. Ҷойгузини он – Ҷумхурии Халқии Бухоро, ки аз ибтидо ғайримустақил буд, баъд аз чанде низ аз байн бурда шуд. Амири вожгуншуда бақияи умрашро дар ғарибӣ гузаронд.

Онҳое, ки ҳамроҳи нерӯи бегона ӯ ва атрофиёнашро аз тахту аз кишвар рондаанд, низ дар сари қудрат дер напоиданд ва дар рафти «поксозиҳо»-и шӯравӣ аз ҷониби давлати шӯрави ба қатл расонда шуданд. Бар замми ҳамаи доругирҳои сиёсии замона тоҷикон дар байни чанд ҷумҳурӣ таксим шудаанду аз марказҳои таърихии сиёсиву фарҳангии худ маҳрум гаштанд ва худи ин марказҳо дар тӯли даҳсолаҳои аҳди шӯравӣ мақоми пешбари пешини худро ба куллӣ аз даст дода, то ба сатҳи шаҳрҳои муқаррарии музофотӣ фаромаданд.

-Бале, устод Нурӣ аз таърих хеле хуб воқиф буд ва сабақ омӯхтан аз воқеаҳои таърихиро ҷузъи фаъолиятҳои сиёсии худ медонист. Дар ҳамин ҳол вазъи кунунии ҷаҳонро хеле амиқ меомӯхту таҳлил мекард.

- Ман ҳам ҳоло ҳаминро шарҳ доданӣ ҳастам. Дар охири соли 1979 давлати шуравӣ лашкари худро ба Афғонистон кашид, гӯё ба хотири тайиди нерӯҳое, ки моҳи апрели соли пешин ба сари қудрат дар ин кишвар расида буданд. Вале боястӣ ёдовар шуд, ки нахустин қурбонии ин лашкаркаши сарвари феъли кишвар – Ҳафизуллоҳи Амин ва аҳли байти ӯ ва баҳрабурдагон – мухолифини ҳамҳизбу ҳамаслакони собиқаш гаштанд.

Ин ҳамаслакону ҳамҳизбиёни собиқи Ҳафизуллоҳ Амин, ки аз ҷонибиӯ таъқиб мешуданд, имконоти давлати шӯравиро воситаи хуби расондани хеш ба султа медонистанд. Манфиатҳои давлати шуравӣ, ки аз сиёсатрониҳои Хафизуллоҳ Амин ҷиддан норозӣ буд, ва мухолифини ҳамҳизби ӯ ба ҳам омадаанду аз ҳамон вақт ва то ба имрӯз, яъне беш аз сиву се сол, Афғонистони ҳамсояи ваҳдати сиёсиро аздастдода оромиро намедонаду ҳама намуди бегонагон хоку замини онро ба ҷавлонгоҳи худ табдил доданд.

Сайид Абдуллоҳи Нури ин вазъи ногувори ҳамсоягонро дида, такрори чунин ҳолатро ба ҳеҷ ваҷҳ намехостанд ва, ба ҳайси сарвари ИНОТ, барои худ як мабдаъро қарор доданд, ки онро сахт риоя мекарданд – мухолифати тоҷикон -қазияи дохилии худи тоҷикон аст ва онро худи тоҷикон бояд ва метавонанд ҳаллалу фасл кунананд.

Ҳамин буд, ки дархостани мусоидати размандагони бегонатаборро, яъне такрор намудани таҷрибаи мухолифони низоми Бабраку Наҷибуллоҳро, ки фаровон аз размандагони бегонатабор истифода бурданд, қатъиян намепазируфтанд. Миёнаравии бегонагонро, агар он барои ба ифоқа овардани тарафайни даргири тоҷик равона шуда бошад, қабул доштанд, аммо бо дархостҳои баъзе аз худиҳо ва ё пешниҳодихои ғайрихудиҳо дар бобати ҷалб намудани размандагони бегонатабор шадидан рад мекарданд.

Дурустиву амалгароӣ ва хирадмандии чунини як қарору тасмими сиёсии Сайид Абдуллоҳи Нуриро чун сарвари ИНОТ рӯйдодҳои даҳсолаи ахир дар кишварҳои араб исбот карданд. Тавре коршиносону муҳаққиқони худи Амрико мефармоянд, яке аз омилҳое, ки тасмимгирии роҳбарони пешини ин кишварро дар бобати кашидани лашкар ба Ироқ осон намуд, исрору таъкидхои мухолифони Саддом Ҳусейн буд, ки мегуфтанд мардуми Ироқ низомиёни Амрикоро ҳамчун озодкунандагон аз истибдоди ӯ бо гулчамбарҳо пешвоз мегиранд.

Акси ҳол шуд. Муқовимати мардум ва хасорати сиёсӣ, маънавӣ ва молиявии ҳангуфт раиси кунунии Иёлоти Муттаҳидаро музтар сохт, ки лашкариёнашро аз Ироқ барорад. Бегонагон рафтанд, вале паси худ кишвари харобгашта, порашуда ва нооромро гузоштанду сабабгори ин ҳолатро на танҳо бегонагон, балки мухолифини низоми пешинро низ бояд донист.

Дар нимаи дуввуми ферали моли 2011 нооромиҳо дар Либиё сар заданд. Чанд вақте нагузашта мухолифони низом ошкоро дахолати мусаллаҳонаи кишварҳои бохтарзаминро дархост намуданд. Ҷавобан ба дархостҳои мухолифини Муаммар Қаззофӣ ин кишварҳо ба бомбаборонкунии Либиё ва ҳатто ирсоли дастаҳо аз нерӯҳои таъйиноти хоси худ пардохтанд. Ҷанги шахравандӣ чанд моҳ тӯл кашид ва дар баробари вожгун сохтани низоми пешин ва кушта шудани сарвар харобии кишварро ба бор овард.

Аз байн ду сол гузашт, вале ҳамоно дар кишвар қумондонҳои майдонӣ ҳукм меронанду тартибу низом, давлатдории пурнуфуз, вазъи хуби иқтисоди кишвару мардум чандон ба назар намерасаду аз сиёсати мустақили пешини давлати Либиё ва мақому мавқеъи пурнуфузи он дар арсаи байналмилалӣ асаре намондаст. 

Ҳамчунини беш аз якунимсол аст, ки ҷанги шаҳрвандии хонумонсӯз дар Сурия ҳукмфармост. Мухлифини ҳукумат аз ибтидо дахолати мусаллаҳонаи кишварҳои бегонаро хоста буданд. Ин дахолат, агарчанде дар шакли бевоситаи иштироки нерӯҳои давлатҳои бегона набошад хам, феълан ҷой дорад. Размандагони бегонатабор аз атрофу акнофи олам дар ҷанги дохилии кишвар иштирок мекунанд.

Азбаски онхо бегонатаборанд, ба осонӣ даст ба хароб кардани зерсохторҳои иктисодӣ мезананд. Илова бар ин, кишвар ба майдони баробаркунии ҳисобҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомии абарқудратҳову муттафиқони минтақавиву маҳаллии онҳо мубаддал гашт. Шаҳру деҳоти ободи Сурия харобазор гаштанду баъзе аз ҳамсоягонаш бо истифода аз фурсат машғули таҷзия намудани корхонаҳои комил ва ба қаламрави худ кашида бурдани мошинолоти онҳо мебошанд. Низоъи ошкорои мусаллаҳонаи тоифию мазҳабӣ як амри воқеӣ гашт. Давлатро таҷзияву порашавӣ таҳдид мекунад.

-Яъне шумо гуфтанӣ ҳастед, ки устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар фаъолияти сиёсии худ ҳамеша манфиатҳои миллӣ, якпорчагии кишвар ва ваҳдати мардуми Тоҷикистонро дар қадами аввал мегузошт ва баъдан манфатҳои гурӯҳиву ҳизбиро?

- Оре. Дар охири солҳои 90-м дар ҳайати нозирони низомии СММ дар Тоҷикистон Хосе Кабрера ном корманди байналмилалӣ ифои вазифа мекард. Ӯ аз Салвадор ва дар солҳои пешин узви Ҷабҳаи Фаробундо Марти буд. Ин ҷабҳаи чапгарову миллатгаро алайҳи низоми ҳоким муборизаи чирикӣ мебурд. Боре аз ӯ пурсон шуданд, ки чаро Ҷабҳа ба хотири сарнагун кардани низом зерсохторҳои иқтисодии кишварро ҳадафи амалиёти чирикии худ қарор намедод. Ҷавоби ӯхеле аҷиб буд. Ӯ мегуфт: Нахуст, мо зидди низом мубориза мебурдем, на зидди кишвару мардум. Пасон, мо муборизаро на барои он мебурдем, ки соҳиби кишвари сӯхтаву валангоршуда гардем ва баҳри барқарор кардани он дубора мутеъи дигарон шавем.

Баъд аз фавти Хуго Чавес, пешвои Венесуела, Энрике Каприлес, ки дар интихоботи президентии тирамоҳи соли гузашта бо ӯ рақобат мекарду аз дасти ӯ сахт шикаст хӯрда буд, дар посух ба суоли яке аз рӯзноманигорон суханони хеле аҷиб ва ҳам наҷибро гуфт: Ман рақиби сиёсии Чавес будам, на душмани ӯ.

Барои фарҳанги сиёсии Сайид Абдуллоҳ Нурӣ ҳамчун сарвари ИНОТ ва баъдан раиси Комиссияи Оштии Миллӣ ҳардуи ин мабдаъ – ҳимоят аз кишвар, ваҳдат, якпорчагиву ободии он ва донистани сиёсат майдони рақобати созанда, на душманӣ, басо хос буданду ҷавҳари расидагиҳои сиёсии ӯро ташкил мекарданд. Равост ҳамин расидагии сиёсиро  саҳмгузории пурарзиштарини ӯ ба ганҷинаи фарҳанги сиёсии муосири тоҷикон донист.

Мусоҳиб Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi