14:41:57 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АЛИАСҒАРИ ШЕЪРДӮСТ: «НАВРӮЗ МУБОРАК БОД!»

Муддате пеш хабарнигори торномаи «Рӯзгор» бо чанд суоле ба Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби оқои Алиасғари Шеърдӯст муроҷиат карда буд. Дар арафаи ҷашни бостонии Наврӯзи хуҷастапай ҷаноби оқои Шеърдӯст ба ин саволҳои хабарнигори мо лутфан посух гуфтанд, ки ҳамакнун онҳоро пешкаши Шумо, муштариёни гиромии торномаи «Рӯзгор» мегардонем.

/images/stories/2013/03/18_1-aliasghar_180313.jpg-Сиву чаҳор сол мешавад, ки Эрони бостонӣ Наврӯзи хуҷастапайро дар низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷашн мегирад. Таи ин муддат Эрон чӣ дастовардҳое доштааст, ки тавассути ҷомеаи ҷаҳонӣ таъйид ва эътироф шудаанд?

-Ба номи Худованди ҷону хирад,

К-азин бартар андеша бар нагзарад.

Худованди ному Худованди рой,

Худованди рӯзӣ деҳу раҳнамой.

Бо арзи салом ба хонандагони сайти «Рӯзгор», пешопеш иди бостонии Наврӯзро ба тамоми мардуми Эрон ва Тоҷикистон табрик арз намуда орзӯ дорам, ки соли ҷадид ва иди ҷадид пур аз хубӣ, хушӣ ва саодат барои мардуми ду кишвар бошад.

Аммо дар ҷавоб ба саволҳо бояд арз кунам, ки тамоми талоши масъулин ва дастандаркорони низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ибтидои пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар Эрон талош дар ҷиҳати истиқлоли кишвар дар заминаҳои мухталиф будааст.

Ҳамон тавре ки медонем, дар солҳои қабл аз пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон, кишвар дар ҳамаи заминаҳо – саноат, кишоварзӣ, илм ва технология вобаста ба кишварҳои хориҷӣ буд. Аммо баъд аз он саъйи масъулон қатъи вобастагӣ ба хориҷ аз кишвар ва тавлиди илм, фановарӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра дар дохили Эрон бо таваҷҷӯҳ ба вуҷуди тавони ин кор дар дохили кишвар будааст.

Натиҷаи ин сиёсат пешрафти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тамоми заминаҳо таи солҳои баъд аз пирӯзии инқилоб будааст. Дар ҳоли ҳозир Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаҳои мухталиф дар сатҳи кишварҳои аввали ҷаҳон қарор дорад. Дар ҳоли ҳозир Ҷумҳурии Исломии Эрон  дар заминаи илм ва технологияҳои ҷадид  назири технология, селулҳои бунёдин, энергияи сулҳомези ҳастаӣ ва ғайра дар байни кишварҳои соҳиби илмҳои ҷадид дар зинаҳои болоӣ қарор дорад.

Дар заминаи кишоварзӣ мо тақрибан ҳамаи маҳсулотро дар дохили кишвар тавлид мекунем ва тақрибан ниёзе ба воридоти ин маҳсулот аз хориҷи кишвар надорем. Дар арсаҳои низомӣ низ ба кумаки мутахассисони дохилии худамон тамоми ниёзҳоямонро таъмин ва тавлид мекунем ва ба ҳеҷ кишвари хориҷӣ вобаста нестем.

Дар заминаи баҳрабардорӣ аз энергияи сулҳомези ҳастаӣ ва илмҳои дигар низ мо ба пешрафтҳои зиёде даст ёфтаем. Ба унвони мисол, аз ин фановарӣ дар заминаи пизишкӣ ва тавлиди дору барои беморон ва ҳамчунин тавлиди тухмиҳои фановаришуда, дар заминаи тавлиди маҳсулоти ҷадиди кишоварзӣ истифода мешавад. Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳоли ҳозир дар қатори даҳ кишвари дорои фановарии сулҳомези ҳастаӣ аст ва дар клуби кишварҳои дорои тавони ҳастаӣ пазируфта шудааст.

- Таҳримҳои иқтисодии бархе аз кишварҳои ғарбӣ дар ин авохир ба иқтисод ва зиндагии мардуми Эрон чӣ таъсире доштаанд?

-Аз ибтидои пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон, мо аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ ва махсусан Америка мавриди таҳрим қарор гирифтаем. Яъне, аз соли 1980 мардуми Эрон бо ин таҳримҳо ошно шуданд ва то кунун, ки 34 сол аз инқилоб гузаштааст, бо эъмоли фишори Америка бар Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Америка, кишварҳои урупоӣ ва дигар кишварҳои ғарбӣ мавриди таҳрим қарор гирифтаем. Ин таҳримҳо ҳарчанд мушкилотеро барои мардум ва давлат ба вуҷуд овардааст, лекин як таъсири бисёр хуб ҳам доштааст. Ба тавре ки аз ҳамон ибтидо рӯи пои худ истодаем ва фаҳмидем, ки дар дунёе ба ин бузургӣ танҳо ҳастем ва бояд, ки  дар муқобили онҳо биистем.

Мардуми Эрон бо вожаи таҳрим ва эъмоли фишори кишварҳои ғарбӣ ва бавижа Америка ошно ҳастанд ва ин таъбир барои мардуми Эрон вожаи бегонае нест. Дар ҳоли ҳозир низ ин кишварҳо Чумҳурии Исломии Эронро мавриди таҳрим қарор додаанд, вале монанди гузашта мардуми Эрон ҳамвора ҳомии давлат ва низом мебошанд ва ҳеҷгоҳ дар муқобили ғарб ва кишварҳои ғарбӣ таслим нахоҳанд шуд.

- Ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳури Исломии Эрон ва ҳумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ дар чӣ сатҳе қарор дорад, чӣ тағйирот ва пешрафтҳое дар ин замина ба амал омадааст?

-Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ибтидои истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора ба унвони яке аз чанд кишвари аввал дар заминаи сармоягузорӣ ва фаъолиятҳои ободонӣ дар Тоҷикистон будааст. Ҳарчанд дар ибтидои истиқлол ва шурӯи ҷанги дохилӣ замина ва фурсати сармоягузорӣ муҳаё набуд, вале мардум ва давлати Эрон ҳамвора ва дар лаҳзаҳои сахт дар канори мардуми Тоҷикистон будаанд.

Дар ҳоли ҳозир яке аз муҳимтарин кишварҳои фаъол дар заминаи тавлид, ободонӣ, сармоягузорӣ дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ дар Тоҷикистон будааст. Беш аз 150 ширкати Эронӣ дар Тоҷикистон сабт шудаанд, ки дар заминаҳои мухталиф монанди тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ, роҳсозӣ, саддсозӣ, нақбсозӣ ва ғайра фаъол мебошанд. Дар соли гузашта ҳаҷми мубодилоти иқтисодӣ ва содироти Эрон ба Тоҷикистон дар оморҳои расмии гумруки Тоҷикистон беш аз 250 миллион доллар будааст.

Ин дар ҳолест, ки бино бар оморҳои ғайрирасмӣ сатҳи содирот ба беш аз 500 миллион доллар дар сол мебошад. Мо бовар дорем, ки ин миқдор сатҳи бисёр каме барои ду кишвари ҳамзабон ва муттаҳиди истротежик аст ва умедворем бо фароҳам омадани шароити мусоид сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, теъдоди бештаре аз ширкатҳои давлатӣ ва бавижа хусусӣ вориди Тоҷикистон гарданд.

- Лутфан сухане чанд дар бораи муносиботи илмӣ ва фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон бифармоед, чӣ таҳаввуле дар ин авохир дар ин замина ба вуҷуд омадааст. Барномаи телевизиони муштараки се кишвари форсизабон чӣ вақте пахш хоҳад шуд?

/images/stories/2013/03/18_2-aliasghar_180313.jpg-Ҳамон гуна, ки медонед тамоми фаъолиятҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, ки дар заминаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва ғайра сурат гирифтааст дар бистари фарҳангӣ шакл гирифтаанд, чаро ки ба сабаби иштироки амиқи фарҳангӣ, ки байни мо ва Шумо назири забон, фарҳанг, таърихи дин ва ғайра вуҷуд дорад боис гашта, ки фаъолиятҳои фарҳангӣ дар авлавияти равобити байни ду кишвар қарор доштааст.

Дар ҳоли ҳозир фаъолиятҳои фарҳангӣ байни ду кишвар бештар заминаи табодули ҳайатҳои фарҳангӣ ва рафту омади аҳли зиё ва фарҳанг ва шахсиятҳои матраҳи фарҳангии ду кишвар, баргузории намоишгоҳҳои гуногун назири намоишгоҳи китоб, наққошӣ, табодули устодон ва донишҷӯ, ширкат дар ҷашнвораҳои ҳунарӣ назири филм, театр, мусиқӣ, чопи китобҳои гуногун, баргузории ҳафтаҳои фарҳангӣ, баргузории мусобиқоти варзишӣ ва ширкат дар мусобиқоти варзишӣ байни ду кишвар, бастани қарордодҳо ва тафоҳумномаҳои ҳамкориҳои илмӣ, омӯзишӣ ва пажуҳишӣ байни вазоратхонаҳо ва донишгоҳҳои ду кишвар ва ғайра мебошад.

Ба унвони намуна дар тайи ду соли гузашта ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Наврӯзи соли гузашта ва ҳафтаи фарҳангии шаҳри Табрез дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе баргузор гардид, ки бо истиқоли гарми мардуми Тоҷикистон рӯ ба рӯ шуд. Сеюмин давраи мусобиқоти паҳлавонии зӯрхонаии Осиё дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Вазорати улум, таҳқиқот ва фановарии Ҷумҳурии Исломии Эрон шароит ва имконоти лозимро барои беш аз 300 хонанда ва донишxҷӯи тоҷик фароҳам намуда, то ба сурати ройгон дар донишгоҳҳои Эрон таҳсил намоянд.

Беш аз ду ҳазор донишҷӯи эронӣ, ки бештар дар давраи аспирантура мебошанд дар дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Ҳама сола теъдоди қобили таваҷҷӯҳе аз китобҳои нависандагон ва андешмандони тоҷик дар чопхонаи «Пайванд»-и Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе чоп ва дар дастраси мухотибон қарор мегирад. Ҳар сол беш аз 150 нафар аз нухбагон, шоирон, нависандагон ва аҳли фарҳангу илми Тоҷикистон дар намоишгоҳи китоби Теҳрон, ки бузургтарин намоишгоҳи китоб дар сатҳи минтақа мебошад, ширкат намуда ва аз китобҳои нави чопшуда дар Эрон ва дигар кишварҳои ҷаҳон истифода менамоянд.

Ба таври хулоса, агар бигирем фаъолиятҳои фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон арсаҳои гуногунеро шомил мебошад, ки дар ин фурсати кӯтоҳ мо танҳо чанд намунае аз онро баён намудем ва эъломи тамоми ин барномаҳо ниёз ба замони зиёдеро металабад, ки шояд дар ҳавсалаи хонандагони ин мусоҳиба набошад.

Пружаи таъсиси телевизиони муштараки кишварҳои форсизабон ба номи «Наврӯз» дар соли 2006 дар ибтидо аз ҷониби ҷаноби оқои доктор Аҳмадинажод – раиси мӯҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон матраҳ шуд, ки бо истиқболи ҷаноби оқои Раҳмон – раиси ҷумҳури мӯҳтарами Тоҷикистон ва ҷаноби оқои Карзай – раиси ҷумҳури мӯҳтарами Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қарор гирифт. Аммо ин барномаи муштарак бо вуҷуди тамоюл ва талошҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон бо монеаҳое аз ҷониби дигар тарафҳо мувоҷеҳ шудааст.

Сафорати Эрон таи се соли ахир сохтмону васоили лозим ҷиҳати эҷоди ин шабакаи телевизионӣ ва махсусан таҷҳизоти онро аз кишварҳои Олмон ва Ҳуланд харидорӣ намуда ва дар ҳоли ҳозир дар гумруки Тоҷикистон қарор дорад. Ба назари банда афроде дар Тоҷикистон ҳастанд, ки бо вуҷуди тамоюли сареҳу ошкори ҷаноби оқои Раҳмон, хоҳони роҳандозии ин телевизион намебошанд, ки умедворам ба зудӣ ин мушкил бартараф шуда ва шоҳиди ифтитоҳи он бошем.

- Соли 2006 Комиссияи ҳамкории се кишвари форсизабони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон таъсис ёфта буд. Ин Комиссия то чӣ ҳадде фаъол буд, чӣ корҳоеро анҷом дод ва дар оянда чӣ барномае дорад?

Комиссияи муштараки ҳамкориҳои сеҷониба миёни се кишвари форсизабони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар аввалин иҷлоси раисони ҷумҳурии се кишвар дар шаҳри Душанбе дар июли соли 2006 мавриди мувофиқа қарор гирифт ва ҳадаф аз он эҷоди як механизми созгор ва сохтори якҷою мушаххас (бо меҳварияти вазоратхонаҳои корҳои хориҷии се кишвар) барои густариши ҳамкориҳои сеҷониба ва пайгириву иҷро намудани ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии миёни се кишвари форсизабон буд.

Ташкили ин Комиссия муҷаддадан дар иҷлоси сарони се кишвар дар тобистони соли 2010 мавриди таъкиди раисони ҷумҳур қарор гирифт. Аммо, мутаасифона бо вуҷуди пайгириҳои мутааддиде, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон барои амалиётӣ намудан ва шурӯъ ба кори ин Комиссия намуд, ҳанӯз мувофиқатҳо дар сатҳҳои пойинтар барои баргузории нишастҳои кории он ҳосил нашудааст.

Тарафи эронӣ дар соли гузашта расман ба тарафҳои тоҷику афғон омодагии мизбонии аввалин нишасти кории Комиссия бо ҳузури вазирони корҳои хориҷа ва низ бо ширкати вазоратхонаҳо ва созмонҳои марбута бо ин навъ аз ҳамкориҳоро ба ду тарафи дигарро эълон намуд. Тарафи Тоҷикистон омодагии нисбӣ аз худ нишон дод, аммо мутаасифона тарафи афғонӣ ҳеҷ гуна ҳамкорӣ дар ин замина надоштааст. Умедворем бо бартараф шудани монеаҳои мавҷуд дар Афғонистон, ин амри муҳим ҳарчӣ зудтар амалиётӣ ва иҷроӣ гардад.

- Сайидмуҳамади Боқири Харозӣ яке аз сиёсатмадорони эронӣ чанд рӯз қабл эълон кард, ки агар дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пируз гардад, тамоми сарзаминҳои ҷудошуда аз Эронро бе рехтани як қатра хун ба кишвар бар мегардонад. Ӯ аз кишвари мустақили Тоҷикистон низ ном бурд. Назари расмии давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавриди ин иддао чист?

-Ҷумҳурии Исломи Эрон ҳамвора ба истиқлол ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром гузоштааст. Ҳамон гуна, ки ҳамагон иттилоъ доранд, Эрон аввалин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва аввалин кишваре низ будааст, ки Сафорати худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намудааст. Мо чӣ дар замони ҷангҳои дохилӣ ва чӣ дар замони сулҳ ҳамвора дар канори мрдуми Тоҷикистон буда ва ҳастем ва хоҳем буд.

Аммо ин, ки як нафар ки на таҷрибаи сиёсӣ дораду на масъулияте дар кишвар дорад, бинобар ноогоҳӣ ва надоштани иттилоъ аз масоили рӯзи ҷаҳонӣ чунин масъалаеро матраҳ намуда, на аз ҷониби мардум ва на аз тарафи Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди қабул намебошад ва ношӣ аз ҷаҳолат ва нодонии ин фард аз ҳуқуқ ва тааҳудоти байналмилалии кишварҳо мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мустақил аст, ки аз ҷониби тамоми кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба расмият шинохта шудааст.

Ба унвони сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба намояндагӣ аз тамоми мардуми Эрон натанҳо ин изҳоротро маҳкум мекунам, балки ба унвони касе ки аз ибтидои истиқлоли Тоҷикистон ҳамвора бо мардуму Давлати Тоҷикистон ҳамроҳу ҳамгом будаам ва дар канори онон будаам, эълони ин гуна изҳоротро сирфан ношӣ аз беиттилоӣ ва ноогоҳии ин афрод медонам.

Барои ҳама мардуми азизи Эрону Тоҷикистон орзӯи саодат, хушбахтӣ ва тӯли умр дар иди бостонии Наврӯз дорам.

Мусоҳиб Султони Ҳамад, сардабири торномаи «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi