08:42:45 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

НОМЗАДИ ЯГОНАИ МУХОЛИФИН: БАЧА ДАР САФАР, НОМАШ МУЗАФФАР

Аҳзоби мухолиф мехоҳанд, ба интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бо як номзади умумӣ бираванд. Ин аҳзоб зоҳиран дарк мекунанд, ки дар танҳоӣ тавони майдондории комил дар баробари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро надоранд ва бояд як мушт шаванд. Аммо ба ақидаи таҳлилгарон, ин талошҳо ҳанӯз бештар ба мақоли маъруфи “Бача дар сафар, номаш Музаффар” мемонад, то ба як азми ҷиддӣ ба ташкили эътилофи муҳками пешазинтихоботӣ дар муқобили ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ.

8 номзади ҳанӯз махфӣ

/images/stories/2013/02/15_ahzobi-siyosi-150213.jpg

Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, дар чорчӯби эътилофи аҳзоб барои тағйири қонуни интихобот музокираҳое бо ширкати намояндагони ҳизби Сотсиал-демократ, Наҳзати исломӣ ва Демократ пиромуни пешбарии номзади ягона доир шудаанд:

“Ин музокираҳо рафта истодаанд ва алакай ду даврааш гузашт. Ҳанӯз 100 фоиз неву лекин мо алакай 80-90 дарсад ба хулосае омадаем, ки номзади ягона бояд бошад. Хулосаи ягона ин аст, ки номзади ягона мешавад, вале кӣ мешавад, ҳанӯз номаълум аст. Дар рӯйхати номзадҳо 8 нафарро дорем, ки 5 тани онҳо намояндагони ҳизбҳо ва 3 тани дигараш ғайриҳизбианд. Фақат як нафарашро гуфта метавонам, ки худи ман – Раҳматуллоҳ Зоиров ҳастам. Номзади ниҳоиро шояд моҳи август ё дар анҷуманҳои аҳзоб эълон кунем.”

Умдатарин ташаккули мухолифини тоҷик Ҳизби наҳзати исломист, ки мегӯяд, беш аз 40 000 узв дорад. Ва албатта, бидуни ҳузури ин ташаккул ҳар навъ эътилофи аҳзоби дигари мухолифин маъно надорад. Ҳизби наҳзати исломӣ то кунун дар корзорҳои интихоботӣ талош мекард, мустақилона амал кунад, на аз тариқи эътилоф бо дигар аҳзоб. Дар пешорӯи интихоботи соли 2006 талоши ташкили эътилофи аҳзоби мухолиф аз ҷумла ба ҳамин далел, ки ҳизби наҳзат ба он напайваст, ҳосиле надод. Дар натиҷа, дар он корзор дар баробари Эмомалӣ Раҳмон танҳо 4 номзад аз ҳизбҳои дараҷаи ду сабти ном шуданд, ки ба бовари нозирони умур, он ҳам бештар ба хотири алтернативӣ ҷилва додани он интихобот буд.

Кабирӣ хабар надорад

Дар ҳоле ки раҳбари сотсиал-демократҳо Раҳматуллоҳ Зоиров аз ширкати наҳзатиҳо дар музокирот роҷеъ ба интихоб ва пешбарии номзади ягона ба интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ сӯҳбат мекунад, раиси ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддини Кабирӣ аз ширкати расмии ҳизбаш дар музокироте чунин изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, шояд аз ҳузури намояндагони ҳизб дар сӯҳбатҳои ғайрирасмие чунин маънӣ гирифта бошанд.

​​Аммо оқои Кабирӣ афзуд, ҳизби ӯ аз сохтани чунин эътилофи пешазинтихоботӣ ва аз пешбарии номзади ягона, ҳатто агар ӯ аз ҳизби наҳзат ҳам набошад, ҳимоят мекунад:

”Мо борҳо гуфтаем, ки ташкили эътилоф барои ҳизби мо яке аз авлавиятҳост ва мо дари чунин эътилофро барои ҳамагон боз гузоштаем. Аз ҳизби ҳоким шурӯъ карда, имкони эътилофи мо бо тамоми аҳзоб ҳаст. Фақат барои мо як меъёри аслӣ барнома ва ҳадафҳои номзад мебошад. Албатта, эътилоф аз танҳоӣ ҳамеша беҳтар аст. Ба хусус дар шароити кишварҳое, чун Тоҷикистон, ба танҳоӣ рафтан ба интихобот маънои онро дорад, ки ҳизб фақат барои иштирок ба хотири иштирок номзад пешниҳод мекунад.”

Собировро барои чӣ заданд?

Дар бораи музокираҳои аҳзоби мухолиф дар масъалаи интихоби як мавқеъи воҳид дар пешорӯи интихобот аввалтар аз ҳама ҳанӯз дар соли 2012 Масъуд Собиров, раиси вақти ҳизби демократ хабар дода буд. Аммо дар моҳи декабр Собировро дар як анҷумане, ки ӯ ғайриқонуниаш мехонад, аз раҳбарии ҳизб барканор карданд. Бо ин вуҷуд, ҷиноҳи демократҳои содиқ ба Собиров ӯро ахиран номзади худ ба интихоботи моҳи ноябр эълон кард.

Масъуд Собиров мегӯяд, як далели аслии заданаш аз мақоми раҳбари ҳизби ​​демократ маҳз талошҳое буд, ки ӯ ба хотири ба ҳам овардани аҳзоби мухолиф дар пешорӯи интихоботи президентӣ шурӯъ карда буд: “Сабаби асосӣ ҳамин буд, чунки ташкил шудани ин эътилофро намехоҳанд. Вале ҳанӯз ки вазорати адлия хулосаи ниҳоияш дар бораи раёсати ҳизби демократро набаровардааст, мо чун пештара дар эътилоф ҳастем.”

Аксари таҳлилгарон мӯътақиданд, ки аҳзоби мухолиф дар Тоҷикистон хеле заифанд ва ба сурати алоҳида ҳеҷ кадоми онҳо тавони рақобати ҷиддӣ бо ҳизби ҳоким дар интихоботро надорад. Ба бовари Масъуд Собиров низ, ҳизбҳои мухолиф танҳо дар сурати аз як гиребон сар баровардан метавонанд дар майдони интихоботи имсола ба натиҷаи ҷиддие умед банданд, вагарна ҳеҷ: “Ин дуруст аст. Имрӯз ҳизби халқӣ-демократӣ як қудрати тавоноеро дар даст дорад ва бархе аҳзоби дигар фақат ба ном ҳизбанд. Аз ин рӯ, хуб аст, ки аҳзоб дар атрофи як номзад муттаҳид шаванд, ҳатто ҳизбҳои ба истилоҳ “кисагӣ”. Як интихоботи дуруст шавад охир.”

Пайдо кардани шахсият кори осон нест

Таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ба тавофуқ расидани аҳзоби мухолиф бар сари як номзади воҳид кори осон нест ва ин пеш аз ҳама бармегардад ба шахсиятҳое, ки даъвои чунин номзадиро аз номи тамоми оппозисиюн доранд:

“Ин хеле душвор аст. Масъалаи асосӣ ва мониаи асосӣ пайдо кардани касест, ки барои тамоми ҳизбҳо қобили қабул бошад. Вале пайдо ​​кардани чунин шахсият кори хеле душвор аст. Барои мисол, аз сотсиал-демократҳо фақат Зоиров метавонад номзад шавад, вале гумон намекунам, ки ҳизби наҳзат номзадии Зоировро тарафдорӣ кунад. Яъне масъалаи асосӣ дар ин байн масъалаи шахсияти номзад аст ва ман чунин шахсиятеро намебинам, ки қобили қабули тамоми ҳизбҳо шавад.”

Ҳамин тавр, ба назари таҳлилгарон, номзадии Муҳиддини Кабирӣ ваё ҳар нафари дигаре, ки аз сӯи ҳизби наҳзати исломӣ номзад шавад, шояд аз сӯи аҳзоби дунявигарои мухолифин пазируфта нашавад. Интригаи интихоботи президентии соли 2006, қарори маълум, вақте аз байн рафт, ки Кабирӣ аз гузоштани номзадиаш даст кашид ва майдонро барои Эмомалӣ Раҳмон холӣ кард.

Дар матбуот мегӯянд, Кабирӣ бо он эҳтиёткорие, ки хоси ӯст, шояд ин дафъа ҳам аз рафтан ба интихобот истиҳола кунад ваё чун дар соли 1999, ки ҳизби наҳзат на раҳбари вақташ Саид Абдуллоҳи Нурӣ, балки Давлати Усмонро номзад карда буд, Кабирӣ ҳам шояд имсол яке аз муовинҳояшро аз номи ҳизб ба интихобот бифиристад.

Худи Кабирӣ низ иқрор мекунад, ки майли зиёде барои пешбарии номзадиаш надорад: “Инҷо гап сари эҳтиёткорӣ намеравад. Агар манфиати миллат ва ҳизб пешбарии номзади ҳизби наҳзатро тақозо кунад, дигар ҷои эҳтиёт нест. Вале агар салоҳ ин бошад, ки ҳизб касе аз раҳбарони худро пешбарӣ накунад ва номзади ягон ҳизби дигар ё ягон шахсияти маъруфи миллиро пуштибонӣ кунад, пас тасмим чунин хоҳад шуд. Албатта, ҳарфи ниҳоиро анҷумани ҳизб хоҳад зад, вале назари шахсиамро борҳо гуфтаам, ки нияти номзад шудан надорам ва умедворам, ки анҷуман дидгоҳи маро ба инобат мегирад.”

Номзад аз дохил ва нақши “ОК”-и Маскав

Фарзияҳое ҳам чарх мезананд, ки шояд дар интихоботи имсола нафаре аз дохили доираи ҳоким барои рақобат бо Эмомалӣ Раҳмон ҷуръат кунад. Вале зуҳури чунин номзад, ба бовари бисёриҳо, ба марказҳои хориҷӣ ва пеш аз ҳама ба Русия бастагӣ дорад, ки оё дар ин маърака чун дар ду интихоботи қаблии солҳои 1999 ва 2006 боз ҳам рӯи номзадии оқои Раҳмон ҳисоб хоҳад кард ваё чун дар интихоботи соли 1994, ки ба Абдуллоҷонов ҳам шонси ширкат дода буд, имсол низ “дудила” хоҳад шуд.

Азбаски имконоти маъмурияти давлатӣ ва ҳизби ҳоким дар пушти Эмомалӣ Раҳмон хоҳанд истод, чунин номзад аз дохил бо касби “ОК”-и Маскав ҳам маҷбур аст, дидаи умед ба истифодаи имконоти аҳзоби мухолиф бидӯзад. Парвиз Муллоҷонов аммо мегӯяд, гумон аст, ки ин аҳзоб бо ҳимоят аз чунин як номзади ғайринейтрал тамоми роҳҳои муомилоти баъдӣ бо давлати Раҳмонро барои худ бубанданд:

“Ин чиз имкон надорад. Пеш аз ҳама, фикр намекунам, ки касе аз дохили ҳукумат ба мухолифат бархезад. Ин ғайриимкон аст дар вазъияти ҳозира. Аз тарафи дигар, афкору идеологияи ҳизбҳои мухолиф тамоман дигар аст ва агар касеро ҳамчун номзади умумӣ интихоб кунанд ҳам, ин як шахсият аз тарафи худи онҳо хоҳад шуд ё як шахси нейтрале, ки ба касе алоқаманд нест.”

Вале масъалаи асосӣ боз ҳам қоидаҳои аз сӯи давлат таъйиншудаи бозӣ дар интихоботҳои Тоҷикистон аст. Як воқеъияти имрӯза, ба гуфтаи таҳлилгарон,  ин аст, ки доираи ҳокими ин кишвар дар қиёс бо солҳои 90 хеле қавиву мустақилтар шудааст, то битавонад дахолати беқайдушарт аз хориҷ ва ҳатто аз Русияро дар интихоботаш маҳор кунад. Яъне барои пирӯзӣ дар интихоботҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар моҳи ноябр, дигар танҳо “ОК”-и Маскав басанда нест.

То имрӯз ягон интихоботи баргузоршуда дар Тоҷикистон аз тарафи нозирони САҲА озоду демократӣ шинохта нашудааст ва бисёриҳо, аз ҷумла раҳбарони аҳзоби мухолиф, низ мутмаинанд, ки ба кӣ чанд фоиз додан дар интихоботи имсоларо ҳам худи мақомот муайян хоҳанд кард. Ба назари Парвиз Муллоҷонов, дар чунин шароит ҳузури аҳзоби мухолиф дар интихобот бештар “иштирок ба хотири иштирок”-ро мемонад ва ба ҷуз аз муаррифии дигарбораи ин аҳзоб аз пардаи дар рӯзҳои дигар ба рӯи мухолифин комилан бастаи телевизионҳои давлатӣ натиҷаи дигаре барояшон нахоҳад дод.

Аммо Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократ мегӯяд, онҳо бо ин вуҷуд ва ҳатто дар сурати тағйир наёфтани қонуни интихобот ба ин корзор хоҳанд рафт, то ҳадди ақал нишон диҳанд, ки фарқ байни як интихоботи озоду одилона ва ончӣ ки дар Тоҷикистон интихобот номаш кардаанд, чӣ қадар бузург аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi