08:22:44 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАҒЙИРИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ РАҲМОН: УЗБАКИСТОН ДАР САДРИ АВЛАВИЯТҲО

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон вазорати хориҷаи ин кишварро дастур дод, ки кунсепсиюни ҷадиде дар бораи сиёсати хориҷии ин кишвар таҳия ва ба давлат ироа кунад. Ба назар мерасад беҳбуди равобит бо кишвари ҳамсояи Узбакистон, ки солҳост бо Тоҷикистон миёнаи хубе надорад, аз аҳдофи меҳварии ин кунсепсиюн хоҳад буд.

/images/stories/2013/03/17_karimov_rahman_170313.jpgЭмомалӣ Раҳмон баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъаи 15 март зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи сохтмони ҷадиди Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ки кунсепсиюни сиёсати хориҷие, ки дар моҳи сентябри соли 2002 тасвиб шуд, ба таҷдиди назар ниёз дорад. Вай мақомҳои Ҳукумат ва Вазорати хориҷаи Тоҷикистонро дастур дод, ки тарҳи кунсепсиюни ҷадидро бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоте, ки тайи солҳои ахир дар арсаи байналмилалӣ сурат гирифта, то охири соли милодии ҷорӣ таҳия ва ба давлат пешниҳод кунанд.

Оқои Раҳмон гуфт: "Ҷавҳари кунсепсиюни нави сиёсати хориҷии Тоҷикистон бояд иборат аз он бошад, ки сиёсати хориҷии давлат дар раванди татбиқи манфиъатҳои миллӣ пайгирона пеш рафта, ҳарчи бештар комёб гардад. Самтҳои муҳим ва унсурҳои зотии он бояд воқеъбинӣ ва мутаносибӣ бошанд."

Ҳамкории созанда

Аз замони ба қудрат расидани худ дар 20 соли пеш Президент Раҳмон Русияро ҳамвора шарики истротежики Тоҷикистон хондааст. Аммо тайи солҳои ахир равобити ду кишвар тира шуда ва унвони "шарики истротежик" гаҳгоҳе ба кишварҳои дигаре, мисли Эрон, ҳам итлоқ шудааст.

Аммо ба назар мерсад, ки дар кунсепсиюни ҷадиди сиёсати хориҷии Тоҷикистон Узбакистон мақоми меҳварӣ хоҳад дошт. Зимни тавзеҳи равобит бо кишварҳои хориҷӣ оқои Раҳмон ба таври камсобиқае Узбакистонро дар садри авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дод.

Оқои Раҳмон бо таъкид ба ин нукта, ки дар равобити хориҷии Тоҷикистон кишварҳои ҳамсоя ва минтақа авлавият доранд, хостори тавсеъаи "ҳамкории созанда" бо Узбакистон шуд - кишваре, ки аз бадви истиқлолаш ба ин сӯ бо Тоҷикистон сари ситез доштааст.

Вай гуфт: "Дар равобит бо Ҷумҳурии Узбекистон муҳим ва зарур будани муносибатҳои баробар, мутақобилан судманд, беғараз ва устувор омилҳои муъайянкунанда ба ҳисоб мераванд. Мо сиёсатамонро бо ин кишвари ҳамсоя ҳамеша дар асоси эҳтироми мутақобил, ҳамкории созанда ва хайрхоҳӣ пеш хоҳем бурд."

Оқои Раҳмон зимни таъкид ба тавсеъаи равобит бо кишварҳои дигари Осиёи Миёна гуфт, ки кишвараш дар ҳалли масоили баҳсбарангез, аз ҷумла масоили марзӣ ва обу энержӣ, роҳҳои мусолиматомези рафъи ихтилофот, яъне музокироту гуфтушунидро дар авлавият қарор медиҳад.

Вай афзуд: "Мо якҷоя ва дар ҳамкории созандаву ҳусни эътимод бо якдигар метавонем бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалии (ҷаҳонии) муъосир дар минтақа муқовимат ва истодагӣ намоем. Мо боварии комил дорем, ки ҳамгироии созандаи минтақавӣ ба манфиъати давлату халқҳои ҳамаи минтақа ва ҳар як кишвари Осиёи Марказист."

Дасти пинҳон

Ба бовари коршиносон, оқои Раҳмон бо ин суханон зоҳиран мехоҳад ба ҳамтои узбаки худ, Ислом Каримов, паём бидиҳад, ки Душанбе барои рафъи ихтилофоти мавҷуда байни ду кишвар омодаи музокира аст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, таҳлилгари масоили сиёсӣ, мегӯяд ин амре табиъист: "Дуруст аст, ки ҳар кишваре дар сиёсати хориҷии хеш қабл аз ҳама бояд атрофи худро муъайян кунад. Ин ки бо ҳамсоякишварҳо чи муносибат кунад, бо кишварҳои ба истилоҳ "шарики истротежик", бо қудратҳои ҷаҳонӣ чи робита кунад ва баъд равад ба суроғи минтақаҳои дигар."

Аммо ин таҳлилгари маҳаллӣ тағйири эҳтимолии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар қиболи Узбакистонро ба тирагии муносиботи Душанбе бо Маскав рабт медиҳад. Аз диди ӯ, Тоҷикистон аз равобити ба истилоҳ истротежики худ бо Русия дар ду даҳаи ахир, ҳатто дар заминаи фишор бар Узбакистон, ҳеч манфаъате ҳосил накарда ва аз ин рӯ мехоҳад дар сиёсати хориҷии худ бознигарӣ кунад.

Ҳарчанд мумкин аст мақомоти тоҷик худ ба дарки ин масал расида бошанд, ки "ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст" ва нахуст бояд аз ҳамсоя ёд кард, вале оқои Сайфуллозода мегӯяд дар ин тасмимгирӣ "дасти пинҳони" қудрати дигареро низ метавон пай бурд: "Мувофиқатномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи Русия имзо шуд, Маскав интизор дошт, ки он дар порлумони Тоҷикистон тасвиб шавад, аммо нашуд. Дар равобити ду кишвар ибҳомоте вуҷуд дорад."

Ин ибҳомот аз куҷо маншаъ мегирад? Оқои Сайфуллозода аз ҳеч қудрате ном намебарад, вале мегӯяд: "Ба назар мерасад, ки Тоҷикистон акнун мехоҳад равобити баробаре бо Русия дошта бошад, аммо ин амр бидуни ишора ё таъсири диду боздиди намояндагони кишварҳои дигари қудратманд аз Душанбе ғайримумкин аст. Ин тасмимҳо нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳатман ба қудрати дигаре такя дорад."

Манзури оқои Сайфуллозода эҳтимолан Амрикост, ки ба бовари бисёре аз коршиносон, пас аз хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон дар соли 2014 мехоҳад нуфузи худро дар кишварҳои Осиёи Миёна тақвият бахшад - тарҳи эҳтимолие, ки ҳаргиз ба мазоқи Русия хуш намеояд.

Аммо Саймудин Дӯстов, таҳлилгари дигари маҳаллӣ, дар ин бора таври дигар фикр мекунад. Вай муътақид аст, ки иқдомоти Узбакистон алайҳи Тоҷикистон, ҳатто "сиёсатҳои душманонааш алайҳи мардуми мо", аз ҷумла бастани роҳҳои иртиботӣ ва дар инзиво ё муҳосираи иқтисодӣ қарор додани ин кишвар, хеле муваффақ аз об даромада ва Душанберо водор ба ин тасмимгирӣ кардааст.

Ба эътиқоди ӯ, дар ҳукумати Тоҷикистон тайи панҷ-шаш соли ахир аз Узбакистон ҳамвора "душмантарошӣ" мекарданд, ки ин боъиси рӯ задани муқовимат шуда буд. Акнун мақомоти тоҷик пай бурдаанд, ки сиёсатҳояшон дар ин замина ба бунбаст расида ва бознигарӣ дар ин сиёсатҳо ғайримунтазира нест.

Бо ин ҳол, ба назари оқои Дӯстов, муҳимтар аз ҳама ин масъала аст, ки оё Тошканд пешниҳодҳои эҳтимолии Душанбе барои рафъи ихтилофотро хоҳад пазируфт ё хайр? Вай бар ин бовар аст, ки мақомоти узбак аз ҳамкорӣ бо давлати феълии Тоҷикистон бениёзанд.

Оқои Дӯстов гуфт: "Тақозои аслии Узбакистон метавонад даст кашидан аз тарҳи "Роғун" бошад. Агар мақомоти тоҷик ин тақозоро бипазиранд, пас худи мардум алайҳи ҳукумат ба по хоҳанд хест. Ғайр аз ин, Тоҷикистон чи пешниҳоде ба Узбакистон метавонад кунад? Фикр мекунам ҳеч чиз. Суханони оқои Раҳмон ба ин маъност, ки "сиёсати дарҳои бозе", ки қаблан эълом карда буд, ба бохти Тоҷикистон мунҷар шудааст."

Зомини истиқлол

Дар посух ба ин суол, ки оё роҳи дигаре барои Тоҷикистон боқӣ мондааст, оқои Дӯстов гуфт, ки ин кишвар танҳо метавонад Эрон ва кишварҳои ғарбиро дар оянда шарикони роҳбурдии худ эълом кунад ва бо онҳо равобити худро густариш бидиҳад.

Вай гуфт: "Истиқлоли мо барои ғарбиён, дар ҳоле ки онҳо бо Чин ва баъд бо Русия муқовиматҳои сиёсӣ ва жиюпулитикӣ доранд, албатта заруритар аст. Ва зомини истиқлоли давлатии мо низ дар ҳоли ҳозир Эрон ва кишварҳои Ғарбанд, на кишварҳои дигар."

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи худи ӯ, масдудият ва мутаваққиф шудани қаторҳои бории Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон бар фароянди иҷрои тарҳҳои муштараки Эрону Тоҷикистон ҷиддан осеб задааст. Аз ҷумла, бузургтарин корхонаи сементи Тоҷикистон пас аз қатъи интиқоли гоз аз Узбакистон аз кор монда ва тоҷикон барои воридоти сементи Эрон барои нерӯгоҳи "Роғун" қимате газоф хоҳанд пардохт.

Аз сӯйи дигар, дар радифи кишварҳое, ки Тоҷикистон дар равобити хориҷияш ба онҳо авлавият медиҳад, оқои Раҳмон пас аз Узбакистон ва кишварҳои дигари туркзабони Осиёи Миёна аз Афғонистону Эрон, кишварҳои "бародар ва ҳамкешу ҳамзабон" ном бурд. Русия, ки қаблан дар садри авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон буд, ин бор ба мақоме пойинтар аз ин ду кишвари ҳамзабон нузул кард.

Дар ин силсиламаротиб Чин, Амрико ва Иттиҳодияи Урупо Русияро дунбол мекунанд. Чин тарҳҳои бузургеро дар Тоҷикистон анҷом дода ва Амрико барои муқобала бо таҳдидҳои ношӣ аз Афғонистон кумакҳои зиёде ба сохторҳои низомию амниятии ин кишвар ироа кардааст.

Оқои Раҳмон зимни ибрози ҳимоят аз Истротежии ҷадиди Урупо дар Осиёи Миёна аз Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин хост, ки "нақшаи мушаххаси корҳоро ҷиҳати рушди муносибот, ҷалби сармоя ва масоили дигари марбут ба Иттиҳодияи Урупо" таҳия ва ба давлат пешниҳод кунад.

Ба назар мерасад, ки Тоҷикистон ба тавсеъаи равобиташ бо ин иттиҳодия нисбат ба Ҳинду Покистон, кишварҳои арабӣ ва кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, авлавияти бештаре қоил аст. Раиси ҷумҳурии ин кишвар бар аҳаммияти равобит бо Жопун ва Туркия низ ба таври ҷудогона таъкид кард.

Аммо тағйири эҳтимолӣ дар қиболи Узбакистон барои бисёре ғайричашмдошт аст. Аз диди оқои Сайфуллозода, ин амр баёнгари руҷӯъ ба давронест, ки раҳбари Тоҷикистон аз Ислом Каримов ба унвони "падар" ёд карда буд: "Баъдан байни онҳо чи гузашт, маълум нест. Мардуми ду кишвар, тоҷикону узбакҳо бо ҳам ҳеч мушкиле надоранд, ҳар мушкиле ҳаст, байни Душанбе ва Тошканд аст, байни нухбагони сиёсии ду кишвар аст."

Диплумосии иқтисодӣ

Кунсепсиюни ҷадиди сиёсати хориҷии Тоҷикистон эҳтимолан бар мабнои раҳнамудҳое шакл хоҳад гирифт, ки Президент Раҳмон дар суханронии худ барои диплумотҳои тоҷик баён кард. Таъкиди вай бар аҳаммияти ончи "диплумосии иқтисодӣ" номид, низ аз ҷумлаи раҳнамудҳоест, ки мақомҳои вазорати хориҷа муваззаф шудаанд минбаъд дар равобити хориҷии ин кишвар дунбол кунанд.

Вай гуфт: "Ҳарчанд ки ман ба ин нукта чанд бор ишора кардаам, мехоҳам бори дигар аҳаммияти дипломатияи иқтисодиро таъкид намоям, чунки солҳои охир дар радифи истифода аз тарзу усулҳои дипломатияи анъанавию классикӣ дар аксари давлатҳои ҷаҳон аҳаммияти истифодаи муассир аз тариқаву василаҳои дипломатияи иқтисодӣ бамаротиб боло рафтааст."

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт вазорати хориҷаро лозим аст, ки дар фаъъолияти ҳаррӯзааш "воқеъияти геоиқтисодии ҷаҳони муъосирро" ба назар бигирад. Ба гуфтаи ӯ, ҳар диплумоти тоҷик бояд дар баробари донистани забонҳои хориҷӣ, донишу тафаккури мукаммали иқтисодӣ дошта ва ҷанбаҳои иқтисодии рӯйдодҳои байналмилалиро дарк кунад.

Аз диди оқои Раҳмон, ин амр на танҳо барои ҷалби сармояи хориҷӣ, балки барои ояндабинӣ ва дарки фарояндҳои сиёсию иқтисодии минтақа ва ҷаҳон муҳим аст. Барои расидан ба ин ҳадаф, вай хостори таъсиси як ниҳоди ҷадиди машваратӣ бо номи "Шӯрои сиёсати хориҷӣ" шуд, ки таҳти назари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон фаъъолият хоҳад кард.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин ниҳод коршиносони равобити байналмилалӣ, диплумотҳои собиқадор, пажӯҳишгарон ва намояндагони расонаҳо масоили марбут ба сиёсати хориҷӣ, ояндабинии равандҳои ҷаҳониву минтақаӣ, омӯзиши афкори умумӣ ва ибтикороти байналмилалии Тоҷикистонро бо ҳам баррасӣ хоҳанд кард.

Бархе аз таҳлилгарон тағйироти эҳтимолӣ дар сиёсати хориҷии Президент Раҳмонро ба омодагиҳо ба интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ муртабит медонанд, ба ин маъно ки ӯ мехоҳад мардумро нисбат ба таҳаввулоти ҷиддие дар сарнавишти ояндаи Тоҷикистон умедвор кунад.

Аммо мунтқидони ӯ мегӯянд то замоне ки тағйироти кодрии ҷиддие дар сутуҳи мухталифи давлат сурат нагирад, ҳеч гуна тағйир ва таҳаввулеро на дар сиёсати хориҷӣ ва на дар умури иқтисодию иҷтимоъӣ дар дохили кишвар наметавон таваққуъ дошт.

Исфандиёр Одина, Би-би-сӣ, Душанбе



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi